Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7 – уми август
Соли 1921 дар Петроград дар синни 40-солагӣ нависанда, мақоланавис, намоишноманавис, тарҷумон, адабиётшинос, яке аз бузургтарин намояндагони машҳури адабиёти рус Александр Блок аз олам гузашт.
Ў аввалин шеърҳои худро пеш аз гимназия навишта буд. Блок дар синни 14-солагӣ маҷаллаи дастнависи “Вестник”-ро нашр кард, дар 17-солагӣ бошад, дар саҳнаи театри хонагӣ песаҳояшро ба саҳна гузошта, дар онҳо нақш мебозид, дар 22-солагӣ шеърҳояшро дар маҷмўаи Валерий Брюсов “Гулҳои шимол” нашр кардааст.
Аз баъзе нигоштаҳои ёддоштӣ ва мақолаҳои адабиётшиносии Блог бармеояд, ки бо адабиёти форс-тоҷик, эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он аз тариқи навиштаҳои А. С. Грибоедов, тарҷумаҳои аз осори адабиёти классикии форс-тоҷик анҷомдодаи Блок В. Бер, тарҷумаи «Гулистон»-и Саъдӣ ва ғайра шинос шудааст. Блог дар ашъораш на танҳо ба мазмуну мундариҷаи осори адабиёти классикии форс-тоҷик, балки ба ҷиҳатҳои шаклии ашъори форсии тоҷикӣ пайравӣ кардааст. Ҳамин рӯҳияи гароиши Блок ба адабиёти форс-тоҷик, яъне корбурди таркибҳои савтиву наҳвӣ, истеъмоли таъбирҳо дар мисраву байту бандҳо, вазну қофия ва ғайра дар шеъри ӯ сабаб гардиданд, ки шоирону адибони тоҷик эҷодиёти Блокро биомӯзанд ва намунаҳое аз осори ӯро тарҷума ва пешниҳоди хонандаи тоҷик кунанд.
Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд. Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.
Соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ноҳияи Хуҷанд шоир ва тарҷумони тоҷик Муҳиддин Фарҳат таваллуд шуд. Вай муаллифи китоби ашъори «Гулҳои шодӣ» (1948), «Дӯст медорам» (1950), «Назми озодӣ» (1955), «Тирамоҳи муҳаббат» (1962), «Рӯди кӯҳӣ», «Гелоси сафед» (1981) ва ғайра мебошад
Чанд достон ҳам эҷод кардааст, ки «Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иқлими баҳор» аз он ҷумлаанд. Достонҳои «Евгений Онегин», «Руслан ва Людмила»-и А.Пушкин, «Бородино» ва «Вопасин писар»-и М. Лермонтов, «Россия»-и А. Прокофйев, «Рӯзи охирин» ва «Хонае дар Шушенск»-и С.Шипачёв, китоби ашъори шоирони белорус Я.Колас, Я.Купала, украин Тычина, ӯзбек Ҳамза, Ғ.Ғулом, Ҳ.Олимҷон, қазоқ Г.Ҷароқов, Г. Ормонов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, тарҷумаи романи Э.Казакевич «Баҳор дар Одер» ва фоҷиаҳои В.Шекспир «Ду веронӣ», «Ричарди III» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, озарӣ, туркманӣ, қирғизӣ, литвонӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Бисёр шеърҳояшро ҳофизон оҳанг баставу мехонанд.
Ёде аз зиндаёд Муҳиддин Фарҳат
Бо ордени «Шараф», се медали ҷангӣ, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
30-уми мйи соли 1984 дар синни шастсолагӣ аз олам гузашт.
Соли 1941 дар шаҳри Калкутта дар синни 80-солагӣ шоир, намошноманавис, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози аҳли Банголаи Ҳинд Рабиндранат Тагор тарки олам кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1913 буд.
Шуҳрати ӯ бештар барои шоирӣ ва аввалин осиёие буд, ки ҷоизаи Нобели адабиётро ба даст овард.
Падараш ғазалҳои Ҳофизро хуб медонист ва ба форсӣ мехонду азбар мекард ва ба ашъори шуарои форс алоқамандии зиёд дошт. Чун худро мутааллиқ ба сарзамини Эрон медонист.
Тагор аввалин шеърҳояшро дар ҳаштсолагӣ эҷод кард. Дар шонздаҳсолагӣ аввалин новеллаҳо ва намошномаҳои худро навишт.
Чун аз хурдӣ дар рӯҳияи башардӯстӣ бузург шуд ва ватандӯстиро омӯхт, аз ҷавонӣ барои истиқлоли кишвараш аз мустамликаи Британия талош намуд ва ба сафи озодихоҳоҳон пайваст. Поягузори Донишгоҳи умумиҷаҳонии Ҳинд буд. Аммо умр вафо накард ва ӯ самараи талошҳояш барои озодии кишварашро надид.
Тагор бузургтарин шоири банголӣ аст, ки бо забони ҳинду ва банголӣ ашъорашро навиштааст ва шеърҳои бо забонҳои зиёде, аз ҷумла англисӣ тарҷума шудаанд. Муаллифи суруди миллии Ҳиндустон ва Банглодеш ҳам Робиндронат Тагор мебошад.
Вай муаллифи наздик ба 2500 асари наққошӣ аст ва намоиши асарҳои рассомии ӯ дар кишварҳои дигар ҳам зиёд барпо шудаанд.
Наздик ба 2 230 суруд ҳам эҷод кардааст, чун завқи волои мусиқишиносӣ дошт, таронаҳои ӯ аз осори насриву назмиаш ҷудо нестанд ва аксари навиштаҳои насрии ӯ ҳам омезиши наздик ба суруду мусиқӣ доранд.
Вай дар умри худ 8 роман навиштааст ва муаллифи ҳикояву новеллаҳои зиёдест.
Муҳаббат ба ашъори Ҳофиз ва дигар саромадони адабиёти форсу тоҷик моҳи апрели соли 1932 ӯро ба Теҳрон бурд ва бо шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ дидор кард, бо андешамандони зиёди ин сарзамин мулоқот намуд.
Тагор дар умри худ сафарҳои зиёди хориҷӣ дошт ва дар ҷараёни ин сафарҳо бо шахсиятҳои маъруфи адабиёт ва илму маърифати олам, аз ҷумла Алберт Эйнштейн, Анри Бергсон, Роберт Фрост, Томас Манн, Оқохони сеюм, Бернард Шоу, Герберт Уэллс ва Ромен Роллан вохӯрд.
“Гитанҷолӣ”, “Моҳи нав ва мурғони овора”, “Гора” аз ҷумлаи чанд асари машҳури ӯ мебошад.
Аз Тагор ҳикояву новеллаҳои зиёд ва романи машҳури вай “Гора” ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1955 дар шаҳраки Биковои вилояти Москав нависанда, филмноманавис, намоишноманавис ва наққоши рус Владимир Сорокин таваллуд шуд. Вай барандаи чандин ҷоизаҳои ватаниву байналмилалӣ аст. Китобҳояш бо даҳҳо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Дар Русия борҳо китобҳои ӯ мавриди баҳсу баррасиҳо шуда ва ҳатто бо толори додгоҳ ҳам ин баҳсҳо кашида шудаанд. Як нависанда ва эҷодкор моҷаробарангез аст.
Аз намояндагони адабиёти постмодернизм аст ва дар повесту ҳикояҳояш услубҳои мухталифи нигоришро истифода мебарад.
Аввалин ҳикояҳояш соли 1989 дар маҷаллаи “Родник” (Рига) чоп шудаанд. Нахустин романаш бо номи “Навбат” соли 1992 дар маҷаллаи “Искуство кино” (“Санъати синамо”) дар шакли мухтасар нашр шуд.
Нашрияҳо ва созмонҳои наздик ба кохи Кремл борҳо ба навиштаҳои адиб эътироз кардаву ҳатто намоишу роҳпаймоиҳо низ ташкил намудаанд ва ин эътирозҳо бештар ба хотири тасвирҳои ошкори порнографӣ дар асарҳои ӯст.
Дар кишварҳои Ғарб асарҳои ӯро нашрияҳои Penguin, Gallimard, S. Fischer, DuMont, BV Berlin, Einaudi, Farrar, Straus and Giroux, NYRB чоп кардаанд.
Аз соли 1992 гоҳ дар вилояти Москав мезист ва гоҳ дар Берлин. Баъди оғози ҷанги Русия ва Украина бо имзои як номаи сарво ҳамлаи Русияро маҳкум кард ва эълон намуд, ки дигар ба Русия барнамегардад.
Сегонаи “Ях”, “Роҳи Бро”, “23000”, романҳои “Меъёр”, “Навбат”, “Ишқи сиввуми Марина”, “Манарага”, “Доктор Гарин”, намоишномаҳи “Заминкан”, “Пиразани рус”, “Боварӣ”, “Соли нав муборак” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ