Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми май

Як-рузи-таърих-03-05-2023Соли 1469 дар Флоренсия мутафаккир, ходими сиёсӣ, файласуф, нависандаи аҳли Италия Никколо Макиавеллӣ ба дунё омад.

Никколо Макиавелли, файласуф, шоир, муаррих ва намоишноманависи итолёвӣ 3 майи соли 1469 дар Флоренсия-шаҳре воқеъ дар соҳили дарёи Арнои Италия таваллуд шуда, 21 июни соли 1527 дар 58-солагӣ тарки олам кардааст. Зиндагии худро сарфи сиёсат ва меҳанпарастӣ кард. Аммо зумрае аз таҳлилгароне, ки осори ӯро мутолиа кардаву зиндагиномаи ӯро омӯхтаанд, мегӯянд бархе аз ҳамзамононаш ӯро ба ҳимоят аз ҳукумати золиму ситамкор муттаҳам кардаанд.  Иллати он навиштани китобе бо номи “Шаҳриёр” (Principe) аст, ки барои ҳимояи хонаводаи ҳокимони Флоренсия иншо карда буд.

“Шаҳриёр” машҳуртарин китоби Макиавелли аст. Он соли 1513 милодӣ ба ришати таҳрир даромад, вале то соли 1532 ба чоп нарасид. Баъди итмоми китоб онро муаллиф ба ҳокимони вақти дудмони Медичи (хонадони сармоягузор ва сиёсатмадое, ки нимаи аввали қарни понздаҳум дар ҷумҳурии Флоренсия зуҳур карданд) пешниҳод намуд.  Ҳадаф дарёфти ҳақе барои пешбурди зиндагонӣ буд.

Чанде пеш нонандаи мо Шаҳзод Ғаниҷонов китоберо аз Никколо  Макиавелли дархост намуда буд ва дар бойгонии Китобхонаи миллӣ аз ин адиб танҳо ҳамин китоби “Шаҳриёр” (Государь) пайдо шуд, ки бо забони русӣ аст.

Хоҳишмандон метавонанд онро аз ин ҷо пайдо ва мутолиа намоянд:
Никколо Макиавелли – Шаҳриёр

Соли 1852 дар шаҳри Лондон дар синни 49-солагӣ бар асари бемории саратони сина шоири англис Сара Колридж аз дунё гузашт. Вай духтари шоир Сэмюэл Колридж, хоҳари шоир ва шарҳиҳолнавис Хартли Колдриҷ буд.

Муҳаммадҷон-РаҳимӣСоли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро адиб, тарҷумон, луғатнавис ва донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ дида ба олам кушод.

Аввалин шеърҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯааш «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «Тиллои сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «Афсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978-1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд.

Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон» ба навор гирифта шудааст.

Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Шоҳин, Бобо Тоҳир, матни «Шашмақом» ва сеҷилдаи «Таронаҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст.

Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад.

Маҷмӯаи ашъори ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд.

Асарҳои ҷудогонаи А.С. Пушкин, Н.А. Некрасов, М.А. Крилов, Т.Г. Шевченко, М. Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност.

Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

23 августи соли 1968 аз олам даргузашт.

Иегуда-АмихайСоли 1924 шоир ва тарҷумонии исроилӣ Яҳудо Омиҳой таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Исроил дар соли 1982 буд. Аз назари бисёриҳо ҳам дар Исроил ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ Омиҳой ба унвони бузургтарин шоири муосири исроилӣ шинохта шудааст. Ӯро аввалин касе медонанд, ки бо ибрӣ шеър гуфт. Ин буд, ки соли 1982 барои хадамоташ дар шеъри ибрӣ соҳиби ҷоизаи давлатии Исроил шуд.

Вай ҳамчунин ашъори шоирони олмонии зиддифашистиро ба ибрӣ баргардон кардааст.

Яҳудо Омиҳой 22 сентябри соли 2000 дар синни 76-солагӣ дар Байтулмуқаддас аз олам рафтааст.

Маргарет Митчел Соли 1937 Маргарет Митчел барои романи “Барбодрафта” ба ҷоизаи Пулитсеров шарафёб шуд. Нависандабонуи амрикоӣ, муаллифи машҳуртарин асар бо номи “Барбодрафта” Маргарет Митчел 8 ноябри соли 1900 дар Атлант ба дунё омада буд.

Ин роман танҳо дар Амрико бештар аз 70 маротиба чоп шудаву бо забони оламиён тарҷума ва нашр шудааст. Филми ҳамноми он, ки аз ҷониби коргардон Виктор Флеминг офарида шуда буд, шоистаи ҷоиза Оскар шуд.

Маргарет Митчел 16-уми августи соли  1949 аз олам гузашт.

Соли 1951 нависандаи рус  Татяна Никитична Толстая ба дунё омад. “Дӯст дорӣ ё надорӣ”, “Хоҳарон”, “Ду нафар”, “Мавиз”, “Деворҳои сапед”, “Рӯзи бонувон”, “Шаб”, “Дарё”, “Духтар миёни гулҳо” ва ғайра китобҳои ӯ мебошанд, ки то кунун нашр шудаанд.

Соли 1965 дар Врослав нависандаи тахайюлнависи лаҳистонӣ Ярослав Гжендович таваллуд шуд. Ӯро яке аз тобонтарин ситораи адабиёти Лоҳистон ва маъруфтарин тахайюлнависони “насли солҳои 80” меноманд.

Соли 2010 дар Брайтон нависанда ва филмноманависи англис  Питер О’Доннелл тарки олам кард. Вай 11 апрели соли 1920 ба дунё омада буд. аваллуд шуд.

Питер О’Доннелл бо силсилакитобҳои худ дар бораи Модести Блэйз машҳур аст. Дар тасвири муаллиф Модести Блэйз як зани қаҳрамон аз зумраи агентҳои пинҳонкорест.

Нарвал”, “Модести Блейз”, “Тамъи марг”, ”Охирин рӯз дар Лимбо”, “Чанголҳои аждаҳо”, “Дом барои кубро” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Замира Ғаффорова Соли 1967 дар шаҳри Душанбе пажӯҳишгари шинохта Замира Ғаффорова таваллуд ёфтааст. Баъди мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил карда, соли 1989 бо дипломи аъло хатмаш намудааст.

Солҳои 1987-1988 дар Ҳиндустон, дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (Деҳлӣ) таҳсил кардааст.

Ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (1990), ҳамзамон, муаллими забон ва адабиёти ҳиндии кафедраи филологияи ҳиндуи факултаи забонҳои Шарқи донишгоҳи номбурда, аспиранти Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (1991-1993), ходими калони илмии Маркази илмии Хуҷанди АИ ҶТ (1994-2001) будааст.

Соли 1993 дар мавзӯи «Тазкираи «Каламот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробан Доси Хушгӯ – сарчашмаи муҳимми адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVII-ХVIII» рисолаи номзадӣ, соли 2002 дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVI-ХVII (ҳавзаи адабии Кашмир)» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи чандин рисола ва беш аз 100 мақолаи илмист.

Барои рисолаи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII» соҳиби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2002) шудааст.

Барои асари илмии «Тазкираҳои Сархуш ва Хушгӯ – сарчашмаҳои нақду сухансанҷӣ» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2002) гардидааст.

Ширкатвари конфаронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Деҳлӣ, Муршидобод, Ҳайдаробод, Банорас, Алигарҳ, Ашқобод, Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Муовини раиси Анҷумани Тоҷикистону Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва узви Бунёди байналмилалии Бедил (Деҳлӣ) мебошад.

Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Б.Шафеъ