Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9-уми декабр

Як-рузи-таърих-09-12-2022Соли 1608  дар Лондон шоир, сиёсатмадор, мутафаккири инглис, муаллифи рисолаҳои сиёсӣ ва динӣ Ҷон Милтон ба дунё омадааст. Асарҳое чун «Биҳишти гумшуда», «Қомус», «Лусидас» мансуб ба ӯянд.  Ӯ мақолоти баҳсбарангезе дар хусуси озодии интишор, омӯзиш ва ҳазфи сонсур нигошт.

 Солҳои 40—50 ҳамчун воқеъанигори намоён памфлетҳо навишта, ба муқобили сиёсати иртиҷоии сонсур баромада, дар асарҳояш «Мудофиаи халқи англис» (1650),  “Мудофиаи дигари халқи англис” (1654) ва ғайра қатли шоҳи золим —  Карли I-ро дуруст ҳисобидааст.   Дар достонҳои ӯ «Биҳишти гумшуда» (1667) ва «Биҳишти баргашта» (1674), ки ба мавзӯи Таврот оиданд, муборизаи қаҳрамононаи халқ бар зидди истибдод инъикос ёфтааст. Милтон муаллифи «Таърихи Британия» (1670), «Таърихи мухтасари Москва» (1682) мебошад.

Соли 1770 дар фермаи хурди наздикии Этрик шоири шотландӣ, муаллифи қиссаҳои таърихӣ ҶеймсХогг, таваллуд шудааст.

Максим Адамович БогдановичСоли 1891 дар Минск шоири белорус Максим Богданович, яке аз созандагони забони адабии муосири белорус, ба дунё омадааст.

Богданович бори аввал дар адабиёти белорус аз сонет, триолет, рондо, назми озод ва дигар шаклҳои назми классикӣ истифода бурдааст.  Шеъри «Дар Вилна»-и ў аввалин намунаи жанри назми шаҳрӣ дар адабиёти муосири белорус гардид.

Ба андешаи падари шоир, дар эҷодиёти ў беҳтарин ҳолати рӯҳии ӯ дар маҷмӯъ инъикос ёфтааст. Дар лирика ва навиштаҳои дигараш саргузашти ҳаяҷонбахшаш, ки ба таври зебо баён карда шудааст аз ақидаю эътиқоди ў, аз манфиатҳои ҷамъиятиаш шаҳодат медиҳанд.

Ҳасан ТуфанСоли 1900 шоир ва нависандаи тотор Ҳасан Туфан таваллуд шудааст. Ҳасан Туфан соли 1920 ба эҷодиёт шуруъ кард. Дар давоми чанд сол хонандагон, мунаққидон ва аҳли адаб дар бораи ў харф мезаданд. Ҳасан Туфан яке аз аввалинҳо шуда, дар назми тотор мавзӯъи синфи коргар, меҳнат ва муборизаи онро ба миён гузошт. Солҳои 1920-1930 шеърҳои лирикӣ-эпикӣ менависад, ки ба фонди тиллоии назми тоторхо дохил шудаанд. «Очерки Урал», «Дар байни ду давра», «Бибиевҳо» ва ғайра аз ӯянд.

Ҳасани Туфан аз миёнаҳои солҳои 30-юм аз эпикӣ ба назми лирикӣ мегузарад. Бисёр шеърҳои лирикӣ сурудҳои оммавӣ гардидаанд. Солҳои 50-ум ва 60-ум як қатор асарҳое меофарад, ки ҳаққи гавҳари назми тоторҳо шумурданро доранд. Дар эҷодиёти шоир замонҳои охир жарфтар шудани таҳлили иҷтимоӣ, аҳамият ва фаъолияти проблемаҳои ба миён гузошташуда, шиддати фикр мушоҳида мешавад.

Соли 1906 нависанда ва мунаққиди фаронсавӣ Фердинанд Брунетер вафот кард.

Дмитрий Мережковский Соли 1941 дар Порис, нависанда, шоир, адабиётшиноси рус, намояндаи барҷастаи асри нуқра, асосгузори жанри романи таърихӣ, Дмитрий Мережковский дар синни 75-солагӣ аз хунравӣ дар мағзи сар даргузашт.

Мережковский (аз соли 1914, вақте ки ўро академик Н. А. Котляревский пешбарӣ карда буд) 10 маротиба барои гирифтани мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт пешбарӣ шудааст.

Андешаҳои фалсафӣ ва ақидаҳои радикалии сиёсии Д.С.Мережковский боиси вокунишҳои гуногуни шадид шуданд, лекин ҳатто мухолифон ӯро ҳамчун нависандаи барҷаста, навовари жанр ва яке аз мутафаккирони аслии асри ХХ эътироф карданд. Асарҳои машҳури ў «Ҷанговар дар сари дук», «Масеҳ ва зиддимасеҳ», «Дунёи ҳайвони ваҳшӣ» ба шумор мераванд.

Соли 1969 дар Маскав нависандаи асарҳои тахайюлӣ, шоир, мақоланавис  ва адабиётшиноси рус Евгений Харитонов ба дунё омадааст.

Соли 2005 нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Роберт Шекли дар синни 77-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар Поукиси иёлоти Ню Йорк даргузашт.

Дар маҷмӯъ, Роберт Шекли 20 роман ва беш аз 400 достону новелла навиштааст, ки 13-тои он маҷмӯаи муаллифиро ташкил медиҳанд. Асарҳои ӯ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаанд ва беш аз 65 китобро ташкил медиҳанд.

Соли 2015 нависандаи ҷопонӣ Акиюки Носака аз дунё гузашт.

Соли 2019 муҳаррири адабии маҷаллаи “World of Fantastics” Анна Полянская вафот кард.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА