Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми сентябр
Соли 1568 дар Стило (комуна дар Италия) файласуф, диншинос ва нависанда Томмазо Кампанелла ба дунё омад. Асари машҳуртарини ӯ “Шаҳри Офтоб” ном дорад. Ӯро аз бузургтарин андешамандони Аврупои замони Эҳё медонанд. Риёзидон, физикдон, диншинос ва назарияпардози мусиқии Италия Кампанелла ва Галилейро “бузургтарин фарзандони Италия” номида буд.
Вай дар хонаводаи як мӯзадӯзи бесавод ба дунё омада буд. Вале аз он ки шахси қобилиятноке буд, тавонист мактаби диниро хатм кунад. Вале чун ба низоми дайр итоат накард ва рӯ оварданаш ба таълимоти тасаввуф, билохира маностирро такр кард ва солҳои 1591-1598 як ҳаёти саргардонро дар Италия пушти сар гузошт ва дар ин муддат чор маротиба боздошт ва зиндон шуд.
Соли 1599 нақшаи шӯриш зидди ҳукуматдорони Италияро тарҳрезӣ кард ва ба флоти Империяи Усмонӣ такя кард. Аз ин рӯ, бори панҷум боздошт ва шиканҷа шуд, вале тавонист ҳукмаш ба қатл нарасад. Аммо 27 солро дар зиндонҳои Неапол гузаронд. Ва маҳз дар ҳамин давра ба навиштани асарҳои илмиву адабӣ машғул шуд. Чанд рисолаи фалсафӣ навишт, дар диншиносӣ ҳам асар эҷод кард, дар бораи астрология, ахтаршиносӣ, тибб, физика, риёзӣ ва сиёсат ҳам китобҳо иншо кард.
21 майи соли 1639 дар синни 70-солагӣ дар Порис аз олам гузашт.
Соли 1733 шоир ва нависандаи олмонӣ Кристоф Мартин Виланд таваллуд шуд. Ӯро қатори Лессинг, Шиллер ва Ҳуте аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии асри XVIII Олмон медонанд.
“Дон Силвио де Розалва”, “Агатон”, “Дон Кихоти нав”, “Сарнавишти шоҳзода Брибинкер”, “Оберон шоҳи соҳирон”, “Оберон, Музарион” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1750 дар Эдинбург шоири шотландӣ Роберт Фергюсон зода шуд. Аксари шеърҳои ӯ, ки то замони мо омада расидаанд, асосан баъди соли 1774 дар моҳномаи Уолтер Руддиман нашр шудаанд. Бо вуҷуди он ки умри дароз надид, вале ба ашъори шоири шотландӣ Роберт Бёрнс таъсири хуб гузоштааст.
16 октябри соли 1774, замоне, ки синнаш нав ба 24 мерасид, аз олам рафт.
Соли 1803 нависанда, ихтирогар, корманди ҳарбии фаронсавӣ Пйер Амбруаз Франсуа Шодерло де Лакло аз олам гузашт. Романи ӯ “Иртиботҳои хатарнок”-ро намунаи аввалин романҳои равонӣ меноманд. Вай ҳамчунин муаллифи чандин аср дар бораи таърихи инқилобҳо ва масоили ҳарбӣ мебошад.
Лакло танз ҳам менавишт ва аз як ҳаҷвияи ӯ дар бораи графиня Дюбарри (Жанна Бекю) хеле машҳур шудаву ҳатто Александ Пушкин ҳам чун эпиграф дар яке аз шеърҳояш истифода кардааст.
Соли 1817 дар Санкт-Петербург нависанда, шоир, намоишноманавис, тарҷумон, танзнависи аҳли Русия граф Алексей Константинович Толстой зода шуд. Вай аз дудмони Толстойҳо буд. Аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои салтанатии Русия ба шумор мерафт.
Алексей Толстой ду сол пеш аз маргаш Аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои салтанатии Русия интихоб шудааст ва дар як рӯз бо Лев Толстой. Академик А.В. Никитенко дар хотироташ навиштааст: “Графҳо Лев Толстой ва Алексей Толстой ба узвияти Акадаемияи илмҳо интихоб шуданд”.
“Дон Жуан”, “Ғами бегон”, “Шӯриш дар Ватикан”, “Ҳақиқат”, “Княз Михайло Репнин”, “Ноқусзанӣ”, “Се зарба”, “Иля Мурометс”, “Нобино” номи чанд асари ӯ мебошад.
Граф Алексей Толстой 10 октябри соли 1875 дар синни 58-солагӣ аз дунё гузашт.
Соли 1939 дар шаҳри Москав духтари Марина Светаева Ариадна Эфрон, ки аз муҳоҷират ба ватан баргашта буд, боздошт шуд. Вай 15 соли ҳаёти худро дар зиндон пушти сар кард. Ариадна Эфрон тарҷумон, наққош, санъатшинос ва шоир буд. Ягон шеъри дар синни балоғат навиштааш дар замони зинда буданаш чоп нашудааст.
Дар боздоштгоҳ зери фишор ва зарбу лату шиканҷа ногузир шуд зидди падараш баёнот диҳад. Дар бораи ҳалокати волидонаш дар соли 1941 (модараш ҳангоми интиқол ба Елабуга худкушӣ кард ва падараш парронда буданд), хеле дер хабар ёфт.
Соли 1948 аз ҳабс озод шуд, вале соле баъд дубора боздошт ва якумрӣ маҳкум ба зиндон шуд. Соли 1955, баъди марги Сталин сафед шуд ва ба Москав баргашт.
Соли 1975, дар синни 62-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ аз дунё гузашт.
Соли 1958 дар ИМА романи Борис Пастернак “Доктор Живого” нашр шуд. Борис Пастернак ин романро муддати даҳ сол, аз соли 1945 то 1955 эҷод кардааст ва баландтарин қулла дар эҷодиёти адиб ба шумор меравад. Роҳбарони ҳизбиву давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ китобро хуш қабул накарданд, ҳато адибони доираи Кремл аз он интиқод карданд. Мавқеъи адиб дар бораи Инқилоби Октябр як сабаби аслии интиқодҳо буд. Роман дар Шӯравӣ иҷозаи бознашр наёфт.
Аз рӯи ин роман ду маротиба, соли 1965 дар Амрико ва соли 2005 дар Русия филм бардоштанд.
Соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд шоири тоҷик Шаҳноза (Шаҳнози Беназир) таваллуд шуд. Соли 1997 Литсеи зодгоҳашро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардидааст. Муддате таҳсилро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома додааст. Чанд сол котиби масъули маҷаллаи адабӣ ва илмӣ-оммавии «Паёми Суғд» ва котиби масъули Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд будааст. Баъдан, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шудааст. Ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад.
Маҷмӯаҳои ашъораш «Мелоди орзу» соли 1997 ва «Фосилаи дастҳо» соли 2001 ба табъ расидаанд.
Дар ашъораш ишқи ҳақиқӣ ва муҳаббати маҷозиро хуб таҷассум кардааст. Тасвирҳояш нозук, ҷозибанок, забону тарзи баёнаш суфтаву ғанист. Шеъргӯйиро аз рӯи ҳавас интихоб накарда, ба шеъру шоирӣ назари ҷиддӣ дорад. Пайваста меомӯзад ва навиштаҳояш шаҳодати ҷустуҷӯҳои ҷиддии эҷодии ӯстанд.
Соли 1998 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудааст.
Соли 1992 дар шаҳри канадиёии Лондон (вилояти Онтариои Канада) дар синни 81-солагӣ нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Фринс Лейбер вафот кард. Вай 24 декабри соли 1910 ба дунё омада буд. Барандаи шаш ҷоизаи Хюго ва чаҳор ҷоизаи Небюло. Романҳои “Ҳазораи сабз”, “Вақти бузург”, “Дарвеш”, “Шабаҳ дар Техас”, “Ҷодугарзан” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.
Соли 1993 дар шаҳри Москав дар синни 98-солагӣ шоири аҳли Русия Анастасия Светаева аз олам гузашт. Вай духтари профессор Иван Светаев ва хоҳари хурдии Марина Светаева буд.
Китоби аввалинаш “Воқеаномаи гуруснагӣ”-ро соли 1927 навишт, вале натавонист онро чоп кунад.Романи дигари ӯ бо номи «SOS, ва ё Бурҷи Ақраб”-ро низ ҳамин сарнавишт интизор буд. Соли 1927 ба Аврупо меравад ва охирин бор бо хаҳараш дар Фаронса дидор мекунад.
Баъди бозгашташ соли 1933 боздошт мешавад ва бо талоши Борис Пастернак, Е.Пешков ва Максим Горкий баъди 64 рӯз озод мегардад.
2 сентябри соли 1937 бори дигар боздошт мешавад ва кормандони НКВД ин бор кулли афсонаву ҳикояҳои навиштаи адибро ба оташ мекашанд.
Соли 1947 аз ҳабс озод мешавад ва соли 1949 бори сеюм боздошт ва ба вилояти Новосибирск бадарға мешавад. Соли 1959 ҳукми додгоҳро бекор эълон мекунанд ва Светаева бо дарёфти ҳуки бегуноҳӣ ба Елабега меравад, то қабри хоҳараш Маринаро пайдо кунад.
“Мулоҳизаҳои шоҳона”. “Дуд, дуд ва дуд”, “Пирӣ ва ҷавонӣ”, “Зангӯланавози Москав”, “Сибири ман”, “Маҷмуаи ягонаи ман”, “Воқеаномаи гуруснагӣ”, «SOS, ва ё Бурҷи Ақраб” номи чанд китоби ӯ мебошад.
Таҳияи Б.Шафеъ