Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми июн

adabiyotСоли 945 дар Хэйан-кё шоири ҷопонии даврони Хейан Ки-но Сураюки аз олам чашм пӯшид. Ӯро яке аз “Сивушаш шоири абадзинда”-и ин кишвар меноманд. Дар дарбори император дар вазифаҳои давлатӣ кор мекард.

Солҳои 930 – 935 волии вилояти Тоса будааст. Соли 905 бо фармони император Дайго кумитаи шоирони машҳури замонро сарварӣ намуд. Рӯзномаи сафари ӯ аз Тоса ба пойтахт (соли 936) аз асарҳои машҳури замонаш буд. “Китоби ашъораш”-ро худаш иборат аз 440 шеър тартиб дода буд.

Соли 1884 пизишк, шоир ва нависандаи фаронсавӣ Жорж Дюамел ба дунё омад. Вай дар замони Ҷанги ҷаҳонии аввал дар сафи артиши Фаронса хидмат кард. Падараш марди айёш ва ҳавасбоз буд ва дар даврони зиндагии худ даст ба корҳои гуногун зад, то ин ки саранҷом ба таҳсил ба риштаи пизишкӣ пардохт. Аммо ҳеч гоҳ ҳозир набуд тан ба кор диҳад. Модараш як зани фидокор ва бурдборе буд, ки ноилоҷ бори гарони зиндагиро ба танҳоӣ мекашид.

zhorzh-djuamelБа иллати сафарҳои пайдарпайи падараш ва ҳамеша тағйир хӯрдани маҳалли истиқомат таҳсили ибтидоии Жорж Дюамел халал ёфт. Гуфта мешавад, ки муддати 30 соли охир падараш беш аз 20 маротиба маҳалли истиқомати худро дигар кард.

Ва чун дар Ҷанги аввали ҷаҳонӣ ба сифати духтур хидмати аскарӣ мекард, аввалин осори насрии худро ба ҳамин мавзуъ бахшид. Асарҳояш бо номҳои “Ҳаёти шуҳадо”, “Се ҷароҳати охир” ва “Тамаддун” ҷоизаи Гонкуровро гирифтанд. Ҷоизаи Гонкур маъруфтарин ҷоизаи адабии Фаронса аст, ки ба номи бародарон Гонкурҳо номида шуда ва барои беҳтарин роману повестҳо ва достонҳои хурд эъто мегардад.

Ду нафар”, “Новеллаҳо”, “Ҳикоёти духтур Кошуа”, “Рози нимишабӣ”, “Бозӣ ва дилхӯшӣ”, “Манзумаи марги сарбоз” номгӯи китобҳои дигари ӯ мебошанд.

Жорж Дюамел 14-уми апрели соли 1966 дар синни 81-солагӣ аз олам рафт.

Соли 1911 дар Шетеняй шоир, тарҷумон, эссенависи лаҳистонӣ Чеслав Милош ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1980 буд.

“Се зимистон”, “Зеҳни асир”, “Наҷот”, “Таърихи адабиёти Лаҳистон”, “Суруди марворид”, “Суруди сайёраи Замин”, “Зодгоҳ”, “Ашъори баргузида”, “Шеъри даврони пас аз ҷанги Лаҳистон” номгӯи маъруфтарин асарҳои ӯ мебошанд.

Ӯ дар муддати иқомати худ дар Фаронса ва ИМА, ки 30 сол тӯл кашид, ба сунбули барҷастаи мухолифат бо коммунизм мубаддал шуд ва маъруфтарин асари ӯ бо номи “Зеҳни асир” баёнгари вазъи худи ӯ дар мубориза бо сотсиализм ва коммунизм мебошад.

Вай шомгоҳи шанбеи 12-уми августи соли  2004, замоне, ки  93 сол дошт, аз олам гузашт. Сарвазири вақти Лаҳистон, ки дар маросими видоъ бо адиби маъруф ҳозир шуда буд, ӯ як лаҳистонии  барҷаста тавсиф кард.

mongo-betiСоли 1932 нависандаи комерунӣ, муборизи фаъоли зидди истеъмор  Монго Бети таваллуд шуд. Вай аслан ба забони фаронсавӣ менавишт. Дар Яунде (пойтахи Комерун) литсей хатм кард. Баъдан дар Экс-ан-Прованс (шаҳре дар ҷанубу шарқи Фаронса) ва Сорбонн (Порис) ба таҳсилаш идома дод.

Аввалин новеллае, ки навишт (соли 1953) “Бе кина ва муҳаббат” ном дошт, ки дар маҷаллаи машури Présence africaine чоп шуд. Аввалин романаш бо номи “Шаҳри золим” ҳам дар нашрияе, ки тобеъи ҳамин маҷалла буд, соли 1954 интишор ёфт.

Солҳои зиёде дар литсейҳои шаҳрҳои Порис, Ламбал ва Руан омӯзгорӣ кардааст. Маҷаллаи Peuples Noirs Peuples africains –ро интишор дод. Соли 1994 аз муаллимӣ комилан истеъфо дод.

8 октябри соли 2001, дар синни 69-солагӣ вафот кард.

Соли 1935 дар Бердянск нависандаи тахайюлнависи Шӯравӣ Сергей Павлов зода шуд. Ӯро тахайюлнависи классики муосир меноманд. Барандаи ҷоизаи “Аэлита” (1985), ҷоизаи ба номи Иван Ефремов, асосгузори ҷоизаи адабии  “Лунная радуга” буд.

Романҳо аз силсилаи “Рангинкамони Моҳ”, “Зулфи сеҳрноки Ампаро”, повестҳои “Тоҷи Хуршед”,”Сақфи Коинот”, “Прайди дастгирнашаванда” навиштаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.  

18 апрели соли 2019 дар синни 89-солагӣ дар шаҳри Москав вафот кард.

hose-emilio-pachekoСоли 1939 дар шаҳри Мехико шоир, насрнавис, эссенавис, тарҷумон ва филмноманависи мексикоӣ Хосе Эмилио Пачеко ба дунё омад.

Вай дар синни 74-солагӣ бар асари зарби сахту шадиди сараш вафот кард. Солҳои охир зиёд бемор мешуд ва хеле кам дар маҳфилҳо ширкат мекард.

Ҳамсараш рӯзноманигор Кристина Пачеко ва аз ду духтараш яке аз онҳо (Сесилия Пачеко) нависандагӣ мекунад.

Соли 1967 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) шоири тоҷик Содиқи Завқӣ таваллуд шуд. Мактаби миёнаро дар деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод хатм карда, соли 1991 бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро ба итмом расондааст.

sodi-i-zav-yАз овони мактабхонӣ ба эҷоди шеър шуғл меварзидааст.

То кунун маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи содиқ» (1998), «Чашми рӯз» (1999), «Нигоҳи меҳр» (2000), «Мароми зиндагӣ» (2011) дастраси хонандагон гардидаанд.

Барои маҷмӯаи «Нигоҳи меҳр» (2000) сазовори Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. (Сом. Ит.нав.)

Соли 2000 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар Лоиқ Шералӣ дар синни 59-солагӣ  аз олам рафт.

loik-sheralyАввалин гулчини ашъораш «Сари сабз» соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти «Ирфон» овардааст: «Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст».

Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

ДАР БОРАИ ШОИРИ МАЪРУФ МУФАССАЛТАР АЗ ИН МАТОЛИБ ШИНОС ХОҲЕД ШУД:

 

Таҳияи Б.Шафеъ