Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27-уми декабр

Пьер Ронсар
Пьер Ронсар

Соли 1585 дар дайри  Сен-Ком, наздикии Тура дар синни 61-солагӣ шоири фаронсавӣ Пйер де Ронсар аз олам гузашт. Аз ҷумлаи маъруфтарин адиб миёни ҳамасронаш буд. Вайро “шоҳзодаи шоирон” ва “шоири шоҳзодагон” меномиданд. Ӯ танҳо як шоир набуд, балки тавассути ӯ шеваи шеърнависии фаронсавӣ ба шиддат тағйир кард, бисёр вожаҳо ва истилоҳоти навро вориди шеър намуд.

Арвид Ярнефельт
Арвид Ярнефельт

Соли 1932 дар Хельсинки дар синни  71 – солагӣ нависандаи яҳудитабори Финландия Арвид Ярнефелт тарки олам кард. Асарҳои машҳури ӯ: Ватан”, “Бародарон”, “Елена”, “Фарзандони модар-замин”, “Сокинони Венехой”.

 

Осип Эмильевич Мандельштам Соли 1938 дар урдугоҳи бадарғашудагони Владперпункт (Владивосток) дар синни 47-солагӣ  шоир, нависанда, эссенавис, тарҷумон ва мунаққиди адабӣ Осип Манделштам аз олам гузашт. Манделштам аз бемории домана тарки олам кард. Ӯро аз бузургтарин шоирони аввали садаи бистуми рус меноманд. Аз қурбониёни режими истолинӣ буд.

Моҳи ноябри соли 1933 шеъри зиддисталинии «Мы живём, под собою не чуя страны»–ро навишт, ки дар кутоҳмуддат ҳазорон нафар онро хонданд. Ин шеъре буд, ки сурудани он дар он замон аз ҷасорати беҳамтои муаллифаш дарак медод. Ҳатто Борис Пастернак онро худкушӣ номида буд.

Шаби 16 ба 17-уми майи соли 1934 бо хабари махфии як хабарчини пинҳонкор аз доираҳои адабӣ боздошт шуд. 26-уми моҳи майи ҳамон сол ба муҳлати 3 сол ба Чердин (кишвари Перм) бадарға карданд. Қиссаи бадарға шудани шоири маъруф ва талошҳои Бухарину Пастернак ва муколамаи онҳо бо Сталин худ як достони ҷолибест. Билохира, Сталин Пастернакро бовар кунонд, ки парвандаи Манделштам бозбинӣ мешавад. Аммо ин парванда аслан дигар бозбинӣ нашуд. Шоир се соли бадарғаро пушти сар гузошт ва баъди ҷавоб шудан, дубора бо туҳматномаҳои дигар боздошт гардид ва ин бор ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар зиндон ҷон бохт. Қабраш то ҳанӯз маълум нест. Соли 1987 сафед шуд.

Соли 1943 журналисти амрикоӣ  Коки Робертс  ба дунё омад.

Соли 1953  шоири лаҳистонӣ Юлиан Тувим аз олам гузашт.

Соли 1972 шоир ва тарҷумони литвонӣ Неринга Абрутите ба дунё омад.

Таҳияи Б.Шафеъ