Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28-уми октябр
Соли 1787 дар ин рӯз дар шаҳри Веймари Олмон адиб, мунаққид, адабиётшинос ва омӯзгори олмонӣ Иоҳан Карл Август Музеус (олм. Johann Karl August Musäus) дар синни 52-солагӣ аз олам гузашт. Вай соли 1735 дар хонаводаи як мансабдор ба дунё омада буд. Иоҳан Карл Август Музеус адибе буд, ки бо асарҳои мондагораш миёни сокинон ва умуман қаламрави Аврупо шуҳрат дошт.
Соли 1861 дар синни 37-солагӣ бар асари бемории сил шоири рус Иван Никитин аз олам гузашт. Вай 21 сентябр (3 октябр)-и соли 1824 дар Воронеж дар оилаи соҳибмулки корхона Савва Евтихиевич Никитин ба дунё омад ва 16 (28) октябри соли 1861 даргузашт.
Никитин муаллифи шеърҳои зиёд ва чанд достон, аз ҷумла достони “Кулак” мебошад, ки дар замонаш ба ӯ шуҳрат оварда буд.
Соли 1903 дар ин рӯз адиби румоннависи англис Ивлин Во ба дунё омад. Вай муаллифи романҳои ҳаҷвии “Завол ва нобудӣ”, “Муште хок”, “Фаромӯшнашаванда” буда, як силсила асарҳое ҳам, ки дар мавзӯҳои ғайриҳаҷвӣ эҷод кардааст, маъруфият пайдо кардаанд. Аз ҷумла, “Бозгашт ба Брайдсхед”, трилогияи “Шамшери ифтихор”. Аз рӯи повесту романҳои ӯ филмҳои зиёд бардошта шудаанд. Соли 1966 дар синни 63-солагӣ тарки олам кардааст.
Соли 1806 дар ин рӯз дар шаҳри Тилфорди графнишини Суррей дар синни 57-солагӣ шоира, нависанда ва тарҷумони аҳли Англия Шарлотта Смит аз олам гузашт. Шарлотта Тёрнер Смит (номи духтарӣ: Тёрнер) 4-уми майи соли 1749 дар шаҳри Лондон дар хонаводаи заминдор ба дунё омадааст. Дар синни 15-солагӣ ба писари тоҷири овозадор ва директори ширкати Ост-Ҳиндустон Ричард Смит ба шавҳар баромадааст. Соҳиби 12 фарзанд шуд, вале танҳо 6 нафари онҳо зинда монданд. Аммо зиндагӣ бо писари миллионер баъди марги падараш барояшон хуш набуд. Шавҳар сарватеро, ки аз падараш ба ирс бурда буд, ва бахше аз пули ҳамсарашро ба бод дод ва қарздор ба ҳабс уфтод Шарлота қарзи шавҳарро пардохт ва ба хотири фирор аз чашми қарздорони дигар онҳо ба Фаронса рафтанд. Соли 1785 ба Англия баргаштанд. Аммо дигар муносибати оилавии хуб надоштанд. Саранҷом Шарлота баъди 22 соли ҳамхонагӣ шавҳарро тарк кард. Соли 1806 шавҳари собиқ дар ҳабс фавтид ва Смит билохира тавонист як қисмат аз пулҳоеро, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, бигирад.
Солиёни дароз баъди ин ҷудоӣ ӯ низ бемор буд ва дар поёни умраш амалан фалаҷ шуда буд.
Саҳми Шарлота дар эҳёву рушди сонета ва романҳо барои занон бузург аст.
ВА БОЗ:
Соли 1954 дар шаҳри Москав шоири тавонои рус, драматург ва мутарҷими шеъри Шарқ Константин Липскеров аз олам гузашт.
Соли 1969 дар шаҳри Москав дар синни 87-солагӣ адиби шинохта, мунаққид, адабиётшинос, тарҷумон ва журналист барандаи ҷоизаи ба номи Ленин дар соли 1962 Корней Чуковский вафот кард. Асарҳо барои бачаҳо, ки ӯ эҷод карда буд, дар замонаш аз пурхонандатарин ва пурфурӯштарин асарҳо ба шумор мерафтанд. Вай падари адибони маъруф Николай Чуковский ва Лидия Чуковская буд.
Соли 2021 адиби Украина Елена Литовченко бар асари сироят ба коронавирус КОВИД-19 дар синни 58-солагӣ аз олам гузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ