Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 31-уми март

adaibiyotСоли 1621 дар Уайнстед, наздикии Гулля шоири англис Эндрю Марвелл ба дунё омад. Вай яке аз охирин намояндагони мактаби метафизикҳо ва яке аз аввалин устодони шеъри классикии англис мебошад. Эндрю Марвелл солҳо узви Парламон ва падараш  роҳиби калисо буд.

Аввалин шеърҳои ӯ, ки ба забонҳои лотинӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд, замоне чоп шуданд, ки Марвелл дар Кембриҷ ба сар мебурд. Ин шеърҳо дар бораи фоҷеаи тоун, таваллуди тифл дар хонаводаи шоҳ Карли якум ва шаҳбону Генриетта Мария буд.

Муддати асрҳои  XVIII – XIX Марвелл чун шоир зери сояи Милтон ва Драйден монда буд. Дар китобҳои таълимиву илмии адабиёти он солҳо аз ӯ танҳо ба унвони муаллифи чанд шеъри ҳаҷвиву иҷтимоӣ ёд мекарданд.

Аммо дар аввали асри ХХ Томас Элиота маҳорати шоирии Марвеллро барои ҷомаеи адабии замонаш кашф кард.

Владимир Набоков яке аз ҳаводорони ашъори Марвелл буд. Дар романи ӯ “Шуълаи сафед” чанд иқтибос аз «Nymph Complaining for the Death of her Fawn»-и Марвелл оварда шудааст. Набоков мавзӯи инсондӯстии Марвеллро баробар бо Пушкин медонист.

Соли 1631 дар  шаҳри Лондон дар синни 59-солагӣ шоир ва мубаллиғи англис Ҷон Донн вафот кард. Ӯро аз бузургтарин намояндагони “мактаби метафизикӣ” меноманд.

Рӯзи таваллуди ӯ дақиқ нест. Дар маъхазҳо гоҳо миёни 24-уми январ то 19-уми июни соли 1572 ва гоҳи дигар 12-уми феврали соли 1572 ном мебаранд.

Дмитрий-ГригоревичСоли 1822 дар деҳаи Черемшан нависандаи рус Дмитрий Григорович ба дунё омад. Аввалин ҳикояҳои ӯ бо номи “Сагбача”, “Фойтуни театрӣ” дар «Литературных прибавлениях к „Русскому инвалиду“» чоп шуданд, ки аз нигоҳи бадеӣ сусту берӯҳ буданд. Соли 1841 вай бо Некрасов шинос шуд. Аввалин повести ӯ “Деҳа” соли 1846 дар “Отечественные записки» рӯи чоп омад, ки исми ӯро барои ҷомеаи адабӣ муаррифӣ намуд. Соле баъд дар маҷаллаи “Современник” повести “Антон-Горемика” чоп шуд ва ба он Белинский баҳои баланд дод.

Ба кори эҷодии адиб дурӣ аз маҷаллаи “Современник”, ки бар асари ихтилоф миёни ду гурӯҳ ба вуҷуд омада буд, таъсири манфӣ расонд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Чернишевский, яке аз адибон ва мунаққидони маъруф зимни таҳлили баҳсҳои адабӣ миёни ин ду гурӯҳ ва мухолифатҳои ақидатӣ дар мақолаи “Оё тағйирот оғоз нашудааст?” аз Тургенев ва Григорович шадидан интиқод карда буд. Бино ба гуфтаи ҳамзамононаш баъди ин мақола Григорович нисбат ба Чернишевский ҳисси кинаву душманӣ пайдо кард ва ӯро дигар дӯст надошт.

Вай муддатҳо худро аз кори адабӣ канор гирифт, танҳо миёнаи солҳои 1880 хонандагон чанд повести дигари ӯро хонданд.

Соли  1838 дар Сен-Ден шоири аҳли Фаронса Леон Деркс, яке аз пайравон ва давомдиҳандагони кори Леконт де Лиля ва намояндаи машҳуру намоёни мактаби адабии парнасс  ба дунё омад.

Шарлотта-БронтеСоли 1855  дар  Хоэрт дар синни 38-солагӣ нависандаи машҳури англис  Шарлотта Бронте  тарки олам кард.  Ӯ яке аз маъруфтарин ва машҳуртарин намояндаи романтизми адабиёти англис буд. Ду хоҳараш бо номҳои Эмили ва Энн низ аз нависандаҳои шаҳири ангглис буданд ва миёни хонандагон шуҳрат доранд. Ин ду низ умри кутоҳ дидаанд.

Шарлотта Бронте 21-уми апрели соли 1816 дар Тортани Британияи Кабир дида ба олам кушод.

Аввалин талошаш барои эҷоди асарҳои бадеӣ аз номааш ба шоир Роберт Саути оғоз мешавад. Вай ба Саути чанд шеърашро фиристод ва аз ӯ хост андешаҳояшро нависад. Ин нома то замони мо нарасидааст ва маълум ҳам нест, ки Шарлотта кадом шеърашро фиристода буд. Вале шоири маъруф дар шеърҳои Шарлотае, ки ӯро боре ҳам надида буд, нишонаҳои истеъдодро кашф кард.

Аз муколама бо Роберт Саути Шарлота се панд барои оянда гирифт: Аввалан, вай ба қароре омад, ки аз назм даст мекашад ва ба наср рӯ меорад. Дуюм, романтизмро низ ба хотири реализм канор мезанад ва сеюм, аз ин ба баъд бо тахаллус менависад.

Соли 1840 бобҳои аввали роман нотамоми худ “Эшворт”-ро ба Хартли Колдриҷ-шоири англис мефиристад. Аммо Колдрич тавре посух навишт ва эродҳое гирифт, ки Шарлотта ба хулоса омад, ки ин ро манро дар ин шакл ягон нашрия чоп намекунад.

Баъдан соли 1846 хоҳарон Шарлотта, Эмили ва Энн як китоби дастаҷамъӣ чоп карданд. Азбаски ин китоб аз ҳисоби масрафҳои хонаводагии худи онҳо интишор ёфт, Шарлотта ба натиҷа расид, ки ба ҳар навъе набошад нависандагиро ба худ касб гирад ва аз ин ҳисоб рӯз гузаронад.

Ҳарчанд романи “Муаллим”-и ӯро ҳеч ягон нашрия чоп накард, вале “Ҷейн-Эйр” ба теъдоди зиёд ва дар кутоҳтарин фурсат чоп ва ба фурӯш рафт. Ҳамин китоб исми ӯро дар адабиёт ҷовидонӣ кард.

Сабаби марги бармаҳали ӯ дақиқан маълум нест, ҳарчанд хулосаи тиббӣ бемории ӯро сил гуфта буд.

Ро мани “Шерли”, “Виллетт”, “Шаҳрак”, “Муаллим”, “Эмма” низ м ансуб ба ӯ мебошанд. Аз Шарлотта дастнависи нотамоми чандин асари дигар низ боқӣ мондааст.

Соли 1878 нависандаи канадиёӣ Фредерик Ҷон ба дунё омад.

Соли 1882 дар шаҳри Санкт-Петербург нависанда, шоир, тарҷумонаи рус Корней Чуковский ба дунё омад. Асарҳо барои бачаҳо, ки ӯ эҷод карда буд, дар замонаш аз пурхонандатарин ва пурфурӯштарин асарҳо ба шумор мерафтанд. Вай падари адибони маъруф Николай Чуковский ва Лидия Чуковская буд.

Октавио-Пас

Соли 1914 дар Мехико шоир, эссенавис, тарҷумон, дипломат ва мақоланависи аҳли Мексика Октавио Пас  ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт буд.

“Моҳи ваҳшӣ”, “Уқоб ё Хуршед”, “Камон ва барбат”, “Санги офтоб”, “Нақше аз сояҳо”, “Гузидаи ашъор”, “Хаёлпардозиҳои шабона” аз ҷумлаи китобҳои мунташиршудаи ӯ мебошанд.

Салим-КенҷаСоли 1936 дар гузари Кенҷаёғчии шаҳри Самарқанд шоири тоҷик Салим Кенҷа таваллуд шуд.  Вай баъди хатми мактаби ҳафтсола дар омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд таҳсил намуда, сонӣ баробари омӯзгорӣ кардан дар мактабҳои ноҳияи Самарқанд дар шӯъбаи шабонаи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ таҳсили илм намудааст.

Ашъори ӯ дар матбуоти давр ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ , аз қабили «Ҷавонон месароянд», «Хордаста», «Каҳкашони орзу», «Гулдастаи Самарқанд», “Гулистони адаб”, “Таронаҳои Самарқанд”, “Мадҳи Самарқанд” ва ғайра нашр гардидаанд.

Салим Кенҷа дар кори мураттаб сохтан ва таҳриру нашри ашъори тоҷикии адибони Самарқанд Мардонқул Муҳаммадқулов, Михоэл Завул, Абдукарим Ғанизода, Фаттоҳ Маҷидӣ ва дигарон саҳми арзанда гузоштааст.

Гулчини осори Салим Кенҷа дар маҷмӯҳои ӯ «Сайқали дил», «Садои Самарқанд» , “Умри гул”, “Шодию ғамҳои ман” гирд оварда шудаанд.

Дар ашъори Салим Кенҷа Самарқанд ва фарзандони баруманди он, неъматҳои истиқлоли Ӯзбекистон ситоиш ёфтаанд.

Бино ба навиштаи адиби маъруф Аслиддин Қамарзода Салим Кенҷа байни мардум ҳамчун Шоири халқии Самарқанд эътироф шудааст. Шеърҳои ӯ аз ҷониби овозхонон суруда мешаванд.

Салим Кенҷа тирамоҳи соли 2021 аз олам гузашт.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Таҳияи Б.Шафеъ.