Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8 – уми апрел

Як-рузи-таърих-08-04-2023Соли 1341 андешаманд, таърихнигор, нависанда, шоир, инсоншиноси итолёвӣ Франческо Петрарка бо қарори Сенати Рум, ҷоизаи тоҷи шоирро гирифт. Ӯро аввалин шоире медонанд, ки муътақиди инсонгароӣ буд. Франческо Петрарка шогирди нависанда ва файласуф Валаам Калабрийский буд.

Соли 1662 дар Сор, тарҷумон ва нависандаи даниягӣ Бригитта Тотт дар синни 51-солагӣ даргузашт.

Соли 1792 дар Маскав шоир ва декабристи рус Василий Давидов таваллуд шудааст.

Владимир-Федосеевич-РаевскийСоли 1795 мақоланавис, шоир ва декабрист Владимир Федосеевич Раевский ба дунё омадааст.

Владимир Федосеевич дар оилаи ашроф чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў дар мактаб-интернати Донишгоҳи Москва таҳсил карда, бо декабристи оянда Г.С.Батенков (1793-1863) иртиботи дустй пайдо мекунад. Иштирокчии Ҷанги Ватании соли 1812 мебошад. Соли 1822 дар Кишинёв бо ҷурми ташвиқу тарғиби инқилоб дар байни афсарон ва кадетҳо ба ҳабс гирифта шуд. Раевский пеш аз ҳабс шуданаш асарҳои публитсистии «Дар бораи асорати деҳқонон ва зарурияти дигаргунсозии таъҷилӣ дар Русия» ва «Дар бораи сарбозт»-ро навишт, ки дар он муаллиф нисбат ба дигар декабристҳо ҳуқуқи деҳқононро қатъитар маҳкум кардааст. Баъдтар ўро соли 1827 ба Сибир фиристоданд ва то охири умр дар он ҷо монд. Барҷастатарин асарҳои бадеии Раевский пеш аз ҳабс ва соли 1822 дар қалъаи Тираспол навишта шудаанд: «Паём ба Г.С. Батенков», мазҳакаи «Механдаму мегирям», «Сароянда дар зиндон»,  «Ба дўстони кишинёвӣ» ва ғайра ба шумор мераванд.

Соли 1798 дар Закинтос шоири юнонӣ Дионисиос Соломос, муаллифи гимни миллии Юнон «Гимни озодӣ», таваллуд шудааст.

Соломос аввалин шеърҳои худро ба забони итолиёвӣ менависад, аммо соли 1818 ба ватан баргашта, забони модарии худро меомӯзад.

Аз  соли 1822 бо дастгирии Спиридон Трикоупис ба навиштан бо забони юнонӣ шурӯъ кард. Ба гуфтаи Трикоупис, аввалин шеъри Соломос ба забони юнонӣ «Духтари малламўй» дар бораи духтаре, ки ба кишвари бегона рафтааст, мебошад. Аввалин асари бузурги Соломос ба забони юнонӣ «Гимни озодӣ» (1823) аст.

Дигар асарҳои барҷастаи шоир: шеърҳои «Қасида дар бораи марги Байрон» (1825), «Муҳосирони озод» (шоир то охири умр дар болои онҳо кор кардааст) низ ба мавзӯи муборизаи халқӣ бахшида шудаанд. Шеъри «Муҳосирони озод» беҳтарин асари ӯ дар робита ба инқилоби Юнон гардид. Сарфи назар аз он, ки асарҳои баъдӣ («Киштии юнонӣ», «Сафо» ва ғайра) аз ҷониби Соломос ба забони итолиёвӣ навишта шудаанд, дар онҳо нақшҳои фолклори юнонӣ низ истифода шудаанд.

Дӯсти шоир Иулиос Типалдос дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Соломос … бо ашъори худ тамоми мардумро фаро гирифт ва аввалин  асосгузори филологияи нави мо гардид».

Соли 1822 шоири рус Владислав Николаевич Горчаков ба дунё омадааст.Вай дар синни 17-солагӣ ягона маҷмӯаи «Шеър»-и худро (1839) нашр кард. Осораш аз ҷиҳати услубӣ ва жанрӣ маданияти назми солҳои 1810-1820, асосан анъанаи мағмумро идома медиҳанд.

Эрик КарлфелдтСоли 1931 дар Стокҳолм, шоири шведӣ Эрик Карлфелдт, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1931, дар синни 66-солагӣ вафот кард.

Карлфелдт шаш маҷмӯаи аввалини ашъори худро соли 1895 нашр кард, ки он «Сурудҳои олами ваҳшӣ ва ишқ» ном дошт. Шеърҳои ба маҷмӯа дохилшуда ва тамоми шеърҳои ў расмҳои ҳаёти деҳқонони ватани шоир – Далекарлияро тасвир мекунанд, ки аксаран бо рангҳои ирфонӣ навишта шудаанд. Ашъори Карлфелдт бо хусусиятҳои миллӣ ва рӯҳияи анъанавии амиқи лирикӣ фарқ мекунад.

Тамоми осори ӯ бо ҳасрати андозаи зиндагии одӣ, бо урфу одатҳои деҳқонии худ тасвир ёфтааст. Ду маҷмӯаи навбатии шеърҳо бошад, «Сурудҳои Фридолин» (1898) ва «Боғи лаззатҳои Фридолин» (1901) унвон гирифтаанд. Фридолин номи қаҳрамони лирикист, ки дар паси он худи муаллиф пинҳон шудааст. Фридолин — нимдеҳқон ва қисман шоир худро ҳамчун шахсе тавсиф мекунад, ки «бо деҳқонон ба забони мардуми одӣ ва ба забони лотинӣ бо одамони соҳибмаълумот муошират менамояд».

Маҷмуаи «Боғи Фридолин» силсилашеърҳои «Расмҳои девории Далекарлия»-ро дарбар мегирад. Инҳо шояд асилтарин ашъори шоир бошанд.

Artem VeselyСоли 1938 нависандаи шӯравии рус Артём Весёлий даргузашт.

Вай ҳамчун муҳаррири рўзномаи болшевикии «Красный пахар» аз моҳи сентябр то декабри соли 1919 22 шумора чоп кардааст. Дар рўзнома бо тахаллусҳои «Марди Пожилинский», «Кочкуров», «Сидор Весёлий», «Артём Невесёлий» мақолаҳо чоп кардааст.

Тирамоҳи соли 1921 дар маҷаллаи «Красная нов» (№ 3) аввалин намоишномаи ў «Мо» ва баъдтар дар ҳамин маҷалла повести «Масленитса» чоп шуд. Аз соли 1923 ба нашри асарҳояш оғоз мекунад аз он ҷумла: «Дарёҳои оташ» (1923), «Дили ваҳшӣ» (1924), «Озод» (1924), романи «Кишвари азиз» (1925-1926), «Русиябо хун шуста шудааст» (1927-1928) ба шумор мераванд.

Ато-МирхоҷаСоли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Ато Мирхоҷа дида ба олам кушод.

Соли 1991 нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расидааст. Баъдан пайиҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006) ва «Нафаси дувум» (2013) дастраси хонандагон шудаанд.

Ато Мирхоҷа, ҳамчунин, муаллифи чандин китобҳои бачагона буда, ашъори Александр Блок, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст.

Дар таҳия ва нашри китобҳои «Вожаномаи мухтасари русӣ-тоҷикии роҳи оҳан» (2004, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «Луғати соҳаи ҳавопаймоӣ (русӣ-тоҷикӣ)» (2008, дар ҳаммуалифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «800 ғазали дилошӯб» (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ) ва «800 панди дилписанд»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ), «Баёзи меҳр» (2008), «Анҷумани дидор» (2008), «Гулбоғ» (2010), «Эъҷози Раҳмон» (2011), «Одами тиллоӣ», (2011), «Нома дар барги ҳавас» (2011) саҳм дошрад.

Ато Мирхоҷа дар нависандагӣ низ адиби муваффақ шуд. Романи “Саройи Санг”, ки то кунун 3 ҷилди он ба дасти хонанда расидааст, аз ҷониби хонандагон ва мунаққидон хуш пазируфта шудааст. Барои ин роман соли 2022 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар бораи Ато Мирхоҷа дар сомонаи худ матлаби дигаре ҳам дорем, ки лутфан таваҷҷуҳ кунед.

Соли 1968 дар Престон нависанда, рассом ва навозандаи бритониёӣ Маркус Седгвик таваллуд шудааст.

Аз рўйи маълумоти «The Guardian», Маркус соли 1994 ба ҷиддӣ навиштан шурӯъ кардааст. Нахустин китоби ӯ бо номи “Дарёбод” соли 2000 нашр шуд ва ҳамон сол барандаи ҷоизаи Бранфорд-Босе барои беҳтарин романи аввалин барои кӯдакон гардид. Дар соли 2013 Маркус Седгвик романи графикии «Осиёбҳои тираи иблисӣ»-ро баровард, ки дар якҷоягӣ бо бародараш Ҷулиан Седгвик навиштаанд ва аз ҷониби Ҷон Хиггинс тасвир шудааст. Китоби серхаридори ӯ дар соли 2015 бо номи “Арвоҳҳои осмон“, як асари бадеӣ барои ҷавонон, аз чаҳор қисм иборат буда, ба як романи ҷолибе муттаҳид шудааст. Маркус муаллифест, ки  ҷоизаҳои зиёдеро аз ҷоизаи бонуфузтарин китоби Амрико барои ҷавонон ба даст овардааст.

Кори охирини ӯ пеш аз маргаш китоби машҳури илмии «Ҳама андешаҳои шумо: чӣ воқеа рўй медиҳад, вақте ки духтур ба шумо бовар намекунад?» мебошад.

Маркус Седгвик 17 ноябри соли 2022 дар Фаронса дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Ннеди ОкорафорСоли 1974 дар Стинстиннати иёлоти Огайо нависандаи нигериятабори амрикоӣ Ннеди  Окорафор, барандаи ҷоизаҳои «Небюла» ва «Ҳюго» таваллуд шудааст.

Барои асарҳояш, ки дар онҳо асотири африқоӣ бо технологияи муосир ва мушкилоти иҷтимоӣ омехта шудааст, нависанда соҳиби як қатор ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст. Барои китоби «Бинти», Ннеди дар соли 2016 ҷоизаи Ҳуго ва ҷоизаи Nebulaро дар бахши беҳтарин ҳикояи кӯтоҳ” сазовор шудааст. Моҳи январи соли 2017 идомаи ҳикоя китоби «Home» нашр шуд ва нашри қисми сеюм бошад, бо номи «The Night Masquerade»дар охири соли 2017 эълон гардид.

Соли 1977 дар Ню Йорк нависандаи асарҳои тахайюлӣ ва навозанда Сара Пинкер ба дунё омадааст.

Сара Пинкер муаллифи асарҳои илмӣ-тахайюлӣ нӯҳ карат финалисти Ҷоизаи Nebula гардидааст. Романи аввалини Пинкер «Суруд барои рӯзи нав» дар соли 2019 ­– барои беҳтарин роман ва достони кӯтоҳи ӯ «Модархудо» ҷоизаи беҳтарин романро дар соли 2016 ба даст оварданд. Инчунин ў барои асарҳояш ҷоизаҳои Филип К. Дик, Теодор Стурҷен ва финалисти ҷоизаҳои Ҳуго, Ҷаҳони тахайюлот ва Типтриро сазовор гардидааст.

Асарҳои  Пинкер «мулоҳизакорона» ва «нозук», «даҳшатнок» ва «афсонавӣ» тавсиф шудаанд. Пинкер дар бораи осори бадеии худ чунин мегўяд: «Ин вақти хубест, нафаре бошед, ки дар бораи гурӯҳ ё таҷрибаи шахсие, ки қаблан зикр нашудааст ҳарф бизанӣ ва шунавандае дошта бошӣ. Тахайюлоти илмӣ ба ҷаҳон тавассути заррабини навъи дигар менигарад, аз ин рӯ ба таҷрибаҳои нав бо ин заррабин нигаристан шавқовар аст

Таҳияи
Сафаргул ҲУСЕЙНОВА