Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми июн
Соли 1794 дар Гёттинген дар синни 46-солагӣ шоири олмонӣ Готфрид Август Бюргер аз дунё гузашт. Вай писари кашиши масеҳӣ буд, ки 31-уми декабри соли 1747 таваллуд шуда буд. Ӯро бештар бо балладаи “Ленора” мешиносанд.
Соли 1889 дар Дублин шоир ва роҳиби калисои католикии англис Ҷерард Ҳопкинз вафот кард. Ӯ ҳамагӣ 44 сол дошт. Шахсе буд ба навиштаҳояш бепарво ва замони дар қайди ҳаёт буданаш ҳамагӣ чанд шеъраш чоп шуд. Соли 1918 осори ӯро Р.Бридҷес мунташир кард. Баъди ин Ҳопкинз чун як шоири баркамол ва маъруфи англис шинохта шуд.
Соли 1910 дар шаҳри Нюарк (иёлати Ню-Ҷерси) нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷон Кэмпбелл ба дунё омад. Ӯро ташаббускори асри тиллоии асарҳои тахайюлии амрикоӣ меноманд. Соли 1932 баъди хатми донишгоҳ соҳиби дипломи физика шуд, вале ҳамон замон алакай чун нависандаи тахайюлнавис шуҳрат ёфта буд.
Соли 1913 дар Филаделфия насрнавис, намоишноманавис ва филмноманависи амрикоӣ Н.Ричард Еэш зода шуд. Вай муаллифи филмномаи филми “Энн Шеридан” (1947), “Хоҳарони муқаддас” (1948), “Ҳамсари азиз” (1949), “Мара-Мару” (1952), “Елена Троянская” (1956), “Сӯзанак” (1976) ва “Миёни торикӣ ва сапедадам” ва ғайра мебошад.
Соли 1914 дар Лихтенау шоир, нависанда ва намоишноманависи олмонӣ Курт Бартел ба дунё омад. Падараш корманди роҳан оҳан ва то таваллуди Курт кушта шуда буд. Худи ӯ аз овони ҷавонӣ ба корҳои сиёсӣ шавқ пайдо кард. Соли 1933, баъди сари қудрат омадани натсистон ба Чехословокӣ муҳоҷират кард.
Соли 1934 аввалин гузоришҳо ва шеърҳояш дар нашрияи Die Rote Fahne чоп шуданд. Дар фаъолияти ҷавонони сотсиал-демократи чапгаро фаъолона иштирок кард.
Ба Олмон соли 1946 баргашт ва корманди нашрияи ҳизбии Dietz шуд. Баъдҳо чун муаллифи кантат дар бораи Сталин ном баровард.
Вай аз ҷавонӣ гирифтори бемории дил буд ва ниҳоят аз ҳамин касалӣ ногаҳон 12 ноябри соли 1967 вафот кард.
Соли 1915 дар Хиббинги иёлати Миннесота нависандаи тахайюлнависи армикоӣ Фрэнк Райли таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи “Ҳюго” буд.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Райли дар сафи қувваҳои баҳрӣ хидмати аскарӣ мекард. Баъди ҷанг аввал корманди ғайриштатӣ ва баъдан сармуҳаррири рӯзномаи “Лос-Анжелис Таймс” шуд.
24 апрели соли 1996 дар Манхэттен-Бич вафот кард.
Соли 1926 дар шаҳри Москав, ба хиёбони Твер, наздикии дарвозаи Никитин дар синни 38-солагӣ нависанда, намоишноманавис ва очеркнависи рус Андрей Собол худро парронд. Бино ба гуфтаи шоҳидоне, ки бо духтурони муоинакардааш ҳамсуҳбат шудаанд, вай синаи худро нишон гирифтааст, вале дасташ ларзишаву тир ба шиками ӯ расидааст.
Чанде пештар аз маргаш осори худро дар чаҳор ҷилд омодаи чоп карда будааст.
Сабаби худкушии ӯ ҷиддан таҳқиқ нашудааст.
Муаллифи романи “Чанг”, китобҳои “Ҳикояҳо”, “Дар бадарға”, “Шикастапораҳо”, “Биё парвоз кунем”, “Сояҳои чинӣ”, “Он ҷое, ки панҷараҳо намудоранд” ва ғайра мебошад.
Соли 1945 дар конслагери Терезин бар асари бемории домана шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Робер Деснос аз олам гузашт. Вай 44 сол дошт.
“Андӯҳ барои андӯҳ”, “Озодӣ барои ишқ”, “Шароби ғарқшуда”, “Охирин шоир”, “Беҳтарин айёми шоир” номи китобҳои ӯ мебошад.
Соли 1947 дар Эймс, иёлати Айова нависандаи амрикоӣ Сара Паретски таваллуд шуд. Вай муаллифи беҳтарин асарҳои детективӣ мебошад.
Соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд шоир, нависанда, рӯзно манигор, тарҷумон ва ношири тоҷик Латофат Кенҷаева (Сабрин) ба дунё омад.
Аз соли 1981 то соли 2014 дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») ба ҳайси сардабир кор кард. Соли 1996 дар назди маҷалла Созмони кӯдакони соҳибистеъдод «Истиқбол»-ро таъсис додааст, ки раисии онро бар уҳда дорад.
Ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ машқи шеър карда, шеърҳои бачагона менавишт. Намунаи шеъру ҳикояҳои ӯ дар матбуоти даврӣ, дар китоби «Тазкираи адабиёти бачагон» ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Китоби «Сандуқчаи марворид», ки аз тезгӯяку чистон ва бозиҳою кистонҳо таркиб ёфтааст, барои бачагон эҷод шуда, соли 1997 ба табъ расидааст ва чун дастури омӯзишӣ барои мактабҳои миёна тасдиқ шудааст. «Афсонаи Тиллонур» ғолиби озмуни ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гардидааст.
Асарҳои дигари назмию насрии Латофат дар маҷмӯаҳои «Лолаарӯсак» (1980), «Таронаҳо» (1982), «Марҷони ранга» (1986), «Шарораи хотираҳо» (1990), «Сандуқчаи марворид» (1997), «Рози шабнам» (2000), «Мусича ва дурдона» (2003), «Оҳи гусаста» (2003), «Нома ба бародар» (2005), «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш» (2005), «Наҷотбахши дунё кист?» (2005), «Қофиябозӣ (қ. 1-2, 2006), «Шеърҳо» (2009), «Хилвати гесӯ» (2009), «Фариштае ба нури орзу» (2009), «Афсонаи Тиллонур» (2010), «Гаҳвораҷунбон» (2010), «Саргузашти чӯҷаи доно» (2012), «Қофиябозӣ-10» (2013), «Мӯрчаяки баднафс» (2013), «Зиёфат» (2013), «Афсонаи 10» (2013), «Бозии рустшавакон» (2013), «Шукрон, куҷоӣ?» (2014), «Очабузи Шоҳона» (2014), «Садбарги ҳаё» (2014) ва ғ. фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навҷавонон, ҳам барои калонсолон офарида шудаанд.
Қиссаи «Нома ба бародар»-и Латофат тарҷумаҳолӣ буда, аз рӯзгори пурмашаққат, вале ибратангези ӯ қисса мекунад.
Умуман, муаллифи беш аз 50 китоби насрию назмӣ барои кӯдакону наврасон мебошад. Беш аз 700 мақолаву очерк иншо кардааст. Дар кори тарҷумаи бадеӣ низ фаъол буда, осори чанде аз адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз ҷумла, тарҷумаи асарҳои адиби эстонӣ Эно Рауд «Сип-сик», «Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост», адиби молдовӣ Аврел Чокану «Афсонаҳои кӯзаи кӯҳна», «Кишвари одамони яхин», шеърҳои Наталия Юркова «Моҳ ва фил» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Асарҳои алоҳидаи Латофат ба забонҳои русӣ, инглисӣ, ӯзбекӣ, белорусӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.
Хидматҳояш дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо медали «Меҳнати шоиста» қадрдонӣ шудаанд. Дорандаи унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Узви Иттифоқи нависандагон (1996) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1998) мебошад.
Соли 1949 бори аввал романи машҳури Ҷорҷ Оруэлл “1984” мунташир шуд. Ин яке аз беҳтарин ва ҳамзамон охирин асари нависандаи машҳур ба шумор меравад.
Соли 1980 дар садамаи нақлиёт шоир, рӯзно манигор ва тарҷумони тоҷик Ҳабибулло Файзулло ба ҳалокат расид. Вай 5 марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шуда буд. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст. Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият», масъули Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд.. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори Офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем….» (1985) ва «Девон» (1995)-и ӯ чоп шудаанд.
Дар Маскав китобҳои ӯ «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.
Ашъори алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, И. Гёте, П. Шиллер, А. Блок, Ю. Марсинкявичюс, И. Зиёдонис, фоҷиаи Эврипид «Медея»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаҳояш дар баёзи «Армуғон» (1987) гирд омадаанд.
Таҳияи Б.Шафеъ