Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми август

Соли 1434 дар Чешмич (ҳоло Чазма-шаҳр дар Хорватия) шоир, дипломат ва усқуфи маҷориву хорватӣ Ян Панноний таваллуд шуд. Аз ҷумлаи шоирон машҳури давраи Эҳё буд ва бо ашъори башардӯстонаи худ дар Аврупо шуҳрат дорад. Ҳамчунин ӯро аввали шоири Маҷористон меноманд. Панноний асосан ба забони лотинӣ менавишт.

Ян Панноний муаллифи бештар аз 100 эпиграмма ва мадҳияҳост. Асарҳои Ян Паннония сар аз асри XVI дар Маҷористон ва хориҷ аз он маълум шуданд. Ашъори ӯро файласуф ва назарияпардози аҳли Ҳоланд Эразм Роттердамский ва шоири испонӣ Джоззуэ Кардуччи сутудаанд.

Ян Панноний 27 марти соли 1472 дар қалъаи Медведрад, наздикии Загреб дар синни 37-солагӣ аз олам рафт.    

Соли 1784 Самуел Телеки бори аввал куллиёти ӯро чоп кард. Аз охири  асри XVIII ба тарҷумаи маҷории асарҳои ӯ оғоз карданд. 

Соли 1523 дар ҷазираи Уфенау дар синни 35-солагӣ бар асари бемории оташак (сифилис) нависанда ва башардӯсти олмонӣ Уилрих фон Ҳуттен вафот кард. Вай 21 апрели соли  1488 дар қалъаи Штекелберг ба дунё омада буд.

Улрих фон Ҳуттен аз зумраи аввалин башардӯстоне буд, ки зарурати ба ҳам овардани ҳама неруҳои мухолифро барои муборизаи қатъӣ бар зидди Рум ҷиҳати истиқлоли Олмон ва озодии фарҳангу тамаддун дарк намуд. Дар идомаи ин талошҳо ва исбот кард, ки метавонад як адиби ҳаҷвнавис хубу моҳир бошад.

Бар замми ин дар навиштани мақолаҳои публистистӣ қалам рост кард.  Вай бо ҳама неру мероси қадимро таблиғ мекард, аз озодии сухан пуштибонӣ менамуд. Вай ҳамвора ба ин таъкид мекард, ки “Худованд танҳо ба касе кумак мекунад, ки пайваста дар талош аст”.

Соли 1724 дар Аквапендент шоири итолёвӣ Ҷамбаттиста Касти зода шуд. Ӯро устоди жанри ҳамоса ва танз меноманд. 5 феврали соли 1803 дар синни 78-солагӣ дар Порис аз дунё гузашт. 

Соли 1862 дар Гент нависанда, шоир ва файласуфи аҳли Белгия   Морис Метерлинк таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1911 буд. Бо забони фаронсавӣ менавишт муаллифи масал – намоишномаи “Парандаи обӣ” мебошад. Ин намоинома нахустин бор дар 30 сентябри соли 1908 дар театри ҳунарии Москав иҷро шуд. То кунун чандин филм ва як маҷмуаи телевизионӣ аз рӯи он сохта шудааст. Гузинаи бачагонаи ин намоишнома дар шакли афсона иборат аз 10 фасл вуҷуд дорад.

Намоишномаҳои “Малика Мален”, “Нобиноён”, “Ҳафт малика”, Марги Тентажил”, “Монна Ванна”, “Жуазел”, “Парандаи обӣ”, “Никоҳ”, “Мария Виктория”, “Малика Изабелла”, “Жанна д’Арк“, асарҳои “Дунёи пас аз марг”, “Зиндагии занбӯри асал”, “Марг”, “Соҳибхонаи ношинос”, “Ҷодаҳои кӯҳистонӣ”, “Рози бузург”, “Аз ҷаҳон то абадият”, “Соати регӣ”, “Қонуни бузург”, “Қабл аз сукути бузург”, “Баъди чаҳорум” ва ғайра маҳсули қалами ӯ мебошанд.   

Морис Метерлинк 6 майи соли 1949 дар синни 86-солагӣ вафот кард.

Соли 1934 дар шаҳри Қазон нависандаи тахайюлнависи аҳли Русия Евгений Гуляковский зода шуд. Силсилаи асарҳои “Мавсими туманҳо”, “Сайёраи бегона”, “Прометей”, повесту романҳои “Стратегияи ишғол”, “Иштибоҳ”, “Бозии даври шашум”, “Сояи замин”, “Сайёра барои иртибот” аз ӯст.

Евгений Гуляковский 3 ноябри соли 2017  дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Соли 1964 дар шаҳри Ленинград нависандаи рус Лена Элтанг ба дунё омад. Аввалин романи ӯ бо номи “Фирори марминҷон” соли 2006 нашр шуд. Романи дуюми худро нависанда соли 2008 чоп кард ва се сол баъд романи сеюми вай интишор ёфт. 

Соли 1972 шоир, рӯзноманигори руси Тоҷикистон Василий Крилов аз олам гузашт. Вай  25 октябри соли 1907 дар шаҳри Челябинск таваллуд шуда буд. Соли 1937 шуъбаи русии факултаи филологияи Университети давлатии Ленинградро хатм карда, барои кор ба Душанбе омадааст. Дар мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Соли 1942 ихтиёран ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рӯзномаҳои ҳарбӣ адои хидмат кардааст, дар озод кардани Киев, Варшава ва ҳуҷуми Берлин ширкат варзидааст. Аз соли 1946 то охири умраш дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» кор кардааст.

Аввалин шеъраш охири солҳои бистум дар матбуоти даврӣ чоп шудааст. Китоби нахустинаш “Ватан» (1938) дар Душанбе ба табъ расидааст. Баъди ҷанг маҷмӯаҳои ашъораш «Гуфтугӯйи самимӣ» (1953), «Баҳри тоҷик» (1957), «Чароғҳои фурӯзон» (1960), «Таронаи баҳори ман» (1963), «Ҷовидонро месароям» (1965) ва достони «Рӯбоҳчаҳо, харгӯшчаҳо ва Холбобо»-и ӯ дастраси умум гардидаанд.

Тарҷумаи достони М. Миршакар «Ливои зафар» ва китоби Тоҷӣ Усмон «Дурдонаҳои назми тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар ҳамқаламии шоира Марианна Фофанова асари чорҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷикӣ»-ро ба русӣ гардондааст.

Баъзе аз шеърҳои ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Бо ордени дараҷаи аввали «Ҷанги бузурги ватанӣ», орденҳои «Ситораи сурх» ва «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1946 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ