Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми май
Соли 1589 дар Порис шоир, нависанда ва тарҷумони фаронсавӣ Роберт Арно д‘Эндилли, яке аз бузургтарин намояндагони классики фаронсавии асри XVII чашм ба олами ҳастӣ гузошт.
Соли 1849 дар Скарборо, нависанда ва шоираи англис Энн Бронте, хоҳари хурдии Бронтеҳо, дар синни 29-солагӣ аз бемории сили шуш даргузашт.
Энн Бронте 17 январи соли 1820 дар Торнтон, наздикии Брадфорд, Йоркшир ба дунё омадааст. Энн миёни шаш фарзанди Бронте аз ҳама хурдӣ буд. Вақте ки модараш моҳи сентябри соли 1821 вафот кард, вай ҳанӯз дусола набуд ва хоҳари калонии модараш Элизабет Бранвелл масъулияти оилаи ятимро ба ӯҳда гирифт. Эннро холааш аз ҳама зиёд дўст медошт. Патрик Бронте – падари оила, як рӯҳонии протестантии калисои Англия ва холааш Бранвелл пайрави методизм буд, ки онро Ҷон Весли таъсис додааст. Энн миёни ин фарқиятҳои динӣ дар изтироб афтода, ниҳоят дар соли 1837 бемори вазнин шуд.
Патрик Бронте, ки барои духтаронаш ояндаи беҳтаре орзу мекард, мехост пас аз соҳиби маълумоти муносиб шудан онҳоро ба шавҳар диҳад. Энн ҳамагӣ чанд сол, аз соли 1835 то 1837, вақте ки хоҳари калониаш Шарлотта дар он ҷо ба таълим додан оғоз кард, дар мактаби Рое дар наздикии Дюсбери таҳсил кардааст. Қисми боқимондаи таҳсилро дар хона гирифта, аз ҷониби холааш ва апааш Шарлотта таълим мегирифт ва аз лаҳзаҳои нодире, ки падараш барои ӯ бо овози баланд мехонд, лаззат мебурд. Дар баробари хоҳаронаш Энн аз хурдӣ ҳикоя ва шеърҳо менавишт.
Дар соли 1846 Энн ва хоҳарони ӯ бо тахаллуси бародарони Белл (Куррер, Эллис ва Актон) маҷмӯаи шеърҳо ва ҳикояҳои кӯтоҳеро нашр карданд, ки ду романи навиштаи худи Энн – «Агнес Грей» ва «Ношиносе аз Вайдфелл Холл»-ро дар бар мегирад. 24 сентябри соли 1848 бародари Энн, Бранвелл дар синни 31-солагӣ аз бемории сил даргузашт. Пас аз се моҳ, 19 декабр, хоҳари Энн Эмили аз ҳамин беморӣ даргузашт. Вай 30-сола буд. Пас аз ду ҳафта маълум шуд, ки Энн низ ба бемории сил гирифтор шудааст. Энн орзу дошт, ки дар Скарборо баҳрро бубинад, ба ҷойҳое равад, ки як вақтҳо сайругашт мекард, аммо ин сафар танҳо дар моҳи май имконпазир буд. 25 майи соли 1849 Эшш бо ҳамроҳии Шарлотт ва дӯсти оилавӣ Эллен, н ба Скарборо омад ва баъд аз дў рўз он ҷо вафот кард.
Соли 1873 дар Гуниб нависанда ва драматурги шӯравии рус Олга Форш чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Олга Форш дар оилаи генерал Комаров ба воя расидааст. Модараш барвақт вафот кард, падараш бори дуюм хонадор шуд. Соли 1881 аз падар низ маҳрум шуд ва модари угайаш Олгаро ба «Институти ятимон»-и Маскав фиристод. Дар аввал, Олга Форш ба касби рассом шавқ дошт, ў дар устохонаҳои рассомии Киев, Одесса ва Санкт-Петербург таҳсил кардааст.
Соли 1895 бо Борис Форш издивоҷ мекунад. Оила аксар вақт дар мулки Герчикии Смоленск зиндагӣ мекард.
Вай соли 1907 ба нашри ҳикояҳояш шуруъ кард. Аввалин ҳикояи бомуваффақияташ «Буд генерал» ба шумор меравад, ки соли 1908 дар маҷаллаи «Русская мысль» ба табъ расида буд. Дар асарҳои аввалини ў як қатор ҷустуҷўҳои маънавӣ ва норозигиро аз имрўзи қаҳрамонони асарҳояш дидан мумкин аст.
Романҳои минбаъдаи Форш ба ҳаракатҳои инқилобии Русия бахшида шудаанд. Нависанда аз соли 1924 то соли 1925 тамоми вақти худро ба романи «Либоси сангинпўш», ки дар бораи Бейдеймани инқилобгар нақл мекунад, бахшидааст.
Дар соли 1926 романи навбатии «Сехи гарм» аз чоп баромад, ки инқилоби солҳои 1905-1907-ро тасвир мекунад.
Олга Форш соли 1946 бахшида ба меъморони рус аз се насл — Баженов, Воронихин ва Росси романи «Қалъаи Михайловский»-ро навишт.
Нависанда миёни ҳамкасбонаш обрую эътибор дошт. Аммо пас аз фаро расидани давраи бозсозӣ номи ӯ аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, ҷамъиятҳои адабӣ ва китобхонӣ нопадид шуд. Дар асарҳои худ Форш аксар вақт чунин арзишҳои инсониро, аз қабили парастиши зан, имон ба Худо ва садоқат ба Ватан васф кардааст.
Форш 17 июли соли 1961 дар шаҳри Тярлево вафот кард.
Соли 1877 дар Киев шоир, тарҷумон ва адабиётшиноси рус Максимилиан Волошин ба олам омад.
Аҷдодони Волошин аз ҷониби падараш казакҳои Запороже ва аз ҷониби модараш немисҳои русшуда буданд. Дере нагузашта, пас аз таваллуди ӯ волидонаш ҷудо шуданд.
Волошин аввал дар гимназияи 1-уми мардонаи Маскав, баъд дар гимназияи Феодосия таҳсил кардааст. Баъдан таҳсилашро дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав идома дод, аммо курсро хатм накарда, хориҷ шуд.
Ба Помир, Миср, Африқои Шимолй сафар кардааст; пиёда дар саросари Аврупо – Олмон, Швейтсария, Испания, дар атрофи баҳри Миёназамин гаштааст. Солҳои 1901-1916 дар Порис зиндагӣ мекард.
Аввалин маҷмуаи ашъори Волошин соли 1910 аз чоп баромад. Соли 1916 ба Коктебел (Крим) кўчид. Дар «Хонаи шоирон», ки худаш сохтааст, шеър ва теософияро меомухт. Вай ба аҳди қадим ва Шарқи қадим шавқу ҳавас дошт. Муаллифи аввалин монография дар бораи В.Суриков, ки танҳо соли 1985 нашр шудааст ва мақолае дар бораи И.Е. Репина, ки бо сабаби он азоби зиёде кашидааст, очерки тасвири иконҳо ва китоби нотамом «Рӯҳи Готик» мебошад.
Истеъдоди ҳаматарафа, меҳрубонӣ, заковат ва симои рангинаш Волошинро миёни зиёиёни асри нуқрагин махсусан машҳур гардонд. Ба хонаи Волошин дар Коктебел бисёр шоирон, файласуфон ва рассомон меомаданд. Соли 1924 Волошин иҷозат гирифт, ки дар хонааш «Хонаи эҷодиёти нависандагон»-ро бемузд ташкил кунад.
Волошин дар Коктебел вафот кард. Ўро аз рўи васияташ дар кўҳи баландтарини халиҷи Коктебел – Кучук-Янишар дафн карданд. Тибқи одат, ҳар касе, ки ба қабри ӯ мебарояд, аз баҳр санги хурди ранга бо худ мебарад.
Соли 1888 дар Стокҳолм шоир ва файласуфи рус Николай Арсенев ба дунё омад. Арсенев муаллифи тақрибан 40 китоб ва мақолаҳои зиёде оид ба диншиносӣ, фалсафа, таърихи динҳо, давраи қадим, асрҳои миёна ва замони муосир мебошад.
Соли 1912 дар Лондон нависандаи австралиягӣ Патрик Уайт, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соли 1973 ба олам омад. Патрик Уайт айёми кӯдакии худро дар Австралия гузаронида, маълумоти миёнаро дар Англия гирифтааст. Аз соли 1930 то соли 1932 дар фермаи чорво дар Уэлси Нави Ҷануби Австралия кор кардааст; Ба Англия баргашта, дар Коллеҷи Кинг, Донишгоҳи Кембриҷ забонҳои хориҷиро омӯхт. Пас аз гирифтани диплом ӯ дар Лондон монд. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар Ховари Миёна ва Юнон дар хадамоти иктишофӣ хидмат кардааст. Соли 1948 ба Австралия баргашт. Уйат дар жанрҳои гуногун худро санҷидааст. Нахустнамоиши худро бо маҷмӯаи ашъори «Кишоварз ва дигар ашъор» (1935) оғоз карда, маҷмӯаҳои ҳикояҳои «Оташгирифтагон» (1964) ва «Какаду»-ро (1975) нашр кардааст. Уайт шӯҳрати адабии худро асосан аз романҳои «Водии хушбахт» (1939), «Саргузашти хола» (1948), «Дарахти одам» (1955), «Фосс» (1957), «Саворон дар ароба» (1961), «Тўмор» (1966) ва ғайраҳо ба даст овадааст. Китобҳои асосии Уайт «Саргузашти хола», «Дарахти одам» ва «Фосс» мебошанд. Дар онҳо қаҳрамонҳои марказӣ, ки аз ҳаёти муқаррарӣ ҷудо шудаанд, баъзе донишҳои махсусро ба даст меоранд, ки дар он шахсияти ботинии онҳо бо олами табиӣ омехта мешавад.
Уайт 30 сентябри соли 1990 дар Сидней вафот кард.
Соли 1916 дар Лвов нависандаи украин Иван Франко дар синни 59-солагӣ даргузашт.
Иван Франко пас аз хатми мактаб дар гимназия таҳсил карда, дар баробари марги волидонаш барои таъмини рӯзгор кор мекард. Таҳсилоти олӣ соли 1875 дар Донишгоҳи Лвов оғоз ёфт.
Соли 1877 ба ҳабс гирифта шуд, 9 моҳ дар зиндон буд ва бо ҳамин дигар натавонист таҳсилашро дар донишгоҳ хатм кунад. Баъдтар Франко боз ду маротиба – дар солҳои 1880 ва 1889 ба ҳабс гирифта шуд.
Дар давраи зиндон будан барои асарҳояш маводи муҳим ҷамъоварӣ кардааст. Дар рӯҳи нависанда оташи мубориза алайҳи беадолатӣ аланга зад, ки дар романҳояш инъикос ёфтааст. Франко аз соли 1885 то соли 1887 сармуҳаррири нашрияи «Зоря» шуда кор кард. Маҷмўаи ў «Аз баландӣ ва пастӣ», ҳикояҳои «Вазифа», «Вабо» дар байни халқ шуҳрати калон пайдо карданд.
Иван Франко ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятию сиёсӣ низ маълум аст. Вай ҳамроҳи Павлик ҳизби демократҳои сахтгир – ҳизби радикалии русу украинро ташкил карда, муддати дароз нашрияи «Народ»-ро аз чоп мебаровард. Соли 1893 маҷмуаи лирикии Франк «Баргҳои хушкшуда» аз чоп баромад. Тахминан худи ҳамон сол боз худро ба кори омўзгорӣ бахшид.
Нашри Иван Франкоро барои таҳқиқоташ дар бораи Митскевич дар Лаҳистон манъ карданд. Франко бо ҷамъияти Шевченко ҳамкорӣ карда, ба ҳайси муҳаррири «Литературно-научный вестник» кор мекунад. Аз он вақт инҷониб ӯ асарҳои зиёди илмӣ нашр кардааст. Нависандаи бузурги украин соли 1916 дар қашшоқӣ вафот кард.
Соли 1936 дар Кантони Каролинаи Шимолӣ нависанда ва шоири амрикоӣ Фред Чаппелл ба дунё омад.
Фред Чаппелл дар Донишгоҳи Дюк таҳсил кардааст. Чаппелл аввалин ҳикояи илмӣ-тахайюлии худ, “Дуэт”-ро дар соли 1975 нашр кард. Ӯ ҳамагӣ бист ҳикоя ва ду роман навиштааст: «Ман ҳамеша яке аз шумоям» (1985) ва «Дагон» (1987). Романи охирин, ки аз Лавкрафт илҳом гирифтааст, аз ҷониби Академияи Фаронса беҳтарин романи тарҷумашудаи сол дониста шуд; Илова бар ин, Чаппелл ду маротиба барандаи Ҷоизаи Фантастикаи Ҷаҳонӣ шудааст.
Соли 1953 дар Каруидзава нависанда, шоир ва тарҷумони ҷопонӣ Татсуо Хори дар синни 48-солагӣ даргузашт.
Татсуо Хори як қатор ҳикоя ва шеърҳо навиштааст, ки дар ҷойҳои махсус, масалан, осоишгоҳи кӯҳӣ дар префектураи Нагано ҷойгир шудаанд ва бо мавзӯи марг хосанд ва онҳо муборизаи доимии ӯро бо бемории сил инъикос мекунанд. Асарҳош аксар вақт бе сужа ва таъсирбахшанд, услуби ӯ аз ҷониби Кавабата Ясунарӣ баҳои баланд гирифтааст.
Хори бори нахуст соли 1930, бо достони кӯтоҳи худ “Оилаи муқаддас“ (Сей казоку), ки ба марги Акутагава бахшида шуда, симои ӯро дар қаҳрамони фавтидаи Куки таҷассум кардааст, эътирофи омма пайдо кард.
Яке аз асарҳои машҳури Хорӣ силсилаи Яматоҷӣ мебошад, ки маҷмӯаи хурди ҳассосии эссеҳои шеърӣ дар бораи Нара ва маконҳои таърихии он мебошад. Баъд аз он романи фоҷиавии «Адашино», ки дар давраи Нара сурат гирифтааст, пайдо шуд. Маҳз ҳамин тавсифҳои муфассале, ки пур аз қиёс ва рамзҳои зебо буданд, аз ҷониби мақомоти шаҳр барои ҷалби сайёҳон бештар маъмул гаштанд ва шоирро шӯҳратманд карданд.
Соли 1955 дар Детройт, иёлати Мичиган астрофизик ва нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлӣ Ҷеффри Лэндис, барандаи ҷоизаҳои Ҳуго ва Локус ба олам омад.
Вақте ки Ҷеффри шашмоҳа буд, оила ба Арлингтони Вирҷиния кӯчид. Ҷеффри Донишкадаи технологии Массачусетсро (MIT) бо дараҷаҳои физика ва муҳандисии барқ хатм кард ва баъдан дар Донишгоҳи Браун рисолаи доктории худро ҳимоя кард. Ландис то имрӯз дар соҳаи худ кор мекунад, аз ҷумла дар Маркази тадқиқотии NASA Гленн дар Люис Филд, Огайо. Вай бо тадқиқи Миррих ва истифодаи қувваи офтоб, инчунин ба кор карда баромадани мураккабҳои байниситоравӣ машғул аст.
Аз соли 2005 то 2006 ҳамчун профессори NASA дар MIT аз астрофизика дарс додааст.
Ландис аввалин асари илмӣ-тахайюлии худро дар соли 1985 бо романи «Elemental», ки ба ҷоизаи Ҳуго пешбарӣ шудааст, анҷом дод. Худи ҳамон сол як хатмкардаи семинари машҳури Кларион барои Ҷоизаи Ҷон Кэмпбелл пешбарӣ шуд. Пас аз ин беш аз 80 достони кӯтоҳи Лэндис ва дар соли 2000 аввалин романи ӯ бо номи «Миррих» ба табъ расид.
Ду достони “Сайругашт дар офтоб” (1991) ва “Афтидан ба Миррих” (2002) ба муаллиф ҷоизаи Ҳуго ва сеюмин “Риплҳо дар баҳри Дирак” (1988) барандаи ҷоизаи Nebula шуданд. Асарҳои дигари нависанда низ барои ҳарду ҷоиза пешбарӣ шуданд. Рӯйхати ҷоизаҳои адабии Ландис дар соли 2000 инчунин ҷоизаи Рислингро барои беҳтарин асар дар жанри шеъри тахайюлӣ дохил кардааст. Дар соли 2014 ба ӯ ҷоизаи Роберт А. Ҳейнлайн барои “нашрияҳои барҷастаи тахайюлӣ ва техникӣ, ки башариятро барои омӯхтани фазои кайҳонӣ илҳом мебахшанд” сарфароз гардонида шуд. Дар маҷмӯъ, Ландис тақрибан 80 ҳикоя ва повест ва зиёда аз 40 шеър навиштааст.
Соли 1970 дар Маскав нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ Евгений Прошкин ба олам омад.
Евгений Александрович Прошкин дар Академияи геологии Маскав таҳсил мекард, аммо як сол пеш аз хатми донишгоҳ рафта, ба Донишкадаи адабии ба номи Горкий дохил шуд ва баъд аз соли сеюми таҳсил онро низ тарк кард. Вай дар сафҳои Артиши Шуравӣ, дар қисмҳои муҳофизати соҳили ҷазираҳои Курил хидмат кардааст. Пас аз артиш, Евгений Прошкин тавонист як қатор касбҳоро иваз кунад – ӯ дар як ширкати суғурта, дар студияи телевизиони кабелӣ, дар бонк, дар фабрикаи ҳасиб кор мекард. Соли 1991 аввалин достони ӯ “Роҳи эҳтиётӣ” дар маҷаллаи “Четвертое измерение” нашр шуд. Аввалин китоби Евгений Прошкин танҳо дар соли 2000 – романи “Ҷанги мурдагон” нашр шуд. «Қабат» (2001), «Механикаи ҷовидонӣ» (2001), «Зимистони 0001» (2002), «Қабати сифр» (2003) ва «Шоҳроҳ» (2003) асарҳое буданд, ки барояш шуҳрат оварданд. Вай инчунин дар ҳамкорӣ бо Вячеслав Шалигин дар соли 2002 романи тахайюлӣ ва ҳаҷвии «Бародарони арғувонии мо»-ро нашр кард.
Соли 1971 дар Новгород шоири рус Алексей Дячков ба дунё омад.
Соли 1973 дар Орехово-Зуево шоир ва оҳангсоз Иля Калинников, созанда ва раҳбари гурӯҳи «Вискосний год», ба олам омад.
Соли 1977 дар Пойгоҳи баҳрии ИМА дар Йокосука нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Урсула Вернон, барандаи ҷоизаҳои Ҳуго ва Небула чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Соли 1984 дар Севани, Теннесси нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Макс Гладстон ба дунё омад.
Макс Уокер Гладстон нависандаи амрикоист, ки асосан дар жанри асарҳои тахайюлӣ кор мекунад. Ӯ дар соли 2012 бо романи “Се қисм мурдагон” баромад кард ва барои дарёфти ҷоиза ба номи Ҷон Кэмпбелл пешбарӣ шуд.
Гладстон дар Севани, Теннесси ба воя расидааст ва дар он ҷо дар Мактаби Эпископалии Сент Эндрю таҳсил карда, сипас дар коллеҷи маҳаллӣ, Донишгоҳи Ҷануб таҳсил кардааст. Гладстон маълумоти олии худро дар Донишгоҳи Йел гирифтааст, ки дар он ҷо ба омӯзиши Осиёи Шарқӣ, бахусус забони чинии шимолиро аз худ кардааст.
Пас аз хатми донишгоҳ Макс Гладстон ба Чин кӯчид ва дар он ҷо ният дошт, ки донишҳои гирифтаашро дар амал татбиқ намояд. Вай ба ҳайси тарҷумон дар фурӯшгоҳи мошин дар Пекин, ба ҳайси котиб дар маркази як шабакаи бузурги фитнес-клубҳои чинӣ кор мекард, аммо фаъолияти асосии ӯ ширкат дар барномаи Ассотсиатсияи Йел-Чин буд: аз соли 2006 то 2008 ҳамчун намояндаи он дар мактаби миёнаи шаҳри Хуаншан аз забони англисӣ дарс медод.
Макс Гладстон қадамҳои аввалини худро дар роҳи нависандагӣ ҳанӯз дар мактабхонӣ гузошт ва истеъдоди худро дар коллеҷ санҷида, дар оянда аз ин фаъолият даст накашид. Макс аз Робин МакКинли ва Роҷер Зелазниро ҳамчун нависандагоне ном мебарад, ки ба кори ӯ бештар таъсир расонидаанд.
Гладстоун айни замон дар Сомервилл, Массачусетс бо занаш Стефани ва писарчаи хурдсолаш зиндагӣ мекунад.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙДОНОВА