Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми январ
Соли 1846 дар Аурих нависанда ва файласуфи олмонӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1908 Рудолф Эйкен ба дунё омад. Асарҳои “Таърих ва таҳлил муҳимтарин аркони асри мо”, “Бахши ҳақиқии дин”, “Маънӣ ва арҷи зиндагӣ”, “Инсон ва олам” мансуб ба ӯянд.
Соли 1921 дар Конолфинген нависанда ва намоишноманависи аҳли Швейтсария Фридрих Дюрренматт таваллуд шуд. Аз ӯ ин асарҳо ба форсӣ тарҷума шудаанд: “Физикдонҳо”, “Қавл”, “Адолат” (достони полисӣ), “Ҷустуҷӯ”, “Мулоқоти бонуи солхӯрда”, “Ғуруби рӯзҳои охири поиз”, “Кашмакаш бар сари сояи хар”, “Шаҳоби соқиб” ва ғайра.
Соли 1932 дар Алессандрия нишонашинос, файласуф, мутахассиси асрҳои миёна, мунаққиди адабӣ ва нависандаи маъруфи Италия Умберто Эко таваллуд шуд. Романҳои “Номи гули сурх”, “Ҷазираи рӯзи пешин”, “Гӯристони Прага”, “Шумораи сафар” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Эко Умберто 19-уми феврали соли 2016 бар асари бемории саратон тарки олам кард.
Соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд адиби тоҷик Қурбон Алӣ (Ӯрмонов Қурбоналӣ) таваллуд шуд. Қиссаи «Пораи дили ман» аз ҳаёти ҷавонони деҳот нақл мекунад, ки дар моҳномаи «Садои Шарқ» (1976) интишор ёфтааст.
Ҳамчунин, муаллифи китобҳои «Ташаббус» (1976), «Ашти Калон» (ҳамроҳи З.Дӯстматов, 1978), маҷмӯаи ҳикояҳои «Кавкаб» (1976), қиссаву ҳикояҳои «Пораи дили ман» (1980) мебошад, ки дар авроқашон корномаи ризқофарандагони саҳроҳои кишоварзӣ ва рӯҳияи созандагию бунёдкории мардуми оддӣ некӯ таҷассум ёфтаанд.
Соли 1984 аз олам даргузашт.
Соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг шоири маъруфи тоҷик Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо ба дунё омад. Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғайра мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон (1994). Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
26 августи соли 2006 вафот кард.
Соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро шоири тоҷики муқими Бухоро Асад Гулзода дида ба олам кушод. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе соҳиб гардидааст. То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст.
Асосан барои кӯдакону наврасон менависад.
Маҷмӯаҳои шеъраш дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004) ва ғ. аз хамин қабиланд.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1946 дар шаҳри Красноярск нависандаи рус Евгений Попов ба олам омад.
Соли 1951 дар шаҳри Москав бар асари бемории сил нависанда, шоир, публистист, намоишноманавис, журналист, хабарнигори ҳарбӣ, муҳандис ва ихтирокор Андрей Платонов аз олам рафт.
Платонов аз ҷумлаи мунтақидони низоми Шӯравӣ буд ва сарварони коммунистро ба бероҳа шудан аз ғояҳои марксистӣ муттаҳам мекард. Вай дар романи “Сталин” навишт, ки “ангезаи пешрафт, талош ва ҳатто ватандӯстиро” аз русҳо гирифта буд ва танбалиро ҷойгузини сахткӯшӣ карда буд. Ӯ худ коммунист буд, вале дар даврони Сталин ду маротиба чун “унсури зиддиинқилоб” шинохта шуд ва то марги Сталин иҷозаи чопи осорашро надошт.
Аз Платонов 20 китоб шомили роман, повест, як романи нотамом, чанд намоишнома ва як филмнома боқӣ мондааст.
Соли 1951 дар деҳаи Падрохини ноҳияи Масчоҳ Муҳаммадзамони Солеҳ ба дунё омад. Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст.
Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.
Соли 1978 дар шаҳри Мартинез, иёлати Калифорния нависандаи асарҳои тахайюлӣ, хонум Шеннон Макгвайр ба дунё омад. Вай ҳамчунин бо тахаллуси Мира Грант асарҳои ҷолиби илмӣ-тахайюлӣ меофарад. Повести машҳури “Ҳар дилеро даре” аз ӯст.
Шеннон Макгвайр дар шаҳри Сиэтле ҳамроҳ бо се гурбаи худ зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд метавонад соатҳои тӯлониро сарфи корҳои беҳуда кунад ва ба рӯйхати ин гуна корҳо вай нишастан лаби дарё, гузор аз ботлоқзорон, гаштугузор, тамошои филмҳои даҳшатнок, хазандаҳои заҳрдор ва ғайраро дохил мекунад.
Соли 1982 дар шаҳри Москав нависанда, журналист, тарҷумони забони олмонӣ ва англисӣ Даря Бобилёва ба дунё омад.
Соли 1987 дар Смит-Эннисмор-Лейкфилд дар синни 60-солагӣ нависандаи англисизабони Канада Маргарет Лоренс, ки гирифтори бемории саратон буду, марҳилаи охири касалиро пушти сар мекард, даст ба худкушӣ зад. Вай 60 сол дошт.
Соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурге дар синни 86-солагӣ нависанда, шоир ва тарҷумони русу Шӯравӣ Вадим Шефнер аз олам рафт.
Таҳияи Б.Шафеъ