Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми апрел
Соли 1605 шоири швед, моҷароҷӯву маккор Ларс Виваллиус ба дунё омад. Аввал номаш Ларс Свенссон буд, баъдан насабашро ба Виваллиус тағйир дод. Соли 1623 дар донишгоҳи Уппсал ба таҳсил оғоз кард. Баъдан ба сафари Аврупо баромад. Дар Олмон сарбоз Ҷанги сисола шуд.
Дар Нюрнберг ба додгоҳ кашиданд, аммо худро данияёӣ муаррифӣ кард ва аз боздоштгоҳ фирор намуд. Дар Нюрнберг барои кадом ҷинояте барояш ҳукми қатл доданд, вале ба зудӣ тавонист ба Шветсия фирор кунад.
Аммо дар Шветсия низ ба маҳбас уфтод ва соли 1641 дар қалъаи Каянебрг ба ҳабс маҳкум шуд.
Баъди озодӣ дар Стокҳолм ва Вавалла вакили мудофиа буд.
Соли 1670 дар шаҳри Порис шоир ва намоиноманависи машҳури қарни 17-уми милодии фаронсавӣ Жан Батист Руссо таваллуд шуд.
Асарҳои драмавии вай то соли 1712 комёбие надоштанд. Аммо соли 1712 чандин нафар аз ҷумлаи олимони ин кишвар ҳамлаҳои беном ба эҷодиёташ карданд ва чун ба даъвати додгоҳ ҳозир нашуд ва ё саркашӣ кард, ҳукми бадарғаи умрбоди вай содир шуд. Аз ҳамин сол оворагардиҳои вай оғоз шуд, аввал дар Швейсария зист, баъдан Евгений Савойский ӯро бо худ Вена бурд.
Дар шаҳри Брюсел бо файласуфи фаронсавӣ Волтер шинос шуд, вале дӯстии онҳо дер напоид, балки хеле ба зудӣ ба душмании ошкор бадал шуд.
Руссо саранҷом 17 марти соли 1741 дар синни 70-солагӣ дар ғурбат тарки олам кард.
Руссо дигар ҳатто дар ватанаш ба дурустӣ ёд намешавад.
Соли 1812 дар шаҳри Москав нависанда, файласуф ва мақоланависи маъруфи рус, инқилобчӣ Александр Гертсен ба дунё омад. Вай бунёбгузори ҳафтаномаи инқилобии “Колокол” (Зангӯла) буд, ки солҳои 1857-1867 чоп мешуд. Солномаи “Полярная звезда”-ро низ ӯ асос гузошта буд. Дар муҳоҷират аз шӯриши соли 1863 Лаҳистон пуштибонӣ кард.
“Афсона”, “Навиштаҳое аз як марди ҷавон”, “Кӣ гунаҳгор?”, “Зоғчаи дузд”, “Сари роҳ”, “Далтонизм дар улум”, “Мардуми Русия ва сусиёлизм”, “Номаҳое аз Фаронса ва Итолиё”, “Гузашта ва андешаҳо” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд,
Соли 1902 дар шаҳри Петербург дар синни 58-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависанда ва пулистисти рус Глеб Успенский аз олам гузашт. Ӯро яке аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии реализми рус дар асри XIX медонанд.
“Дӯконча”, “Сайругашт”, “Даврони нав, ташвишҳои ҷадид”, “Табобатнашаванда”, “Ҳокимияти замин”, “Буржуй”, “Чаҳоряки асп” маҳсули қалами ӯ мебошад.
Соли 1906 дар Берген дар синни 57-солагӣ нависанда, намоишноманависи норвежӣ Александр Ланге Ҳелланн аз олам рафт. Набераи ӯ Аксел Ҳелланн низ намоишноманавис аст.
Соли 1910 дар Порис дар синни 77-солагӣ нависандаи норвежӣ Бёрнстерн Мартиниус Бёрсон вафот кард.
Вай 8 декабри соли 1832 дар мулки Бёрген, дар деҳаи хилвати Квикне дар минтақаи Остердален, тақрибан шаст мил ҷанубтар аз Тронхайм ба дунё омада буд. Бёрсонро яке аз чаҳор нависандаи бузурги Норвегия меҳисобанд.
Ў айёми бачагии худро маҳз дар ҳамин мавзеи хушманзара гузаронидааст. Нависанда дар соли 1903 барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид.
Бёрнстерн дар давраи донишҷўӣ ба фаъолияти рўзноманигорӣ пардохта, ба танқиди драмавӣ машғул шудааст.
Вай бештар барои суруди миллӣ, ки матнашро навишта буд, шуҳрат ёфт. Повестҳои «Сюнёве Сулбаккен», “Ҷавони хушҳол”, “Суруди тӯёна”, романҳои “Ғубор”, “Парчамҳо дар шаҳр ва бандар”, “Дар роҳи Худо”, “Арне”, “Капитан Мансана”, “Падар” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1914 дар шаҳри Самарқанд адиби тоҷик Болтақул Диёрӣ ба дунё омад. Вай соли 1941 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст.
Аз соли 1932 муаллими мактаб, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд будааст.
Асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекард, ки дар китобҳои «Баҳори меҳнат» (1933), «Гулҳои ҳаёт» (1934), «Қалами мо» (1935), «Дар меҳмонии пионерон» (1936), «Барги сабз» (1948), «Кӯли булӯрин» (1954), «Баҳори орзу» (1960) ва ғайра фароҳам омадаанд.
Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
28 декабри соли 2004 аз олам даргузашт.
Соли 1947 дар деҳаи Боғистони вилояти Тошканд адабиётшинос, пажӯҳишгар ва тарҷумони маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов дида ба олам кушод.
Солҳои 1968-1972 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи улуми ИҶШС будааст. Дар ин миён, аз ноябри 1968 то декабри 1969, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст.
Соли 1973 дар мавзӯи «Маликушшуаро Баҳор ва анъанаи қасидасароӣ дар адабиёти форсӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Аз он вақт то имрӯз дар идораву вазифаҳои гуногун адои вазифа дорад.
Аз ҷумла, солҳои 1973-1975 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1975-1978 мудири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, солҳои 1979-1990 ходими калони илмӣ ва муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз апрели 1991 то марти 1998 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон, аз марти 1998 то ноябри 2005 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 2005-2010 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ будааст.
Муаллифи китобу рисолаҳои илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ.1, 1984; дар ҳаммуаллифии Х.Мирзозода ва А.Сайфуллоев), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987; дар ҳаммуаллифии Х. Отахонова ва Ҳ.Шодиқулов), «Нуқтаи назар» (маҷмӯаи мақолаҳо; 1990), «Пиндорҳо ва ингорҳо» (маҷмӯаи мақолаҳо ва шеърҳо; 2006) ва ғайра мебошад.
Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти ҷумҳурӣ, нашрияҳои гуногуни Маскав, Алмаато ва Тошканд оид ба ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд.
Асарҳои С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта» (роман, 1984), О.Ёқубов «Виҷдон» (роман, 1984), Элчин «Ишқи аввали Балададаш» (қиссаву ҳикояҳо, 1986), Б.Василйев «Субҳи ин ҷо сокит аст» (қисса, 1988), Ю.Збанатский «Хорпушти олиҳиммат» (ҳикояҳо, 1988) ва намоишномаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ «Падаркуш» (аз туркӣ, 1996)-ро ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҳикояҳои алоҳидаи А.П.Чехов, Ӯ.Ҳошимов, Т.Пӯлодов, Анорро тарҷума кардааст, ки дар китобҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврӣ чоп шудаанд.
Намунаҳои осори Ҳофиз, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, М.Қаноат, Гулназар, А.Сафар, М.Шералӣ, Ш.Ёдгорӣ, Ҳ.Ғойиб, З.Абдулло ва дигаронро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷумаи таҳтуллафз кардааст.
Барои китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2007) гардидааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи орденҳои «Шараф» (2003), «Дӯстӣ» (2005), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 72-солагӣ нависандаи руситабори асарҳои тахайюлии амрикоӣ Айзек Азимов вафот кард. Вай яке аз машҳуртарин нависандагон дар жанри илмӣ-тахайюлӣ буд. Дар тӯли умри хеш беш аз 500 китоб навиштааст. Касе буд, ки илм ва биокимиёро дар адабиёти илмӣ-тахайюлӣ устувор кард.
Борҳо ба дарёфти ҷоизаҳои “Ҳюго” ва “Небюлло” мушарраф шудааст.
Дар адабиёти англо-амрикоӣ Айзек Азимов, Артур Кларк ва Роберт Ҳайнлайн ба ҷумлаи “Сегонаи бузург”-и нависандагони тахайюлнавис шомил шудаанд.
Ин суханон аз ӯянд:
- Ҳар дине монанди як хаёлпардозӣ аст барои дигарон, аммо барои муътақидони он ҳақиқати муқаддас ва мутлақ аст.
- Ман некбахт будаам, ки бо зеҳне пуртакопӯ ва коромад ва бо қудрате барои возеҳ андешидан ва тавоноӣ барои ибрози чунин андешаҳое зода шудаам.
- Агар пизишкам ба ман бигӯяд беш аз панҷ дақиқа зинда нестам, вақтро талаф нахоҳам кард, сареътар чоп мекунам.
Таҳияи Б.Шафеъ