Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми апрел
Соли 1402 дар Тескоко шоир ва ҳокими астекҳо Несауалкойотл ба дунё омад. Вай файласуф, ҷангҷӯ, меъмор ва шоири қабилаи ҳундувони Амрико буд, ки дар қисмати шарқии водии Мексика, дар соҳили шарқии кӯли Тескоко ҳокимият дошт.
Соли 1665 намоишноманавис ва шоири аҳли Италия Пйер Якопо Мартелло таваллуд шуд. Вай муаллифи асарҳои фоҷеавӣ, мазҳака, достонҳо, сонетҳо мебошад. Мартелоро ба унвони поягузори намоишноманависӣ дар Италияи замони Маърифат медонад. Фоҷеаҳои «Квинт Фабий», “Марги Нерон”, “Эдипи мустабид”, “Алекстра”, мазҳакаҳои “Европиди мазамматшуда”, “Атсаи Геркулес”, “Чӣ девонаҳое” маҳсули қалами ӯ мебошад.
Соли 1848 нависанда ва рӯзноманигори рус Михаил Евграфович Салтиков-Шедрин ба губернияи Вятский бадарға шуд. Салтиков –Шедрин аз ҷумлаи маъруфтарин нависандагони рус мебошад. Романҳои “Таърихи як шаҳр”, “Гурезгоҳи Монрело”, “Ҷанобон Головлёвҳо”, повесту ҳикояҳои “Ихтилоф”, “Кори муғлақ”, “Яшаҷон”, “Бачаҳои расво”, “Брусин” аз ӯ мебошанд.
Соли 1852 Иван Тургенев ба хотири мақолааш дар бораи Николай Гогол дар “Московские ведомости” боздошт шуд.
Соли 1853 дар шаҳри Берлин дар синни 79-солагӣ шоир, нависанда, тарҷумон ва намоишноманависи аҳли Олмон Людвиг Тик аз олам рафт. Асарҳои муҳими ӯ романи “Вилям Ловел” ва “Сайру саёҳатҳои Франс Штернбалд” мебошанд. Ин асарро адиб миёни солҳои 1795 – 1798 навиштааст.
Соли 1874 нависанда, мунаққид ва эссенавису мақоланависи аҳли Австрия Карл Краус таваллуд шуд. Машҳуритарин асари вай драмаи мазҳакавии “Охирин рӯзҳои башарият” мебошад, ки адиб онро солҳои 1915-1919 навиштааст. Ин драма бештар бар пояи маводҳои чопшуда дар матбуоти аврупоӣ навишта шудааст.
Краус ҳамчунин бо ҳикматҳои худ низ машҳур аст, ки он ҳама дар як китоб гирдоварӣ шудаанд.
Соли 1876 шоир ва публистисти шотландӣ тарки олам кард. Вай 28 августи соли 1802 да бунёд омад ва 74 сол умр дошт.
Соли 1902 нависандаи кӯдакнависи рус Валентина Александровна Осеева таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи давлатӣ дар соли 1952 барои повести “Всёк Трубачев ва тими ӯ” ва барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи се буд.
5 июли соли 1969 дар шаҳри Москав аз олам гузашт.
Соли 1926 дар Монровилл, иёлати Алабама нависандаи амрикоӣ Харпер Ли ба дунё омад. Романи “Куштани мурғи мино” аз машҳуртарин асарҳои ӯ мебошад. Харпер ин романро соли 1959 навишт ва он 11 июли соли 1960 чоп шуд ва дар кутоҳмуддат аз пурфурӯштарин китобҳои он солҳо гашт. Соли 1999 ин роман унвони “Беҳтарин романи садсола” увон гирифт.
Аз замони интишораш то кунун беш аз 40 миллион нусха ба фурӯш рафтааст ва ба беш аз 40 забони олам тарҷума ва нашр шудааст. Тиражи аввалини китоб 5 ҳазор нусха буд.
Соли 1927 нависандаи ҳаҷвнависи Шӯравӣ, андешаманд, барандаи ҷоизаи “Золотой телёнок”-и “Литературная газета” Михаил Михайлович Генин ба дунё омад.
Аз машҳуритарин нависандагони ҳаҷвнигори замони худ буд. Ҳикояҳояш бештар дар “Литературная газета” чоп мешуданд. Аз фаъолтарин ширкаткунандаи барномаҳои телевизиони “Вокруг смеха”, “Аншлаг” ба шумор мерафт.
Соли 1980 адиб, намоишноманавис, либретонавис, мутарҷим ва донишманди маъруфи тоҷик Файзулло Ансорӣ аз олам гузашт. Чакидаҳои хомааш дар маҷмӯаҳои «Калхот ва кабӯтар» (1954), «Гулдастаи дӯстӣ» (1956), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976), «Офтоб дар роҳ» (1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Гулшан» (1958), «Имтиҳон» (1961), «Шарофат» (1963), «Тори илҳом» (1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Сарвати дил» (1982), «Китоби Ватан» (1991), «Ситораи муҳаббат» (ба забони русӣ, 1967) ва ғ. чоп шудаанд.
Файзулло Ансорӣ чун драматург дар пешрафти адабиёти тоҷик хидмати шоён карда, ҳамчун асосгузори драмаи манзуми тоҷикӣ сазовори эътирофи умум гардидааст.
Намоишномаҳои «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Модар, мебахшед!» (1960), «Иҷоранишин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Қиссаи нотамом» (1963), «Оинаи махмалпеч» (1965), «Шаҳр дар оғӯши ту» (1966), «Баъди имтиҳон» (1971), «Висол» (1972), «Як либос атлас» (1972), «Модар нигарон буд» (1972), «Актрисадухтар» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғ., ки маҳсули қалами ӯ мебошанд, аз ҷониби тамошобинон ба хубӣ пазируфта шудаанд ва солиёни дарозе саҳнаи театрҳои номии кишварамонро оро додаанд.
Либреттои операҳои «Пӯлоду Гулрӯ» (дар асоси романи ҳамноми Раҳим Ҷалил) ва «Шарофат» (бар матни достони ҳамноми муаллиф) зодаи қалами ӯстанд.
Чандин асари адибони русу ҷамоҳири собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Тарҷумаҳои осори худи ӯ ба забони русӣ дар ду маҷмӯа («Солнце в пути» ва «Улыбка любви») ба табъ расидаанд.
Барои заҳмати пурсамари эҷодӣ ва таҳкими равобити адабӣ бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Белорусия мукофотонида шудааст.
Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
28 апрели соли 1980 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.
Мадфанаш дар ҳамон ҷост. (Сом.Ит.Нав.)
Соли 1954 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё нависанда ва тарҷумони тоҷик Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ таваллуд шуд. Соли 1971 мактаби миёнаи деҳа, соли 1976 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. То моҳи апрели соли 1978 корманди радиои ноҳияи Ленин буда, сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва Телевизиони ҷумҳурӣ ба ҳайси мухбир ва муҳаррир фаъолият доштааст. Аз сентябри соли 1979 муҳаррири нашриёти «Маориф» буда, аз апрели соли 1987 дар нашриёти «Адиб» ифои вазифа кардааст ва то моҳи январи соли 2004 муҳаррири шуъбаи адабиёти муосири ҳамин нашриёт будааст.
Аз солҳои донишҷӯӣ ба кори эҷодӣ машғул буда, ҳикояҳои аввалинаш аз миёнаи солҳои ҳафтодум ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Гап байни худамон» (1986), «Каҷ дору марез» (1991), «Зинда будан кам аст!» (1998), «Арӯс аз Тошканд» (1998), «Дарро задам, девор кафид» (2003), «Аз гаҳвора то ситора» (2014) ва ғайра мебошад.
Қиссаи адибаи Лаҳистон З. Кандзинская «Шаби торик киштиҳо ба якдигар дучор оянд» (1981), қиссаву ҳикояҳои адиби ӯзбек Х. Тӯхтабоев «Саргузашти Амонбой ва Давронбой» (1985), қиссаи адиби югославӣ Б. Китанович «Марди майдон» (1990) ва чандин ҳикояҳои М. Твен, О. Генри, К. Чапек, Я. Гашек, Б. Нушич, адибони Русия, Қафқоз, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика ва Осиёи Марказиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Чанде аз навиштаҳояш бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, эстонӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
13 январи соли 2004 аз олам даргузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ