Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27-уми октябр
Соли 1883 шоир, намоишноманавис ва кашиши аҳли Литва Миколас Вайткус ба дунё омад. Аввалин шеърашро соли 1896 навишт. Ӯро дар кишвараш чун як шоири сарояндаи шеърҳои ғаноӣ мешиносанд. Дар ашъори ӯ унсурҳои динӣ фаровон истифода шудаанд.
Миколас Вайткус аз намояндагони барҷастаи равияи романтизми миллӣ дар ададиёти Литва буд.
Вай 89 сол умр дид ва 20 майи соли 1973 чаш аз олам пӯшид.
Соли 1916 дар Лодзи мақоланавис ва филмноманависи лаҳистонӣ Казимеж Брандис таваллуд шуд. Дар донишгоҳи шаҳри Варшава дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Нахустин кораш чун мунаққиди адабӣ дар моҳномаи “Kuźnia Młodych” соли 1935 ба чоп расид.
Байни солҳои 1945-1950 Брандис узви ҳайати таҳририяи ҳафтаномаи “Kuźnica” буд.
Соли 1946 ба узвияти Ҳизби коргари Лаҳистон даромад. Муддати ду сол узви ҳайати таҳририяи ҳафтаномаи “Nowa Kultura” буд. Соли 1966 ба нишони эътироз аз озору азиятҳои файласуфи лаҳистонӣ Лешек Колаковский аз ҳизби коммунист хориҷ шуд.
Муддати ду сол адабиёти славяниро дар донишгоҳи Сорбон дарс дод. Соли 1976 қатори дигарон зидди ислоҳоти Конститутсияи Лаҳистон садо баланд кард.
Аз соли 1981 то охири умр берун аз хоки Лаҳистон мезист. 11 марти соли 2000 дар Порис тарки олам кард. 83 сол дошт.
Аз филмҳо ё маҷмуаҳои телевизионие, ки дар онҳо нақш доштааст, метавон ба “Тариқи ҳастӣ” ишора кард.
Соли 1932 дар шаҳри Бостон шоир, романнавис ва нависандаи достонҳои кутоҳи амрикоб Силвия Плат зода шуд. Вай умри зиёд надид. 11 феврали соли 1963, дар 30-солагӣ худкушӣ кард.
Аз ӯ дар замони зинда буданаш танҳо ду китобаш чоп шуд, ки яке аз он романи саргузаштии “Ҳубоби шиша” буд. Ин роман ҳамагӣ чанде пеш аз маргаш мунташир шуд. Маҷмуаи шеърҳояш соли 1981 чоп шуд, ки кулли ашъори то кунун чопнашудаи ӯро дар мегирифт. Барои ин маҷмуаи шеърҳо соли 1982 ҷоизаи Пулисерро соҳиб шуд ва ӯ чорумин шахсе дар таърихи эътои ин ҷоиза мебошад, ки ба маргашон мукофотонида шудаанд.
Аз Силвия Плат 5 маҷмуаи шеър боқӣ мондааст: “Бачаи ғул”, “Клусус ва ашъори дигар”, “Ориел”, “Гузар аз об”, “Дарахтони зимистонӣ”, “Маҷмуаи ашъор”.
Силвия Плат аз синни 11-солагӣ то дами маргаш ба навиштани рӯзномаи зиндагиаш идома дод. Маҷмуае аз гузидаи ёддоштҳои ӯ, ки солҳои 1950 то 1962 – ро дар бар мегирад, бо вироиши Фронсис Макголу соли 1982 ба чоп расид.
Аслан зиндагиномаи Силвия Плат достони ҷолибест барои нақл ва ҳам пандомӯз, ки замоне дар ин бора хоҳем навишт.
Соли 1964 дар шаҳри Берлин нависандаи олмонӣ Вилли Бредел аз олам гузашт. Вай ду маротиба барандаи ҷоизаи миллии Ҷумҳурии демократии Олмон шуда буд.
Аз овони наврасӣ дар майдони муборизаҳои озодихоҳӣ будаву борҳо боздошт шудааст. Соли 1933 баробари сари қудрат омадани миллигароёни Олмон муддати 13 моҳ дар конслагери Фулсбюттел зиндонӣ шудааст. Соли 1934 баъди раҳоӣ ба Чехословакия муҳоҷират кардааст. Соли 1935 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омадааст.
Соли 1937 дар ҷанги шаҳрвандии Испания иштирок кардааст. Соли 1939 дубора ба Иттиҳоди Шӯравӣ омадааст ва дар Москав мезистааст. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар наздикии Сталинград ба корҳои таблиғотӣ машғул шудаву аз сарбозони фашистӣ даъват мекардааст, ки таслим шаванд. Баъди ҷанг ба Олмон баргашта ва то охири умр дар Берлин зистааст.
Асарҳои ӯ бештар ба мавзуъи ҷунбиши зиддифашистӣ бахшида шудааст ва иддае аз онҳо, аз ҷумла “Имтиҳон”, ”Бародари номаълуми ту” он замон ҳам машҳур буданд.
“Кӯчаи Розенгоф”, “Эрнст Телман”, “Бародарон Виталерҳо”, “Патер Бракел” низ номи чанд навиштаи ӯст.
Соли 1977 дар синни 85-солагӣ нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Ҷеймс Кейн бар асари шаробхорӣ фавтид. Вай 1 июли соли 1892 дар Аннаполис зода шуда буд.
Ҷеймс Кейн муаллифи романҳо, повестҳо ва ҳикояҳои детективӣ буд. Яке аз маъруфтарин романҳои ӯ “Пустачӣ ҳамеша ду бор занг мезанад” мебошад.
Баъди хатми мактаб чандин бор касбашро иваз кардааст. Муаллим ҳам будаасту нозири роҳ ҳам, сарояндаву фурӯшандаи бима низ. Аз соли 1917 хабарнигори рӯзномаи “Балтимор Сан” будааст, ки мегӯянд он замонҳо аз пурхонандатарин нашрияҳои чопи Амрико ба шумор мерафт.
Соли 1924 баъди муваффақиятҳо дар журналистика ба шаҳри Ню-Йорк меояд.
Баъди Рукуди бузург (рукуди густардаи иқтисодии ҷаҳон, ки як даҳа пеш аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм рух дода буд) Кейн ба Ҳоливуд ба кори сенариянависӣ ҷалб мешавад. Аввалин сенарияи вай, ки як ҳикояи детективӣ бо номи “Ширхор дар яхдон” буд, шуҳрат пайдо мекунад. Романи машҳураш “Хаткашон ҳамеша ду бор занг мезанад” соли 1934 нашр мешавад ва ин аз ҷумлаи аввалин китобҳои муваффақи тиҷоратии амрикоӣ буд.
Баъди ҷанг ҳамроҳ бо ҳамсари сеюмаш ба соҳилҳои шарқӣ бармегардад ва бидуни комёбии назаррас ба кори нависандагӣ идома медиҳад.
Соли 2019 дар Нашуа, иёлати Ню-Гэмпшир дар синни 67-солагӣ аз бемории саратони шуш нависандаи машҳури армикоӣ Ҷоанна Линдсей аз дунё гузашт. Вай 10 марти соли 1952 дар Франкфурти лаби Майни Олмон ба дунё омада буд.
Ӯро аз муваффақтарин нависандагони муосир дар жанри романи ишқии таърихӣ меноманд. Ҳамаи китобҳои вай дар рӯйхати пурфурӯштарин китобҳо ҷой гирифтаанд.
Аввалин романи Линдсей бо номи “Арӯси дуздидашуда” соли 1977 навишта шуд, ки он замон вай 25 сол дошт. Рӯдодҳои роман дар дар асрҳои миёнаи Ғарби ваҳшӣ, аниқтараш дар Англияи замони Виктория ва дар бахше аз ҳодисот аз кишварҳои хаёлӣ ном бурда мешавад.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ