Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 31-уми декабр

tarih_31_12_2022Соли 1500 дар Венетсия охирин  инкунабула чоп шуд. Инкунабула, анг: Incunable буда, маҷмуаи китобҳоеро меноманд, ки байни солҳои 1456 то 31-декабри соли 1500 ба чоп расидаанд. Солҳои 1456 – 1500 матни китобҳо пурра чоп намешуданд ва далел ҳам он буд, ки ҳанӯз дарки мушаххас аз ҳуруф ба вуҷуд наёмада буд ва зебоие, ки дар шрифт вуҷуд дошт,  ҳанӯз бахше аз эътибор ва сохтори китоб буд.

Мутахассисон тахмин мезананд, ки тӯли ин 50 сол дар ҳудуди 260 чопхона дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо шуруъ ба кор карданд. Ҳудуди 1500 нафар дар ин чопхонаҳо фаъолият доштанд ва тақрибан 20 ҳазор асар бо тиражи кулии беш аз 10 миллион нусха мунташир карданд. Ҳоло қисмати бештари онҳо дар гӯшаву канори олам ҷамъоварӣ шудаву дар китобхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

inkunabulaСоли 1747 дар Молмерсвенд шоир ва нависандаи олмонӣ  Готфрид Август Бюргер ба дунё омад. Вай бештар бо балладаи “Ленора” машҳур шудааст.

Соли 1858 бастакори литвонӣ, нависанда, мунаққид, публистист, тарҷумон ва шоир Винсас Кудирка ба дунё омад. Вай муаллифи гимни давлатии Литва буд, ки бо номи “Суруди миллӣ” ёд мешавад. Бо тахассуси духтурӣ вай тавонист дар шеъру шоирӣ, нависандагӣ ва мусиқиофаринӣ муваффақ шавад ва шуҳрат ёбад.

Соли 1936 дар Саламанка дар синни 72-солагӣ файласуф, насрнавис, намоишноманавис, ходими фамъиятии Испания Мигел де Унамуно аз олам рафт. Вай як навгаро буд ва дар бардоштани марзи бисёр жанрҳои адабӣ кумак кард, навишт ва муваффақ шуд. Илова ба навиштаҳои худ нақши муҳиме дар рушанфикрӣ дар Испания гузошт.

Сулҳ дар ҷанг”, “Ишқ ва тарбият”, “Оинаи марг”, “Се романи шоёни тақлид ва як муқаддима”, “Тарсо” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд.

Соли 1943 дар Барвих Алексей Николаевич Толстой кор сари қисми сеюми романи “Пётри якум”-ро оғоз кард. Алексей Толстой як нависандаи машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ ва узви Академияи улуми кишвар буд. Вай муаллифи трилогияи “Гузар аз ранҷҳо”, “Туғёни мошинҳо” (романӣ илмӣ-тахайюлӣ), “Пётри якум” ва ғайра мебошад.

 Конни УиллисСоли 1945 дар Дэнвер нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ, хонум Конни Уиллис ба дунё омад. Конни Уиллис як нависандаи шуҳратёр дар ин жанр буд. Муваффақияташ ба ҳадде буд, ки ҳудудан даҳ маротиба соҳиби ҷоизаи адабии Ҳюго ва 6 ҷоизаи Небюло шудааст.

Романҳои “Юриши нурӣ”, “Китоби растохез”, “Бозофариниш”, “Сарзамини мавъуд”, “Гузар”, “Ҳама рӯи замин нишастаанд”, “Комилан рушан” маҳсули қалами ӯст.

 

 

 

 

Саидқул-МирализодаСоли 1947 дар деҳаи Лархобии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  адабиётшинос ва намоишноманависи тоҷик Саидқул Мирализода (Сабзаев Саидқул Миралиевич) ба дунё омад.

Вай узви Шӯрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, дар омодасозии кадрҳои илмӣ саҳми даркорӣ мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ ҳашт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Шеъру осори саҳнавӣ ҳам эҷод мекунад. Ашъори бачагонааш дар маҷмӯаҳои «Нони модарам» (2006), «Пагоҳ равам ба мактаб» (2014) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Муаллифи драмаҳои «Исёни Таҳмина», «Баъд аз ҳазор сол», «Ҳазрати Амирҷон», «Савганд», «Саошианта» (2008), «Фармони нахустин» ва маҷмӯаҳои ашъори «Хатти роҳ» (2001), «Садафи меҳр» (2003), «Қиблаи фарзанд» (2008), «Хоки намозӣ» (2011) ва ғ. мебошад.

Драмаи «Исёни Таҳмина»-ро (1993) Театр-студияи «Авасто», «Ҳазрати Амирҷон»-ро (1995) Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии Қӯрғонтеппа ба саҳна гузоштаанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Б.Шафеъ.