Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми май
Соли 1265 дар Флоренсия шоири итолёвӣ Данте Алигери ба дунё омад. Ӯро яке аз маъруфтарин поягузорони забони адабии итолёвӣ меноманд.
Машҳуртарин асраи ӯ “Мазҳакаи илоҳӣ” мебошад, ки дар адабиёти Ғарб мавқеи басо муҳим дорад.
Дантеро яке аз шинохтатарин ва таъсиргузортарин шоирони Ғарб меноманд.
“Мазҳакаи Илоҳӣ”, “Зиёфат”, “Оҳангҳо”, “Салтанат”, “Зиндагии нав” номгӯи нопурраи асарҳои ӯ мебошанд. Дар достони “Зиндагии нав” Данте аз ишқи замони наврасии худ ҳикоят кардааст. Ин маъшуқи барояш азиз Беатриче Портинари буд, ки соли 1290 дар синни 24-солагӣ аз олам гузаштааст.
Данте Алигери шаби 13 ба 14-уми сентябори соли 1321 бар асари бемории табларза вафот кард.
Дар адабиёти Ғарб Данте ва Беатриче ба мисли Петрарка ва Лаура, Тристан ва Изолда, Ромео ва Ҷулиета рамзи муҳаббату садоқатанд, чуноне дар Шарқ Лайлӣ ва Маҷнун, Фарҳод ва Ширинанд.
Соли 1822 дар Нанси нависандаи фаронсавӣ Эдмон де Гонкур, бародарбузурги Жюл де Гонкур ба дунё омад.
Ин ду бародар чун романнависони машҳур ном бароварда буданд. Баъди марги Жюл бародараш Эдмон ба танҳоӣ эҷод мекард.
Романҳои ӯ “Духтар Элиза”, “Бародарон Земганно”, “Ҳунармандбону Фостен” (аз ҳаёти ҳунарманди маъруфи Фаронса хонум Рашел, ки солҳои 1821-1858 зистааст) чоп шуданд.
Соли 1938 дар шаҳри Москав нависанда, намоишноманавис, филмноманавис, тарҷумон, рӯзноманигор ва мусиқидони рус Людмила Петрушевская бадунё омад. Падараш Стефан Петрушевский файласуф буд.
Дар чандин нашрияҳои чопи Москав кор кардааст, корманди Телевизиони марказӣ низ будааст.
Аввалин намошномаи ӯ бо номи “Дарси мусиқӣ” соли 1973 навишта шуда ва соли 1979 рӯи саҳна омадааст. “Саргузаштҳои Вера”, “Таърихи Кларисса”, “Духтари Ксения”, “Кишвар”, “Кӣ посух медиҳад?”, “Беҳдошт” номи чанд асари дигари ӯ мебошанд. Повести “Шабонгаҳ”-и ӯро баландтарин қуллаи эҷодиёташ медонанд.
Барои бачаҳо низ асарҳои шавқовар навиштааст.
Людмила Петрушевская мавқеи собити ҷамъиятӣ дорад. Соли 1996 қатори даҳҳо нафари дигар адибону шахсиятҳои фарҳангӣ зери номае имзо гузошт, ки ҷанг дар Чеченистонро маҳкум мекард ва аз ҳукумати вақт талаб карда мешуд, мушкилро аз роҳи гуфтушунид ҳал кунанд.
Моҳи марти соли 2020 муроҷиатномаи зидди қабули ислоҳот дар Конститутсияи Федарафтсияи Русияро имзо кард.
Моҳи сентябри соли 2020 ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарони Белорусия садо баланд кард.
Моҳи ноябри соли 2021 ба нишони эътироз аз лағви фаъолияти созмони “Мемориал” аз мукофоти давлатӣ даст кашид.
Соли 2022 ҷанги Русия дар Украинаро маҳкум кард ва Путинро ҷинояткор номид.
Соли 1947 ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бедилшиноси маъруф Бобобек Раҳимов соли 1947 дар ба дунё омад. Беш аз ҳама дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва кор кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1966 то соли 1971 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Аз соли 1981 то охири умр корманди илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 7-уми январи соли 2023 аз олам гузашт.
Бобобек Раҳимӣ асосан ба тадқиқу омӯзиш ва нашри осори Мирзо Бедил машғул буд. Ӯ да солҳои кор дар академия, илова бар мақолаҳои зиёди илмӣ-оммавӣ чанд рисолаи илмиро ба табъ расонидааст.
Рисолаҳои “Шарҳи шаст ғазали Бедил” (2004), “Ошноӣ бо Бедил”(2009), “Зиндагиномаи Бедил”(2017) ва “Тавсифи осори Бедил”(2018) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Чун муште аз хирвор шакли элетронии китоб пажӯҳишгари тавоно Бобобек Раҳимов “Тавсифи осори Бедил”-ро ин ҷо мутолиа кунед: “ТАВСИФИ ОСОРИ БЕДИЛ”.
Соли 1973 нависандаи тахайюлнависи рус Андрей Кокоулин таваллуд шуд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии иқтисод ва молияи Санк-Петербург аст. Аввалин ҳикояи тахайюлии ӯ бо номи “Ман, гурба, заррофа…” дар маҷаллаи “Реальност фантастики» соли 2010 чоп шудааст.
Соли 2013 дар Калифорния дар синни 96 – солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷек Венс аз олам гузашт. Рӯзу соли таваллудаш дақиқ нест, бештар 26 августи соли 1916 менависанд, аммо баъзе манобеъ солҳои 1916-1920-ро чун соли милоди адиб медонанд.
Вэнс 11 повести детективӣ бо номи аслии худ Ҷон Ҳолбрук Вэнс ва се повести дигар детективӣ бо тахаллуси Эллери Куин чоп кардааст.
Бо тахаллуси Алан Уэйд низ чанд повусту ҳикоя дорад, бо тахаллусҳои Питер Ҳелд, Ҷон ван Зее ва Ҷей Каванс низ навиштааст.
Барандаи ҷоизаҳои зиёдест, аз ҷумла соли 1963 барои повести “Фармонравоии аждарҳо” ҷоизаи адабии “Ҳюго”-ро дарёфт кардааст.
Баъдан ҷоизаҳои “Небюлло”, “Муштарӣ”, “Ҷоизаи байналмилалии фантазия”-ро низ соҳиб шудааст.
Вэнс дар навиштани силсилаасарҳо дар жанри тахайюли илмӣ ном баровардааст. Асарҳои ӯ аз силсилаи “Замини миранда” бо номҳои “Замини миранда”, “Чашмони олами бегона”, “Сага дар бораи Кугел”, “Риалтои тақлиднашаванда” чоп шудаанд.
Аз силсилаи “Князи зулмот” метавон аз асарҳои ӯ бо номҳои “Подшоҳи ситораҳо”, “Мошини марг”, “Қасри муҳаббат”, “Рӯй” ном бурд.
Вэнс аз пурмаҳсултарин адибони тахайюлнависи олам ба шумор меравад.
Таҳияи Б.Шафеъ