Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5 – уми июн

adaibiyotСоли 1455  шоир ва нависандаи аҳли Фаронса Франсуа Вийон ҳангоми кӯшиши ғорати калисо дар бархурд бо ходимони он як роҳиби калисоро шадидан захмӣ кард ва Порисро тарк намуд. Номи аслии ӯ де Монкорбе ва ё де Лож буд. Миёни 1-уми апрели соли 1431 ва 19-уми апрели соли 1432 дар Порис таваллуд шуда, баъди соли 1463 ва на дертар аз соли 1491 вафот кардааст. Ӯро аввалин шоири лирики асри миёнаи Аврупо медонанд.

Аммо рӯйдоди даргирии ӯ дар калисоро дар баъзе манбаъҳо аз барои кадом зане донистаанд, на ғорати ибодатгоҳ. Зоҳиран шоир бо роҳиб барои ишқ бо зане даруфтода ва ба хотири ҳимоят аз худ роҳибро захмӣ кардаву фирор намудааст. Аммо дар асл ин ҳодиса ба сарнавишти ояндаи Вийон нақши манфӣ набозид, зеро роҳиби захмхӯрда қабл аз марг ӯро бахшид ва додгоҳи подшоҳӣ низ вайро бегуноҳ эълон намуд.

Вале ҳафт моҳ зистан дар канораҳои Порис барояш сахтӣ овард ва чун бепул монд, бо ҷинояткорони касбӣ ҳамнишин гашт. Моҳи октябри ҳамон сол дар ду ҳодисаи ғорат аз ӯ гумонбар шуданд.  Аввали соли 1456 ба Порис баргашт ва шаби мавлуди Исо ҳамроҳ бо се нафари дигар дар ғорати  коллеҷи Наввар иштирок намуд ва панҷоҳ экюи тиллоро ба яғмо бурданд. Вийон баъди тақсими ғанимат бори дигар тарки Порис кард. Чун баъди чанд моҳ ҷузъиёти ғорат ошкор ва номи ширкаткунандагонаш ҳам маълум шуд, вай дигар наметавонист ба Порис баргардад. Дар бораи боздошти ӯ маълумоти дақиқ дар даст нест. Манбаъҳо дар солҳои 1460-1461 зиндонӣ будану баъдан бахшида шуданаш аз ҷониби шоҳ хабар додаанд.

Соли 1640 дар вилояти Шандун нависандаи чинӣ Пу Сунлин ба дунё омад. Вай муаллифи асари “Ляо-чжай-чжи-и” мебошад, ки 16 ҷилдро дар бар мегирад. Дар асар 431 новелла ҷо дода шудааст, ки бо услуби анъанавии новеллаҳои чинии асрҳои VIII—XVI, дар жанри сяошо иншо шудааст.

Пу Сунлин боз муаллифи 1100 шеъру романс ҳам мебошад.

Ӯро муаллифи ривоятҳо дар бораи худогуна Нюйва медонанд. Нюйва дар асотир ва афсонаҳои Чини бостон худои модар ва унвони як эзидбону аст, ки беҳтарину бартарин созандаи навъи башар дониста мешавад

garsia-lorkaСоли 1898 дар Фуэнте-Вакерос шоир, намоишноманавис, мусиқидон ва рассом Федерико Гарсиа Лорка зода шуд. Вай аз муҳимтарину шинохтатрин чеҳраҳои фарҳанги Испаия дар асри ХХ ба шумор меравад. Ӯро мансуб ба “Насли соли 27” медонанд. Ин гурӯҳ наққошон, нависандагон ва сарояндагони он замонро ба ҳам оварда буд.

Номи пурраи ӯ Федерико дел Саградо Корасон де Хесус Гарсиа Лорка буд. Вай дар хонадон аввалин фарзанд буд, баъди ӯ як писар ва ду духтари дигар ба дунё омаданд. Падараш корхонаи тавлиди шакар дошт, модараш омӯзгор буд.

Баъди хатми мактаб ба Мадрид рафт. Дар ин шаҳр бо намоишноманависон Эдуардо Маркиной ва Грегорио Мартинес шинос шуд. Бо даъвати ахирӣ ин истеъдоди ҷавон соли 1920 намоишномаи “Ҷодугарии шоҳпара”-ро рӯи саҳна овард. Ин намоиш аз ишқи шоҳпара бо нонхӯрак қисса мекард, вале бинандаҳо онро хуш қабул накарданд. Ин буд, ки муддатҳо Федерико таваҷҷуҳи худро танҳо ба шеър мутамарказ кард ва аввалин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Китоби шеърҳо” соли 1921 рӯи чоп дид.

Соли 1928 ба ИМА рафт ва дар шаҳри Ню-Йорк мустақар шуд. Китобаш бо номи “Шоир дар Ню-Йорк” баъди марги ӯ чоп шуд.

Охирин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Сонета дар мавзуи муҳаббат” буд. Азбаски дар бораи гароишҳои ҷинсии Лорка гуфтугӯҳои зиёданд ва аксаран ба ҳамҷинсгаро будани вай таъкид мекунанд, мухотаби ин китобро ҳам марде медонанд.

Гарсиа Лорка ҷонибдори Ҷумҳурихоҳон буд ва бо сари қудрат омадани Франсиско Франко вазъ дар Испания бад шуд ва ба ҷони шоир ҳам хатар таҳдид мекард. Дӯстонаш маслиҳат доданд, ки ё ба Мексика фирор кунад ва ё ба ҳаддиақал ба Мадрид равад, чун дар шаҳри бузург ӯро намешиносанд. Вале Лорка дар зодгоҳаш монд. Ва соли 1936 боздошт шуд.

Дар бораи марги ӯ низ хабари дақиқ нест. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар зиндон парронданд ва ё дар вақти бархурдҳо кушта шуд. Аз 18 августи соли 1936 дар бораи идомаи зиндагии Гарсиа Лорка маълумот нест. Ҷасади ӯро бо вуҷуди дуюмин асри ҷустуҷӯ ҳамоно пайдо накардаанд.

Соли 1900 дар Баденвайлер дар синни 28 – солагӣ бар асари бемории сил шоир, насрнавис ва рӯзноманигори армикоӣ Стивен Крейн вафот кард. Вай асосгузори верлибр (шеъри озод) дар адабиёти Амрико ба шумор меравад.

aleksandr_grinСоли 1905 дар мурофиаии такрорӣ барои илова намудан ба муҳлати будубош дар бадарға нависанда, шоири лаҳистонитабори рус Александр Грин як сол ба зиндон маҳкум шуд.

Александ Грин 23-августи соли 1880 дар губернияи Вятски империяи Русия ба дунё омада буд. Ӯро яке аз маъруфтарин намояндагони неоромантизм меноманд. Муаллифи асарҳои зиёди фалсафиву равоншинохтӣ бо унсурҳои тахайюли намодгароӣ (символизм) мебошад.

Ӯ дар асарҳои худ кишвари тахайюлиеро месозад, ки баъдан мунаққид К.Л. Зелинский ба он номи “Гринландия” дода буд. Аксари рӯйдодҳое, ки адиб дар асарҳояш тасвир мекунад, дар ҳамин кишвари хаёлӣ мегузаранд. Аз ҷумла ҳаводиси тасвиршуда дар романи “Давидан ба рӯи амвоҷ” ва “Бодбонҳои қирмизӣ” маҳз дар ҳамин мамлакати тахаюлии Грин рух медиҳанд.

Аз соли 1903 то соли 1917 борҳо барои суханрониҳои зиддидавлатиаш боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ ё бадарға шудааст.

8 июли соли 1932 дар синни 51-солагӣ дар шаҳри Қрим аз олам гузашт.

o-enriСоли 1910 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи амрикоӣ О.Ҳенрӣ тарки олам кард. Вай ҳамагӣ 47 сол дошт.

О.Ҳенрӣ (номи аслиаш Уилям Сидни Портер, анг. William Sydney Porter) 11 сенябри соли 1862 дар Каролинаи Шимолии ИМА ба дунё омад буд. Ӯро устоди достонҳои кутоҳ меноманд.

Достонҳои кутоҳи О.Ҳенрӣ ба далели латофати табъ, бозӣ бо калимот, шахсиятпардозӣ, шӯрангез ва поёни ҳушмандона ва ғофилгиронаашон маъруф ҳастанд.

Ин нависанда дар тӯли умри кутоҳаш бештар аз 400 ҳикоя навишт. Имрӯз ҷоизаи адабие ҳам бо номи ӯ вуҷуд дорад.

Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои О.Ҳенрӣ бо номи “Чаҳор миллион” соли 1899  чоп шуд. Вай дар адабиёти Амрико навъе аз достонҳои кутоҳро ба вуҷуд овард, ки дар онҳо гурӯҳҳо ва дасисаҳо дар поёни достон ба тарзи ғофилгирона ва ғайримунтазира гушода мешаванд.

“Нони занони афсунгар”, “Ситора ва уқоб”, “Ихтиёрот”, “Қалби Мағриб”, “Овози шаҳр”, “Роҳҳои сарнавишт”, “Чарху фалак” номи чанд китоби ӯ мебошад, ки ба форсӣ тарҷума шудааст.

margaret_drabbleСоли 1939 дар Шеффилд нависанда ва намоишноманависи англис Маргарет Дрэббл таваллуд шуд. “Парваришгоҳ барои парандагон”, “Як мавсими тобистон”, “Ташаккур ба шумо”, “Байтулмуқаддаси тиллоии ман” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Маргарет Дрэббл муаллифи намоишнома филмномаҳои зиёде низ мебошад.

Соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа)-и  ВМКБ адиб, пажӯҳишгар, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик Қурбони Аламшоҳ (Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич) таваллуд ёфтааст.

Аввалин ҳикояву мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Пионери  Тоҷикистон»,  маҷаллаҳои «Машъал»,   «Хорпуштак», рӯзномаҳои «Смена» ва «Ленинградская правда» чоп шудаанд.

urboni-alamshohМуаллифи     китобҳои     «Ҳикоёт»    (1996), «Гӯсфанди Марко» (1998) ва «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни сиёсиву давлатӣ, Қаҳрамони  Тоҷикистон   Шириншоҳ Шоҳтемур; 1999) аст.

Соли 2012 китоби «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» – маҷмӯаи осори адибони тоҷик дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Ш.Шоҳтемур ва маҳсули таҳқиқоти ӯ дар бойгониро таҳти унвони «Помир, 1937» ба чоп расонд.

Соли 2013 китобҳояш «Достони муаллим» ва «Шириншо Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон» (ба забони русӣ) аз чоп баромаданд.

Мазҳакаи адиби машҳури сербӣ Бронислав Нушич «Депутати халқӣ» (2009), «Дӯстам Тембо»-и С.Сахарнов (1987) ва «Мбулуи заррин» (ҳикоёти халқии Гвинея Биссау, 1988) дар тарҷумаи ӯ ба чоп расидаанд.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

eleanor_farjeonСоли 1965 дар Хампстед  дар синни 84-солагӣ нависанда ва шоири кӯдакнависи англис Элеанор Фардҷун аз олам гузашт. Элеанор бештар барои бачаҳо шеъру ҳикояву тарона менавишт, вале бештар афсонаҳои ӯ  машҳур шудаанд.

Ҳамчунин чанд ҳикояти ҳаҷвӣ барои калонсолон низ навиштааст.

Нависанда, намоишноманавис ва рӯзноманигори англис Бенджамент Фарҷун падари ӯ буд.

Соли 1956 бо қарори Шӯрои байналмилалии адабиёти кӯдакон ва наврасони ЮНЕСКО Фардҷун аввалин барандаи Ҷоизаи Андерсен, ки онро Нобели кӯдакон ҳам меноманд, шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Лос-Анжелес нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Рэй Брэдбери вафот кард. Ӯро нависандаи гунаҳои хаёлпардозӣ, ваҳшат ва илмӣ-тахайюлӣ меноманд. Брэдбериро бештар барои асарҳои машҳураш “Фаренгейт 451 дараҷа”, “Солномар Марс” мешиносанд.

Дар тӯли умраш бештар аз 80 асари адабӣ навиштааст, ки як қисм ати онҳо повест ва романҳо буда, садҳо ҳикоя, намоишнома ва шеърҳо мебошанд.

Ӯро бидуни шак аз классикони асарҳои илмӣ-тахайюлӣ меноманд. Ҳарсан шеър ҳам менавишт, вале шеъраш маъруфият касб накард. Хидматҳои ӯро дар адабиёт дар он мебинанд, ки тавонист таваҷҷуҳи хонандаро ба асарҳои илмӣ-тахайюлӣ ҷалб созад.

Соли 2012 дар Перудҷ дар синни 81-солагӣ аз бемории саратони шуш нависандаи англис Барри Ансуорт аз олам гузашт. Ӯ ба хотири достонҳои таърихиаш шуҳрат дошт. Муаллифи 17 роман аст ва се маротиба барои дарёфти Ҷоизаи Букер, ки маъруфтарин ҷоизаи адабиёти англисӣ ба шумор меравад, номнавис шуд. Танҳо чоли 1992 барои романи “Гуруснагии муқаддас” ин ҷоизаро ба даст овард.

“Зиндагии англис дар қарни ҳаждаҳум”. “Таърихчаи адабиёти англис”, “Гуруснагии муқаддас”, “Ҷамъият”, “Дарёи бидуни ном”, “Арбоб ва навкар” номи чанд асари ӯ мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ