Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми октябр

Соли 1513 – дар Мелён адиб, тарҷумон ва омӯзгори фаронсавӣ Жак Амио ба дунё омадааст. Ӯро бештар чун тарҷумони фаронсавии асарҳои юнониён мешиносанд.

Соли 1762  дар Қустантания(Константинопол) шоир, журналист ва сиёсатмадор Андре Мари де Шане ба дунё омад. Ӯро яке аз аввалин қурбониёни террори инқилобӣ медонанд. 7 марти соли 1794 боздошт ва 25-уми июли соли 1794 ҳамроҳ бо Жан Руше (адиби фаронсавӣ) ба қатл расонда шуд.

Соли 1806 – дар Саратов шоири рус ва мунаққид, профессор , декани Донишгоҳи Москав, академики Академияи илмҳои Петербург Степан Шевирёв ба дунё омадааст.

Соли 1855 – Дар Санк-Петербург нависанда, драматург, тарҷумони рус, яке поягузорони санъатшиносӣ Пётр Гнедич таваллуд шудааст.

Соли 1885 – дар Хэйли, иёлати Айдахо шоир, турҷумон, мунаққиди амрикоӣ Эзра Паунд, яке аз поягузорони адабиёти навгарои инглисизабон буд. Ӯ дар Инглистон аз пешгомони наҳзати тасвиргароӣ шуд ва нахустин гулчини шеъри пайравони ин ҷунбишро бо унвони тасвиргароён мешиносанд. 1-уми ноябри соли 1972 аз олам гузаштааст.

Соли 1961 – дар шаҳри Куйбишев журналисти маъруфи Русия, барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2021 Дмитрий Муратов ба дунё омад. Муратов сардабири “Новая газета”, як нашрияи машҳури чопи Москав мебошад.

Соли 1993  дар Вилнюс адиби шинохтаи Литва Антанас Рамонас аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 45 сол дошт.

Таҳияи Б.Шафеъ