Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30 –уми декабр
Соли 1819 дар Неруппин нависанда ва шоири олмонӣ Теодор Фонтан, машҳуртарин намояндаи реализм дар адабиёти олмонии асри XIX чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Теодор Фонтан фаъолияти адабии худро дар охири солҳои 1830 бо шеър оғоз кардааст. Вай ҳамчун мухбири рӯзномаҳои консервативии Пруссия муддати тӯлонӣ дар Англияи Виктория зиндагӣ кардаст. Солҳои 1862-1882 очеркҳои саёҳатӣ бо номи «Саёҳат ба таври Бранденбург»-ро дар чор ҷилд нашр кард, ки дар натиҷа шуҳрати бузургеро соҳиб шуд.
Ба қалами Фонтан драмаҳо, шеърҳо, асарҳои тарҷумаиҳолӣ, нақлҳои таърихӣ, мақолаҳои танқидӣ ва публитсистӣ, аз ҷумла романҳои «Пеш аз тӯфон» (Vor dem Sturm), «Грета Минде» (Grete Minde, 1880), достони «Гунаҳкор» (L’Adultera, 1882), достони “Шоҳ фон Вутенов” (Schach von Wuthenow, 1883), Граф Петёфи (1884), «Сесил» (1887), романи «Эффи Брист» (1895), «Штехлин» (роман пас аз маргаш дар 1899 нашр шуд) эҷод шудаанд.
Ба ақидаи Фонтан роман «бояд тасвири замоне бошад, ки мо худамон ба он тааллуқ дорем, ҳаддиаққал инъикоси давраи ҳаёте бошад, ки мо дар зиндагӣ кардем ё волидонамон дар бораи он ба мо нақл кардаанд». Машҳуртарин силсилароманҳои ӯ «романҳои берлинӣ», аз ҷумла «Зани бевафо», «Шоҳ фон Вутенов», «Сесиле», «Чорраҳа», «Девор», «Хонум Ҷенни Трейбел» мебошанд, ки асосан инъикосгари мушкилоти замони муосиранд.
Соли 1860 дар деҳаи Кубилелай забоншиноси литваӣ Йонас Яблонскис, «падар»-и забони адабии Литва ба олам омад.
Дар рўзномаю маҷаллаҳои «Аушра», «Варпас», «Лиетувос жинёс», «Вайрас» ва ғайра оид ба забон ва маданияти нутқи литвонӣ, дар мавзуъҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва адабиёт мақолаҳо чоп кардааст.
Йонас Яблонскис забоншиноси Литва, яке аз асосгузорони забони қолибии Литва ба шумор меравад. Маводҳои забоншиносии гирдовардаи ӯ дар 20 ҷилди “Луғати академии забони литваӣ” нашр шудааст, ки то имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Ў кўшиш кардааст, ки лаҳҷаи аукштаити ғарбӣ асоси забони литваӣ гардад. Йонас Яблонскис ва Винчук Виакорка забоншиносони муваффақ буданд. Ӯ дар Донишгоҳи Маскав забонҳои классикиро омӯхтааст.
Йонас Яблонскис соли 1930 дар Каунас, дар синни 69-солагӣ даргузашт.
Соли 1865 дар Бомбей насрнавис ва шоири англис Редярд Киплинг, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1907 ба дунё омад.
Редярд Киплинг дар оилаи Ҷон Локвуд Киплинг, профессори мактаби санъати маҳаллӣ ва Алис Киплинг ба воя расидааст. Дар синни 5-солагӣ ӯ ҳамроҳи хоҳараш барои таҳсил ба Англия мераванд. Тӯли 6 сол дар пансионати хусусӣ зиндагӣ кардааст. Соҳиби он зани хеле дилозору бадгуфтор буд, ки барои каме хато онҳоро сарзаниш мекард. Ин муносибат ба ӯ чунон таъсир расонд, ки то охири умр аз бехобӣ азоб мекашид. Дар синни 12-солагӣ волидайнаш ӯро ба мактаби хусусии Девон шомил карданд, то баъдан ба академияи бонуфузи ҳарбӣ дохил шавад.
Директори мактаб Кормел Прайс, дӯсти падари Редярд буд. Маҳз ӯ муҳаббати адабиётро дар дили Ҷозеф ҷо кард. Миопия (наздикбинӣ) Киплингро аз интихоби касби ҳарбӣ боздошт. Падар аз ҳикояҳои дар мактаб навиштаи писар мутаассир шуда, ӯро ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Гражданию ҳарбӣ» ба кор мемонад. Моҳи октябри соли 1882 Киплинг ба Ҳиндустон баргашта, ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд. Дар вақтҳои холӣ ҳикояю шеърҳо менависад, ки баъд дар баробари мусоҳибаҳояш дар рўзнома чоп мешаванд. Дар миёнаи солҳои 80-ум Киплинг ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Пионер» ба сафари кишварҳои Осиё ва Иёлоти Муттаҳида баромад. Дар солҳои 1888-1889 шўҳрати асарҳои ў босуръат меафзояд. Дар ин миён 6 китоб бо ҳикояҳояш ба табъ расид, ки ин боиси эътирофи ў гардид. Дар соли 1889 аввал ба Англия, баъд ба Бирма, Чин ва Ҷопон сафар кард.
Солҳои 1894-95 асарҳои машҳури «Китоби ҷангал» ва «Китоби дуюми ҷангал» аз чоп баромад. Маҷмуаҳои ашъори «Ҳафт баҳр» ва «Мулоҳизаҳои сафед» пайи ҳам чоп шуданд. Дар соли 1897 повести «Маллоҳони далер» аз чоп баромад. Дар соли 1899 вай тўли чанд моҳ меҳмони Африқоӣ Ҷанубӣ буд. Дар соли 1901 романи «Ким» нашр шуд, ки яке аз беҳтарин романҳои нависанда маҳсуб мешавад. Инчунин соли 1902 китоби нави бачагона таҳти унвони «Афсонаҳои одӣ» нашр шуда буд. Худи ҳамон сол ӯ дар Сассекс дур аз шаҳр хона харид ва то охири умр дар он ҷо монд. Дар ин ҷо китобхои машҳури худ «Пак аз теппаҳо» ва «Ҳадяҳо ва париҳо»-ро навиштааст.
Ҷозеф Редярд Киплинг 18 январи соли 1936 дар Лондон даргузашт.
Соли 1905 дар Санкт-Петербург нависандаи шӯравӣ, шоир ва намоишноманависи рус Даниил Хармс, асосгузори иттиҳодияи ОБЕРИУ ба олам омад.
Даниил Ювачёв дар мактаби олмонии имтиёзноки Петришулеи Петербург таҳсил кардааст. Соли 1924 ба техникуми электротехникии Ленинград дохил шуд, вале дере нагузашта маҷбур шуд, ки онро тарк кунад. Аз соли 1925 ба нависандагӣ машғул шуд. Хармс аз соли 1928 барои маҷаллаи бачагонаи «Чиж» менависад. Баъд вай яке аз асосгузорони гурўҳи авангардии назмию бадеии «Иттифоқи санъати ҳақиқӣ» (ОБЕРИУ) гардид. Моҳи декабри соли 1931 ўро ба ҳабс гирифтаанд ва 21 марти соли 1932 ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум гардид. Дар натиҷа, 23 майи соли 1932 ҳукми ў ба бадарға иваз карда шуд ва шоир ба Курск рафт, ки дар он ҷо А.И.Введенскийи бадарғашуда ҷойгир буд. Хармс аз баҳор то тирамоҳи соли 1932 дар Курск зиндагӣ кард. Баъди аз бадарға баргаштан Хармс барои кўдакон як қатор китобҳо менависад, то рўзгорашро таъмин кунад. Соли 1937 баъди дар маҷаллаи бачагона чоп шудани шеъри «Шахсе аз хона баромад» чанд муддат эҷодиёти ўро нашр намекарданд. Дар баробари ин ў барои калонсолон бисёр повесту очеркҳои театрӣ ва шеърҳо эҷод кардааст, ки дар замони зиндагиеш рўйи чопро надидаанд. Дар ин давра силсилаи ҳикояҳои «Ҳодисаҳо» ва повести «Пиразан» офарида шудаанд.
Даниил Иванович Хармс, на танҳо шоири боистеъдод, балки ҳамчун муаллифи адабиёти бачагона ба ҳамагон ошност. Вай барои кўдакон шеъру достонҳое эҷод кардааст, ки бо гузашти солҳо онҳо таровати худро гум накардаанд. Ба ин асарҳо «Гурбаи аҷоиб», «Дуруғгўй», «Саргузашти хеле даҳшатнок», «Якум ва дуюм», «Шахсе аз хона баромад», «Пиразан» ва ғайра дохил мешаванд.
Даниил Хармс соли 1942 дар Ленинград, дар синни 36-солагӣ, дар беморхонаи маҳбас даргузашт.
Соли 1919 дар департаменти Фаронса Лот-эт-Гаронна нависандаи асарҳои жанри тахайюлии фаронсавӣ, геолог ва бостоншинос Франсис Карсак ба олам омад.
Франсис Карсак бо тахаллуси Франсуа Бордес, яке аз маъруфтарин нависандагони асарҳои жанри тахайюлии Фаронса аст. Бордес дар Донишгоҳи Тулуза таҳсил мекард ва ба сабаби ҷанг, машғулияташ қатъ мешавад. Баъди ҷанг маълумоти олиро соҳиб шуда, профессори палеоантропологияи Донишгоҳи Бордо шуд. Дар баробари омӯзгорӣ ба навиштан машғул буд. Вай ҳамчун нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ берун аз Фаронса, аз ҷумла дар ИҶШС ва ИМА маълуму машҳур буд. Франсис бисёр нависандагони асарҳои жанри тахайюлии амрикоиро медонист ва бо Пол Андерсон мукотиба дошт. Дар охири солҳои 60-ум аз эҷод даст кашид. Вай соли 1981 дар ИМА даргузашт, ки солҳои охири умри худро дар он ҷо гузаронидааст. Аввалин таҷрибаҳои эҷодии Карсак дар солҳои ҷанг ба вуқӯъ пайваст, аммо романе, ки ӯ дар ҷангалҳои Дордон дар бораи сафар ба Миррих навиштааст, бо номи «Дар сайёраи безарар» муддати тӯлонӣ нашр нашуд ва танҳо дар охири солҳои 90-ум онро нашр карданд. Нахустин нашри он ба соли 1954 рост меояд.
Тамоми романҳо ва қариб ҳамаи ҳикояҳо ба маҷмуаи пурраи асарҳои Ф.Карсак дар ду ҷилд, ки онро нашриёти Лефранк аз чоп баровард, дохил карда шудаанд. Қариб тамоми асарҳои асосии Карсак, зоҳиран, ба истиснои романҳои «Ватани мо кайҳон аст» ва «Дар сайёраи безарар» ба забони русӣ тарҷума ва борҳо нашр шудаанд. Бояд гуфт, ки «Шерҳои Элдорадо» ва «Парвози Замин» барин асарҳо дар шакли ихтисор чоп шудаанд. Хонандаи русзабон бо достони «Кӯҳҳои тақдир» ва достони «Империяи аввал» низ ошно аст.
Соли 1944 дар Везелай дар синни 78-солагӣ нависанда ва ходими ҷамъиятии фаронсавӣ Ромен Роллан барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1915) аз бемории сил даргузашт.
Ромен Роллан соли 1866 дар Клемси таваллуд шудааст. Аввалин асарҳои эҷодкардаи Роллан песаҳои таърихӣ буданд.
Роллан песаҳои «Гургон» (1898), «Тантанаи ақл» (1899), «Дантон» (1900), «Чордаҳуми июл»-ро (1901) ба инқилоби Фаронса бахшидааст. Ў дар эҷодиёти худ жанри тарҷумаиҳолиро истифода бурдааст, ки ба онҳо «Зиндагии қаҳрамонона», «Зиндагиномаи Бетховен» (1903), «Зиндагии Микеланджело» (1906), «Зиндагии Толстой» (1911) дохил мешаванд.
Романи бисёрҷилдаи Роллан «Жан-Кристоф» дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур буд, ки нависанда ин асарро аз соли 1903 то соли 1912 эҷод кардааст. Соли 1915 Роллан ба ҷоизаи Нобел «барои идеализми баланди асарҳои адабӣ, барои дилсўзӣ ва муҳаббат ба ҳақиқат, ки бо он хислатҳои гуногуни инсонро тасвир мекунад» сарфароз гардонида шуд.
Ақидае вуҷуд дорад, ки сабаби сазовор гардидани Роллан ба ҷоизаи Нобел маҳз романи «Жан-Кристоф» мебошад.
Дар соли 1914 Роллан достони «Кола Брейгнон»-ро навишт, ки он ҳам зуд маъмул шуд.
Нависанда ҷоизаи Нобелро дар соҳаи адабиёт барои соли 1915-ро танҳо дар соли 1916 соҳиб шуд. Ҳама баҳсу низоъҳо аз ин сарчашма гирифт: Роллан як қатор мақолаҳои зиддиҷангиро бо номи «Дар болои задухўрд» чоп кард. Нависанда ба зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукмрон баромад карда, дар бораи хусусияти ҷинояткоронаи ҷанги якуми ҷаҳон, ки он замон давом дошт, сухан ронд.
Дар натиҷа Роллан тамоми маблағи ҷоизаро ба созмонҳои хайрияи Фаронса ва Швейтсария бахшид.
Соли 1971 дар Урбана, Иллинойс барандаи ҷоизаи «Nebula», нависандаи асарнҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Юҷи Фостер ба олам омад.
Соли 1988 дар Маскав, нависанда, тарҷумон ва диссиденти шӯравӣ Юлий Даниел дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.
Юлий Даниел дар Маскав таваллуд шудааст. Ў иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Баъди сахт захмдор шуданаш маъюб шуд. Донишкадаи омўзгориро хатм карда, дар Калуга ва Москва омўзгори мактаб шуда кор кардааст. Ӯ аввалин бор ба ҳайси тарҷумони шеър дар миёнаҳои солҳои 1950 баромад кард. Бо тахаллуси Николай Аржак дар хориҷи кишвар чанд асар нашр кард, ки барои онҳо дар соли 1966 (“мурофиаи Синявский ва Даниел”) панҷ сол зиндонӣ шуд. Баъди баромадан аз зиндон натавонист ба Маскав баргардад. Якчанд асарҳояш бо тахаллуси Ю. Петров нашр шудаанд. Пас аз оғози бозсозӣ ба Маскав баргашт, вале дере нагузашта даргузашт.
Соли 1992 дар синни 54-солагӣ нависанда, рӯзноманигор, ҳаҷвнависи маъруф Бурҳон Ғанӣ аз олам гузашт. Вай 1-уми майи соли 1938 дар деҳаи Роғифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таваллуд шуда буд.
Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, то рӯзи фавташ ходими маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст.
Асарҳояш аз аввали солҳои шастуми асри гузашта рӯи чопро дидаанд.
Дар эҷоди ҳаҷву мутоиба мумтоз буда, дар ин ҷода аз устодаш Фазлиддин Муҳаммадиев сабақҳои даркорӣ гирифтааст.
Ҳикояҳои ӯ «Ҳимоя» (1965), «Кори нек» (1968), «Эҳтиром» (1978), «Дафтарчаи қайдҳо» (1978) ӯро ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигор машҳур гардондаанд.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Хушомадгӯёнро азиз доред!» соли 1973, «Ҳар каллаеро як хаёл» соли 1977, «Хеши падар» соли 1987 чоп шудаанд.
Ҳикояҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, литвонӣ, булғорӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1996 дар Маскав нависандаи шӯравӣ Лев Ошанин, барандаи Ҷоизаи Сталини дараҷаи якум (1950) дар синни 84-солагӣ даргузашт.
Лев Иванович 30 майи соли 1912 дар оилаи ашрофзодаи Рибинск таваллуд ёфтааст. Падари ӯ Иван Александрович, дар корпуси кадетҳои Петербург ва мактаби ҳарбии Александр таҳсил карда, маълумоти хуб гирифта буд. Модараш Мария Николаевна муаллимаи мусиқӣ буд. Пас аз инқилоби соли 1917, оила ба Ростов кӯчид, ки он ҷо модараш аввалин кӯдакистонро идора мекард. Соли 1922 Ошанинҳо ба Маскав кўчиданд. Лев Иванович дар маҳфили адабии «Закал» ширкат дошт ва ба шарофати дастгирии он нахустин китоби худ – достони «Ошёнаҳо»-ро дар бораи солҳои мактабхониаш нашр кард.
Лев Ошанин ба Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия (РАПП) шомил шуда, шеърҳояшро дар нашрияҳои гуногун нашр кард. Дар солҳои 20-ум Ошанин бо Владимир Маяковскийро шинос шуд, онҳо вақти холии худро якҷоя мегузаронанд ва волейболбозӣ мекарданд.
Ошанин бо сабаби мушкилоти биноӣ ба сафи армия даъват нашуда буд ва бо ҳамин сабаб баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мухбири фронт шуда натавонист. Якҷоя бо оилааш ӯро ба Қазон эвакуатсия карданд ва сипас онҳо дар шаҳри Элабуга рафтанд. Бо маслиҳати Борис Пастернак Ошанин аз Идораи сиёсии Артиши Сурх ба хатти фронт рафт.
Дар солҳои ҷанг шеърҳои ў «Ҷанг барои Ватан»-ро дар рўзи саршавии ҷанг, 22 июни соли 1941 дар нуқтаҳои ҷамъомади баландгўякҳо пахш карданд. Баъди ғалаба дар зери мусиқии бастакор И. Дунаевский, шеъри охирини давраиҷангии ў «Ман аз Берлин меомадам» суруди машҳур гардид. Дар соли 1944 Анатолий Новиков бар ашъори Ошанин суруди машҳури “Роҳҳо“-ро навишт, ки пас аз он кори ӯ эътирофи расмӣ гирифт.
Соли 1997 дар Токио нависандаи асарҳои жанри тахайюлии ҷопонӣ, подшоҳи ҳикояҳои кӯтоҳ Хоси Синъити дар синни 71-солагӣ даргузашт.
Хоси Синъити маъруфтарин нависандаи жанри «насри тахайюлии хеле-кӯтоҳ» дар Ҷопон, аввалин раиси Клуби нависандагони асарҳои жанри тахайюлии Ҷопон аст. Ў дар Токио ба дунё омадааст. Факултаи биологияи Донишгоҳи Токиоро хатм карда, дар миёнаҳои солҳои 1960 ба нашр шурӯъ кард. Дар тӯли умри худ беш аз ҳазор асари адабӣ навиштааст, ки барои онҳо ӯро бо лақаби “шоҳи ҳикояҳои кўтоҳ” унвон кардаанд.
Асарҳои «Вақте, ки баҳор меояд», «Якдигарфаҳмии комил», «Сирк дар фазо» масўби ўянд.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова