Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми январ

Як-рузи-таърих-27-01-2023Соли 1826 дар деҳаи Спас-Уголи ноҳияи Калязинскийи вилояти Твер нависандаи маъруф ва назарияпардози рус Михаил Салтиков-Шедрин нависандаи рус таваллуд ба дунё омад. “Таърихи як шаҳр”, “Қисса барои бузургсолон”, “Хонадони Головлёвҳо” аз ҷумлаи ром анҳои машҳури ӯ мебошанд.

10 май (28 апрели) соли 1889 дар Петербург вафот кард.

Люис-КэрролСоли 1832  нависандаи инглис, риёзидон, мантиқдон, файласуф ва суратгир Люис Кэрролл ба дунё омад. Асарҳои машҳуртарини ў афсонаҳои «Алиса дар олами аҷоибот» ва «Алиса дар олами ойинаҳо», инчунин шеъри мазҳакавии «Шикори Снарк» мебошанд.

Соли 1869 дар театри Маломи шаҳри Москав, нахустнамоиши мазҳакаи Александр Островский «Дили гарм» барпо гардид.

Соли 1873 омӯзгор, забоншинос, адабиётшинос, шоир, публисист, тарҷумон, арбоби ҷамъиятии қазоқ  Ахмет Байтурсинов таваллуд шудааст. Дар соли 1912 Ахмет Байтурсинов тамоми ҳарфҳои сирф арабиро, ки дар забони қазоқӣ истифода намешаванд, хориҷ кард ва ҳарфҳои хоси забони қазоқиро илова намуд. Алифбои наве, ки “Жана Эмле “(“Имлои нав”) ном дорад, то ҳол аз ҷониби қазоқҳои муқими Чин, Афғонистон ва Эрон истифода мешавад. Асосҳои забони қазоқӣ ва истилоҳоти илмиро барои таърифи грамматикаи қазоқӣ таҳия кардааст.

Соли 1879 дар  Сисерт нависандаи шӯравии рус, фолклоршинос, публистист, рӯзноманигор Павел Бажов таваллуд шудааст. Ў ҳамчун муаллифи афсонаҳои Урал шуҳрат пайдо кардааст.

Аввалин китоби ў бо номи «Достонҳои Урал» соли 1924 аз чоп баромад.

Павел Петрович Бажов 3 декабри соли 1950 дар Москва вафот кард.

Соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ СОРБОН (Пури Хамроҳ) ба дунё омад.

Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.

То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.

Ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғ. ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Асарҳои Сорбон ба аксари кулли забонҳои халқҳои собиқи шӯравӣ, бештарин ба русӣ, тарҷума ва чоп шудаанд.

Дар бораи адиби шинохта матлаби дигар ҳам дар сомона дорем, ки лутфан мутолиа кунед.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА.