Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми август
Соли 1790 дар Сёдеметер шоир, нависанда, мунаққид, сиёсат мадори лаҳистонӣ Ференс Кёлчеи ба дунё омад. Ӯ яке аз машҳуртарин чеҳраҳои адабии Маҷористони асри XIX буд. Ҳамроҳ бо дӯсташ нависанда Ференс Казинси барои эҳёи адабиёт ва забони маҷорӣ талошҳои зиёд кард.
Ференс Кёлчеи дар хонаводаи ашроф ба воя расид. Фавти бармаҳали волидонаш ба саломатии ӯ таъсири бад гузошт ва ӯ аз як чашм маҳрум гардид ва ин маҳрумият ба хислати ӯ ҳам таъсир гузошт.
Соли 1826 маҷаллаи «Élet és Literatura» («Ҳаёт ва адабиёт”)-ро асос гузошт ва барои он мақолаҳои зиёде аз фалсафаву адабиёт ва танқиди адабӣ навишт. 17 ноябри соли 1830 узви Академияи фанҳои Маҷристон интихоб гардид.
24 августи соли 1838 дар 48-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1809 дар Киото дар синни 75-солагӣ олим ва муаллифи шеърҳо дар жанри воко (навъи шеъри классикӣ дар адабиёти Ҷопон) Уэда Акинари тарки олам кард. Вай 25 июли соли 1734 дар Осакетеман таваллуд шуда буд.
Уэда Акинари аз чеҳраҳои адабии баҷаста дар адабиёти Ҷопони асри 18 ба шумор мерафт. Бо новеллаҳояш дар жанри ёмихон машҳур шуд.
Маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи “Моҳ дар туман”, “Ҳикояҳо дар бораи борони баҳорӣ” китобҳои нисбатан машҳури ӯ мебошанд.
Уэда ҳамчунин аз ҳойкунависони муваффақи Ҷопон буд ва дар жанри шеърии танко низ шеър навиштааст.
Соли 1901 дар шаҳри Санкт-Петербург шоир ва омӯзгори рус хонум Нина Берберова зода шуд. Вай муаллифи як силсила асарҳои ҳуҷҷативу тарҷумаиҳолӣ ва ёддоштӣ буд.
Падараш аз арманҳои Қрим буд, бобояш духтури машҳуре, ки дар Порис таҳсили илм карда ва модараш рус. Баъди инқилоби Октябр дар Русия ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар сиёсатҳои ин кишвар Нина Берберова ҳамроҳ бо шавҳари шоираш Владислав Ходасеевич аз Русия ба Аврупо муҳоҷират карданд, ҳарчанд намедонистанд онҳо дигар ба ватан барнамегарданд.
Аввал ба Берлин рафтанд, сипас ба нуқоти дигари Аврупо сафар карданд ва ниҳоят соли 1925 дар Порис мустақар шуданд. Дар Порис Нина Берберова бо дигар нависандагон рус дар табъид монанди Анна Ахматова, Владимир Набоков, Борис Пастернак ва дигарон шинос шуд. Дар ин муддати иқомат дар Порис достонҳои кутоҳ менавишт ва маҷаллаҳои адибони табъидии рус чоп мекарданд.
Шавҳараш соли 1939 дар Порис вафот кард ва худи ӯ дар умум 25 сол дар ин шаҳр иқомат намуд ва баъдан ба Амрико рафт ва шаҳрванди он кишвар шуд.
26 сентябри соли 1993 дар Филаделфия аз олам гузашт.
“Чайковский. Зиндагином аи м арди танҳо”, “Бородин”, “Бидуни ғуруб”, “Александ Блок ва замони ӯ”, “Димоғаи тӯфонҳо”, “Малика” номи чанд асари ӯст.
Соли 1952 дар Осло нависанда, мақоланавис ва муаллими фалсафаи аҳли Норвегия Юстейн Гордер таваллуд шуд. Ӯ романнавис ва холиқи достонҳои кутоҳ аст, ки бештар дорои иттилооти фалсафӣ барои мухотабони ҷавонаш мебошад.
Юстейн Гордер донишгоҳи Ослоро дар риштаи фалсафа, илоҳиёт ва адабиёт хатм кардааст. Даҳ сол баъди хатми донишгоҳ дар дабиристонҳо аз “Таърихи ақоид” дарс гуфтааст. Ҳоло чун нависандаи озод дар шаҳри Осло, канори ҳамсар ва ду писараш ҳаёт ба сар мебарад.
Романи машҳураш бо номи “Дунёи София”, ки соли 1991 мунташир шуд, ӯро ба шуҳрат расонд. Ин китоб то кунун ба 59 забони олам тарҷума ва чоп шуда ва миллионҳо ҷилди он ба фурӯш рафтааст. Аз рӯи ин китоб филме ҳам бо ҳамин ном бардоштаанд.
“Дунёи София” як асари фалсафист, ки ба забони содаву равон барои навҷавонону ҷавонон таърихи фалсафаро ривоят мекунад. Адиб аввал ният дошт асар танҳо барои наврасону ҷавонон бошад, вале баногаҳ ва ғайриинтизори ӯ таваҷҷуҳи калонсолонро ҳам ба худ ҷалб намуд.
“Дуняи София” дар Эрон панҷ тарҷума дорад ва ҳатто барои нобиноён бо хати брайлӣ ҳам чоп шудааст.
5 августи соли 2006 Гордер дар калонтарину машҳуртарин рӯзномаи норвежӣ Aftenposten мақолае бо номи “Халқи баргузидаи Худо” чоп кард, ки ҷанҷолбарангез шуд. Вай дар ин мақола сиёсатҳои давлати Исроил ва бахусус амалиётҳои низомии ин кишварро ба пурсиш кашид. Худи Гордер дар як суҳбаташ дар радиои NRK гуфт, ки қабл аз чоп ин мақоларо ба касони зиёде барои мутолиа ва ибрози назар пешниҳод карда буд, ки дар миёни онҳо коршиносони шинохтаи масоили Ховари Миёна кам набуданд.
Гордер хоҳони адами шинохтани давлати Исроил дар қаламрави имрӯзаи он шуд. Ин мақола яҳудиятро як “дини кӯҳнаи миллӣ ва ситезаҷӯ” тавсиф кард.
Ин мақола ба муқовимати шахсони зиёд ва созмонҳову давлатҳо рӯбарӯ шуд ва бархе ӯро яҳудиситез номиданд. Аммо Гордер ин иттиҳомро шадидан рад кард.
“Қасри қурбоқаҳо”, “Рози фоли варақ”, “Рози тавлид”, “Даруни як оина, даруни як муаммо”, “Зиндагӣ кутоҳ аст”, “Салом, касе ин ҷо нест”, “Дунёи Анна”, “Антон ва Ҷонатун”, “Марди ғайри қобили эътимод” аз ҷумлаи навиштаҳои дигари Юстейн Гордер мебошад.
Соли 1965 дар манзили худ воқеъ дар Норт-Беннингтон, иёлати Вермонт дар синни 48-солагӣ Шерли Ҷексон фавтид. Вай 14 декабри соли 1916 дар Сан-Франсиско, иёлати Калифорнияи ИМА ба дунё омада буд. Ӯро классики адабиёти асри ХХ Амрико меноманд.
Шерли Ҷексон нависандаи романҳо ва достонҳои кутоҳ буд. Маъруфтарин асари вай “Достони кутоҳи лотарӣ” аст, ки бори аввал дар маҷаллаи “Ню-Йорк” чоп шуд. Ин асаррро ҳамчунин аз маъруфтарин достонҳои кутоҳи қарни бистум меноманд.
Романҳои “Роҳ аз миёни девор”, “Лонаи паранда”, “Соати офтобӣ”, “Мо ҳамеша сокини қаср будем” аз ӯ мебошанд.
Ҳикояҳояш тӯли солҳои гуногун дар китобҳои “Лотерея ва ҳикояҳои дигар”, “Сеҳри Мерли Ҷексун”, “Биё, бо ман биравем”, “Як рӯзи бисёр одӣ” чоп шудаанд.
Таҳияи Б.Шафеъ