Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми март

Соли 1472 дар қалъаи Медведград, наздикии Загреб  (як шаҳри  бузург дар Хорватия) дар синни 37-солагӣ шоир, дипломат ва усқуфи маҷориву хорватӣ  Ян Панноний аз олам рафт. Вай 29-уми августи  соли 1434 дар Чешмич (ҳоло Чазма) ба дунё омад. Аз ҷумлаи шоирон машҳури давраи Эҳё буд ва бо ашъори башардӯстонаи худ дар Аврупо шуҳрат дорад. Ҳамчунин ӯро аввали шоири Маҷористон меноманд. Панноний асосан ба забони лотинӣ менавишт.

Вай муаллифи бештар аз 100 эпиграмма ва мадҳияҳост.

Асарҳои Ян Паннония сар аз асри XVI дар Маҷористон ва хориҷ аз он маълум шуданд. Ашъори ӯро файласуф ва назарияпардози аҳли Ҳоланд Эразм Роттердамский ва шоири испонӣ Джоззуэ Кардуччи сутудаанд.

Соли 1784 Самуел Телеки бори аввал куллиёти ӯро чоп кард. Аз охири  асри XVIII ба тарҷумаи маҷории асарҳои ӯ оғоз карданд.

Соли 1812 дар Санкт-Петербург нависанда, мунаққиди адабӣ, рӯзноманигор, ёддоштнависи рус Иван Панаев ба дунё омад. Вай шавҳари аввали нависанда ва ёддоштнависи машҳури рус Авдотя Якволлевна буд.

Панаев дар хонаводаи дворянин дида ба олам кушод. Аз соли 1834 навиштаҳои худро чоп мекард. Дар таърихи Русия Панаев чун ходими маҷалла ёд мешавад. Вай соли 1847 ҳамроҳ бо Некрасов маҷаллаи “Современник”-ро эҳё кард. Онҳо муваффақ шуда буданд, ки беҳтарин қаламкашони замони худро ҷалб кунанд. Дар ин маҷалла Панаев бо тахаллуси “Шоири нав” фелетонҳои тезутунде менавишт. Ва аввалин маҷмӯаи ашъори ҳаҷвии худро ҳам бо ҳамин тахаллус нашр крад.

Каме пештар аз маргаш ёддоштҳои худро дар бораи мулоқотҳояш бо шахсиятҳои шинохта чоп намуд.

Панаев 2 марти соли 1862 бар асари бемори сактаи қалбӣ сари дастони ҳамсараш Авдотя Яковлевна ҷон бохт.

Соли 1827 дар Санкт-Петербург дар синни 21-солагӣ бар асари бемории шадиди илтиҳоб шоири рус Дмитрий Веневитинов аз олам гузашт. Вай 26сентябри соли 1805 дар шаҳри Москав ба дунё омада буд. Вай на танҳо шоир, балки нависанда ва мақоланависи боистеъдод буд.

Аз Веневитинов наздик ба 50 шеър боқӣ мондааст.

Соли 1871 дар Любек нависанда ва фаъоли ҷамъиятии аҳли Олмон Ҳенрих Манн ба дунё омад.  Вай бародари Томас Манн буд.

Ҳенгих Манн ба хотири мазмунҳои интиқодӣ ва сиёсии романҳояш таҳти фишор қарор дошт ва дар соли 1933, вақте Ҳитлер дар Олмон сари қудрат омад, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум шуд. Аввал ба Прага рафт ва баъдан ба Фаронса. Иттиҳоди нависандагони Олмон дар муҳоҷиратро сарварӣ кард.

Баъди ишғоли Фаронса аз ҷониби артиши Олмон аз тариқи Испания ва Португалия ба ИМА рафт ва то соли 1940 дар Лос-Анжелес зиндагӣ кард.

Дар остонаи маргаш хост ба Берлини Шарқӣ баргардад, то Академияи санъати Олмонро сарварӣ кунад, чун ғоибона ӯ аввалин президенти ин ташкилот интихоб шуда буд. Вале ба орзуяш нарасид,  марг пешдастӣ кард ва 11-уми марти соли 1950 дар Санта-Моника даргузашт. Соли 1961 хокистари ӯро ба Олмони демократӣ оварданд ва дар қабристони Доротеенштадск ба хок супурдан.

Соли 1880 дар Севастопол нависандаи ҳаҷвнавис, намоишноманавис ва мунаққиди театри рус, муҳаррири маҷаллаҳои «Сатирикон» (1908—1913) ва «Новый Сатирикон» (1913—1918)  Аркадий Тимофеевич Аверченко ба дунё омад.

Пажӯҳишгар Д.А. Левитский ба ин назар аст, ки Аверченко тамоми умр бештар аз ҳазор ҳикояву фелетон навиштааст. Аввалин ҳикояти ӯ соли 1902 чоп шудааст. Солҳои 1905-1907, ки дар Русия солҳои инқилоб меноманд, Аверченко ҳисс кард, ки истеъдоди мақоланависӣ дорад ва пайваста дар мавзӯҳои рӯз мақолаҳои таҳлилӣ менавишт, очеркҳо ва ҳаҷвияҳои чоп мекард.

Аввалин маҷмӯи ҳикояҳояш соли 1910 чоп шуда буд.

Соли 1922 дар Биттон нависандаи кӯдакнависи англис Дик Кинг-Смит ба дунё омад. Номи аслии ӯ Роналд Гордон Кинг-Смит (Ronald Gordon King-Smith) мебошад.

Вай нависандагиро замоне сар кард, ки синнаш аз 50 гузашта буд. Аввалин китобаш бо номи «The Fox Busters» соли 1973 чоп шуд.

Дик Кинг-Смит муаллифи 113 ки тоб аст, ки бо 12 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Вай аҳмчунин чор филм дар бораи ҳайвонот барои барномаи телевизионии бачагонаи «Rub a Dub Dub» филмнома анавиштааст.

Соли 1974 дар шаҳри Москав нависандаи асарҳои тахайюлии рус  Дмитрий Еметс  ба дунй омад. “Дили роҳзан”, “Бозгашти роҳзани кайҳонӣ”, “Шикори роҳзан” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 2006  дар Краков дар синни 84-солагӣ нависандаи лаҳистонии асарҳои тахайюлӣ, файласуф Станислав Лем аз олам рафт. Асарҳои ин адиби маъруф бо 41 забони олам тарҷумаву чоп шудаанд.

Лем боре навишааст, ки ба нависанда шудани ӯ асарҳои адиби амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1976 Сол Беллоу, нависандаи англис ва поягузори асарҳои илмӣ-тахайюлии асри бист Герберт Уэллс, файласуф, риёзидон ва кибернетики амрикоӣ Норберт Винер, яке аз созандагони назарияи ри ёзии иттилоот Клод Элвуд Шеннон, нависандаи маъруфи фаронсавӣ Жюл Верн, файласуф ва нависандаи тахаюлнависи англис Уилям Олаф Стэплдон таъсир доштааст.

Одам аз Марс”, “Кайҳонавардон, “Муколамаҳо”, “Тафтишот”, “Бозгашт аз ситораҳо”, “Мағлубнашаванда”, “Афсонаи роботҳо”, “Қалъаи баланд”, “Ҳикояҳо дар бораи халабон Пиркс”, “Фалсафаи ҳодиса” номгӯи нопурраи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1986 шоири тоҷик, рӯзноманигор ва тарҷумон Сарвар (Сарвар Амирҷонов) аз олам даргузашт. Ӯ 12 ноябри соли 1938 дар деҳаи Ёгиди ноҳияи Дарвози ВМКБ зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ҳамчунин, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966-1986) будааст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои 50-ум пайдо шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Баҳор мехоҳам» (1986), «Лаъл» (1978), «Гулҳои тирамоҳ» (1989) ва ғайра мебошад.

Шеърҳои алоҳидаи Р. Ҳамзатов, О. Кешоков, С. Смирнов, Р. Рождественский, М. Танк, Г. Эмин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Таҳияи Б.Шафеъ