Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3-юми ноябр

КнигаСоли 1945 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров) Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон ба ҷаҳон омадааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи умед» (1989), «Муҳаммад» (1991), «Бандии ихтиёрӣ» (2002), «Тавба» (2010), романи «Умеди вопасин» (2012), маҷмӯаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрӯзу фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғайра мебошад.

Соли 1980 бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, соли 2004 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Аълочии фарҳанги Точикистон.

Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001) буда, аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Иноят ХоҷаеваСоли 1964 дар шаҳри Хуҷанд Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона (Иноят Хоҷаева) ба дунё омад.  Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (1983), «Барги сабз» (1987) ва ғ. ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш бо сарсухани устод Лоиқ бо номи «Тулӯи хандарез» соли 1987 чоп шудааст.

Китоби дувумаш «Шабохуни барқ» (1989) аст. Соли 1991 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш «Двадцать лепестков»-ро ба чоп расонда, шинохту шуҳраташро дар қаламрави шӯравӣ вусъат бахшид. Баъдан китоби дигараш «Ояти ишқ» (1994) манзуру мақбули ҳамагон гардид. Соле пас китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи Фарзона дар Теҳрон ба чоп расид. Ҳамчунин, соли 1996, гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ «Паёми ниёкон» аз ҷониби Интишороти «Сурӯш» (дар Ҷумҳурии Исломии Эрон) интишор ёфт. Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори Фарзона «То бекаронаҳо», соли 2000 маҷмӯаи дигараш «Меъроҷи шабнам» ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шудаанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар ИМА, Инглистон, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира «Булбуле дар қафаси синаи ман» соли 2010 дар Финлонд ба забонҳои русию инглисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардидааст.

Баъдан китобҳояш бо номҳои «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Инглистон, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014) ва ғ. Интишор ёфтанд.

Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.

Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди адабиёти муосири тоҷик сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001) гардонида шудааст. Ҳамзамон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи ордени «Шараф» мебошад.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1733 нависанда, драматург, шоири даврони маърифати Русия Михаил Матвеевич Херасков таваллуд шудааст.

Соли 1797 нависандаи декабристи рус Александр Александрович Бестужев-Марлинский ба дунё омадааст.

Соли 1801 ношири олмонӣ, муассиси нашриёти китобҳои раҳнамо барои кишварҳои гуногун Карл Баедекер, таваллуд шудааст.

Соли 1864 дар халиҷи соҳили Гимарайс, дар синни 41-солагӣ шоир, драматург, олим, этнограф, ҳуқуқдон, забоншинос ва фолклоршинос, узви Академияи адабиёти Бразилия, шоири миллии Бразилия Антонио Гонсалвес Диас, , дар киштӣ ба фалокат дучор шуда, ғарқ шуд.

Соли 1871 нависандаи олмонӣ Ҳанс Ҳайнз Эверс таваллуд шудааст.

Соли 1882  нависанда, драматург, шоир ва тарҷумони белорус  Якуб Колас, яке аз классикон ва асосгузорони адабиёти нави белорус, Шоири Халкии РСС Белоруссия дар деҳаи Окинчиси таваллуд шудааст.

Самуил Яковлевич МаршакСоли 1887 дар деҳаи Чижовкаи Воронеж дар оилаи яҳудӣ, шоир, драматург, мутарҷим ва адабиётшиноси шӯравӣ Самуил Маршак  ба дунё омадааст.

Падараш Яков Миронович Маршак (1855-1924), зодаи Койданов дар корхонаи собунпазии бародарон Михайловҳо усто шуда кор мекард; модараш Евгения Борисовна Гителсон (1867—1917), зодаи шаҳри Витебск соҳибхоназан буд.

Чанд сол дар идораи «Детгиз», «Ленгосиздат» ва нашриёти «Молодая гвардия» дар Ленинград ба ҳайси роҳбар кор кардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми адибони Шӯравӣ дар бораи адабиёти бачагона маърӯза кард ва узви правленияи Иттифоқи нависандагони ИҶШС интихоб шуд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаҷвия зиёд менавишт ва дар рӯзномаҳои «Правда», «Красная звезда» шеъру мақола ва песаҳояш чоп мешуданд.

Соли 1960 достони тарҷумаиҳолии «Дар оғози зиндагӣ», соли 1961 «Тарбия бо калом» (маҷмуаи мақолаю қайдҳо оид ба маҳорати шоирӣ) ба табъ расидаанд.

Ӯ муаллифи тарҷумаҳои сонетҳои классикии Вилям Шекспир, сурудҳо ва балладаҳои Роберт Бернс, шеърҳои Вилям Блейк, В.Вордсворт, Ҷ.Китс, Р.Киплинг, Э.Лир, А.А.Милн, Ҷ.Остин, Ованес Туманян мебошад, инчунин асарҳои шоирони украин, белорус, литва, арман, ашъори Мао Сзэдун ва дигаронро низ тарҷума кардааст.

Самуил Маршак 4 июли соли 1964 дар Москва дар синни 77-солагӣ вафот кард. Соҳиби ҷоизаҳои Сталин, ҷоизаи Ленин ва чандин ордену медалҳо мебошад.

Соли 1895 шоир Эдуард Георгиевич Багриский таваллуд шудааст.

Соли 2003   дар  Маскав дар синни 80-солагӣ  шоирнависанда ва тарҷумони шуравӣ ва рус, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, публисист ва арбоби сиёсӣ, Шоири халқии Доғистон (1959), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Барандаи Мукофотҳои Ленинӣ (1963) ва Сталинӣ дараҷаи сеюм (1952) Расул Ҳамзатов аз олам гузашт. Дар бораи Расул Ҳамзатов матлаби муфассалтарро ин ҷо бихонед:

РАСУЛ ҲАМЗАTОВ: 19 СОЛ БАЪДИ ДАРГУЗАШТ

Соли 2005 – журналисти рус Отто Рудолфович Ласис даргузашт. Мавсуф доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори фахрии Мактаби олии илмҳои ҷамъиятию иқтисодии Маскав буд ва дорандаи чанд ҷоизаҳои журналистӣ, аз ҷумла: Н.И. Бухарин (1989), ҷоизаи Иттифоқи журналистони Маскав (1992) барои силсилаи мақолаҳо оид ба ислоҳот, ҷоизаи Иттифоқи журналистони Русия дар номинатсияи «Хомаи тиллоӣ» соли 1996 ва ҷоизаи Президенти  Федератсияи Русия барои беҳтарин рӯзноманигори Русия барои соли 1996.

Соли 2017 дар синни 83-солагӣ нависандаи тахайюлнависи рус, барандаи ҷоизаи адабии илмии тахайюлӣ Аэлита (1998) Евгений Гуляковский  даргузашт.

Соли 2019 нависандаи ҷопонӣ, шоири ҳойкунавис Таку Маюмура тарки олам кард.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова, сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.