Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми октябр
Соли 1660 романнавис, шоир, намоишноманависи аҳли Фаронса Пол Скаррон аз олам гузашт. Вай 4 июли соли 1610 дар шаҳри Порис ба дунё омада буд. Ҳафтумин кӯдак дар хонаводаи як мансабдори Палатаи ҳисоб буд ва баъди ба воя расидан самти хидмат дар калисоро пеш гирифт. Бо кашиш Шарл де Бомануар дӯсти наздик шуд.
Аммо соли 1836 ба касалии ревматизм гирифтор шуд ва дар 28 солагӣ як роҳиби хушхӯе, ки дӯст медошт ҳамеша хушҳол бошад ва дар ҳалқаи касоне ҳаёт ба сар барад, ки хушҳолиро ҳаёти асил медонанд, ба як ҷавони фалаҷшудаву камҳаракат табдил шуд. Вай дигар маҷбур буд қисми бештари ҳаёташро дар кунҷи хона дар танҳоӣ гузаронад.
Соли 1649 баъди чопи памфлетҳо дар бораи кардинал Мазарани вай аз нафақаи подшоҳӣ маҳрум гардид ва дигар маҷбур буд бо чопи шеърҳо зиндагии худро пеш барад.
Беҳтарин асари Скаррон “Романи танз” аст, ки адиб онро солҳои 1649-1657 навишт.
Ва ин асарҳо низ аз ӯ мебошанд: “Жодле ва ё Хидм атгор-ҷаноб”, мазҳакаи “Ифтихороти капитан Матамор”, “Мазаринада”, “Дон Яфет Армянский”, “Шоҳзода корсар”…
Соли 1881 намоишноманависиси машҳури украин Иван Антонович Кочерга таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Сталин буд.
Вай муаллифи намоишномаҳои “Суруд дар ҷом”, “Санги осиёби алмосӣ”, “Марко дар дӯзах”, “Тӯйи Свичка”, “Ҳақиқат”, достони драмавии “Ярослав Мудрий” мебошад.
Кочерга 29 декабри соли 1952 вафот кард.
Соли 1892 дар Лургашолл дар синни 83-солагӣ шоири англис Алфред Теннисон (англ. Alfred Tennyson) вафот кард. Вай яке аз машҳуртарин адибони даврони малика Виктория ва ҳатто аз мақбултарин шоирони малика Виктория ба шумор мерафт.
“Шоҳзодахонум”, “Маъбуд”, “Ба ёд о”, “Чакомаҳои шоҳ”, “Бону Шолут”, “Томбукту”, “Томас Мэлори”аз ҷумлаи чанд асари ӯ мебошанд.
Соли 1950 дар Глендэйле, иёлати Калифорния нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Дэвид Брин зода шуд. Вай барандаи ҷоизаҳои адабии Ҳюго ва Небюла мебошад.
Аксари асарҳояшро силсилавӣ навиштааст ва ҳар силсила чандин повесту роману ҳикояро дар бар мегирад.
Соли 1952 нависанда, хотиранавис, тарҷумони рус Надежда Тэффи аз олам гузашт. Вай 8 майи соли 1872 дар шаҳри Санк-Петербург ба дунё омада буд.
Инқилоби болшевикиро қабул накард ва баъди сари қудрат омадни коммунистон ба муҳоҷират рафт. Хоҳари шоирбонуи рус Мирра Лохвитская ва генерал Николай Лохвитский (аз пайравону наздикони Колчак) буд.
Аз кӯдакӣ муҳаббат ба адабиёт дошт. Пушкин ва Толстойро дӯстдоштатарин адибони худ медонист. Ҳарчанд дар ҳамон айём даст ба эҷод зад, вале нахустин шеъраш бо номи “Хобе дидам девонавор ва хеле зебо” буд, ки дар ҳафтаномаи “Север” 2 сентябри соли 1901 чоп шуда буд. Соли 1905 бошад ҳикояҳои вай дар замимаи маҷаллаи “Нива” чоп шуданд.
Аввалин маҷмуаи ашъораш соли 1910 бо номи “Ҳафт оташ” чоп шуд. Дар маҷмуъ адиб дар хориҷ аз Русия 16 маҷмуаи шеърии худро интишор дод ва шумор ва номгуи китобҳои ӯ дар умум беш аз 30 мебошанд.
Вай чанд намоишнома ҳам навиштааст, ки яке аз онҳо “Масъалаи занон” ном дошт ва театри хурди шаҳри Санк-Петербург онро ба саҳна гузошт.
Дар муҳоҷират вай ба жанри шарҳи ҳол рӯ овард ва солҳои гуногун асарҳое чун “Аввалин боре, ки ба редаксия омадам”, “Тахаллус”, “Ман чӣ гуна нависанда шудам”, “45 сол”-ро интишор дод.
Баъдан дар бораи шахсиятҳҳои маъруф асарҳо навишт. Аз ҷумла дар бораи Григорий Распутин, Ленин, Керенский, Балмонт, Иля Репин, Зинаида Гиппиус, Дмитрий Мережковский, Леонид Андреев, Иван Бунин, Мишши Сеспел, Всеволод Мейерҳол ва дигарон очеркҳову китобҳои таҳлиливу тарҷумаиҳолӣ иншо кард. Мехост дар бораи Толстой ва Сервантес ҳам бинвисад, вале умр вафот накард. 30 сентябри соли 1952 дар Порис зодрӯзашро қайд кард ва ҳафтае баъд аз олам чашм пӯшид.
Соли 1955 дар Вашингтон нависанда, шоир ва муҳаррири жанри фэнтези Эллен Кашнер зода шуд. Машҳуртарин романи ӯ “Томас Рифмач” мебошад, ки соҳиби ҷоизаи умумиҷаҳонии асарҳои тахайюлӣ шудааст.
“Афтиши шоҳон”, “Афзалияти шамшер”, “Ҷавонони ваҳшӣ ва расвошуда”, “Одам бо кордҳо”, “Ҷинояткорони ҷангали Шервуд”, “Моҷароҳои ҳайкали Озодӣ”, “Асрори утоқи махфӣ”, “Водии сеҳрнок” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1985 адиб ва рӯзноманигори аҳли Тоҷикистон Яков Налский чашм аз олам пӯшид. Вай 23 августи соли 1923 дар деҳаи Хлестановшинаи ноҳияи Жигаловски вилояти Иркутски Русия ба дунё омада буд.
Аз 14-солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ сар карда, заминков, ҷӯяндаи сарватҳои зеризаминӣ, корманди чопхона будааст. Соли 1953 Мактаби олии коммунистии Ленинградро хатм карда бо роҳхати комсомол ба Тоҷикистон омадааст. Котиби созмонҳои комсомолии навоҳии Файзободу Ҷиликӯл ва корманди масъули КМ ЛКСМ Тоҷикистон, аз соли 1937 ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Комунист Таджикистана» будааст.
Солҳои ҶБВ дар фронт ҷангидааст. Баъди бозгашт ходими адабии рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», солҳои тӯлонӣ ходими ТоҷикТА (ҳозира АМИТ «Ховар») будааст.
Соли 1949 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, ба аспирантура дохил шудааст, ва дар мавзӯи эҷодиёти шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Асарҳояш аз соли 1936 чоп шудаанд. Афсонаву қиссаҳои халқии тоҷикиро ҷамъ оварда, се маҷмӯаи шеърҳои Бобоюнус Худойдодзода ва шеърҳои Ҳикмат Ризоро ба чоп расондааст.
Муаллифи қиссаи мустанади «Инженер» (1960), «Ҳикояҳо дар бораи Тоҷикистон» (1968), «Достони водии ҷануб» (1982), «Дар кӯҳистони Бухорои Шарқӣ» (дар се китоб, 1974, 1977, 1984) ва ғайра мебошад.
Дар асоси қиссаи охирин филми бадеии сеқисматаи «Хайру баракат ба хонадони шумо!» («Тоҷикфилм», 1962) ба навор гирифта шудааст.
Чанд китоби очеркҳояш ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бо бисёр ордену медалҳои ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардидааст.
Соли 1958 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ