Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми ноябр

Як-рузи-таърих-26-11-2024Соли 117дар Адриано, суханвари Юнони қадим Элий Аристид, намояндаи намоёни софистикаи дуюм ба олам омад. Софистика гурӯҳе аз суханварони машҳур ва бисёр таъсиргузор буданд, ки аз аҳди императори Рум Нерон то ҳудуди соли 230 баъд аз милод мезистанд.

Соли 1731 дар Берхамстед  шоири англис Вилям Купер ба дунё омад.

Шеъри дилнишину самимии ӯ, муҳаббат ба табиат, тасвири бадеӣ ва майл ба воқеъият, ибтидои вокуниш ба шеъри риторикӣ буд, ки Куперро ба яке аз омилҳои “эҳёи шеър”-и англисӣ дар ибтидои асри ХХ табдил дод.

Вилям Каупер дар оилаи коҳин ба воя расидааст. Соли 1749 мактаби Вестминстери Лондонро хатм кард ва дар Темпл маскан гирифта, ба омӯзиши адабиёти ҷаҳон шуруъ намуд.

Дар соли 1763 Купер аввалин давраи даҳшатноки ақлбохтагиро аз сар гузаронд, ки то замони маргаш, ӯ аз дардҳои ғамгинӣ ва афсурдаҳолӣ азоб мекашиду на як бор кӯшиши худкушӣ кард.

Тирарўзгориву даҳшати ҳаёти шоир бо эҷоди ҳаҷви нозуку дурахшанда ва шодмониҳо мутавозин мешуданд. Ин хислат, инчунин сабукиву содагии мутаносиби насри Купер, ўро дар қатори устодони бузурги жанри иншоии адабиёти англис мегузоранд.

Машҳуртарин маҷмӯаи шоир «Гимнҳои Олней», ки соли 1779 ба табъ расидааст ва достони «Мушкилот», ки чун шеъри сафед эҷод шуда, намунаи шеъри дидактикист. Шоир ба тарҷумаи Волтер ва Ҳомер низ майл дошт. Дар интиҳои умр Купер, ки бори дигар бемории рӯҳиро аз сар мегузаронд, дар беморхонаи равонпизишкӣ мемонад.

Соли 1795 дўстон шоирро ба Норфолк бурданд ва он ҷо баъди панҷ сол 25 апрели соли 1800 вафот кард. Асарҳои мукаммали Купер дар соли 1803 баъд аз се соли вафоташ нашр шуданд.

Адам Мицкевич
Соли 1855 дар Константинопол, шоири лаҳистонӣ ва белорус Адам Митскевич, яке аз се шоири бузурги лаҳистонии давраи романтикӣ дар синни 56-солагӣ аз бемории вабо даргузашт.

Адам Митскевич соли 1798 дар хутори «Заосе» дар наздикии шаҳри Новогрудок таваллуд шудааст. Соли 1812 падари Адам вафот кард ва  оилаи онҳо дар вазъияти душвор қарор гирифт. Сиёсати бераҳмонаи ҳукумати Русия дар ин қаламрав ба ташаккули шахсияти шоир таъсири сахт расонд. Соли 1815 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Вилнюс дохил шуд. Баъди хатми мактаб дар Ковно омўзгор шуда кор мекард.

Митскевич дар соли 1817 зери таъсири ғояҳои озодихоҳӣ ҳамроҳи якчанд рафиқаш «Ҷамъияти филоматҳо»-ро («ҷамъияти накўкорон») таъсис дод.

Соли 1823 дар асоси парвандаи созмонҳои филоматӣ-филаретӣ ба ҳабс гирифта, аз Литва ронда шуд (1824) ва то соли 1829 дар Русия монд (Петербург, Одесса, Маскав). Дар ин ҷо ў ба иштирокчиёни ҳаракати декабристҳо: К. Рилеев, А.Бестужев ва нависандагони намоёне, ки ба истеъдоди ў баҳои баланд доданд, шиносоӣ пайдо кард.

Дар Русия китоби ашъори ў «Сонетҳо» (1826) (сонет –шеъри чордаҳмисраа, ки аз ду рубоӣ ва ду мусаллас иборат аст) бо силсилаи «Сонетҳои Қрим» ва соли 1828 шеъри «Конрад Валленрод» аз чоп баромаданд.

Соли 1829 вай аз Русия берун шуд ва ба Олмон, Швейтсария ва Италия сафар кард. Шоир баъди кўшиши нобарори ҳамроҳ шудан ба шўриши соли 1830 абадан дар Порис дар бадарға монд ва фаъолияти адабию инқилобии худро идома дод.

Адам Митскевич  муаллифи эпоси миллии «Пан Тадеуш» (1832-1834) ба шумор меравад, ки он ба энсиклопедияи ҳаёти Лаҳистони қадим, шоҳасари тасвири лафзӣ, тасниф ва фардикунонии қаҳрамонҳо табдил ёфт.

Михай Бабич
Соли 1883 дар Сексард шоир, нависанда ва тарҷумони маҷорӣ Михай Бабич  чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Бабич яке аз барҷастатарин шахсиятҳои услуби ҷадиди Маҷористон мебошад. Аз соли 1901 то соли 1905 дар Донишгоҳи Будапешт дар риштаи омўзгорӣ таҳсил кардааст. Чанд муддат дар мактабҳои шаҳрҳои Баия, Сегед, Будапешт ва Фагарас ба ҳайси омўзгор кор кард. Соли 1908 ба омўзиши адабиёт шуруъ намуд. Соли 1916 яке аз муҳаррирони маҷаллаи адабии маҷории «Нюгат» («Ғарб») шуд.

Нахустин маҷмӯаи ӯ соли 1908 таҳти унвони «Баргҳои гулчанбари Ирисин» нашр шудааст. Ў баъдтар маҷмуаҳои «Речитатив» (1916), «Ҷазира ва баҳр» (1925) ва «Дар пойга бо солҳо» (1928) нашр кард.

Бабич инчунин асарҳои «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте Алигери, «Тӯфон»-и Вилям Шекспир ва чанд асари лотиниро ба забони маҷорӣ тарҷума кардааст.

Бабич дар баъзе асарҳои худ ба муқобили ҷанг ва империализм баромад мекунад. Ва дар беҳтарин асари худ «Китоби Юнус», ки чанде пеш аз маргаш навишта буд, ба зидди фашизм эътироз баён кардааст.

Нависанда 4 августи соли 1941 аз бемории саратон вафот кард.

Соли 1919 дар Ню Йорк нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ, барандаи ҷоизаҳои “Небула”, “Ҳюго” ва “Локус” Фредерик Пол ба дунё омад.

Фредерик Пол асосан дар Бруклин ба воя расида, таҳсил кардааст. Аввал дар мактаби миёна, баъд дар техникум хонда, дар синни 17-солагӣ онро тарк карда буд. Вай дар ҳамон синну сол ба Лигаи ҷавонони Ҳизби коммунисти ИМА шомил шуда, иштироки онро дар ҳаракатҳои коргарӣ, зидди нажодпарастӣ ва зиддифашистӣ дастгирӣ мекард.

Соли 1936 ба нашр ва таҳрири ду маҷаллаи илмӣ-тахайюлӣ шурӯъ кард: «Astonishing Stories» ва «Super Science Stories», ки дар онҳо асарҳои худро бо тахаллуси гуногун нашр мекард.

Аз соли 1953  асарҳояро бо номи худ чоп мекард ва инчунин дар ҳаммуаллифӣ бо С.Корнблат «Тоҷирони кайҳон», (1953) –ро интишор дод, ки баъдан онро идома дода, дар натиҷа «Ҷанги тоҷирон» (1984),  «Ҷустуҷӯи осмон» (1954) ва «Гладиатори қонунӣ» (1955) рўйи чоп омаданд. Ҳикояи «Вохўрӣ», ки онро Пол ҳамроҳи С. Корнблют навиштааст, соли 1973 сазовори мукофоти «Ҳуго» гардид.

Аз соли 1954 то соли 1991 Фредерик Пол бо Ҷек Вилямсон ҳамкорӣ дошт (асарҳои машҳури онҳо трилогияи «Фарзанди стораҳо», 1969 ва дилогияи «Сагаи фохтак», 1983 мебошанд). То аввали солҳои 70-ум ҳикояҳои худи Пол нисбат ба романҳои ӯ муваффақтар буданд, аммо пас аз қатъи нашри фаъол, ӯ худро ҳамчун як нависандаи боистеъдод нишон дод. Аввалин романи баъдан нашркардаи ӯ бо номи “Инсон +” дар соли 1976 ҷоизаи «Небюла», дуюмаш «Дарвоза» барандаи ҷоизаҳои «Небюла», «Ҳуго» ва Ҷоизаи ёдбуди Ҷ.Кэмпбелл дар соли 1977 шуд. Сипас романи «Ҷем», инчунин «Солҳои шаҳр», «Тулӯъи ситораи сиёҳ», «Ҷаҳон дар охирзамон» ва ғайраро эҷод мекунад ва инчунин  китоби «Дарвоза»-ро идома медиҳад.

Фредерик Пол 2 сентябри соли 2013 даргузашт.

Элишка Красногорская
Соли 1926 дар Прага нависанда, тарҷумон, шоир, намоишноманавис  ва либреттонависи чех Элишка Красногорская дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Элишка Красногорская 18 ноябри соли 1847 дар Прага таваллуд шудааст. Шоира фаъолияти худро бо шеърҳои  «Z màje žitì» (1870); «Ze Šumavy» ва достони драмавии «Сарояндаи озодӣ» оғоз бахшидааст. Ў бо достонҳои аҷоиб доир ба ҳаёти халқ миёни омма шуҳрат ба даст овард. Элишка  дар ҳаракати занон фаъолона иштирок карда, дар ҷамъияти коргарзанон, ки онро Каролин Светла барпо карда буд, нақши намоён бозид. Ў маҷаллаи «Варақаҳои занона»-ро таҳрир мекард ва дар мавзуъҳои занон асарҳои зиёде эҷод кардааст.

Инчунин асарҳои Адам Митскевич, Байрон ва А.С. Пушкинро тарҷума кардааст.

Соли 1890 дар Прага мактаби Минерваро таъсис дод, ки он аввалин гимназияи духтарон дар Империяи Австро-Венгрия гардид.

Соли 1930 дар Орша нависанда, мақоланавис, шоир, тарҷумон ва намоишноманависи шӯравии белорус Владимир Короткевич, классики адабиёти белорус ба дунё омад.

Владимир Семёнович Короткевич яке аз ходимони намоёни адабиёти белорус дар асри ХХ мебошад. Вай аввалин нависандаи белорус буд, ки бо жанри корогоҳии таърихӣ эҷод кардааст. Эҷодиёти Владимир Короткевич бо самти романтикӣ, маданияти баланди бадеӣ, шавқи ватандустӣ ва садои инсонпарварии худ фарқ мекунад. Нависанда адабиёти белорусро аз ҷиҳати мавзуӣ ва жанрӣ бою ғанӣ карда, онро бо мазмуни маънавию фалсафӣ  пур кард. Асарҳои машҳури нависанда ҳикояҳои «Шикори ваҳшии шоҳ Стах», «Афсонаи мўйсафед», романҳои «Хўшаҳои зери доси ту», «Масеҳ ба Гродно фуруд омад», «Қасри сиёҳи Олшанский», очерки «Замин зери болҳои сафед» мебошанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо аҳли оилааш дар вилояти Перм ба сар мебурданд ва баъдтар ба Оренбург кўчиданд. Соли 1944 Владимир Короткевич ба Орша баргашт ва дар он ҷо маълумоти миёна гирифт. Солҳои 1949-1954 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Киев таҳсил кард ва баъд аспирантураро дар он ҷо хатм кард. Ӯ дар мактаби деҳоти вилояти Киеви Украина ва сипас дар зодгоҳаш Орша муаллим шуда кор кардааст. Баъдан дар Курсҳои олии адабӣ (1960) ва Институти кинематография (ҳоло Донишкадаи давлатии кинематографияи Русия ба номи С. А. Герасимов дар Маскав) таҳсил карда, нависандаи касбӣ шуд. Соли 1951 нахустин шеъри ў нашр шуд, ки баъди он се китоби ашъораш аз чоп баромад. Умуман, насри ў бо мавзуъҳои гузаштаи таърихии Белоруссия, монанди шўриши январии солҳои 1863-1865 ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд аст. Короткевич инчунин якчанд песаҳо, очеркҳо, мақолаҳо ва филмномаҳои бадеӣ навиштааст.

Соли 1943 дар Сэндпойнт нависандаи амрикоӣ Мерилин Робинсон, барандаи Ҷоизаи Пулитсер дар соли 2005 ба олам омад.

Мэрилин Робинсон соли 1977 дар Донишгоҳи Вашингтон унвони доктории худро дар забони англисӣ соҳиб шудааст. Аввалин романи Робинсон бо номи «Хоҷагӣ» соли 1980 нашр шуд. Соли 2005 Мэрилин Робинсон барои романи «Гилеад» ҷоизаи Пулитсерро ба даст овард.

Юрий Владимирович Никитинский
Соли 1970 дар Ишқобод нависанда ва шоири бачагонаи украинӣ Юрий Никитинский ба дунё омад.

Юрий Владимирович Никитинский аз соли 1984 дар Киев зиндагӣ мекард.  Аввалин шеъри худро дар синни ёздаҳсолагӣ эҷод кардааст. Дар маҷаллаи «Одноклассник» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи ҷавонон кор кардааст. Дар ибтидои солҳои 90-ум аввалин асарҳояш барои кӯдакон пайдо шуданд. Аз он вақт инҷониб шеърҳо, ҳикояҳо, песаҳо ва афсонаҳои Юрий Никитинский дар маҷаллаҳои сершумори Украина ва Русия ба табъ расидаанд. Ба навиштан ва хондани асарҳо барои калонсолон, махсусан силсилаи намоишҳои «Натекши» маъруф аст. Аз соли 2004 дар маҷаллаи мардонаи “EGO” кор кардааст, сипас – дар Timeout, MAX ва соли 2008 ба EGO ҳамчун муҳаррири мавзӯӣ баргашт. Аз феврали соли 2011 то баста шудани он сардабири маҷаллаи EGO буд. Оиладор, соҳиби як духтару як писар. Ӯ 28 июни соли 2023 дар синни 53-солагӣ даргузашт.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова