Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми декабр
Соли 1803 дар Овстуги уезди Брянски губернияи Орлов шоири барҷаста, публистист ва дипломати рус Фёдор Тютчев ба дунё омад.
Соли 1814 шоири фаронсавӣ Эварист Парни тарки олам кард. Ӯ узви Академияи Фаронса ва дӯсти наздики Антуан Бертен (шоир ва сарояндаи аҳли Фаронса) буд. “Ҷанги худоён”, “Таронаҳои Мадегасс” аз асарҳои машҳури ӯянд.
Соли 1820 шоири рус ва олмонӣ, тарҷумон Афанасий Фет дида ба олам кушод. Ӯ аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Петербург буд. Фет барҷастатарин адибони рус аст, ки осораш ба забонҳои зиёди олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Некрасов гуфта буд, ки Фет ягон шоирест, ки метавонад дар шеър бо Пушкин рақобат кунад.
Соли 1828 журналист, публистист ва муаррихи адабиёти рус Валентин Фёдрович Корш таваллуд шуд.
Соли 1835 шоир ва намоишноманависи оламонӣ Август Платен аз олам рафт. Вай соли 1796 ба дунё омада буд. Ҳуте Платенро эҳтиром мекард, ба ашъораш баҳои баланд медод, вале ӯро ба хотири сардӣ ва вижагиҳои аҷибу ғариби ошиқонааш сарзаниш мекард. Гейне ба содагӣ истеъдоди ӯро напазируфт.
Соли 1870 нависанда, романнависи машҳури Фаронса Александр Дюма тарки олам кард. Вай 68 сол дошт. Александр Дюма 24 июли соли 1802 дар Виллер-Контрее Фаронса ба олам омада буд.
Ба хотири романҳои моҷароҷӯёнаи фаровонаш яке аз машҳуртарин рависандагони Фаронса ба шумор меравад.
Ба Дюма замоне, ки зинда буд, унвони “Султони Порис”-ро дода буданд ва эҳтиромаш дар кишвараш ба ҳадди ногуфтанӣ боло буд. Вай ба хотири романҳои моҷароҷӯёнаи фаровонаш яке аз машҳуртарин нависандагони Фаронса ба шумор меравад.
Бисёре аз романҳои ӯ, аз қабили “Се туфангдор”, “Малика Морго”, “Граф Монте-Кристо” романҳои дунболадор ва серёлӣ ҳастанд. Ӯ илова бар романнависӣ мақоланавис, намоишноманавис ва хабарнигор буд.
Беҳтарин романҳо ва достонҳои ӯ ғайр аз се романе, ки болотар аз онҳо ёд кардем: “Табъидшудагон”, “Капитан Паул”, “Устоди шамшерзанӣ”, “Ҷанги занон”, “Бонуи рангпарида”, “Раҳбари гургҳо”, “Робин Гуд. Шоҳзодаи дуздон” ва ғайра мебошанд.
Соли 1909 дар дарёчаи Сиёҳ дуэли ду шоири рус: Максимилиан Волошин ва Николай Гумилёв барпо шуд. ДУЭЛ (фаронсавии duel) набарди рӯбарӯи ду танест, ки яке дигареро барои тавҳин ва иснод овардан ба номаш даъват мекунад ва дар аксар мавридҳо яке ҳатман кушта мешавад.
Машҳуритарини ин дуэлҳо дар таърихи адабиёти рус набард миёни Пушкин ва Дантес буд, ки ба ҳалокати шоири маъруф ба поён расид. Аммо дуэл миёни Максимилиан Волошин ва Николай Гумилёв фоҷеабор набуд. Туфангчаи Волошин ду бор ҳам тир наандохт, Гумилёв бошад тираш хато рафт ва ё қасдан ҳарифро ба нишон нагирифт. Сабаби дуэл Гумилев буд, ки Волошин ӯро барои лафзи қабеҳаш нисбат ба шоира Елизаветта Дмитреева силӣ зада буд.
Соли 1925 дар шаҳри Варшава нависандаи лаҳистонӣ Владислав Реймонт дар синни 58-солагӣ аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1924 буд.
Владислас Реймонт 7 майи соли 1867 ба дунё омада буд.
Беҳтарин ва шинохтатарин асари ӯ романи чорҷилдаи “Деҳқонон” буд. Ин роман, ки воқеъаи ғамангез дар зиндагии як хонаводаи деҳқонро ба тасвир мекашад, шоҳкори Реймонт ба ҳисоб меояд ва то кунун бо аксари замбонҳои зиндаи дунё тарҷум а шудааст. Маҳз ҳамин роман ӯро ба ҷоизаи Нобел расонд.
“Сарзамини мавъуд” (роман), “Мардон” (роман), “Қабл аз субҳ”, “Боадолат” (повест), “Комендиантдухтар” (роман), “Хуношом” (роман), сегонаи таърихии “Соли 1794”, “Шӯриш” номгӯи чанд офаридаи ӯст.
Соли 1934 адиб, филмноманавис, романнавис, рӯзноманигори амрикоӣ Ҷуан Дидион ба дунё омад. Романҳо ва мақолаҳои вай ба баррасии заволи ахлоқи амрикоӣ ва харҷу марҷи фарҳангӣ мепардозад ва мавзӯи аслии ӯ фардиву иҷтимоист.
Ин асарҳо аз ӯянд: “Китоби дуоҳои муштарак”, “Демократия”, “Охирин чизе, ки мехост”, “Бидав, дарё”, “Албоми сафед”, “Пас аз ҳунаре”, “Достонҳои сиёсӣ”, “Аз куҷо будам”, “Соли тафаккури ҷодуӣ”, “Шабҳои обӣ”, “Ҷануб ва ғарб”, “Бигзоред ба шумо бигӯям,манзурам чист”, “Ҳамон тур, ки ҳаст, онро пахш кунед”, “Ситорае мутаваллид шудааст”, “Эътирофоти воқеъӣ”, “Ҳамон тур, ки иттифоқ меуфтад”…
Соли 1946 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санг-Петербург) хона-осорхонаи Николай Некрасов боз шуд. Некрасов шоир, нависанда, публистисти маъруф ва яке аз шинохтатрин чеҳраҳои адабии рус мебошад, ки солҳои 1821-1878 зистааст.
Ӯ бо достонҳои «Дар Русия зистан ба кӣ хуб аст” «Сармои сурхбинӣ», «Занони рус», шеърҳои «Бобои Мазай ва харгўшон», «Роҳи оҳан» «Дар Волга» маъруф аст.
Ашъораш асосан ба ранҷу азоби мардум, заҳмати тоқатфарсо ва пурмоҷарои деҳқонон бахшида шудаанд. Некрасов забони бою пурғановати халқӣ ва фолклориро ба назми рус ворид намуда, дар осори худ аз наср ва гуфтори мардуми одӣ – аз забони рӯзмарра то публистистика, аз забони омма то луғати шоирона, аз услуби суханварӣ то тақлидиву ҳаҷвӣ васеъ истифода бурда, фонди луғавии назми русро хеле васеъ кард.
Некрасов аввалин касе буд, ки дар доираи як ашъор ва як шеър омехтаи далеронаи ангезаҳои мағмум, лирикӣ ва ҳаҷвӣ қарор дод, ки қаблан касе инро накарда буд. Ашъори ӯ ба инкишофи минбаъдаи назми классикии рус ва баъдан шӯравӣ таъсири назаррас расонд.
Соли 1987 дар Опава (шаҳре дар Ҷумҳурии Чех) нависандаи чехословокӣ Мирослав Рафай вафот кард. Вай ҳамагӣ 53 сол умр дид.
Соли 2010, нависанда, мақоланависи тоҷик Карим Абдулов аз олам гузашт. Вай 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчо зода шуд. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст.
То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст.
Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992 мудири Котиботи Президенти ҷумҳурӣ, баъдан, солҳои тӯлонӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» будааст.
Дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»- ро таълиф намудааст.
Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Fафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд».
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ