Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми сентябр

Як-рузи-таърих-26-09-2023Соли 1800 дар Рогервик дар синни 46-солагӣ шоир, қаҳрамони миллии бошқир Салават Юлаев аз олам гузашт. Ӯ замоне фавдид, ки дар бадарға буд. Вай аз пайравони шӯришгари рус Емелян Пугачёв буд ва дар Ҷанги деқонони солҳои 1773-1775 ширкати фаъол дошт.

Салават Юлаев соли 1754 дар рустои Текеевои губернияи Оренбург зода шуд. Ин деҳа ҳоло вуҷуд надорад, чун дар ҷараёни саркӯбии шӯриши Пугачёв артиши малика Екатеринаи Бузург кулли деҳаҳои шӯришгарро оташ задаву ба хок яксон карда буд.

Салават Юлаев аз тархонҳо (лақабе буд аз алқоби фармонравоёни Осиёи Миёна) ва аз қабилаи кудейҳо (қабилаи қадимии бошқирҳо).
Салават Юлаев ҳамроҳ бо падараш, ки дар деҳа аз фармонравоён маҳсуб мешуд, аз шӯриши Пугачёв пуштибонӣ карданд. Ӯ ҳамагӣ 19-сола буд, ки ба шӯришгарон пайваст. Ҳамагӣ дар 1 соли 15 рӯз тибқи асноди расман гирдоваришуда дар 28 задухӯрд иштирок ва 11 муҳорибаро роҳбарӣ кардааст ва ҷолиб он аст, ки дар аксари ин задухӯрдҳо пирӯз омадааст.

Баъди шикасти шӯришчиён дар қаламрави имрӯзаи Русия Салават ин корро дар Бошқирдистон идома дод.

18 октябри соли 1774 баъди он ки артиши подшоҳи қисмҳои асосии Юлаевро шикасту торумор кард, генерал Пётр Панин аз мардум талаб кард, ки шӯришчиёни боқимондаро дастбаста ба вай супоранд, дар акси ҳол вазъашонро бад мекунад. Аммо Салават таслим нашуд.

Аввал зану фарзандонашро гаравгон гирифтанд, сипас ӯро бо падараш  боздошт ва барои тамоми умр ба қалъаи балтикии  Рогервик (ҳоло дар қаламрави Эстония) бадарға карданд.

Ва 26 сентябри соли 1800 дар бадарға аз олам рафт.

Томас-Стернз-ЭлиотСоли 1888 дар Сент-Луис шоир, намоишноманавис ва мунаққиди адабии англис Томас Элиот таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1948 ва намояндаи равияи навгароӣ (анг. Modernism – модернизм) буд. Навгароиӣ, навинагароӣ ё таҷдидгароӣ як ҷунбиши фалсафӣ ва ҳунарӣ аст, ки аз дигаргуниҳои густарда дар ҷомеаи ғарбӣ дар охири қарни нуздаҳум ва аввали асри бистум ба вуҷуд омада буд.

Элиот аз синни 14-солагӣ дар пайравӣ ба рубоиёти Умари Хаём ба шеърнависӣ оғоз кард.

Аз соли 1906 муддати се сол дар Донишгоҳи Ҳорвард  дарс хонд ва дар соли 1909 бо дараҷаи лисонс таҳсилро ба поён бурд. Дар фосилаи солҳои 1910-1911 дар Порис зиндагӣ кард ва ҳамзамон бо идомаи таҳсилот дар донишгоҳи Сорбон ба шаҳрҳои мухталифи Аврупо низ сафар мекард. Баъдан ба донишгоҳи Ҳорвард баргашт ва ду соли дигар фалсафаи ҳинд ва санскритро омӯхт.

Соли 1914, дар синни 25-солагӣ ба Британияи Кабир муҳоҷират кард.

Соли 1915 бо бозигари  балет Вивен Ҳейвуд издивоҷ кард, аммо ин зан, ки Элиот ба ӯ ошиқ ҳам шуда буд, аз як бемории музмини номаълуме ранҷ мебурд. Ин боис шуд, ки Томас Элиот ногузир ба корҳое ҳам саргарм шавад, то харҷи табобати завҷаашро барорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки хонаводи ӯ дар Амрико ба ин издивоҷ розӣ набуданд.

Соли 1927 тағйири мазҳаб кард ва ба англиконизм, ки як шоха аз масеҳияти ғарбӣ буд, гароид ва бо ҳамин шаҳрванди Британия шуд ва аз шаҳрвандии амрикоии худ ҷудо гашт.

Соли 1932 дар фикри ҷудо шудан аз ҳамсараш афтод ва дар ин ҳол аз Донишгоҳи Ҳорвард даъватнома дастрас кард, ки мехостанд устоди ин донишгоҳ бошад. Онро пазируф ва ҳамсарашро дар Британия гузошт ва худ ба Амрико рафт.

Бо вуҷуди он ки Элиот дар шеър шуҳрат ёфтааст, вале шеърҳои навиштааш зиёд нест. Вай шеърҳояшро дар ибтидо дар нашриёти адабӣ ё китобҳо ва ё давтарҳои хурд, ки маъмулан дорои ҳамагӣ як шеър буданд, мунташир мекард. Сипас он ҳамаро дар маҷмуаҳо гирд меовард ва ба дасти чоп месупурд.

Мавзуи аслии шеърҳои Томан Элиот буҳрони рӯҳ буд. Дар рушди тафаккури вай таъсири идеяҳои роиҷ дар он замон дар мавриди аз даст додани арзишҳои мағзии ба инсон додаи Офаридгор таъсири зиёд дошт.

“Сарзамини ҳарз”, “Сарзамини беҳосил”, “Харобобод”, “Гурбаҳои аҳли амал”, “Чаҳоршанбеи хоокистар”, “Муншии роздор”, “Сиёсатмадори меҳтар” номи чанд офаридаи ӯст.

Лафкадио-ХернСоли 1904 дар шаҳри Токио дар синни 54-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависанда, тарҷумон ва шарқшиноси амрикоии ирландитабор Лафкадио Ҳерн фавтид. Ягона нависандаи байналмилалист, ки асараш дар бораи Ҷопонро беҳтарин навиштаи ӯ медонанд.

Маҷмуаи осори ӯ дар бораи арвоҳ ва афсонаҳои ҷопонӣ аз беҳтарин офаридаҳои ӯст.

Соли 1873 вай бо як зани сияҳпӯст издивоҷ кард ва ин боиси моҷарои зиёд шуд, чун он замон ақду никоҳи омехта бо сияҳпӯстон на танҳо роиҷ набуд, балки қонун ҳам иҷозат намедод. Моҷаро боис шуд, ки аз ӯ ҷудо шавад. Он замон дар Амрико ӯ як журналисти машҳур шуда буд.

Соли 1890 ӯро ба сифати хабарнигори маҷалла ва баъдтар мушовири хориҷии  назди ҳукумати ин кишвар ба Ҷопон фиристода шуд. Муддати кор дар ин кишвар дилбастаи фарҳангу тамаддуни он шуд ва дар як муддати кутоҳ ба мубаллиғи тамаддуни Шарқ табдил ёфт.

“Афсонаҳои сеҳрангези ҷопонӣ”, “Назми Ҷопон”, “Роман дар бораи “Роҳи Каҳкашон”, “Дурахши Ҷопони ноошно”, “Аз Ҷопон”, “Соярӯ”, “Тасаввури Ҷопон” аз ҷумлаи навштаҳои ӯ мебошанд.

Александр-МежировСоли 1923 дар шаҳри Москав шоир ва тарҷумони русу Шӯравӣ  Александр Межиров зода шуд. Вай яҳудии рус буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карда ва дар ҷабаҳоти Ғарбӣ ва Ленинград ҷангида буд.

Соли 1986 барои китоби “Шеърҳо ва достонҳо” барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС шуд.

Аз соли 1992 ба ИМА рафт ва дар ҳамон ҷо 22 майи соли 2009 дар синни 85 солагӣ вафот кард.

Чанд нуктае аз зиндагинолмаи ӯ:

  • Билярдбоз ва қартабози машҳуру шуҳратёфта буд.
  • 25 январи соли 1988 дар шоҳроҳи Ленингради Москав бо мошини худ мошини ҳунарманд Ю.С. Гребеншиковро зад ва аз ҷойи ҳодиса нопадид шуд. Ба ҷабрдида ёрии аввалия нарасонд, ӯро ба бемористон набурд, балки фирор кард. Чор моҳ баъд ҳунарманд аз олам рафт. Ин фоҷеа боиси ҳамлаҳои лафзии зиёд ба шоир шуд. Аммо аз боз шудани кадом парвандаи ҷиноӣ иттило нест. Духтараш гуфта буд, ки Мажеров борҳо аз ин ҳодиса таассуф хӯрдааст, азоби виҷдон доштааст.
  • Бино ба шаҳодати шоҳидон солҳои охири умраш хотираашро аз даст дода буд. Вале шоир Екатерина Горбовская ин иддиоро рад кардааст.

Соли 1932 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) нависандаи маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия Владимир Войнович таваллуд шуд. Войнович ҳамватани мо буд, зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касест, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони замони Шўравӣ саҳми арзанда гузоштааст.  

Соли 1962 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони СССР қабул шуд. Таронаҳояш дар мавзўъҳои гуногун зуд машҳур шуданд. Повести ў бо номи «Мо ин ҷо зиндагонӣ мекунем», ки соли 1961 дар «Новый мир» чоп шуд, барояш шўҳрати нависандагӣ овард.

Баъди ин Войнович ҷиддан даст ба насрнависӣ зад. Қисми авали романи вай «Ҳаёти ғайримуқаррарии сарбоз Иван Чонкин» аввалин маротиба бидуни иҷозаи муаллиф соли 1969 дар Франкфурд-на-Майне чоп шуд ва соли 1975 дар Порис матни комили он рўи чопро дид.

Муфассалтар дар бораи адиби шинохта ин ҷост:

БА МАРГИ ВЛАДИМИР ВОЙНОВИЧ- АДАБИ МАЪРУФИ ҲАМВАТАНИ МО ПАНҶ СОЛИ ПУР ШУД

Соли 1940 дар Глостершир дар синни 69 – солагӣ шоир ва нависандаи аҳли Уэлс Уилям Ҳенрӣ Дэйвис (англ. William Henry Davies) аз олам гузашт. Вай 3 июли соли 1871 таваллуд шуда  буд.

Сарфи назар аз он ки як бахши муҳими ҳаёти худро дар Британияи Кабир ва ИМА дар оворагардиҳо сипарӣ кард, вале тавонист чун як шоири маъруфи замонаш шинохта шавад. Мавзуи асосии ашъораш мусибату бадбахтиҳои ҳаёт, инсонгарӣ ва васфи табиат аст. Вай ҳамчунин лавҳаҳое ҳам аз дидору мулоқотҳояш бо одамони аз назари худаш ғайриодӣ, ки гоҳу ногоҳ дар ҷараёни аз шаҳре ба шаҳри дигар рафтан шинос мешуд, навиштааст.

Соли 1978 дар шаҳри Варшава дар синни 83-солагӣ нависанда, тарҷумон, мақоланависи аҳли Лаҳистон Ян Парандовский аз олам гузашт.

Вай писари ғайриникоҳии кашиш ва профессори Донишгоҳи Лвов Иван Бартошевский ва Юлия Парандовская буд. Таҳсилкардаи донишгоҳи Лвов. замоне, ки донишҷӯ буд дар ковишҳои зиёде дар қаламрави Аврупо ширкат кард Оғози Ҷанги якуми ҷаҳон таҳсили ӯро ҳам барбод дод. Вай танҳо соли 1920 имкон ёфт ба таҳсилаш идома диҳад.

Аввалин мақолаи ӯ дар бораи Жан Жак Руссо соли 1913 мунташир шуд. Баъдан диққати ӯро осори замони қадим ба худ ҷалб кард ва мақолоти зиёде дар ин бора навишт. Китоби “Мифология”-и ӯ миёни хонандагону пажӯҳишгарон маъруфият пайдо кард.

Нина-БербероваСоли 1993 дар Филаделфия, иёлати Пенсилвания дар синни 92-солагӣ нависанда, шои р, омӯзгор, мустанаднигор ва хотиранависи рус Нина Берберова тарки олам кард. Вай 8 августи соли 1901 дар шаҳри Санк-Петербург таваллуд шуда буд.

Падараш аз арманҳои Қрим буд, бобояш духтури машҳуре, ки дар Порис таҳсили илм карда ва модараш рус. Баъди инқилоби Октябр дар Русия ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар сиёсатҳои ин кишвар Нина Берберова ҳамроҳ бо шавҳари шоираш  Владислав Ходасеевич аз Русия ба Аврупо муҳоҷират карданд, ҳарчанд намедонистанд онҳо дигар ба ватан барнамегарданд.

Аввал ба Берлин рафтанд, сипас ба нуқоти дигари Аврупо сафар карданд ва ниҳоят соли 1925 дар Порис мустақар шуданд. Дар Порис Нина Берберова бо дигар нависандагон рус дар табъид монанди Анна Ахматова, Владимир Набоков, Борис Пастернак ва дигарон шинос шуд. Дар ин муддати иқомат дар Порис достонҳои кутоҳ менавишт ва маҷаллаҳои адибони табъидии рус чоп мекарданд.

Шавҳараш соли 1939 дар Порис вафот кард ва худи ӯ дар умум 25 сол дар ин шаҳр иқомат намуд ва баъдан ба Амрико рафт ва шаҳрванди он кишвар шуд.

26 сентябри соли 1993 дар Филаделфия аз олам гузашт.

Чайковский. Зиндагином аи м арди танҳо”, “Бородин”, “Бидуни ғуруб”, “Александ Блок ва замони ӯ”, “Димоғаи тӯфонҳо”, “Малика” номи чанд асари ӯст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ