Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми феврал
Соли 1593 дар Осер дар синни 79-солагӣ нависандаи фаронсавӣ, тарҷумон ва омӯзгор Жак Амио аз олам рафт. Ӯ як зиндагиномаи талхе дорад. Соли 1589 Иттиҳодияи католикҳои Фаронса ғайриодилона адибро ба қатли герсог де Гиз муттаҳам кард. Моҳи майи соли 1590 исбот шуд, ки адиби номвар ҳеч рабте ба қатли герсог надошт. Бовуҷуди ин туҳмат ба рӯҳияи ӯ таъсир гузошт. Аммо аз рӯзе, ки беайб эълон шуд, башиддат саргарми мутолеаи Китоби муқаддас ва анъанаҳои динӣ шуд.
Соли 1778 дар ҷазираи Закинф шоири инқилобии итолёвӣ, адабиётшинос Уго Фосколо ба дунё омад. Яке аз шеърҳои машҳури ӯ, ки вирди забонҳо шуда буд, “Оромгоҳ” ном дошт.
“Наполеон Бонапарт озодибахш”, “Номаҳои вопасини Якопо Ортис”, “Дахма” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.
Фосколо 10 сентябри соли 1827 дар синни 49-солагӣ даргузашт.
Соли 1889 дар шаҳри Москав шоир, наққош, тарҷумони шеърҳои шарқ ва намоишноманависи рус Константин Липскеров ба дунё омад. “Кафи дасти тиллоӣ”, “Шеърҳои туркистонӣ”, “Рӯзи шашум”, “Нахӯди баҳрӣ”, намоишномаи “Надежда Дурова” аз ҷумлаи асарҳои ва китобҳои ӯ мебошанд.
28-уми октябри соли 1954 тарки олам кард.
Соли 1947 дар Бербанк, иёлати Калифорнияи ИМА нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Эрик Флинт таваллуд шуд.
Соли 1954 дар Данфермлини Шотландия адиби шотландӣ Иэн Бэнкс ба дунё омад. Вай бештар бо тахаллуси Iain M. Banks асарҳои тахайюлӣ менавишт ва барои асарҳои дар жанрҳои дигар эҷодкардааш, худро Iain Banks меномид.
Соли 2008 рӯзномаи The Times номи ӯро ба қатори 50 адиби беҳтарини Британияи Кабир баъди соли 1945 дохил намуд. Ӯ баъд аз муваффақияти китоби “Корхонаи занбӯр” дар соли 1976 пурра ба кори нависандагӣ рӯ овард.
Соли 2013 Бэнкс эълон кард, ки мубталои саратони ғайриқобили ҷарроҳӣ шудааст ва эҳтимолан камтар аз як соли дигар зинда мемонад. 9-уми июни соли 2013, ки синнаш ҳоло ба 60 ҳам нарасида буд, вафот кард.
Ӯ 16 романи илмӣ-тахайюлӣ навиштааст.
Соли 1958 дар Красноярск нависандаи асарҳои тахайюлии рус Андрей Лазарчук дида ба олам кушод. “Дермондагони тобистон”, “Ҳама қодиранд дар даст силоҳ дошта бошанд”, “Ба чашмонам бинигар, аъҷуба”, “Штурмфогел”, “Кесаревна Отрада миёни шуҳрат ва марг” аз ҷумлаи романҳои ӯ мебошанд.
Соли 1976 дар шаҳри Кашини вилояти Твер нависандаи асарҳои тахайюлии рус Наталя Маркелова ба дунё омад. Вай асарҳо илмӣ -тахайюлӣ менавишт, барои бачаҳо ва наврасон қиссаҳо эҷод мекард.
22 апрели соли 2022 дар синни 46-солагӣ аз олам рафт.
Таҳияи Б.Шафеъ.