Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми январ

anton-chehonСоли 1860 дар Таганрог нависандаи рус, классики адабиёти ҷаҳон ва яке аз маъруфтарин намоишноманависҳои дунё, Академики фахрии Академияи илмҳои Император дар бахши адабиёти зебо (1900-1902) Антон Чехов ба дунё омадааст.

Асарҳои ӯ ба зиёда аз сад забон тарҷума шудаанд. Песаҳои ӯ, ба хусус «Чайка», «Се хоҳарон» ва «Боғи гелос» беш аз сад сол боз дар бисёр театрҳои ҷаҳон ба саҳна гузошта шудаанд.

Чехов дар давоми 25 соли эҷодиёти худ зиёда аз панҷсад асари гуногун офаридааст, ки қисми зиёди онҳо ба классикаи адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Махсусан асарҳои «Биёбон», «Ҳикояи дилгир», «Дуэл», «Хобгоҳи № 6, «Хонаи болохонадор», «Ҷонона», «Беқарор», «Нақли марди номаълум», «Мардон» «Одам дар ғилоф», «Дар ҷарӣ», «Бачаҳо» ва  песаҳои «Фалокат дар шикор»; «Иванов», «Чайка», «Ваня-амак», «Се хоҳар», «Боғи гелос». хеле ҷолибу шавқоваранд.

Чехов ба ғайр аз кори адабӣ ва тиббӣ ба фаъолияти хайриявӣ аз ҷумла ёрӣ расондан ба кўдакон ва деҳқонони гурусна, бечорагон ва беморони сил аҳамияти калон медод.

romain_rollandСоли 1866 дар Клемси нависанда ва ходими ҷамъиятии фаронсавӣ Ромен Роллан барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1915 таваллуд шудааст.

Аввалин асарҳое, ки Роллан эҷод кардааст, песаҳои таърихӣ буданд.

Роллан песаҳои «Гургон» (1898), «Тантанаи ақл» (1899), «Дантон» (1900), «Чордаҳуми июл» (1901), ки ба инқилоби Фаронса бахшида шуда буданд, эҷод кардааст. Ў дар эҷодиёти худ жанри тарҷумаиҳолиро истифода бурдааст, ки ба онҳо «Зиндагии қаҳрамонона», «Зиндагиномаи Бетховен» (1903), «Зиндагии Микеланджело» (1906), «Зиндагии Толстой» (1911) дохил мешаванд.

Романи бисёрҷилдаи «Жан-Кристоф» дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гардид, нависанда ин асарро аз соли 1903 то соли 1912 эҷод кардааст.

Соли 1915 Роллан ба ҷоизаи Нобел «барои идеализми баланди асарҳои адабӣ, барои дилсўзӣ ва муҳаббат ба ҳақиқат, ки бо он хислатҳои гуногуни инсонро тасвир мекунад» сарфароз гардонида шуд. Ақидае вуҷуд дорад, ки сабаби сазовор гардидани Роллан ба ҷоизаи Нобел маҳз романи «Жан-Кристоф»  мебошад.

Дар соли 1914 Роллан достони «Кола Брейгнон»-ро навишт, ки он ҳам зуд маъмул шуд.

Нависанда ҷоизаи Нобелиро дар соҳаи адабиёт барои соли 1915 танҳо дар соли 1916 гирифт. Ин баҳсу низоъҳо аз ин сарчашма гирифт: Роллан як қатор мақолаҳои зиддиҷангиро бо номи «Дар болои задухўрд» чоп кард. Нависанда ба зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукмрон баромад карда, дар бораи хусусияти ҷинояткоронаи ҷанги якуми ҷаҳон, ки он замон давом дошт, сухан ронд. Роллан тамоми маблағи ҷоизаро ба созмонҳои хайрияи Фаронса ва Швейтсария бахшид.

Соли 1901 дар Прага шоири чех Юлиус Зейер дар синни 59-солагӣ вафот кард.

olga_tokarczukСоли 1962 дар Сулехув нависанда ва шоираи лаҳистонӣ Олга Токарчук ба дунё омадааст. Ў барандаи ҷоизаи байналмилалии Букер дар соли 2018 ва ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2018 ба шумор меравад.

Асарҳои «Роҳи аҳли китоб» (2002), «Правек ва замони дигар» (2004)

«Хонаи рӯз, хонаи шаб» (2005), «Навозиши нақораҳои гуногун» (2006) «Ҳикояҳои охирин» (2006), «Давандагон» (2010), «Ҳикояҳои аҷиб» (2019) мансуби ўянд.

Соли 1975 дар Липетск мунаққид ва библиографи рус Сергей Василевич Соболев (Павел Кирпичный), ношири маҷаллаи «Семечки» ва китобҳои адабию илмӣ-тахайюлии нашриёти «Крот» таваллуд шудааст.

kollin-makkalouСоли 2015 дар Бернт-Пайн нависандаи австралиягӣ Коллин Маккалоу дар синни 77-солагӣ дар бемористон аз бемории гурда даргузашт.

Аз соли 1967 то 1976 Маккалоу ба ҳайси муҳаққиқ ва омўзгори шӯъбаи неврология дар Мактаби тиббии Йел дар Донишгоҳи Йел фаъолият мекард. Маҳз дар ҳамин давра ӯ бори нахуст ба нависандагӣ рӯ овард ва аввалин романҳои худро бо номи «Тим» ва «Сарояндагон дар олучазор»-ро эҷод кард ва тасмим гирифт, ки худро комилан ба эҷодиёт бибахшад. Соли 1974 романи аввалини Колин Маккалоу «Тим» ба табъ расид ва пас аз се сол «Сарояндагон дар олучазор», ки он ба бестселлери байналмилалӣ табдил ёфт. Ин асар ба зиёда аз 20 забон тарҷума шуд ва ба муаллиф шўҳрати ҷаҳонӣ овард.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.