Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми ноябр

Соли 1414 дар вилояти Ҷом, воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Нишопур файласуф, шоир, нависандаи форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ дида ба олам кушод. Номаш Абдурраҳмон ва тахаллусаш дар шеър Ҷомӣ аст. Дар синни 11-солагии ӯ хонаводаашон аз Ҷом ба Ҳирот меояд ва боқӣ ҳаёти ин марди фозил ва ин алломаи замони худ дар ҳамин шаҳр мегузарад.

Ҷомӣ падарашро устоди аввалини худ медонад ва ин нукта дар навиштаи шогирди донишманди ӯ Абдулғафури Лорӣ ҳам омадааст: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, забон аз вай омӯхтаем».

Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдуддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад.

Абудрраҳмони-ҶомӣҶомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд – ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ин фармудаи муаллифи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” Зайниддини Восифӣ ҷолиб аст (мазмунан): “Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон — Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд. Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, андеша мекард, роҳ меҷуст устод. Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯии шогирдон нағзтар тайёр шавам. Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ шогирдонро ба муҳлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад. Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочармӣ ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» суолу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард. Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт: “Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеч кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам”. Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд”.

Ин танҳо як лаҳза аз зиндагиномаи ин орифи замон буд, ки овардем.

Хонандагони азиз бо идомаи зиндагинома ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ аз матлаб огоҳии бештар меёбанд:

АГАР БА ФОРС РАВАД КОРВОНИ АШЪОРАМ

Соли 1844 дар губернияи Твер мунаққиди адабӣ, китобшинос, муаррихи адабиёт  Арсений Введенский таваллуд шуд.

Соли 1891 нависанда, инқилобгар, ходими сиёсӣ ва ҳарбии Шӯравии рус Дмитрий Андреевич Фурманов ба дунё омад. Машҳуртарин асари ӯ романи “Чапаев” буд, ки ба зудӣ шуҳрат ёфт ва дар аксар забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шуд.

Соли 1934 аз рӯи ин роман бародарон Василевҳо филме бо ҳамин ном таҳия карданд, ки хеле машҳур шуд.

Дмитрий Фурманов соли 1926 аз олам рафт.

Антонина Дмитриевна КоптяеваСоли 1909 нависандаи рус хонум Антонина Дмитриевна Коптяева дида ба олам кушод. Вай барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи 3 буд.

Аввалин ҳикояи худро соли 1935 чоп кард. Нахустин повесташ бо номи “Тиллои Колим” соли 1936 аз чоп баромад. Ва ба дунболи он романи “Барор”-ро навишт, ки ба нависанда шуҳрат овард.

Ба навиштани сари сегонаи худ бо номи “Дар рӯди Урал” соли 1960 оғоз мекунад, вале он нотамом мондааст. Охирин китобе, ки аз Антонина Дмитриевна чоп шудааст, маҷмуаи иборат аз 22 ҳикоя дар бораи ҳайвонот ва парандагон буд, ки барои бачаҳо навишта буд.

12 ноябри соли 1991 дар шаҳри Москав вафот кардааст.

Достони Алдан”, “Тиллои Колим”, “Барор”, “Рафиқ Анна”, сегонаи “Иван Иванович”, “Дӯстӣ”, “Ҷасорат”, “Дар замин”, китобҳои якум ва дуюми “Дар рӯди Урал” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Альбер КамюСоли 1913 дар шаҳри Мондови Алҷазоир нависанда, файласуфи фаронсавӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт (1957) Албер Камю ба дунё омад.

Ӯ яке аз нависандагони бузурги қарни ХХ ва муаллифи китоби машҳури «Бегона» ва мақолаи ҷараёнсози «Афсонаи Сизиф» мебошад.

Навиштаҳои Албер Камю бозтоб ва инъикоси бегонагӣ ва шикастҳои равшанфикрони Урупо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва то ҳадди зиёде таҳти таъсири андешаи фалсафаи асолати вуҷуд (экзистенсиализм) буд. Камю дар соли 1957 дар 44 солагӣ “барои осори муҳими адабӣ, ки ба рушанӣ ба мушкилоти виҷдони башарӣ дар асри ҳозир мепардозад” барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Камю дӯсти наздики Жан Пол Сартр буд. Мутафаккире буд, ки фалсафаро ба воситаи асарҳои адабӣ, чун ҳикоя, повест ва роман тарғиб мекард. Муҳаққиқон ҷараёни фалсафиашро экзистенсиализми гуманистӣ ва дунявӣ муайян намудаанд.

Романҳои “Бегона”, “Тоун”, “Суқут”, “Марги хуш”, “Одами аввал”  мансуб ба ӯянд.

Албер Камю соли 1960 дар шаҳри фаронсавии Вилблевен дар синни 46-солагӣ дар садамаи мошин  аз олам гузашт.

Воҳид АсрорӣСоли 1917 дар шаҳри Хуҷанд нависанда, шоир, тарҷумон, фолклоршинос, олим, адабиётшинос, мунаққиди адабӣ, рӯзноманигор, омӯзгор, поягузори мактаби рӯзноманигорӣ дар кишвар, пири журналистони тоҷик  Воҳид Асрорӣ зода шуд. Соли 1938 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи муаллимини Тошкандро ба итмом расонда, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Солҳои 1942-1944 сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст.

Баъди ҷанг аввал дар Вазорати давлатии назорати ҷумҳурӣ кор карда, сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» таъин шудааст.

Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, вориди аспирантура шудааст.

Соли 1953 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Баъдан устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе будааст.

Соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя карда, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Асарҳояш аз соли 1939 чоп мешаванд.

Китобҳои «Салом, мактаб!» (1951), «Ҳардуяшон нағз» (1962), «Замзамаи ҳаёт» (1964) ашъори дар солҳои гуногун офаридаи ӯро дар бар гирифтаанд.

Осори алоҳидаи В.Маяковский, С.Маршак, А.Гайдар, А.Қаҳҳор, П.Турсун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Муаллифи асарҳои илмии оммавии «Дар бораи эҷодиёти Юсуф Вафо» (1957), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор ва эҷодиёти нависанда» (1968), «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» (қ.1, 1983; қ.2, 1985) мебошад.

Китобҳои дарсии «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (1950), «Забони тоҷикӣ» (1954, 1957) ва «Фолклор» (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ; 1979, 1983, 1985) натиҷаи заҳмати чандинсолаи ӯстанд.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1977), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1953), академики АИ байналмилалии макотиби олӣ (1966), узви Иттифоқи рӯзноманигорон (1977).

Бо чандин ордену медали ҷангӣ ва ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

3 июни соли 1996 аз олам даргузашт.

Абдурофеъ РабизодаСоли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон нависанда, намоишноманавис, филмноманавис ва коргардони тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Маскавро хатм кардааст. Муддате дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикфилм» адои вазифа кардаааст. Муассис ва сарвари маҳфили адабии «Зарафшон» будааст, ки яке аз доираҳои нерӯманди кишвар эътироф гардидааст.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғ. эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чилмеҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғ. ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд.

Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғ. мебошад.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупойӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ”) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Файзи АшӯрСоли 1965 дар шаҳри Кӯлоб шоир, намоишноманавис ва таронанависи тоҷик Файзи Ашӯр ба дунё омад. Вай фарзанзди Шоири Халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ва бародари шоири маъруф Гурез Сафар аст.

Соли 1983, баъд аз хатми мактаби миёнаи №9, шогирди факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, соли 1990 ба итмом расондааст.

Солҳои 1990-1991 муаллими забони арабӣ дар мактаби №9 шаҳри Кӯлоб, 1991-1995 омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1995-2001 китобдори Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар, 2001-2004 мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва алоқа бо созмонҳои ҷамъиятӣ –сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дини дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб будааст.

Аз соли 2004 фаъолияти меҳнатиашро дар Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ш.Кӯлоб идома додааст. Ҳоло мудири бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб аст.

Ба ҳайси шоир ва драманавис шинохта шуда, навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Дунёст саҳна», «Ғизои андеша» ва «Рози оина» ба табъ расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи барномаҳои фарҳангии «Чароғи падарро фурӯзон дор!» (бахшида ба 40-солагии шаҳри Норак), «Наврӯзи Данғара», «Устоди ҳунар» (бахшида ба 60-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов), «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» (бахшида ба 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ), «Мазҳари тамаддун» (бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкорӣ бо М.Бахтӣ ва С.Айюбӣ) ва ғ. мебошад.

Асарҳои саҳнавияш «Захми дил», «Ё раб!», «Давлати Сомониён», «Ҳусайни аробакаш» ва «Фиғон» аз ҷониби Театр-студияи «Авасто», Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Кӯрғонтеппа саҳнагузорӣ ва солҳои гуногун дар фестивал-озмуни «Парасту» пешкаши мухлисон гардонида шудаанд.

Солиёнест, ки силсилаи сурудҳояш аз ҷониби хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди шунавандагон гардонида мешавад.

Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Шамсиддин Шоҳин, Ашӯр Сафар ва Мирзо Турсунзода.

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1975 дар шаҳри Ленинград шоир, намоишноманависи рус Катерина Викторовна Файн зода шуд. Вай дар хонаводаи ходимони театр ба дунё омад. Мадараш ҳунарманди балет, рақс дар рӯи ях буд.

Соли 1999 кори дипломии худро дар мавзуи театр ҳимоя кард. дар китобхонаҳо, осорхонаҳо ва нашриётҳои шаҳр кор кард.

“Номи худӣ”, “Бидуни чизе”, “Ороиши истиқлол”, “Дауру” номи чанд китоби ӯст.

Соли  1990 дар Соммйер дар синни 78-солагӣ нависанда ва шоири британиёӣ Лоренс Ҷорҷ Даррелл аз дунё чашм пӯшид. Вай бародарбузурги нависанда – анималист Ҷералд Даррел буд. Дар Ҳинди Британиё таваллуд шуд ва дар Ҳинд ва Британия соҳиби маълумот гашт.

Аввалин китобаш, ки маҷмуаи шеърҳои ӯро дар бар мегирифт, бо номи “Фиқраи аҷоиб” соли 1932 нашр шуд. Соли 1933 бо тахаллуси Гэффер Пислейк “Бромо Бомбаст”, ки нақизае ба Бернард Шоу буд, аз чоп баромад.

Соли 1935 нашриёти “Кэссел” романи ӯро бо номи “Нойи гоммелии муҳаббат” чоп кард. Соле баъд романи дигараш интишор ёфт, ки “Panic Spring” ном дошт.

Соли 1938 “Китоби сиёҳ” ва ба дунболи он китобҳои дигараш пайи ҳам нашр шуданд.

Даррелл чанд маротиба издивоҷ кард. Ҳамсари сеюми вай Клод-Мари-Винсендон соли 1967 тарки олам кард. Соли 1973 вай бо Жислен де Буассон  ҳамхона шуд.

7 ноябри соли 1990 бар асари бемории эмфезм дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Соммйер чашм аз дунё пӯшид.

Лоренс Даррелл ҳамчунин барои чандин филм филмномаҳои ҷолиб навиштааст.

Соли 2005 адабиётшинос ва филологи рус  Михаил Леонович Гаспаров бо ҷаҳон падруд гуфт. Вай муаллифи машҳуртарин китобҳо дар бораи шеъри рус ва аврупоист.

Шеършинос, назарипардоз, мутахассиси адабиёти қадим, тарҷумони асарҳо аз забонҳои қадим ва муосир маҳсуб меёфт. Академики АИ Русия, узви вобастаи ИА ИҶШС, доктори илмҳои филологӣ буд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ