Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3-уми август

як-рузи-адабиёт-3-08-2023Соли 1773 дар шаҳри Варшава дар синни 72-солагӣ омӯзгор, шоир, нависандаи асарҳои сиёсӣ ва намоишноманавис Станислав Конарский аз олам гузашт.

Эжен СюСоли 1857 дар Анси (шаҳре дар шарқи Фаронса) дар синни 53-солагӣ нависандаи фаронсавӣ Эжен Сю вафот кард.

Бештари маъруфияти вай ба хотири  романҳои сериёлӣ, махсусан ду романи “Яҳудии саргардон” (фаронсавии Le Juif errant) ва “Асрори Порис” буд. Номи аслии ӯ Мари Ҷозеф Эжен Сю аст. Баъдтар аз он дар шакли кутоҳ ба худ тахаллуси адабӣ сохт.

Мари Жозеф дар оилаи духтур таваллуд шудааст. Падари нависандаи оянда аз табиби одӣ то сардухтури гвардияи император роҳи касбиро тай кард ва шахсан бо Наполеон Бонапарт дӯст буд ва баъдтар табиби дарбор шуд.

Ин асарҳо низ мутааллиқ ба ӯ мебошанд: “Дидбон”, “Самандар”, “Интиқоми барда”, “Аҷоиб мардум”, “Матилда”, “Латреомон”, “Бачаҳои муҳаббат”ва ғайра.

Соли 1886 дар шаҳри Лвов (Украина) нависандаи лаҳистонӣ Ян Лам тарки олам кард. Вай 48 сол дошт.

Ян Лам 16 январи соли 1838 таваллуд шуда буд. Достони таърихии «Zawichost» ва повестҳои «Pan Komisarz Woyenny», «Panna Emilja» ва «Koroniarz w Galicyi» (1869) мансуб ба ӯ мебошанд. Аз соли 1869 муҳаррири рўзномаи «Dziennika Polskiego» буд, ки худи ӯ таъсис дода буд. Асарҳои Лам барои омўхтани ҷамъияти Галисияи Лаҳистони он давра хидмат мекунанд.

Соли 1887 дар Рагби шоири англис Руперт Брук таваллуд шуд. Вай бо сонетҳое, ки дар даврони Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ навиштааст, машҳур мебошад. Машҳуртарини ин сонетҳо “Сарбоз ном дорад.

Руперт Брук ҳамагӣ 27 сол умр дид ва 23 апрели соли 1915 дар баҳри Егей аз олам рафт.

Соли 1904 дар Милвилли иёлати Висконсин нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Клиффорд Саймак таваллуд шуд. Вай барандаи чандин ҷоизаҳои муътабар дар заминаи достонҳои илмӣ-тахайюлӣ, аз ҷумла се ҷоизаи Ҳюго ва ҷоизаи Набюло шудааст.

Илова бар ин ӯ ба унвони сеюмин утоди достонҳои илмӣ-тахайюлӣ шинохта шудааст.

Романҳои “Холиқ”, “Шаҳр”, маҷмуъи ҳикояҳои “Ҳамзод”, асарҳои “Муҳандисони кайҳонӣ”, “Ҳалқаи даври Хуршед”, “Гӯркоб”, “Омадаҳо”, “Лоиҳаи “Ватикан” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Николай-ГумилёвСоли 1921 чекистони Петроград шоир, нависанда, намоишноманавис, тарҷумон, мунаққиди адабиёт, гардишгар, африқошинос Николай Гумелёвро боздошт карданд.

Вай шавҳари аввали Анна Ахматова ва падари Лев Гумилёв (олим, тарҷумон ва адиби шинохтаи рус) буд.

Дар ҳайати ду экспедитсия ба шарқ ва шимолу шарқи Африқо рафта буд. 26 августи соли 1921 бо гуноҳи сохтаву бофтаи ширкат дар сӯиқасди зидди Шӯравӣ парронда шуд.

30 сентябри соли 1991 сафед шуд. Макони қатл ва гӯри ӯ ҳамоно но маълум аст.

“Гулҳои романтикӣ”, “Роҳи конкискадорон”, “Марворид”, “Кӯҳҳо ва дараҳо”, “Осмони бегона”, “Гулхан”, “Сутуни оташ”, намоишномаҳои “Дон Жуан дар Миср”, “Бозӣ”, “Фарзандони Аллоҳ”, “Шикори каркадан” ва ғайра навиштаҳои ӯ мебошанд.

Joseph-ConradСоли 1924 дар Бишопсборн, наздикии Кентербери дар синни 66-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависандаи лаҳистонитабори англис Ҷузеф Конрад аз олам гузашт.

Вай 3 декабри соли 1857 ба дунё омад. Конрад нависандаи классики адабиёти англисӣ эътироф гардида аст. Адиб соли 1857 дар деҳаи Терехова дар оилаи ашрофи лаҳистонӣ, шоир Аполлон Коженевский ба дунё омад. Ӯ дар оғоз чун нависандаи достонҳои писрабачаҳои дарёнавард шинохта шуда буд, аммо ҳоло ӯро нависандае медонанд, ки осораш нишондиҳандаи огоҳии амиқи маънавист.  Ин асарҳо мутааллиқ ба ӯянд: “Дили торикӣ”, “Лорд Ҷим”, “Дузди дарёӣ”, “Ҷавонӣ”, “Ҳамлаи қалбӣ”.

Алимуҳаммад МуродӣСоли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ ба дунё омад.   Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.

Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон гардидааст.

Соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (2020).

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Охирин китобаш бо номи “Сияҳҷангал” ҳамин сол нашр шуд.

Фланнери О’КоннорСоли 1964 дар Милледжвилл дар синни 39-солагӣ нависандаи амрикоӣ Фланнери О’Коннор вафот кард. Вай як нависандаи ирландинажоди ҷануби Амрико, намояндаи жанри даҳшати готикӣ буд.

Ин адиби шуҳратёр, ки бо аввалин ҳикояаш бо номи “Гули шамъдонӣ” дар соли 1946 вориди адабиёт шуд, батадриҷ бо иншои чандин достону романҳои мондагор исмашро дар адабиёт ҷовидонӣ кард.

“Хуни оқил”, “Маъбади рӯҳи муқаддас”, “Дар боло ҳама масирҳо ҳамгиро ҳастанд”, “Одами хуб кам пайдо мешавад” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Aleksandr_SolzhenitsynСоли 2008 дар шаҳри Москав дар синни 89-солагӣ нависанда, мақоланавис ва шоири рус Александр Солженитсин вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1970 буд.

Александр Солженитсин аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” аст, ки аслан  маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ