Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 –уми апрел
Соли 220 то милод дар Брундизий шоири Руми бостон Марк Пакувий ба дунё омад. Вай ҷиян ва шогирди шоир ва нависандаи давраи Ҷумҳурии Рум Квинт Энний, дӯсти ходими сиёсии Рум Гай Лелий буд. Ӯ аз аввалин муаллифони румӣ маҳсуб мешавад, ки дар саҳна кор мекард, вале ба офаридани сужаҳои ҷиддӣ маҳдуд мешуд.
Пакувий муаллифи беш аз 12 фоҷеа аст, ки то замони мо аз баъзеи онҳо порчаҳо расидаанд. Матни комили ҳеч як аз ин асарҳои саҳнавии ӯ имрӯз дастрас нест.
Ғайр аз ин Пакувий дар жанри танз ҳам асар меофарид, бештар шеърҳои ҳаҷвӣ мегуфт, вале аз онҳо низ намунаҳои зиёд нарасидааст.
Яке аз сабабҳои зиёд машғул нашудан ба офариниши асарҳои бадеӣ он буд, ки Пакувий наққошӣ ҳам мекард ва ҳатто бештар вақти худро сарфи рассомӣ карда буд.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин асарҳои Пакувий нақши муҳиме дар рушди жанри фоҷеа дар адабиёти Рум гузоштаанд. Ба ҳадде, ки ходими барҷастаи сиёсӣ ва давлатии Руми Бостон Ситсерон ӯро “Фоҷеанависи бузурги Рум” номида буд.
«Тевкр», «Илион», «Антиопа», «Хрис» ва драмаи таърихии “Павел” аз ҷумлаи муҳимтарин офаридаҳои ӯст.
Пакувий соли 130 то милод дар Таренти Руми Қадим аз олам рафт.
Соли 1701 дар Виттенбург (Олмон) дипломат ва адиби танзнависи олмонӣ Христиан Людвиг Лисков таваллуд шуд. Аввал дар мактаби миёнаи Люнебург таҳсил кард ва баъдан соли 1718 ба Донишгоҳи Росток дохил шуд. Эҳтимолан вай мехост илоҳиёт омӯзад, вале хеле ба зудӣ ба Йена – шаҳри донишгоҳии Олмон омад.
Баъди хатм дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кард ва дар дипломатия муваффақ ҳам шуд. Вале аз ҳама бештар чун адиб шуҳрат пайдо кард.
Соли 1739 асари худ «Sammlung satirischer und ernsthafter Schriften»-ро нашр кард. Адабиётшиноси он замон шуҳратёр Ф.Фидлер навишт, ки Лисков “яке аз беҳтарин насрнависони олмонии то Лессинг мебошад. Танзи ӯ зариф аст. Ӯ бо оромиш ва бебокӣ таассуботи муосирони худро ба масхара мегирад, ки бо ҷаҳонбинии фавқулода озод барои замони худ ва дониши густардае аз зиндагӣ мутамойиз аст”.
Баъзе аз офаридаҳои ӯ, бахусус асари ҳаҷвии «Die Vortrefflichkeit und Gründlichkeit der elenden Scribenten gründlich erwiesen», ки соли 1736 чоп шудааст, то кунун аҳамияти худро гум накардааст.
Христиан Людвиг Лисков 30-уми октябри соли 1760 дар синни 59-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1805 дар шаҳри Порис шоир ва намоишноманависи аҳли Фаронса Огюст Барбе таваллуд шуд. Дар литсеии Ҳенри IV таҳсил кард, ҳуқуқ омӯхт, вале ҳаргиз ҳуқуқшинос кор накард. Баъди хатми лисей ба адабиёт рӯ овард. Ҳамроҳ бо Алфонс Руайе романи “Писарони бад” (фр. Les Mauvais garçons)-ро навишт.
Чун аз нигоҳи моддӣ таъмин буд, аслан дар ҷойе кор накард, на вазифаи ҷамъиятӣ дошт ва на давлатӣ.
Баъди Инқилоби июлӣ (Инқилоби Фаронса дар соли 1830 ё “Дуюмин Инқилоби Фаронса” ва ё “Се рӯзи пуршараф”) Барбе шеърҳоеро мунташир кард, ки барояш шуҳрат оварданд. Аввалин маҷмуаи ашъораш бо номи “Ямба” соли 1831 нашр шуд. Ин китоб барояш маъруфияти зиёд овард ва ҷойгоҳи ӯро дар адабиёти муосири Фаронса муайян кард.
Ба дунболи он яке паси дигар китобҳои шеъри ӯ мунташир мешуданд. Вай ҳамчунин наср ҳам менавишт, асарҳои Шекспир, Колридҷ ва дигаронро тарҷума ҳам кард.
Дар ҳаммуаллифӣ бо басткори фаронсавӣ Г.Берлиоза либреттои “Бенвенуто Челлини”-ро иншо кард.
13 феврали соли 1882 дар синни 76-солагӣ дар Нитсе аз олам гузашт
Соли 1841 дар Спенкур насрнавис, эссенавис, , муаррих, мунтақиди адабии фаронсавӣ Луи Бертран зода шуд. Вай доктори илм, узви Академияи Фаронса буд.
Муаллифи романҳои таърихиву аҷоибу ғароиб буд. Миллигаро ва насронии католик буд. Дар асарҳои худ ҷанбаҳои муфиди истеъмори аврупоиро исбот карданӣ мешуд. Бахусус мехост нишон диҳад, ки барои Алҷазоир мустамликаи Фаронса будан фоидаҳо овард. Ҳамеша ба барқарории султаи “нажоди лотинӣ” таъкид мекард.
Соли 1860 адиби маъруфи рус Александр Островский песаи худ “Дӯсти куҳан беҳ аз ду дӯсти нав”-ро ба поён расонд. Бахшҳои аввали ин намоишнома соли 1859 дар маҷаллаи “Московский вестник”чоп шуда буд. Матни комили он соли 1960 дар шумораи 9-уми маҷаллаи “Современник” ба чоп расид.
Александр Островский аз маъруфтарин намоишноманависони рус буда, 12 апрели соли 1823 дар шаҳри Москав ба дунё омад ва 14 июни соли 1886 дар синни 63-солагӣ аз олам рафт.
Эҷодиёти Александр Николаевич Островский марҳилаи муҳимтарини инкишофи театри миллии рус гардид. Островский дар хона таълим гирифтааст. Падараш китобхонаи калоне дошт, ки Александр дар он ҷо аввалин бор ба мутолиаи адабиёти рус шурӯъ мекунад. Аммо падар орзу дошт, ки писараш ҳуқуқшинос шавад.
Дар соли 1835 Островский дар гимназия ба таҳсил оғоз карда, баъд аз он ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав дохил шуд. Бо таваҷҷӯҳи зиёд доштан ба маҳфилҳои театрӣ ва адабиёт, ӯ таҳсилро дар донишгоҳ ба итмом нарасонд. Бо исрори падар Александр Островский то соли 1851 котиби суд шуда кор кард. Дар соли 1849 асари Островский «Халқи мо – ҳисобро баробар мекунем!» навишта шуда буд, ки ба ў шуҳрати адабӣ овард ва ба ин асар Николай Гогол ва Иван Гончаров баҳои баланд доданд. Барои Островский эҷодиёт роҳи ҳақиқии тасвири ҳаёти халқ ба шумор мерафт. Пйесаҳои «Раъду барқ», «Духтари беҷиҳоз», «Ҷангал» аз муҳимтарин осори ў мебошанд.
Соли 1874 «Ҷамъияти нависандагони драматургия ва бастакорони опера» ташкил шуд, ки Островский то охири умр онро роҳбарӣ кардааст. Дар соли 1885 Островский сардори репертуари театрҳои Москва ва сардори мактаби театрӣ таъин мегардад.
Соли 1908 дар Бисби, иёлати Аризона нависандаи тахайюлнависи аҳли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷек Уилямсон ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҳои адабии “Небюлло” ва “Ҳюго” буд.
Ҷек Уилямсон бузургтарин нависандаи достонҳои илмӣ-тахайюлии даҳаи ҳафтоди милодии Амрико маҳсуб мешавад. Вай пас аз Роберт Ҳайнлайн дуюмин нафаре буд, ки ба унвони устоди бузурги достонҳои имлӣ-тахайюлӣ шинохта шуд.
10-уми ноябри соли 2006 дар синни 98-солагӣ дида аз ҷаҳон фурӯ баст.
“Зеҳни бегона”, “Духтаре аз Миррих”, “Духтари сабз”, “Саг аз Ситораи Сабз”, “Хуни тиллоӣ”, “Доғи сабз”, “Ториктар аз чизе ки фикр мекунед”, “Ҷазираи аждаҳо”, “Сегонаи зериобӣ” (дар ҳаммуаллифӣ бо Фредерик Пол), “Гургҳои Торикӣ”, “Ҳокимияти ҷодугарӣ”, “Асри Қамарӣ”, “Бачаҳои Моҳ”, “Инфиҷори зиндагӣ”, “Бачаҳои оташ” аз ҷумлаи чанд асари ӯст.
Соли 2011 дар Тусоне, иёлати Аризона дар синни 74-солагӣ баъди чандин сактаи қалбии паёпай нависандаи машҳури тахайюлнависи амрикоӣ Ҷаонна Раас аз дунё гузашт. Вай барандаи ҷоизаҳои адабии “Небюлло”, О. Ҳенри ва Хюго буд.
Ҷоанна Расс 22 феврали соли 1937 дар Бронкси ИМА таваллуд шуд. Замони донишҷӯӣ аз он ки ба илм рағбати зиёд дошту хуб мехонд, ба даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёни озмуни “Ҷустуҷӯи истеъдодҳои хуби Вестингауз” шомил шуд.
Соли 1957 ба дарёфти дараҷаи бакалавври забони англисӣ дар донишгоҳи Корнелл, ки замоне дар он Владимир Набоков низ таҳсил карда буд, шарафёб шуд. Баъдан дар донишгоҳи Йелск дараҷаи магистриро гирифт.
Ҳикояҳош аз соли 1959 рӯи чоп омадан. Чор маҷмуаи ҳикояҳои худро солҳои мухталиф интишор дод: “”Саргузаштҳои Аликс”, “Гурбаи Занзибар”, “Афроди изофӣ” ва “Тарафи сиррии Моҳ”.
Машҳуртарин ҳикояи ӯ “Вақте ҳама чиз тағйир ёфт” буд, ки онро соли 1972 навишт. Дар ҳикоя аз сайёраи тахайюлие бо номи Вайлевий ҳикоят мекард, ки мардонаш аз вабо фавтиданд, аммо занонаш ҷомеаи тахайюлие барпо карданд.
Муддати сӣ сол дар донишгоҳҳои ИМА забони англисӣ дарс гуфт.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ