Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми август
Соли 1604 дар шаҳри Порис намоишноманавис, театршинос ва адабиётшиноси фаронсавӣ Франсуа Эдлен ба дунё омад. Ӯро бештар бо номи аббат д’Обиняк мешиносанд.
Франсуа Эдлен 4 августи соли 1604 дар хонаводаи ҳуқуқшинос таваллуд шуда буд. Дар ҳамин ришта таҳсил намуд ва баъд аз хатм муддате вакили мудофиа ҳам кор кард. Баъдан ба кори роҳибӣ рафт ва дар оилаи маршал Майе-Брезе тарбиятгари ҳерсоги оянда де Фронзак шуд. Аммо соли 1646 ҳерсог Брезе ба ҳалокат расид ва чун то ин замон пуштупаноҳаш ӯ буду моҳонаи зиёд дарёфт мекард, ноилоҷ тарки вазифа намуд ва ба намоишноманависӣ рӯ овард.
Аввалин намоишномаи ӯ “Зенобия” ҳеч комёбие надошт. Ин буд, ки пйесаҳои дигари худро барои ба саҳна гузоштан пешниҳод нанамуд. Ягона романи фалсафии ӯ “Макариза ва ё шаҳбонуи ҷазираҳои хушбахтӣ”-ро низ начандон хуш қабул карданд.
Аммо чун назарияпардоз муваффақ шуд ва китобаш ”Таҷрибаи театр” маъруфият пайдо кард.
Соли 1859 дар коммунаи норвежии Вого нависандаи норвеж, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1920 Кнут Ҳомсун зода шуд.
Соли 1920 Ҳамсун барои асари бузургаш «Шарбати замин» (норв. Markens Grøde) барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Соли 1943 Ҳомсун медали ҷоизаи Нобелии худро ба вазири таблиғоти рейхи сеюм Геббелс дод.
Муфассалтар дар бораи Ҳомсун ин ҷост:
СОЛГАРДИ ДАРГУЗАШТИ КНУТ ҲОМСУН, АДИБЕ, КИ БА ИМТИҲОНИ ШУҲРАТ ТОБ НАЁВАРД
Соли 1875 дар хонаи дӯстонаш воқеъ дар наздикии Копенгаген дар синни 70-солагӣ нависандаи даниёӣ Ҳанс Христиан Андерсен вафот кард. Машҳуртарин навиштаҳои ӯ “Парии дарёии хурдакак”, “Ҷӯҷаи мурғобии зишт”, “Зиндагии ман”, “Маликаи барфӣ”, “Духтараки кибритфурӯш”, “Либоси ҷадиди подшоҳ” мебошад.
Соли 1829 аввалин китобаш бо номи “Гузориши як пиёдарав” мунташир шуд ва пас аз он пайваста китобҳои худро чоп кард. Дар оғоз китобҳое, ки барои бузургсолон навишта буд, ба назари худаш муҳимтар аз асарҳои тахайюлии ӯ буд. Аммо бо мурури замон дарёфт, ки ҳамин достонҳои омиёна баёнгари зиндагии шахсиятҳои камназири гузашта аст.
Мегӯянд вай пеш аз маргаш бо як оҳангсоз дар бораи мусиқии рӯзу маросими дафнаш суҳбат карда буд. Вай ба он оҳангсоз гуфта буд: “Бештари касоне, ки рӯзи дафнам маро гусел хоҳанд кард, кӯдакон хоҳанд буд. Зарбаҳои мусиқиро барои қадамҳои кӯчакашон ҳамоҳанг кун”.
Андерсон ҳанӯз пеш аз маргаш ба шуҳрати ҷаҳонӣ расида буд. Пеш аз маргаш ҳатто иқдом барои бунёди тандисе аз ӯ шуда буд.
Яке аз мунаққидон аз ӯ боре пурсида буд, ки оё рӯзе достони зиндагии худашро ҳам хоҳад навишт? Андерсон ҷавоб дод: “Ман қаблан онро навиштаам, номи он “Чӯҷаи мурғобии зишт аст”.
Зодрӯзи Андерсон Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдак номида шудааст.
Ҳамзамон ҷоизаи ба номи Андерсен ҳам таъсис шудааст, ки беҳтарин нависандагони асарҳои бачагона ва наққошони ороишдиҳанда бо он сарфароз мешаванд. Соли 1983 Шоири маъруфи Тоҷикистон Убайд Раҷаб ҳам бо ин ҷоиза сарфароз шуда буд.
Соли 1898 нависанда, шоир, филмноманависи Шӯравии рус, муҳаррири маҷаллаҳои «Ёж» ва «Чиж» Николай Олейников таваллуд шуд.
Соли 1920 вай ба сафи ҳизби коммунист пайваст, дар газетаи «Красный казак» кор кард. Вақте ба Бахмут кӯч баст, бо нависандагон Михаил Слонимский ва Евгений Швартс, ки аз Петроград омада буданд, шинос шуд.
Соли 1925 дар рӯзномаи ростовии “Молот” кор кард ва мудири шуъбаи “Ҳаёти ҳизбӣ” буд.
Соли 1925 аз ҷониби КМ ВКП(б) сардабири “Ленинградская правда” таъин шуд. Муддате дар маҷаллаи “Робинзони нав”, ки Самуил Маршак ташкил крада буд, ҳамкорӣ намуд.
24 ноябри соли 1937 дар синни 39-солагӣ парронда шуд. Ӯро 3 июли соли 1937 боздошт карда буданд ва ба фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам мешуд. Ба ҳамсараш Лариса Олейникова бардурӯғ иттилоъ доданд, ки шавҳараш чун “душмани халқ” 10 сол ҳабс шудааст ва ӯро иҷборан аз Ленинград берун карда буданд. 2 октябри соли 1956 хабарномаи марги ӯро ба ҳамсараш расонданд, ки гӯё соли 1942 бар асари домана аз олам гузаштаст. 13 сентябри соли 1957 сафед шуд.
Соли 1924 шоири маъруфи рус Сергей Есенин узви раёсати ҷамъияти адабиётшиносон ва наққошони “Русияи муосир” интихоб шуд.
Сергей Есенин соли 1916 баъди нашри аввалин маҷмуааш бо номи «Радунитса», ҳамчун шоири асилу тасвиргаро шинохта шуд. Худи ӯ навишта буд: «Шеърҳои ман ба мардум таассуроти калон бахшиданд. Маҷаллаҳои беҳтарини он замон эҷодиёти маро нашр карданд ва тирамоҳ китоби аввалини ман «Радунитса» пайдо шуд, дар бораи вай бисёр навишта шудааст. Ҳама якдилона гуфтанд, ки ман боистеъдод ҳастам. Ман инро аз дигарон беҳтар дарк мекардам.”
Солҳои 1920 Есенин бо беҳтарин ашъори ошиқона ва силсилаи шеърҳо барои модар, ки баъдҳо дар адабиёти на танҳо рус, балки дигар халқҳои Шӯравӣ таъсир гузошт, ном баровард. Ва исми худро чун беҳтарин шоири на танҳо замони худ, балки барои замонҳо и оянда абадан сабт кард.
Шеърҳои Сергей Есенин хеле зиёд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Як маҷмуа бо номи “Гулафшон” низ аз бо тарҷумаи хеле хуби устодони шеър Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир таҳия ва чоп шуда буд.
Муфассалтар дар бораи Сергей Есенин ин ҷост:
СЕРГЕЙ ЕСЕНИН: ДАР ИН ЗИНДАГӢ МУРДАН ЧАНДОН ТОЗАГӢ НАДОРАД…АСРОРИ МАРГИ ШОИРИ МАЪРУФ
Соли 2011 шоири тоҷик Субҳон Тӯйғун тарки олам кард. Вай соли 1930 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд шуд. Соли 1953 Курси дусолаи муаллимини Самарқанд, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, соли 1961 Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба поён расонда, чанд сол дар мактабҳои ноҳия муаллимӣ кардааст. Баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, солҳои зиёд муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ будааст.
Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Варзи Манор», «Гардун», «Суруди Урметан», «Мурғи сарой», «Марди баланд, «Оҳи дил» ба чоп расидаанд.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1987).
Аз соли 1950 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Б.Шафеъ