Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми ноябр
Соли 8 то милод дар шаҳри Рум бар асари беморӣ шоири саршиноси даврони Ҷумҳурии Рум ва империяи Рум Ҳоратский даргузашт. Вай соли 65 то милод дар Веноза ба дунё омада буд. Эҷодиёти Ҳоратский ба даврони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва даҳсолаи аввали низоми асосгузори Империяи Рум Октавиан Август рост меояд.
Ҳоратский марди кутоқаду фарбеҳ ва мағрур, вале хиҷолатӣ буд. Бо ин ки наметавонист ба табақоти боло роҳ ёбад, бо оммаи миёни мардум хуш надошт. Аммо аз ҳоли мардуми одӣ навишт ва дар инъикоси ҳаёти воқеъии зиндагии мардуми табақоту ҳирфаҳои поёнӣ муваффақ шуд. Аз осори ӯ кас метавонад эҳсоси хубиву бадии ононро ламс кунад.
Шикамборагиву шайтанати сокинони Руми замони Ҳоратский дар ашъори ӯ ба хубӣ тасвир шудааст.
Соли 1860 нависандаи олмонӣ Людвиг Релштаб аз олам гузашт. Вай шоир, мунаққид, рӯзноманигор, нависанда ва навозандаи пианинои аҳли Олмон ва фарзанди оҳангсоз Ёҳан Карл Фридриш Релшаб буд.
Ҳикояи ҳаҷвии ӯ “Генриетта, сарояндаи нозанин” барояш шуҳрат овард. Барои ин ҳикоя додгоҳ ӯро аз озодӣ маҳрум кард.
Романҳои “Алҷазоир ва Порис”, “1812”, “Се сол аз сиввум” ва намоишномаи “Евгений Арам” аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯст.
Солҳои 1829-1841 маҷаллаеро бо номи «Iris im Gebiete der Tonkunst» (Рангинкамони олами мусиқӣ) нашр кард ва мақолоти баҳсбарангезаш дар бораи бастакори итолёвӣ Спонтини ӯро шуҳратёр кард.
Соли 1895 дар Марли-ле-Руа намоишноманавис ва нависандаи аҳли Фаронса, узви Академияи Фаронса Александр Дюма тарки олам кард. Вай писари нависандаи машҳур Александр Дюма буд. Замони фавт 71 сол дошт.
Александ Дюма соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад ва писари ғайриқонунии Александр Дюма ба шумор мерафт. Соли 1831 Дюмаи падар вайро чун писари қонунӣ қабул кард.
Ӯ соли 1845 аввалин китоби худро бо номи “Рeches de Jeunesse” (“Гуноҳони давраи ҷавонӣ”) нашр кард. Аз намоишномаҳои вай метавон аз “Масъалаи пул” ва “Фарзанди номашруъ” ном бурд.
Соли 1899 шоир ва адабиётшиноси фламандӣ Гвидо Гезелле аз олам рафт.
Соли 1916 шоир, намоишноманавис, мунаққиди аҳли Белгия Эмил Верхарн ба таври фоҷеавӣ вафот кард. Аз асарҳои ӯ метавон “Шомгаҳон”, “Кашиш”, “Шикастҳо”, “Сапедадам”, “Филиппи дуввум”, “Соатҳои баъд аз зуҳр”, “Болҳои хунини ҷанг”, “Ба ҳангоми бадбахтӣ”-ро ном бурд.
Соли 1937 дар шаҳри Ереван дар синни 40-солагӣ дар бемористони зиндон шоир, нависанда ва тарҷумони арман Егише Чаренс аз олам рафт. Аз ӯ ба унвони классики адабиёти арман ном мебаранд.
Чаренс аз ҷумлаи озодандешон буд ва соли 1936 НКВД аввал ӯро ҳабси хонагӣ фармуд. Вайро зиддиинқилобӣ ва пайрави Тротский меномиданд, ба миллигароӣ ва терроризм айбдор карда буданд.
27-уми июли соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд. Дар натиҷаи хушунату зӯроварӣ ва ҳамлаҳои равонӣ гирифтори беморӣ шуд. Ӯро ба беморхонаи маҳбас интиқол доданд ва дар ҳамон бемористон фавтид. Қабраш номаълум. Чун қурбонии низоми сталинӣ соли 1955 сафед карда шуд.
Соли 1944 шоир ва журналисти лаҳистонӣ Теодор Буйнитский фавтид.
Соли 1953 дар Бостон намоишноманависи амрикоӣ Юҷин О’Нил вафот кард. Ӯ 65 сол дошт.
Юҷин аз ҷумлаи барҷастатарин намоишноманависони Амрико эътироф шудааст. Соли 1936 ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт мушарраф шуда буд.
Намоишномаҳои “Нон бо равған”, “Император Ҷонс”, “На ин гуна”, “Одами аввалин”, “Бӯзинаи пашмӣ”, “Фаввора”, “Миллионҳои Марко”, “Бардагӣ”, “Баробарии шахсӣ”, “Тилло”, “Анна Кристи”, “Мотам”, “Рӯзҳои беохир”, “Оҳ биёбон” ба қалами ӯ дахл доранд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ