Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми июн
Соли 1836 шоир ва оҳангсози фаронсавӣ Клод Руже де Лил, муаллифи суруди инқилобии «Марселеза» даргузашт. Ин суруд аз соли 1879 Суруди миллии Ҷумҳурии Фаронса номида шуд.
Клод Ҷозеф Руже де Лил 10 майи соли 1760 дар Лонс-ле-Соне дар департаменти Юра таваллуд шудааст. Падару модараш сарватмандони буржуазӣ буданд. Ӯ дар кӯдакӣ аллакай ба мусиқӣ шавқу рағбат пайдо карда буд. Боре дар майдони деҳаи Монтеге, ки оилаи ӯ дар он ҷо зиндагӣ мекард, гурӯҳи навозандагони сайёҳ консерт намоиш доданд ва таассуроти консерт он қадар қавӣ буд, ки Клоди хурдсол то ба дараҷае худро аз навозандагон канда наметавонист, ҳама ҷо онҳоро ҳамроҳӣ мекард, ки дар хона ҳатто гумон карданд, ки ў гум шудааст. Падараш барои дохил шудан ба мактаби ҳарбӣ ӯро омода кард ва бо ин мақсад ба коллеҷи маҳаллӣ фиристод. Ба ў иҷозат дода шуд, ки мусиқиро танҳо ҳамчун ҳаваскор омўзаду халос.
Клод соли 1776 ба Порис омада, ба омўзишгоҳи ҳарбӣ дохил мешавад. Пас аз хатми мактаби ҳарбӣ дар соли 1782 Руже де Лил муҳандиси ҳарбӣ шуда, то рутбаи капитан расид. Суруди «Марселеза», ки номи ӯро абадӣ гардонид, соли 1792 дар Страсбург навишта шудааст. Қисми аввали суруд «Суруди ҷангии артиши Рейн» ном дошт ва баъдтар он бо шарофати сиёсатмадор Шарл Жан Мари Барбар, ки зодаи шаҳри Марсел буд, номи «Марселеза»-ро гирифт. Афсари муҳандис Руже де Лил як ҷумҳурихоҳ буд. Баъди ба сари ҳокимият омадани якобинҳо ў истеъфо дод ва баъд ба фаъолияти аксулинқилобӣ айбдор шуда, ба зиндон афтод. Руже аз қатл бо суқути режими Робеспер наҷот ёфт ва пас аз табаддулоти Термидор озод гардид. Соли 1814 Руже де Лил бо суруди “Зинда бод подшоҳ!”, монархияи Фаронсаро ситоиш мекунад. Руже де Лил чанд суруди дигарро бо услуби «La Marseillaise» навишт ва он соли 1825 дар маҷмӯаи «Сурудҳои фаронсавӣ» нашр шудааст. Дар он ҳамчунин тақрибан 50 суруди муаллифони гуногун мавҷуданд, ки мусиқии онҳоро навиштааст.
Руже де Лил охири умри худро дар фақр ва қашшоқӣ пеш бурда, дар Чойси-ле-Рой зиндагӣ кард ва 14 июли соли 1915 дар он ҷо фавтид ва ўро паҳлуи Наполеон дафн карданд.
Соли 1892 дар Ҳиллсборо, Вирҷинияи Ғарбӣ нависанда ва тарҷумони амрикоӣ барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 1938 Перл Бак ба олам омад.
Падари Перл – Абсалом Сиденстрикер олиме буд, ки солҳои зиёди умрашро ба тарҷумаи Китоби Инҷил аз юнонӣ ба чинӣ бахшидааст. Ў марди сахтгир ва боэҳтиёт буд. Модараш – Каролин Сталтинг, зани бомаърифат ва бофарҳанг буд, ки дар ҷавонӣ бисёр сафар мекард ва адабиётро хеле дӯст медошт.
Волидон байни чиниҳо зиндагӣ карданро афзалтар дониста, ҳангоми хурдсолии Перл ба Чин баргаштанд ва сокини шаҳри Чингян шуданд. Перл дар байни кӯдакони чинӣ ба воя расида, пеш аз англисӣ забони чиниро омӯхта, миёни онҳо ҳеҷ гоҳ худро бегона ҳис намекард.
Вақте ки «шӯриши муштзанӣ» оғоз ёфт, император фармон дод, ки ҳама сафедпӯстонро ба қатл расонанд ва Сиденстрикерҳо ба Шанхай гурехтанд. Пас аз пахш кардани шӯриш, оила ба Синкян баргашт.
Перлро модараш ва як мураббии чинӣ, ки донишманди конфутсий буд, дарс меомўхтанд ва дар синни 15-солагӣ духтарро ба мактаб-интернати Шанхай фиристоданд.
Соли 1910 вай ба Иёлоти Муттаҳида баргашт ва дар Коллеҷи Рандолф Мунсон барои занон дар Вирҷиния таҳсил кард ва дар он ҷо психологияро омӯхт.
Пас аз хатми коллеҷ дар соли 1914, вай барои омӯзгорӣ ба Чин баргашт ва пас аз се сол бо Ҷон Лоссинг Бак, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, ки ҳамзамон ҳамчун миссионер дар Чин хидмат мекард, издивоҷ кард. Онҳо дар яке аз деҳаҳои шимолӣ маскан гирифтанд, дар он ҷо Бак омўзгорӣ мекард. Бак миёнаҳои солҳои 20-ум ба нашр шурӯъ кард. Дар соли 1938 ў ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиётро «барои тасвири бисёрҷанба ва воқеан эпикии ҳаёти деҳқонони Чин ва барои шоҳасарҳои тарҷумаиҳолӣ» соҳиб шуд.
Перл Бак дар Чин нависандаи чинӣ ҳисобида мешавад. Романи «Шамоли шарқ, шамоли ғарб» (1930), як силсила асарҳоеанд, ки ба Чин бахшид шудаанд.
Бештар дар бораи адиби маъруф ин ҷост: ПЕРЛ БАК – АДИБИ АМРИКОИВУ ЧИНӢ
Соли 1931 дар Лестер нависандаи англис Колин Уилсон таваллуд шудааст.
Колин Ҳенри Уилсон нависандаи асарҳои жанри тахайюлии англисӣ, муаррих, адабиётшинос, ҷомеашинос ва файласуф аст. Муаллифи беш аз 80 китоб, аз ҷумла дар бахшҳои мусиқӣ, криминология, сексология ва сеҳру ҷоду.
Колин Уилсон дар синни 16-солагӣ мактабро тарк карда, аввал дар фабрика ва баъдан дар идораи андози маҳаллӣ кор кардааст. Вай дар Нерӯҳои ҳавоии подшоҳӣ адои хидмат карда, сипас дар Порис рўзномафурӯшӣ мекард ва дар вақтҳои холии худ эҷод мекард. Аз соли 1954 аз ҳисоби қаламаш рӯзгори хешро пеш мебурд. Аввалин китоби ў «Бегона» соли 1956 нашр шуд ва дар охири солҳои 1960-ум, Вилсон дар донишгоҳҳо ба лексияхонӣ оғоз кард. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ – романи тахайюлии «Муфтхўрии шуур» ба шумор меравад. Дар соли 1987 ӯ ба навиштани достонҳои тахайюлии машҳури худ «Дунёи анкабутон» оғоз кард, ки ба зудӣ мақбули ҳамагон гардид. Баъдтар, мисли достони Конан, онро бисёр нависандагони дигари тахайюлӣ навиштаанд. Дар солҳои охири ҳаёташ ӯ дар хонаи худ дар Корнуолл яккаву танҳо зиндагӣ мекард.
Соли 1957 нависандаи олмонӣ Алфред Дёблин дар синни 78-солагӣ аз бемории Паркинсон дар бемористони Эммендинген даргузашт.
Алфред Дёблин дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Падараш тоҷири камбизоат буд, ки баъдан оиларо тарк кард. Соли 1888 модар ва панҷ фарзанд ба Берлин кўчиданд. Алфред дар донишгоҳҳои Берлин ва Фрайбург таҳсил кардааст. Вай касби невропатологиро интихоб карда, дар Регенсбург, Фрайбург, Берлин (дар қисми шарқии он, дар наздикии Александрплатс) кор кардааст.
Дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ӯ дар Элзас ҳамчун духтури ҳарбӣ хидмат карда, баъдан дар Берлин зиндагӣ мекард ва ба рӯзноманигорӣ фаъолона машғул буд. Узви Ассотсиатсияи нависандагони немис буд ва аз соли 1924 президенти он таъин гардид.
Соли 1933, пас аз ба сари қудрат омадани Гитлер, Алфред бо оилааш ба Швейтсария, баъд ба Фаронса кӯчид. Соли 1936 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Соли 1940 вай тавассути Лиссабон ба Лос-Анҷелес рафт ва дар Ҳолливуд ба кор шурӯъ кард. Пас аз худкушии писараш, ки дар артиши Фаронса хидмат мекард ва ба хотири наафтидан ба дасти фашистон худро ба ҳалокат расонда буд, Доблин ва ҳамсараш дар соли 1941 ба дини католикиро қабул карданд.
Моҳи октябри соли 1945 вай яке аз аввалин муҳоҷироне буд, ки ба Аврупо баргашт. Дар рўзномаҳо эҷодиёташ нашр шуда, дар радио кор мекард. Доблин тамоюлҳои реваншистиро дар сиёсати ФРГ қабул накарда, бо Олмони Демократӣ ҳамдард буд бинобар ин соли 1953 ба Фаронса кўчид. Соли 1956 нависанда фалаҷ шуд ва дигар аз беморхона берун нарафт ва оқибат 26 июни соли 1957 вафот кард. Пас аз се моҳ ҳамсараш даст ба худкушӣ зад, ҳардуи онҳоро дар Фаронса, паҳлӯи қабри писарашон дафн шуданд.
Аз ҳама он чизе, ки Доблин навиштааст, машҳуртаринаш романи «Берлин, Александрплатс» (1929) мебошад, ки ҳаёти Берлинро дар солҳои 1920 таҷдид мекунад. Он борҳо ба навор гирифта шудааст (аввалин бор дар соли 1931) ва аз ҷониби коршиносон сол ба сол ба қатори панҷ китоби беҳтарин бо забони олмонӣ дохил карда шудааст.
Соли 1961 нависандаи амрикоӣ Кеннет Флекснер Феринг аз олам гузашт. Кеннет Флекснер Феаринг 28 июли соли 1902 дар Оук Парк, Иллинойс, як музофоти сарватманд таваллуд шудааст, ки Эрнест Ҳемингуэй низ давраи кӯдакии худро он ҷо гузаронидааст. Падари ӯ дар Чикаго ба ҳайси ҳуқуқшинос кор мекард ва тавонист хароҷоти зиёди зиндагӣ ва таҳсилро пардохт кунад.
Фиринг дар мактабҳои давлатӣ ва Донишгоҳи Висконсин дохил шуда,онро соли 1924 бо дараҷаи бакалавр хатм кардааст. Пас аз як муддати кӯтоҳ ҳамчун рӯзноманигори навкор, ӯ ба анклави рассомони деҳаи Гринвич дар поёни Манҳеттени кӯчид. Пас аз рафтан ба ҳайси рӯзноманигор ва нависандаи мақолаҳои таблиғотии чанд рӯзнома кор кардааст. Дар баробари ин, Кеннет ба шеър таваҷҷўҳ дошт ва ашъораш ба ӯ ҳамчун нахустин шоири як шаҳри муосири Амрико шӯҳрат овардааст. Аввалин китоби ашъори ӯ «Фариштаи силоҳ» соли 1929 аз чоп баромад. Дар тӯли чанд соли оянда, Кеннет боз ду маҷмӯаи ашъориро нашр кард, ки барои яке аз онҳо ҷоизаи Бунёди Гуггенхаймро сазовор шудааст.
Дар соли 1939, дар асоси ҳикояҳои зани аввалаш, ки ҳамшираи шафқат кор мекард, Кеннет Фиринг аввалин романи худро бо номи «Беморхона» навишт. Муваффақияти роман ва маблағи калон аз нашри китоб ӯро водор сохт, ки аз шеър ба наср гузарад. Дар тӯли солҳои 40-ум, Фиринг якчанд роман навишт, ки машҳуртарини онҳо «Соати бузург» (1946) мебошад, ки соли 1948 ба навор гирифта шудааст.
Кеннет Фиринг дар тӯли солҳои 50-ум фаъолияти адабии худро идома дода, таркиби наср ва назмро муттаҳид кардааст. Нависанда 26 июни соли 1961, баъди як соли нашри романи охиринаш, ки қаллобии тиҷорати калонро фош кард, даргузашт.
Қариб ҳамаи романҳои Кеннет Фиринг дар асоси сужаи корогоҳӣ эҷод шудаанд, ки дар назари аввал мураккаб ва печида ба назар мерасанд. Аксари ҳикояҳо дар кӯчаҳои Манҳеттен сурат мегиранд.
Забони романҳои Фиринг, ба ақидаи мунаққидон, хеле нозук, аксаран бо канораҳои ноҳамвор, эҷодиёти шоирона ва баъзан лаҳҷаи одии мардумиро ба хотир меорад. Қаҳрамонони Кеннет одамоне мебошанд, ки дар ҷаҳони механизмҳо зиндагӣ мекунанд ва дар ҷустуҷӯи муошират ё хаёлпарастӣ ҳастанд. Романҳои ўро мутолиа намуда, кас беихтиёр чунин ҳиссиёте пайдо мекунад, ки ин саргузашти охирин инсони зиндамонда пас аз офатҳои сунъӣ мебошад.
Романҳои Кеннет Фиринг борҳо ба навор гирифта шудаанд. Саргузашти ӯ барои таҳияи яке аз маъруфтарин филмҳо «Соати бузург» (1948) истифода шуд ва дар соли 1987 романи ӯ ба филми «Роҳи баромад нест» мутобиқ карда шуд, ки дар он Кевин Костнер ва Ҷин Ҳакман нақши асосӣ доранд.
Ашъори Кеннет Фиринг ба дараҷае маъмул буд, ки тарҷумаҳои осори ӯ дар ИҶШС дар солҳои 40-ум нашр мешуданд (Литературный содержание, № 7, 1940). Имрўз ин тарҷумаҳоро метавон дар тазкираи Китобхонаи адабиёти ИМА пайдо кард, аммо дар маҷмўъ мероси ў аз ёдҳо фаромўш шудааст, ба ин нигоҳ накарда соли 1992 тарҷумаи романи «Соати бузург» ба таври мўъҷиза дар Русия нашр шуд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА