Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми март.

Иоганн Карл АвгустСоли 1735 дар Йене нависанда, мунаққиди адабиёт, адабиётшинос ва омӯзгори аҳли Олмон Иоҳанн Карл Август Музеус  ба дунё омад. Вай муаллифи маҷмӯаи афсонаҳои адабии “Афсонаҳои халқии олмонӣ” буд. Иоҳан Карл Август Музеус адибе буд, ки бо асарҳои мондагораш миёни сокинон ва умуман қаламрави Аврупо шуҳрат дошт.

Соли 1950 дар Эшкикораи ноҳияи Отирар, ки ҳоло вилояти Туркистон номида мешавад, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори қазоқ Копен Амирбек ба дунё омад. Вай солҳои зиёд дар идораи маҷаллаи сиёсӣ-ҳаҷвии «Ара-Шмел», маҷаллаи илмӣ-техникии  «Білім және еңбек», рӯзномаҳои «Қазақ әдебиеті», «Егемен Қазақстан» кор карда буд. Котиби матбуотии Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Қазоқистон буд. Муддате сардабири радиои Қаоқистон ҳам буд.

9-уми ноябри соли 2022 дар синни 72-солагӣ аз олам рафт.

Элизабет ХэндСоли 1957 дар Сан-Диего, иёлати Калифорния нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Элизабет Ҳенд таваллуд шуд. Дар Донишгоҳи католикии Амрико таҳсил кардааст ва баъдан ба Вашингтон омадааст ва муддате дар донишкадаи Смитсонов ва Осорхонаи милли баҳрнавардӣ ва кайҳоншиносии ИМА кор кардааст.

Сипас ба фаъолиятҳои нависандагӣ даст зада ба соҳилҳои иёлати Мэн кӯч бастааст ва то кунун он ҷо зиндагонӣ мекунад.

Аввалин ҳикояаш дар жанри достонҳои тарснок бо номи “Князи гулҳо” соли 1988 навишта шудааст, вале барои чопаш ду соли расо дар ҷустуҷӯи нашрия шуд.

Ҳикояҳои Элизабет Ҳенд дар се китоб чоп шуда ва ҳар китоб шоистаи ҷоиза шудааст.

Вай муаллифи чандин романҳо дар жанрҳои тахайюл, даҳшат ва тахайюли илмӣ мебошад. “Як зимистони тамом”, “Олами сиёҳ”, “Муҳаббати марговар”, “Насли гумшуда”, “Бедор кардани Моҳ аз ҷумлаи онҳост.

Ю НесбёСоли 1960 дар Осло нависанда ва мусиқинавози норвежӣ Ю.Несбё зода шуд. Дар оғоз вай иқтисодшинос ва рӯзноманигор буд. Барандаи чандин ҷоизаҳои адабист.

Романҳои детективӣ дар бораи нозир Ҳарри Ҳол барояш шуҳрати бештар оварданд. Вай ҳамчунин муаллифи чанд китоби бачагона дар бораи доктор Проктор мебошад.

Соли 1992 гурӯзи ҳунарии  Di Derre-ро ташкил кард, ки соли 1994 он бо албоми таронаҳои «Jenter & sånn» тибқи назарсанҷии VG-lista дар Норвегия дар фурӯш ҷои аввалро ишғол намуд.

Аввалин китоби ӯ бо номи “Кӯршапарак” соли 1997 чоп шуд ва танқиди адабӣ онро хуш пазируфт.

Несбё кӯҳгарди хубест. Ҳоло дар Осло зиндагонӣ мекунад ва соли 2008 Бунёди Ҳарри Ҳолро таъсис кард, ки ҳадаф аз он ба омӯзиш ҷалб кардани бачаҳо дар кишварҳои рӯ ба рушд мебошад.

Соли 2013 эълон шуд, ки Ю.Несбё бо тахаллуси Том Йоҳансен се роман бо номҳои “Хун дар барф”, “Хунҳои зиёд дар об” ва “Рабудан” навиштаву чоп кардааст. Ҳамчунин хабар дода мешуд, ки ширкати киносозии  

Романҳои “Кӯршапарак”, “Нонхӯракҳо”, “Гандансурхак”, “Андӯҳе набуд”, “Паланг”, “Арвоҳ”, “Пулис”, “Танагӣ”, “Корд” аз силсилаи асарҳо дар бораи нозир Ҳарри Ҳол мебошанд.

Анна Луиза СтронгСоли 1970 дар шаҳри Пекин дар синни 84-солагӣ нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Анна Стронг тарки олам кард. Вай як нависанда бо ғояҳои коммунистӣ, хабарнигори ҳарбӣ буд, ки солҳои тӯлонӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин зистааст ва чандин китобу даҳҳо мақолаҳо дар пуштибонӣ аз сиёсатҳои ҳукуматдорони коммунисти ин кишварҳо навиштааст.

Анна Стронг соли 1930 аввалин рӯзномаи англисизабонро дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи Moscow News  (“Навгониҳои Москав”) таъсис додааст. Соли 1932  бо агроном Джоэл Шубин, муҳаррири нашрияи «Крестьянская газета» издивоҷ кардааст. Соли 1937 ба Испания, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, сафар мекунад ва дар он ҷо бо ҷумҳурихоҳон вомехӯрад.

Соли 1937-1938 ба Чин меравад ва соли 1939 ба ИМА бармегардад, соли 1940 замоне, ки ҷамоҳири назди Балтик ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ карда мешуданд, ба ин сарзамин меояд ва таассуроташ аз ин рӯйдодро дар қолаби чанд мақола ва китоби “Роҳи нави Литва” чоп мекунад.

Соли 1944 ба Шӯравӣ ва соли 1946 ба Чин меравад ва бо Мао Седун мусоҳиба анҷом медиҳад.

Соли 1948 ба СССР бармегардад, 14 феврали соли 1949 боздошт мешавад ва бо фармони Сталин чун “ҷосуси амрикоӣ” аз қаламрави Шӯравӣ ронда мешавад. Чун шиносномаи амрикоӣ дошт, аз қаламрави кишвраи шӯроҳо берун мешавад, вале баъдтар дар Амрико ба ҷосусӣ ба нафъи Иттиҳоди Шӯравӣ муттаҳам мешавад.

Солҳои 1949-1955 чопу хондани китобҳои Стронг дар СССР манъ мешавад. Аммо баъди марги Сталин ҳама иттиҳомоти эълоншуда зидди адиб лағв мегарданд ва бори охир соли 1959 вай ба Иттиҳоди Шӯравӣ меояд.

Аз аввали солҳои 1950 то охири умраш дар Чин зиндагӣ мекунад.

Аллан КоулСоли 2019 дар Бока-Ратон, иёлати Флорида дар синни 75-солагӣ аз бемории саратон нависандаи асарҳои тахайюлии аҳли ИМА Аллан Коул аз олам рафт. Вай дар оилаи корманди фаврии СРУ дар Филаделфия ба дунё омада буд. Чун падараш корманди хадамоти ҷосусӣ буд, ӯ бо оила дар Аврупо, Шарқи Миёна ва Шарқи Дур ба камол расид.

Аллан Коул бо ҳаммуаллифии Крис Банч –нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ романҳои зиёде навиштааст, ки машҳуртарини онҳо дар силсилаи “Воқеаномаи Стэн” чоп шудаанд.  Вай муаллифи садҳо филмнома ба сериёлҳои телевизионӣ низ мебошад. Муддати 14 соли ахир хабарнигори як рӯзнома дар Лос-Анжелес будааст.

“Стен”, “Дар дарбори императори абадӣ”, “Қасоси нафратзадагон”, “Бозгашти Император”, “Гирдбод”, “Суқути империя” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Таҳияи Б.Шафеъ