Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми феврал

Як-рузи-таърих-09-02-2024Соли 966 хаттототи ҷопонӣ Оно-но Митикадзе, яке аз СансекиСе нақши муқалам вафот кард. Оно-но Мичиказе ё Оно но Тофу яке аз ба истилоҳ Сансеки  (Се нақши муқалам), дар баробари Фудҷивара но Сукемаса ва Фуҷивара но Юкинарӣ, Мичиказе асосгузори услуби хаттоти ҷопонӣ ё вайшодо маҳсуб мешавад ва дар Ҷопон маълуму машҳур аст. Ӯ ҳамчунин бо номи Ясеки Тофу маъруф буд.

Алишери-навоиСоли 1441 дар Ҳирот шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии турк ва  ходими давлатӣ Мир Алишер Навоӣ ба дунё омадааст. Падари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 14491457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи шавқи дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Тимуриён дояи кӯдакони онҳо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба мактаб ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 14701506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, инчунин «Мантиқу-т-тайр»-и Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст.

Адиб дар шеърҳои тоҷикӣ-форсӣ тахаллуси Фонӣ ва дар шеъҳои туркӣ тахаллуси Навоиро интихоб кардааст. Бинобар ин ҳамзамононаш ба ў «зуллисонайн» (соҳиби ду забон) тахаллуси иловагӣ дода буданд.

Алишери Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модариаш – туркӣ иншо кардааст. То замони Навоӣ бо забони туркӣ-узбекӣ эҷод намудани достонҳои бузургро ғайриимкон мешумориданд. Навоӣ аввалин шуда ин назарияро ботил шуморид ва барои исботи ин панҷ достон эҷод кард. Онҳоро Навоӣ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва «Ҳафт авранг» – и Абдурраҳмони Ҷомӣ навиштааст.

Ҷамъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Инчунин бо забони туркӣ-узбекӣ чаҳор девон дорад, ки маҷмӯи асарҳои лирикии шоир буда, 24 хазор байтро ташкил медиҳанд. Маснавиҳои «Лисону-т-тайр»Забони мурғон»), «Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Маҳбубу-л-қулуб» низ ба қалами Навоӣ тааллуқ доранд. Навоӣ инчунин ба забони модариаш дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандагони ҳамзабонаш «Маҷолису-н-нафоис» ва оид ба қоидаву қонуни вазни арӯз «Мизону-л-авзон»-ро меофарад.

Василий Андреевич ЖуковскийСоли 1783 дар деҳаи Мишенское, ноҳияи Белевскии вилояти Тула шоир ва мунаққиди рус Василий Жуковский таваллуд шудааст.

Ба шарофати тарҷумаи афсонаҳои “Маликаи хуфта” ва “Афсонаи подшоҳ Берендей  эҷодкор машҳур гардид. Роҳи эҷодии Василий Жуковский душвор ва пурпечутоб буд. Нависанда бо назму наср рўзи худро гузаронида натавонист, аз ин рӯ ба тарҷума машғул гардид. Ба истеъдоди Жуковский дар ин ҷода  ҳамзамонон, аз ҷумла Платон Бекетов соҳиби матбааи калонтарин баҳои баланд додааст.

Василий Жуковский гоҳ-гоҳ ба бачагон барои илмомўзӣ, аз ҷумла адабиёт кўмак мекард. Муоширати зич бо писарону духтарони синну соли гуногун ўро ба афсонанависӣ водор кард. Барои эҷоди ҳафт афсона, ки то имрӯз  миёни кўдакон ва калонсолон машҳуранд, ба Жуковский тақрибан 30 сол лозим шуд. Ба қалами Василий Андреевич афсонаҳои «Карбункули сурх», «Қиссаи подшох Берендей», «Маликаи хуфта», «Ҷанги мушу қурбоққаҳо», «Дарахти лола», «Гурбаи мўзапўш», «Қиссаи Иван Саревич ва гурги хокистарранг» тааллуқ доранд.

Василий Андреевич тасвири олами хаёлӣ, пурасрор ва қисман даҳшатнокро дўст медошт, ки ҳамаи ин дар афсонаҳояш инъикос ёфтааст.

Баъзан таваҷҷўҳи нависанда ба самти шеъри миллӣ дода мешуд. Эҷодкор кӯшиш мекард, ки дар китобҳои афсонавӣ асрорангезии Аврупо ва фолклори маҳаллиро муттаҳид кунад. Як сол пеш аз маргаш Жуковский ду шеъри пурафсун «Гурбача ва бузича» ва «Мурғак»-ро навишт. Муаллиф ин асарҳоро ба духтару писараш бахшидааст.

Соли 1857 дар Керкира, шоири юнонӣ Дионисиос Соломос, муаллифи гимни миллии Юнон, дар синни 58-солагӣ аз сактаи мағзи сар даргузашт.

Соломос аввалин шеърҳои худро ба забони итолиёвӣ менависад, аммо соли 1818 ба ватан баргашта, забони модарии худро меомӯзад.

Аз  соли 1822 бо дастгирии Спиридон Трикоупис ба навиштан бо забони юнонӣ шурӯъ кард. Ба ақидаи Трикоупис, аввалин шеъри Соломос ба забони юнонӣ «Духтари малламўй» мебошад ва дар бораи духтаре нақл мекунад, ки ба кишвари бегона рафтааст.

Нахустин асари бузурги Соломос ба забони юнонӣ «Гимни озодӣ» (1823) ном дорад, ки аз соли 1869 аввалин мисраъҳои он ба гимни миллии Юнон табдил ёфтанд.

Дигар асарҳои барҷастаи шоир: шеърҳои «Қасида дар бораи марги Байрон» (1825), «Муҳосирони озод» (шоир то охири умр дар болои онҳо кор кардааст) низ ба мавзӯи муборизаи халқӣ бахшида шудаанд. Шеъри «Муҳосирони озод» беҳтарин асари ӯ дар робита ба инқилоби Юнон гардид. Сарфи назар аз он, ки асарҳои баъдӣ («Киштии юнонӣ», «Сафо» ва ғайра) аз ҷониби Соломос ба забони итолиёвӣ навишта шудаанд, дар онҳо нақшҳои фолклори юнонӣ низ истифода шудаанд.

Дӯсти шоир Иулиос Типалдос дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Соломос … бо ашъори худ ҳамагонро фаро гирифт ва аввалин асосгузори бузурги филологияи нави мо гардид».

bobojunus-hudojdodzodaСоли 1875 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон шоири мардумии тоҷик Бобоюнус Худойдодзода  ба дунё омадааст. Падараш марди камбағале буда, дар шӯриши Восеъ иштирок доштааст.

Аз ҷавонӣ ятим монда мардикорӣ мекардааст. Соли 1916 барои кор дар ақибгоҳи аскарони рус ба Русия фиристода шуда, Инқилоби Октябрро соли 1917 дар Тошканд пешвоз гирифтааст, ки достонҳои ӯ «Революция» ва «Дар бораи Ленин» зодаи ҳамон айёманд.

Соли 1919 ба зодгоҳаш баргашта, дар бунёди ҳаёти нав ҳисса гузоштааст. Аз аввалин аъзои колхози навташкил буда, дар муборизаи зидди босмачиён иштирок доштааст. Яке аз бунёдкорони роҳи мошингарди Сталинобод- Кӯлоб будааст.

Дар мактаби шеъру суруди халқӣ ба воя расида, дар бистсолагӣ «Гурӯғлӣ»-ро азбар кардаву дар байни мардум ҳунарнамоӣ мекардааст. Сурудҳои эҷодкардаашро хонда бойҳои бераҳмро ҳаҷв карда, мардумро ба ҳаётдӯстӣ ва азму талош даъват менамудааст.

Гӯяндаи мумтози қиссаҳои «Оймаҳмад», «Ҳотам», «Кар», «Гулъизор», «Шаҳри Мунг» ва ғ. будааст.

Шеърҳои патриотии «Дар бораи Таня», «Сафар Амиршо», «Баҳодурони шаҳри Ленин», «Муҳаммадӣ Иброҳимов» ва ғ. дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иншо шудаанд.

«Достони Восеъ» аз муборизаи ҷасуронаи мардуми далери куҳистони кишварамон барои бахту саодату озодӣ қисса мекунад.

Сурудаҳои ӯ дар китобҳои алоҳида, аксаран, фолклорӣ, ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳояш ба русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Аз соли 1941 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

27 майи соли 1945 аз олам даргузашт.

Фёдор ДостоевскиСоли 1881 дар Санкт-Петербург нависандаи рус Фёдор Достоевский дар синни 59-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз барҷастатарин ва маъруфтарин адибон ва мутафаккирони рус дар ҷаҳон аст.

Фёдор Михайлович 11 ноябри соли 1821 дар беморхонаи камбағалони Мариинский таваллуд шудааст. Падарараш Михаил Андреевич, ашрофзода, модар Мария Феодоровна, аз оилаи бозаргонони Маскави куҳан буданд.

Аввалин романи Достоевский «Бечорагон» соли 1845 навишта шуда, онро Некрасов дар «Маҷмӯаи Петербург» нашр кардааст. Достоевский яке аз аъзоёни маҳфили Петрашевский буд, ки ҷонибдорони сотсиализми хаёлии Фаронсаро муттаҳид мекард. Соли 1849 барои иштирок дар ин маҳфил нависандаро ба ҳабс гирифта, ба қатл маҳкум карданд, ки баъдан он ба чор соли меҳнати вазнин ва бадарға ба Сибир иваз карда шуд.

Соли 1859 ба Достоевский иҷозат доданд, ки аввал дар Твер ва баъдтар дар Петербург зиндагӣ кунад. Дар ин замон ў ҳикояҳои «Хоби амак», «Деҳаи Степанчиково ва сокинони он», романи «Таҳқиршудагон ва озурдагон»-ро ба табъ расонд. Қариб даҳ соли азобу машаққати ҷисмонӣ ва маънавӣ таъсирпазирии Достоевскийро ба ранҷу азоби одамон пуршиддат кард.

Нависанда соли 1865 ҳангоми дар хориҷа буданаш дар истироҳатгоҳи Висбаден барои беҳтар намудани саломатии худ ба эҷоди романи «Ҷиноят ва ҷазо» шуруъ кард, ки дар он тамоми роҳи мураккаби ҷустуҷўи ботинии ў инъикос ёфтааст. Аз соли 1873 нависанда сармуҳаррири маҷаллаи «Гражданин» шуд ва дар саҳифаҳои он ба нашри «Рӯзномаи нависанда» оғоз кард, ки он замон барои ҳазорон мардуми рус омӯзгори ҳаёт гардид. Дар охири моҳи май соли 1880 Достоевский ба Москва рафт ва дар ифтитоҳи пайкараи Пушкин ширкат кард.  Вазъи саломатии нависанда рўз то рўз бад мешуд ва 9 феврали соли 1881 Достоевский дар Петербург вафот мекунад. Ӯ дар қабристони Тихвин Лавраи Александр Невский ба хок супурда шуд.

Ғарй аз асарҳои номбаршуда Достоевский боз муаллифи романҳо ва достонҳои “Ёддоштҳои зеризаминӣ”, “Шабҳои сафед”, “Қиморбоз”, “Обила”, “Ҷинзадагон”, “Ҷавони хом”, “Бародарон Карамазовҳо” мебошад.

Аксари романҳои машҳури Достоевский ба тоҷикиӣ низ тарҷума шудаанд.

Соли 1885 дар Москва аввалин китобхонаи ройгон бо номи Иван Сергеевич Тургенев кушода шуд.

Соли 1925 нозири сиёсӣ, нависанда, муаррих, Валентин Сергеевич Зорин ба дунё омад. Вай муаллифи 32 филмномаи телевизионӣ, аз ҷумла аз силсилаи “Амрикои солҳои 70-ум” ва “Подшоҳони бетоҷи Амрикомебошад.

Зорин 15 рисола ва китоб, аз ҷумла «Инҳисорот ва сиёсати Вашингтон», «Подшоҳони бетоҷи Амрико», «Ҳукмронони бе ниқоб», «Номаълум дар бораи шинос» ва ғайраро эҷод кардааст.

Ў бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Инқилоби Октябр, Дустии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», «Шараф» (2003), «Дӯстӣ» (2009), Александр Невский (2015) ва ғайра сарфароз гардонида шудааст.

Барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва РСФСР,  ҷоизаи ба номи Воровский дар соҳаи рўзноманигори байналхалқӣ мебошад. Инчунин аз соли 1973 Корманди шоистаи маданияти РСФСР дониста шудааст.

Лариса Михайловна РейснерСоли 1926 нависанда, шоир, рӯзноманигор, инқилобгари рус Лариса Михайловна Рейснер вафот кард. Ӯ  яке аз занҳои зеботарини даврони ҷанги шаҳрвандӣ буд, вале умри кам дид ва бармаҳал, дар сисолагӣ тарки олам кард.

Умри кўтоҳи шоири инқилобӣ Лариса Райзнерро миёни омма машҳур кард. Ҳусни зебо, доштани ҷасорати гуфтани сухани озод, мусаллаҳ будан ба ғояҳои инқилобӣ, дарки мушкили халқ ва донистани он ки адабиёт то куҷо бояд ба  сиёсат хидмат кунад, ӯро аз дигар ҳамзамононаш фарқ мекунанд.

Соли 1913 бори аввал пйесаи қаҳрамонию романтикии ў «Атлантида» нашр шуд.

Солҳои 1915-1916 ҳамроҳи падараш маҷаллаи адабии «Рудин»-ро нашр мекунад (ҳамагӣ 8 шумора нашр шуд), ки вазифаи он «бо воситаи ҳаҷв, расмҳои ҳаҷвӣ ва китобчаҳо нишон додани тамоми зиштиҳои зиндагии рус» ба шумор мерафт.

Нӯъмон-РозиқСоли 1927 дар деҳаи Симуганҷи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) шоири тоҷик Нӯъмон Розиқ  ба ҷаҳон омадааст. Соли 1942 мактаби миёна, соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расонда, чанде муаллимӣ кардааст.

Аз солҳои донишҷӯйӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Ашъораш дар китобҳои «Мусичаҳо нодон не» (1965), «Телефони гунҷишк» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолаи бозингарак» (1974), «Лона» (1977), «Файзи баҳор» (1977), «Гулбоғ» (1981) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Китобҳои «Одуванчик» (1975) ва «У меня много друзей» (1981)-и ӯ ба забони русӣ мунташир гардидаанд. Дастае аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, литвонӣ ва ӯзбекӣ ҳам тарҷума ва чоп шудаанд.

Ҳикояҳояш дар маҷмӯаи «Гавҳари тиллоӣ» (2010) фароҳам омадаанд.

Вакили мардумии порлумони ҷумҳурӣ (даъвати 7) будааст. Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардидааст. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

2 апрели соли 1982 аз олам даргузашт.

Соли 1931 дар Ҳерлен  нависанда ва намоишноманависи австриягӣ Томас Бернхард  ба олам омад. Томас Бернхардро, волидони модараш ба воя расонда, тарбия кардаанд; бобояш Йоханнес Фреймбихлер нависанда буд. Томас дар мактаби католикӣ таҳсил мекард ва дар соли 1947 онро тарк карда, дар мағоза ба ҳайси фурӯшанда кор кард. Солҳои 1949-51 дар беморхонаи касалиҳои шуш табобат гирифт, вале то ба охир шифо наёфт ва ин беморӣ то охири умр ӯро азият дод.

Солҳои 1955-57 дар Донишгоҳи мусиқии Залтсбург ва санъати драмавии «Мотсартеум» дар риштаи актёрӣ таҳсил кардааст. Вале новобаста аз ин ў худро комилан ба адабиёт бахшид. Соли 1965 ба хонаи шахсиаш дар ноҳияи Гмунден кӯчид ва соли 1989 дар он ҷо вафот кард.

Томас Бернхард коргардони худро дар симои Клаус Пейман ёфт, ки песаҳояшро дар Бохум ва Бургтеатри Вена ба саҳна гузошта буд; Нависанда охирин песаи худ «Клаус Пейман шим мехарад…»-ро, ки то ҳол дар саҳнаи театри ансамбли Берлинер ба намоиш гузошта мешавад,  ба ў бахшидааст. Дар байни онҳо песаҳое низ ҳастанд, ки махсус барои ҳунармандони машҳур навишта шудаанд: «Минетти» (1977) – барои Бернхард Минетти, «Риттер, Дехне, Восс» (1984) – барои Илзе Риттер, Кирстен Дехне ва Герт Восс.

Дар васиятномааш нашр ва намоиши асарҳояшро дар Австрия манъ кардааст.

Барандаи Ҷоизаи шаҳри Бремен (1965), Ҷоизаи давлатии Австрия (1968), Ҷоизаи Антон Вилдганс (1968), Ҷоизаи Георг Бюхнер (1970), Ҷоизаи Франтс Грилпартсер ва Франтс-Теодор Чокор (ҳарду 1972), Ҷоизаи байналмилалии адабии Монделло (1983), Ҷоизаи Фелтринелли (1987), Ҷоизаи Медичи Фаронса (1988) ва ғайра мебошад.

Соли 1940 дар Кейптаун нависандаи африқоии ҷанубӣ Ҷон Кутзее  таваллуд шудааст. Ў барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2003 буда, ҳамчунин ду маротиба Ҷоизаи Букерро (1983 ва 1999) ба даст овардааст.

Кутзее аввалин романи худро бо номи “Замини тира” соли 1974 нашр кардааст.

Дар романи «Дар қалби кишвар» (1977) саргузашти ҷудоӣ ва танҳоии зане, ки падари пиру танҳои худро парасторӣ мекунад ва оҳиста-оҳиста дар чорроҳаи ҷаҳони воқеӣ ва хаёлӣ роҳгум задааст, тасвир мекунад.

Инчунин ба қалами ў асарҳои «Интизории барбарҳо» (1980), «Ҳаёт ва замони Майкл К.», «Беномусӣ» (1999) ва “Кӯдакии Исо” (2013) таалуқ доранд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСЕЙНОВА