Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6 – уми июн

Як-рузи-таърих-05-06-2024Соли 1606 дар Руан шоир ва намоишноманависи фаронсавӣ Пйер Корнел ба дунё омад. Ӯро “падари жанри фоҷеа дар адабиёти Фаронса” меноманд. Бародарбузурги намоишноманависи машҳури ин кишвар Тома Корнел буд.

Аввалин намоишномаи ӯ мазҳакаи “Мелита” буд, ки соли 1629 навишта шудааст. Баъди ин ӯ як сислсила намоишномаҳо дар жанри мазҳака навишт.

Осори Корнел аз назари навиштор ғанӣ ва аз назари мавзуъ гуногун ҳастанд ва арзишҳо ва суолҳои асосии давраи ӯро дар бар мегиранд. Шарофати нафс, дурусткорӣ ва иродаи шахсиятҳои аслӣ, вазъияти душвори онҳо барои интихоби сарнавиштсоз миёни ду омили мутафовут ва ҳаётӣ (масали ишқ ва шарофат ва ё ишқ ва  озодӣ) ва вусъату умқи адабӣ намоишномаҳои ӯ аз хусусиятҳои осори ӯ ҳастанд.

Сабки навишти ӯ сабки классикист, вале бар хилофи дигар ҳамзамонон ва пешгузаштагони нависандааш чандон ба риояти қонунҳои ҷомеаи классик, ки умдатан тавассути Арусту муайян шуда буд, пойбанд набуд.

“Клитандр”, “Бева”, “Майдони шоҳаншоҳӣ”, “Ҳоратсий”, “Марги Помпей”, “Дурӯғгӯ”, “Ираклий”, “Эдип”, “Дон Санчо Арагонский”, “Отелло”, “Радгун, шоҳзодаи портӣ” номгӯи чанд намоишномиа машҳури ӯ мебошад.

Пйер Корнел 1-уми октябри соли 1684 дар синни 78-солагӣ дар Порис аз олам гузашт.

Александр Пушкин Соли 1799 дар шаҳри Москав шоири маъруфи рус Александр Пушкин дида ба олам кушод.

Ўро мураббиёни фаронсавӣ ба воя расонида, аз мактаби хонагӣ ӯ танҳо дониши аълои забони фаронсавӣ ва муҳаббати хонданро гирифтааст.

Александр Пушкин дар ҳафтсолагӣ ба навиштани аввалин асарҳояш шуруъ кардааст. Ӯ яке аз аввалин адибони рус буд, ки аз эҷодиёташ маблағ ба даст овард. Вай на танҳо шеърҳои лирикӣ, балки афсонаҳо, насри таърихӣ ва асарҳоро барои ҷонибдории инқилобиён эҷод кардааст — шоирро ҳатто барои озодфикриаш бадарға кардаанд.

Пушкин баъди хатми литсей дар моҳи июни соли 1817 бо рутбаи котиби ҳайат ба кори ҳайати корҳои хориҷӣ таъин гардид, вале дар он ҷо ягон рўз ҳам кор накарда, комилан ба эҷод машғул шуд. Шеърҳои «Озодӣ», «Ба Чаадаев», «Деҳа», «Дар Аракчеев» ба ҳамин давру замон тааллуқ доранд.

Вай ҳанўз пеш аз хатми литсей, соли 1817 ба навиштани достони «Руслан ва Людмила» оғоз кард, ки онро моҳи марти соли 1820 ба итмом расонд.

Дар моҳи май ӯ ба ҷануби Русия бадарға шуд, ки “Русияро бо мисраҳои нафратовар» пур кард.

Моҳи июли соли 1823 Пушкин таҳти фармондеҳии граф Воронтсов фиристода шуд ва ў ба Одесса кўчид.

Пушкин дар Михайловский, ки соли 1824 ба он ҷо бадарға шуда буд,  ҳамчун рассоми ҳақиқатнигор шуҳрат ёфт: вай ба навиштани достони «Евгений Онегин» идома дод, «Борис Годунов»-ро оғоз кард, шеърҳои «Ба Давидов», «Дар Воронтсов», «Дар Александри I» ва ғайраҳоро эҷод кард.

Соли 1830 паҳншавии вабо ўро маҷбур кард, ки чанд моҳ дар Болдино бимонад. Ин давраи эҷодиёти шоир бо номи «Тирамоҳи Болдино» машҳур аст. Дар Болдин асарҳои «Қиссаҳои марҳум Иван Петрович Белкин», «Фоҷиаҳои хурд», «Хонача дар Коломна», «Саргузашти коҳин ва коргари ў Балда», шеърҳои «Элегия», «Девҳо», «Бахшиш» ва ғайраҳоро эҷод кард ва «Евгений Онегин»-ро ба охир расонд.

Тобистони соли 1831 ба навиштани «Таърихи Пугачёв», тадқиқоти таърихии «Таърихи Пётри I» шуруъ намуд.

Солҳои охири ҳаёташ Пушкин асарҳои «Модкаи қарамашшоқ», «Шабҳои Миср», «Духтари капитан», шеъри «Савораи биринҷӣ» ва афсонаҳо эҷод кардааст. Афсонаи Пушкин дар бораи «Моҳигир ва моҳии тилло» дар асоси афсонаи бародарон Гримм, «Моҳигир ва зани ў» эҷод шудааст.

Дар охири соли 1835 ба Пушкин иҷозат дода шуд, ки маҷаллаи шахсии худро, ки «Современник» ном дошт, нашр кунад.

29 январ (10 феврал) соли 1837 шоир дар дуэл  сахт захмдор шуда, вафот кард.

Пеш аз дуэли охирини худ Пушкин аз занаш пурсид: «Барои кӣ гиря мекунӣ?». Ҷавоб хеле одӣ буд: «Барои касе, ки кушта мешавад».

ПУШКИН ВА ЛОҲУТӢ: ЧӢ ИРТИБОТЕСТ МИЁНИ ИН ДУ ШОИРИ ЗАБАРДАСТ?

 

Соли 1841 дар деҳаи Милковшинаи наздикии Гродно нависанда ва фаъоли ҷамъиятии аҳли Лаҳистон Элиза Ожешко таваллуд шуд

Томас МаннСоли 1875 дар Любек нависандаи олмонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1929 Томас Манн ба дунё омад. Падараш тоҷири ғалла буд, ки баъдҳо ба мақоми сенатори шаҳр расид. Вай бародари хурдии Ҳенрих Манн-нависанда ва фаъоли ҷамъиятии Олмон буд.

Машҳуртарин асарҳои ӯ “Будденброкҳо” (Заволи як хонадон), “Кӯҳи ҷоду”, “Иосиф ва бародарони ӯ”, “Фиребхӯрда”, “Сарҳои ба гаравгузошташуда”, “Ду нафар”, “Тристан”, “Доктор Фаустус”, новеллаи “Марг дар Венетсия” мебошанд.

Томас Манн 12-уми августи соли 1955 дар синни 80-солагӣ дар Сюрих (шаҳре дар шимоли Швейтсария) аз олам рафт.

КрестянкаСоли 1922 аввалин шумораи маҷаллаи “Крестянка” аз ҷоп баромад. Ин яке аз маҷаллаҳои машҳуртарини Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз ҳаёти бонувони деҳот ҳикоят мекард.

Аввалин шумораи он панҷ ҳазор нусха чоп шуд. Соли 1968 он алакай 5,6 миллион нусха чоп мешуд, соли 1970 теъдоди чопи он ба 6,1 миллион нусха расид. 1988 19, соли 1989 21 ва соли 1990 ба 22 миллион нусха расид ва ҳар нусхаи он 25 тин фурӯхта мешуд.

Маҷалла то соли 2015 чоп шуд ва баъдан дигар интишор наёфт.

Соли 1930 дар ноҳияи Балахтини кишвари Красноярск нависандаи Шӯравии рус Юрий Самсонов ба дунё омад. Вай бештар дар жанри илмӣ-тахайюлӣ менавишт. Як силсила навиштаҳояш ба бачаҳо бахшида шудааст. Сардабири гоҳномаи “Ангара” буд.

Герхарт ГауптманСоли 1946 дар Агнетендорф дар синни 83-солагӣ бар асари бемории илтиҳоби шуш нависандаи маъруфи олмонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1912  Герҳорт Ҳауптман вафот кард.

Вай аз маъруфтарин намояндагони сабки натурализм, аммо дар иншо дар сабкҳои дигар низ маъруфият пайдо карда буд.

Романи Ҳауптман “Атлантида”, ки соли 1912 навишта шуд, муҷиби бо ҳамин ном ба навор омадани филми беовоз дар Дания шуд. Ин роман ҳамагӣ моҳе қабл аз фоҷеаи киштии “Титаник” интишор  ёфт, филм аз рӯи он соли 1913 пайдо шуд, яъне каме пештар аз солгарди ҳалокати Титаник. Дар роман лаҳзаи романтикӣ дар киштии ба фалокатдучоршудаи уқёнус тасвир шудааст, ки шоҳидон умумиятҳое дар он ва киштии Титаник дидаанд. Ин мувофиқатии сужаи роман ва фоҷеаи киштии азим ва филми беовоз боиси моҷаро шуд. Норвеж тамошои филмро манъ кард.

Соли  2015 дар Добржиховитс дар синни 88-солагӣ нависанда ва рӯзноманигори фелетоннавис  Людвик Ватсулик аз олам гузашт. Ӯро бештар барои асараш бо номи “Ду ҳазор вожа” мешиносанд, ки ҳангоми рӯйдоди таърихии “Баҳори Прог” навишта буд. “Баҳори Прог” ба рӯйдоде гуфта мешавад, ки як замони густариши озодиҳои фардӣ ва иҷтимоиро дар Чехословакия дар бар мегирад. Ин давра аз 5-уми январ то 21 августи соли 1968 идома кард. Замоне ба поён расид, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ бо муттаҳидонаш дар лагери кишварҳои сотсиалистӣ дар Аврупо (ба ҷуз Руминия) ба Чехословакия ҳамла кард ва ҷунбишҳои демокративу озодихоҳиро ба хоку хун кашид.

Ватсулик асари худ “Ду ҳазор вожа”-ро бо дархости касоне навишт, ки аз ислоҳоти  Дубчек (котиби СК-и Чехословакия дар даврони “Баҳори Прог) ҷонибдорӣ мекарданд. Дар асар мафҳуми “сотсиализм бо чеҳраи инсонӣ” истифода шуд ва аз равиши демократӣ дар ин кишвар ҳимоя мешуд. Ватсулик даъват мекард, ки ҳатто бо силоҳ бояд аз ҳукумати Дубчек, ки мехост ба мардумаш озодиҳои демократӣ орад, ҳимоя шавад. Ватсулик баъдан гуфт, ки ин манифести худро баъди мутолиаи таълимоти Махатма Гандӣ-пешвои муборизони истиқлоли Ҳинд рӯи коғаз овард ва он ба мафкураи мардум таъсири мусбат расонд.

Таҳияи Б.Шафеъ