Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми июл
Соли 1761 дар Парсонс-Грин дар синни 71-солагӣ романнависи машҳури англис Сэмюэл Ричардсон ба дунё омад. Ӯро падари романи тахайюлӣ дар Англия меноманд. Ӯ будааст, ки достоннависии англисиро ба тавре ки имрӯз роиҷ аст, поягузорӣ кардааст.
Ричардсон дар хонаводае ба дунё омад, ки нуҳ фарзанд дошт. Баъди ба камол расидан дар ибтидо ба коромӯзӣ дар як чопхона машғул шуд ва илова бар фарогирии кори чоп ва тасҳеҳи намунаҳои китоб бо мутолеоти фаровон бар вусъати фикр ва иттилооти худ афзуд. Вай дар бистсолагӣ ба навиштан рӯ овард.
Аввалин романи ӯ “Помело, ё подоши покдоманӣ” ном дошт, ки соли 1840 навишта шуд. Баъди ин романи “Кларисса ва сарнавишти хонуми ҷавон” рӯи чоп омад.
Се романи баъдии Ричардсон аз ҳаёти синфҳои поёнӣ, болоӣ ва миёнаҳол баҳс мекунад. Масалан Помелло, аслан канизест, ки бо иффату покӣ ба нопокиҳову фишорҳои соҳибаш, ки мехост ба номусаш дастдарозӣ кунад, муқовимат мекунад. Аммо баъдан ҳамсари қонунии вай мешавад.
Соли 1848 бори аввал “Манифести Ҳизби коммунист”-и Карл Марс чоп шуд. Манифесте, ки баъдҳо ба як китоби рӯимизии коммунистон ва барномаи амал барои онҳо табдил ёфтӣ.
Соли 1865 бори аввал китоби Люис Кэррол “Алиса дар олами аҷоибот” чоп шуд. Ин китоб, ки барои кӯдакон навишта шудааст, достони хаёлии духтаре бо номи Алиса мебошад, ки ба дунболи харгӯши сафеде ба сӯрохи замин меравад ва дар он ҷо бо моҷароҳои аҷибе рӯбарӯ мешавад.
Алиса Лидделл – прототипи қаҳрамони асари машҳури Кэррол “Алиса дар олами аҷоибот” 16-уми ноябри соли 1934 дар синни 82-солагӣ вафот кардааст. Саргузаштҳои Алиса Лидделл басо мароқангезанд. Имрӯз кам касон шояд бовар кунанд, ки қаҳрамони яке аз машҳуртарин асари олам шахси воқеъӣ буд ва ҳатто дастнависи асарро, ки муаллиф барояш туҳфа карда буд, то дергоҳ нигоҳ медошт ва танҳо замоне дар ауксион ба фурӯш гузошт, ки ба пул муҳтоҷ буд.
Ин матолибро низ метавонед дар ин бора мутолеа намоед:
- БО БАЧАҲО. ПОРЧА АЗ КИТОБИ ЛЮИС КЭРОЛЛ “АЛИСА ДАР ОЛАМИ МУЪҶИЗАҲО”
- ПОРЧА АЗ КИТОБИ ЛЮИС КЭРОЛЛ “АЛИСА ДАР ОЛАМИ МУЪҶИЗАҲО”. ДАВОМАШ
- ПОРЧА АЗ КИТОБИ ЛЮИС КЭРОЛЛ “АЛИСА ДАР ОЛАМИ МУЪҶИЗАҲО”. ОХИРАШ
Соли 1900 дар шаҳри Порис шоир, нависанда ва рӯзноманигори аҳли Фаронса Робер Деснос зода шуд.
“Андӯҳ барои андӯҳ”, “Озодӣ барои ишқ”, “Шароби ғарқшуда”, “Охирин шоир”, “Беҳтарин айёми шоир” номи китобҳои ӯ мебошад.
Деснос 8 июни соли 1945 дар конслагери Терезин бар асари бемории домана аз олам гузашт. Вай 44 сол дошт.
Соли 1934 дар шаҳри Вена дар синни 61-солагӣ шоири яҳудӣ Ҳаим Биёлик бар асари як амали ҷарроҳии нобарор аз олам рафт. Ӯро классиси муосири шеър дар ватанаш медонанд. Аз вай ба унвони “Шоири миллии Исроил” ва яке аз чеҳраҳои муҳим ва таъсиргузор дар адабиёти ибрӣ ёд мешавад.
Соли 1964 дар шаҳри Москав дар синни 76-солагӣ шоир, намоишно манавис, тарҷумон ва мунаққиди адабии Шӯравӣ Самуил Маршак тарки олам кард.
Вай 3 ноябри соли 1887 дар деҳаи Чижовкаи Воронеж дар оилаи яҳудӣ ба дунё омада буд. Падараш Яков Миронович Маршак (1855-1924), зодаи Койданов дар корхонаи собунпазии бародарон Михайловҳо усто шуда кор мекард; модараш Евгения Борисовна Гителсон (1867—1917), зодаи шаҳри Витебск соҳибхоназан буд.
Чанд сол дар идораи «Детгиз», «Ленгосиздат» ва нашриёти «Молодая гвардия» дар Ленинград ба ҳайси роҳбар кор кардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми адибони Шӯравӣ дар бораи адабиёти бачагона маърӯза кард ва узви правленияи Иттифоқи нависандагони ИҶШС интихоб шуд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаҷвия зиёд менавишт ва дар рӯзномаҳои «Правда», «Красная звезда» шеъру мақола ва песаҳояш чоп мешуданд.
Соли 1960 достони тарҷумаиҳолии «Дар оғози зиндагӣ», соли 1961 «Тарбия бо калом» (маҷмуаи мақолаю қайдҳо оид ба маҳорати шоирӣ) ба табъ расидаанд.
Ӯ муаллифи тарҷумаҳои сонетҳои классикии Вилям Шекспир, сурудҳо ва балладаҳои Роберт Бернс, шеърҳои Вилям Блейк, В.Вордсворт, Ҷ.Китс, Р.Киплинг, Э.Лир, А.А.Милн, Ҷ.Остин, Ованес Туманян мебошад, инчунин асарҳои шоирони украин, белорус, литва, арман, ашъори Мао Сзэдун ва дигаронро низ тарҷума кардааст.
Соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 98 – солагӣ нависанда, намоишноманавис, филмноманависи Шӯравӣ Даниил Гранин вафот кард.
Гранин муаллифи повесту румонҳои зиёде аз қабили “Ҷустуҷӯкунандагон”, “Ба тӯфон меравам”, “Лейтенанти ман”, “Китобҳои муҳосиравӣ” “Зубр” буд.Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР, ва ҷоизаи Президенти Русия буд.
Гранин 1-уми январи соли 1919 дар Санк-Петербург ба дунё омадааст ва то охири умр дар ҳамин шаҳр зист, шаҳрванди ифтихории Санк-Петербург буд.
Мегӯянд метавонист дар ҷанг ширкат накунад, чун он замон коргари корхонаи Киров буд ва барои нарафтан ба ҷабҳа имтиёз дошт. Аммо ихтиёрӣ рафт ва аввалин ҳикояашро ҳам аввали солҳои 40 дар маҷаллаи “Звезда” чоп кард.
Дар солҳои бозсозӣ китоби ӯ бо номи “Зубр” машҳур шуда буд ва бисёриҳо онро хондаву дар борааш навиштаанд. Китоб дар бораи олими генетик Тимофеев нақл мекунад ва рӯйдодҳои солҳои мудҳиши табъидро ҳам ба тасвир мекашад ва нишон медиҳад, ки машҳуртарин олимон он солҳо чӣ ҳол доштанд.
Вале беҳтарин навиштаҳои ӯ дар бораи ҷанг буд ва ривоятгари он солҳои мудҳиш барои насли имрӯз аст, чун ҳар чизе тасвир кард, худ бевосита ширкаткунандаи он буд.
Рӯзҳои охир саломатиаш бад шуд ва лаҳзаҳои вопасини умрашро дар бахши эҳёгарии бемористон пушти сар кардааст. Ва бо ҳамин аз олам бирафт.
Соли 2022 дар Кронштадт дар синни 69-солагӣ баъди бемории дурудароз нависандаи тахайлнавис, адабиётшинос, мунаққиди аҳли Русия Алан Кубатиев вафот кард. Вай дар шаҳри Фрунзеи Қирғизистон ба дунё омада буд. Падараш марди осетинӣ ва мутахассиси адабиёти рус ва модараш ҷуғрофидон буд.
“Таърихи ИМА”, “Академияи Шекли” номи ду китоби ӯ мебошад.
Таҳияи Б.Шафеъ