Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми апрел
Соли 1783 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда, сафарноманавис, зиндагиноманавис ва холиқи достонҳои кутоҳи амрикоӣ Вашингтон Ирвинг ба дун ёмад. Ўро аксар вақт “падари адабиёти амрикоӣ” ном мебурданд. Беҳтарин асарҳои Ирвинг «Таърихи Ню–Йорк ба нақл аз Дидрих Никербокер» («Humorous history of New York, by Diedrich Knickerbocker») ва «Рип Ван Винкл» – афсона дар бораи марде, ки 20 сол хобид, ба шумор мераванд.
Соли 1889 нависанда Лидия Николаевна Сейфуллина ба дунё омад. Асарҳои “Қонуншиканон”, “Мулоқот”, “Губрнатор”, “Ҳалокат”, “Ҳамсафарон” аз навиштаҳои ӯ мебошанд.
25 апрели соли 1954 дар синни 65-солагӣ дар шаҳри Москав даргузашт.
Соли 1918 нависанда, мақоланавис ва фаъоли ҷамъиятии аҳли Украина Олес Гончар ба дунё омад. Вай Қаҳрамони Украина, барандаи ҷоизаи Ленин дар адабиёт, ду ҷоизаи Сталин ва мукофоти давлатии СССР буд.
Гончар дар хонаводаи кишоварз таваллуд шуда, бо забонҳои русӣ ва украинӣ менавишт. Асарҳои нахустинаш соли 1938 ба табъ расидаанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кард.
Аз бузургтарин насрнависони Украина ба ҳисоб меравад. Асари сегонаи «Парчамбардорон» («Кӯҳҳои Алп», 1946; «Дунайи кабуд», 1947; «Прагаи тилоӣ», 1948) барояш шуҳрат овард. “Соҳили муҳаббат”, “Шафақи ту”, “Қатраи хун”, “Микита Браус”, “Партави партизанӣ”, “Гулханҳои дур”, “Хотироти уқёнус” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Гончар ҳамчунин муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояҳо ва очеркҳост.
14 июли соли 1995 дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Киев аз олам рафт;
Соли 1920 нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис, хотиранависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Маркович Нагибин таваллуд шуд. “Одам аз ҷабҳа”, “Қалби бузург”, “Ду қувва”, “Супориши ҳизбӣ”, “Ҳамеша дар саф”, “Дар кӯлҳо” навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1928 дастнависи “Алиса дар Мамлакати Аҷоибот” ба як харидори амрикоӣ ба маблағи 15 ҳазору 400 фунт (75 260 доллар) фурӯхта шуд.
Соли 1960 дар Ханчжоу нависанда аҳли Чин Юй Хуа ба дунё омад. Ҳикояҳояш дар маҷмӯаҳои “Дар ҳаждаҳсолагӣ аз хона рафтан”, “Хун ва ранги олу”, “Муҳаббати классикӣ” чоп шудаанд. Романҳои “Зистан”, “Чӣ гуна Сюй Сангуан хун фурӯхт”, “Бародарон”, “Рӯзи ҳафтум” низ аз ӯ мебошанд.
Соли 1970 дар синни 79-солагӣ нависанда, шоир, мақоланавис ва тарҷумони аҳли Исроил Авигдор Хамейри аз олам рафт. Вай муаллифи беш аз 30 китоб аст ва дар назму наср қувва озмуда муваффақ шудааст.
Ҳамейри аввалин касест, ки дар Исроил рӯзномаи мустақил таъсис додааст.
Ӯ аввалин нафарест, ки ба унвони “Шоир-ҷоизадори Исроил” мушарраф шудааст.
Асарҳои ӯ бо 12 забони олам тарҷума шудаанд.
Аввалин филм ба забони ивритӣ, ки солҳои 1933-1935 сохта шуд, бар пояи филмномаи “Ин замин” буд, ки ӯ навишта буд.
Соли 1991 дар Швейтсария нависандаи англис Грэм Грин дар синни 86-солагӣ вафот кард. Ӯ дар тӯли умри тӯлониаш дар дар ағлаб маъракаҳои сиёсӣ ва инқилобии гӯшаву канорҳои олам ҳозиру нозир буд ва моҷароҳои достонҳояш умдатан дар асоси ҳамон воқеъаву рӯйдодҳо сохта мешуданд.
“Сафари бебозгашт”, Аслиҳае барои фурӯш”, “Маъмури муътамад”, “Қудрат ва ҷалол”, “Вазорати тарс”, “Поёни робита”, “Амрикоии ором”, “Сафарҳоям бо холаҷон”, “Марди даҳум”, “Бохти пинҳон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ