Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми июл

Соли 880 шоир ва рассоми ҷопонӣ Аривара-но Нарихира ба олам омад.Баъзе шеърҳои Аривара-но Нарихира тамоми самтҳои мавзуи назми вакаро (вака – як жанри шеърии асримиёнагии ҷопонӣ) кушод. Сӣ вака, ки бо қалами ӯ омада буд, ба «Кокин Вакасю» [The Kokin Wakashū (古今和歌集)] дохил карда шуд. Дар муқаддимаи «Кокин Вакасю» зикр шудааст, ки ӯ ба рӯйхати «Шаш ҷовидон» (шаш шоири беҳтарин, ки бо услуби вака навиштаанд) шомил гардидааст ва инчунин яке аз 36 шоири ҷовидонӣ [Sanjūrokkasen (三十六歌仙)] номида шуд. Маҷмӯаи ашъори ӯ «Нарихира сю» низ то замони мо расидааст.
Соли 1689 дар Дижон намоишноманавис, шоир ва ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Алексис Пирон ба дунё омад.
Соли 1764 дар Ҳолборн нависандаи англис Анна Радклиф, яке аз асосгузорони достонҳои тарснок чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Анна Радклиф соли 1764 дар Холборн дар оилаи чарчинфурўш ба воя расидааст. Вай вақте ки бо рӯзноманигор Вилям Радклиф, соҳиб ва сардабири рӯзномаи англисии Chronicle дар синни 22-солагӣ издивоҷ кард, насаби Радклифро гирифт. Азбаски онҳо фарзанд надоштанд, Анна вақтҳои холии худро ба навиштани адабиёти бадеӣ мегузаронд. Шавҳараш ӯро дар ин кор дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекард. Дар тӯли 7 сол, вай ҳамаи китобҳояшро нашр кард, ки баъдан маъруфияти зиёд пайдо карданд, аммо пас аз ин аз навиштан даст кашид. Сабабаш он буд, ки Анна табиатан одами шармгин буд ва шўҳрати калон ўро тарсонда, оромии ботиниашро халалдор мекард. Ҳаёти Анна Радклиф ва кори ӯ бо асрори гуногун иҳота шудааст. Яке аз ин ривоятҳо мегӯяд, ки ҳангоми эҷоди сужаҳои нав ва ҷузъиёти даҳшатнок барои асарҳояш Анна аз ақл бегона шуд ва сипас мурд. Аммо дар асл Радклиф соли 1823 аз илтиҳоби шуш даргузашт.
Вай романҳои машҳури худро дар тӯли 7-8 сол навишт ва баъди соли 1797 дигар асар нашр накард. Романҳои маъруфи Анна Радклиф инҳоянд: «The romance of the forest», «The mysteries of Udolpho» (1794) ва «The Italian or confessional of the black penitents» (1797).
Дар чоряки аввали асри 19 романҳои Радклиф на танҳо дар Англия, балки дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла дар Русия ҳам муваффақияти калон пайдо карданд.
Соли 1775 дар Лондон нависанда ва намоишноманависи англис Мэтю Грегори Люис ба олам омад.
Мэтю Грегори дар Лондон дар оилаи одамони маъруф ба дунё омадааст: падараш як шахсияти бузурги сиёсӣ ва модараш дар дарбор шахси муҳим буд. Люис дар Мактаби Вестминстер ва Коллеҷи Кристчерси Оксфорд таҳсил кардааст. Азбаски волидонаш барои ӯ касби дипломатиро пешгӯӣ карда буданд, Мэтю тамоми таътили худро дар хориҷ, ба омӯзиши забонҳо мегузаронад. Дар соли 1792, Мэтю ба Олмон сафар карда, фолклори маҳаллӣ ҷамъ овард. Дар соли 1794, Люис ба Гаага ҳамчун атташеи Бритониё таъин карда шуд. Маҳз дар Гаага аввалин романи худ «Роҳиб»-ро офаридааст. Аз соли 1799 то 1808 маҷмӯаҳои машҳури Люис – «Ҳикояҳои тарснок», «Ҳикояҳои ҷодугарӣ» ва «Ҳикояҳои ошиқона» нашр мешаванд. Дар соли 1815, Мэтю Грегори Люис иқтисодиётро дар Ямайка такмил медиҳад. Муваффақияти муҳимтарини ӯ ин аст, ки ӯ ғуломиро дар плантатсияҳои Ямайка барҳам дод. Инчунин, ба туфайли вай асбобҳои меҳнат такмил ёфтанд. Маҳз дар Ямайка Люис ба табларзаи зард гирифтор шуд ва баъдан дар соли 1818 дар роҳ ба хона даргузашт.
Соли 1834 дар Прага нависанда, шоир ва рӯзноманигори чех Ян Неруда, бузургтарин намояндаи реализми интиқодӣ дар Ҷумҳурии Чех ба дунё омад.
Ян Неруда солҳои 1853-1856 дар Донишгоҳи Прага таҳсил кардааст. Аввалин бор соли 1854 ҳамчун шоир баромад карда, аз соли 1856 дар нашрияҳои даврӣ саҳм гузоштаааст.
Неруда дар матбуоти даврии чех асосгузори жанри фелетон ба шумор меравад. Фаъолияти ӯ ҳамчун рўзноманигор ва мақоланавис дар солҳои 1850 ва 1860 афкори ҷамъиятиро ташаккул дод. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ «Гулҳои қабристон» (1857), ки дар бораи ҳаёти шаҳр аст, бо рӯҳияи пессимистӣ фаро гирифта шудааст. Дар васияти нодири шоиронаи Неруда – маҷмуаи «Сурудҳои ҷумъаи боэҳтирос» («Zpěvy Páteční», 1896, баъд аз марг) – боварӣ ба ояндаи хушбахтонаи халқи чех ифода ёфта, даъват ба мубориза барои озодӣ ва адолат садо медиҳад.
Маҷмуаҳои «Арабескҳо» (Арабеский, 1864), «Одамони гуногун» (Různí lidé, 1871), «Ҳикояҳои шаҳри хурд» (Povídky malostranské, 1878), очеркҳои сайёҳии «Суратҳои Порис» (Pařižské obrázky, 1863), «Суратҳои кишварҳои хориҷӣ» (Obrazy z ciziny, 1872), «Саёҳатҳои наздик» (Bližní cesty, 1877), достони «Бенавоён» («Trhani», 1872), мансўби ўянд.
Соли 1841 дар Смоленск намоишнависи рус Пётр Невежин ба олам омад.
Пётр Невежин аз соли 1880 инҷониб эҷод мекунад. Аввалин песаҳои ба саҳна гузоштаи ў – «Ҷунун» ва «Кӯҳна бо усули нав» бо ҳамкории А.Н. Островский навишта шудаанд. Машҳуртарин драмаҳои ӯ «Ҷавонии дуюм» ва охирин песаи ӯ «Мазамматшуда» буданд. Дар соли 1909 достони «Ҳардамхаёл»-и ӯ дар маҷаллаи «Пробуждение» ба табъ расид. Невежин дар «Русский вестник» ва нашрияҳои ҳаҷвӣ низ чанд ҳикоя чоп кардааст. Вай қариб сӣ песа офаридааст.
Пётр Михайлович соли 1919 дар шаҳри Санкт-Петербург вафот кард.
Соли 1850 дар Сопот шоири булғор Иван Вазов, патриархи адабиёти булғор чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Оғози фаъолияти адабии ў ба давраи ҳаракати миллии инқилобии солҳои 70-ум рост меояд, ки дар Булғория дар заминаи воқеияти иқтисодию сиёсӣ тарҳи инқилоби демократии буржуазӣ ба вуҷуд омад. Вазов он замон дар Руминия миёни муҳоҷирони Булғория зиндагӣ карда, ду маҷмуаи шеърҳо: «Байрақ ва гусли» (1876) ва «Дарди Булғория» (1877) навишт, ки дар онҳо ҳаёти вазнини халқи булғорро тасвир мекунад.
Вазов дар романи «Оилаи мо» ҳаёти халқи булғорро дар солҳои 60-ум инъикос кардааст.
Дар достони «Чичовҳо» ҳаёти ҷамъияти булғорро ба таври куллӣ нишон медиҳад, ки дар он расму оинҳо ва образҳои оддии булғорҳо дар давраи пеш аз ба охир расидани ҳукмронии туркҳо дар шакли иғроқӣ ва ҳаҷвӣ хеле зебо ифода ёфтаанд. Дар романи «Замини навкорам» ҳаёти Булғорияи аз ин пеш озодшударо тасвир мекунад.
Дар байни асархои лирикии ў маҷмуаҳои зерини ашъор намоёнанд: «Звукове» (1893), «Скитнишки песни» (1899), «Дар зери осмони мо» (1903), «Лулека ми замириса» (1920). Беҳтарин маҷмуахои лирикии ў «Ҳамосаи фаромӯшшудагон» ба шумор меравад.
Аз асарҳои драмавии Вазов «Хшове», «Варта куҷост?”, «Борислав» машҳуранд. Аҳамияти онҳо дар он аст, ки онҳо дар адабиёти булғор аввалин асарҳои драмавй мебошанд.
Соли 1867 дар Макон нависанда, рӯзноманигор, намоишноманавис ва адабиётшиноси фаронсавӣ Ҷорҷ Леконт, узви Академияи Фаронса ба дунё омад.
Соли 1897 дар Билбао шоир, насрнависи фаронсавӣ, адабиётшинос ва санъатшинос Жан Кассу чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Соли 1899 дар Рига шоири латиш Эйзен Веверис ба олам омад.
Эйзен Веверис дар оилаи коргар ба воя расидааст. Пас аз хатми гимназияи шаҳри Рига (1915) ихтиёран ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рафта, аз соли 1916 то соли 1919 дар полки панҷуми Семигалия меҷангид. Соли 1923 Донишкадаи омўзгории Ригаро хатм кардааст. Баъди ташкил ёфтани РСС Латвия дар соли 1940 дар шуъбаи маорифи вилояти Валка фаъолият мекард. Дар замони ишғоли немисҳо дар Латвия ӯро дар лагерҳои консентратсионии Саласпилс, Штутхоф ва Маутхаузен нигоҳ медоштанд. Вай яке аз асирони камшумори Латвия буд, ки то 5 май соли 1945 то озод шудани лагери контслагерии Маутхаузен зинда монд, ки дар натиҷа вазнаш то ба 46 кило расид. Сипас ба Латвия баргашт ва то соли 1959 ба нафақа баромаданаш дар Рига ба ҳайси директори мактаб кор кард. Аз овони ҷавонӣ шеър менавишт, вале танҳо дар солҳои 60-ум ба нашри он шурӯъ кардааст. Аксари асарҳои Веверис ба таҷрибаи зинда мондани ӯ дар лагерҳои консентратсионӣ бахшида шудаанд. Чаҳор китоби ашъори ӯ нашр шудааст:
«Дар замини лаънатшуда, садбарг шинонед» (латишӣ: Iedēstiet rozes zemē nolādētā; 1969, тарҷумаи русӣ 1977 бо тасвирҳои Д. Бисти), “Одам пас аз офтоб меравад» (латиш: Cilvēks aiziet pēc saules; 1972), «Асали халанҷӣ» (латвия: Viršu medus; 1975), «Дарди воҷиб» (латишӣ: Vajadzīgā sāpe; 1977, тарҷумаи русӣ 1981).
Лев Озеров дар бораи китоби охирини ӯ чунин мегўяд: «Дар ин китоб суханҳое навишта шудааст, варақҳои онро месӯзонад».
Дар даромадгохи маҷмааи ёдгории лагери Саласпилс ин сатрҳои шеъри Веверис ҳаккокӣ шудааст: «Пушти ин дарвозаҳо замин нола мекунад» (латиш: Aiz šiem vārtiem vaid zeme).
Аз соли 1969 узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Латвия ва соли 1970 барандаи Мукофоти давлатии ҶШС Латвия буд.
Соли 1901 дар Бирмингем нависандаи англис Барбара Картланд, яке аз муаллифони сермаҳсули асри ХХ чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Дар бораи ӯ матлаби ҷудогона дар сомона дорем, ки лутфан таваҷҷуҳ кунед.
Соли 1944 дар Ню Йорк нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Глен Кук ба дунё омад.
Глен Кук дар мактаби ибтидоӣ ба навиштан шурӯъ кард; дар мактаби миёна аллакай барои рӯзномаи мактабӣ мақолаҳои алоҳида менавишт. Пас аз хатми мактаби миёна дар Флоти баҳрии ИМА хидмат кардааст. Баъд ӯ ба коллеҷ рафт. Глен Кук дар соли 1970 ҷиддӣ ба навиштан оғоз кард. Аввалин романи тахайюлии ӯ соли 1972 нашр шуд. Он вақт Глен дар конвейери заводи мошинсозии Ҷенерал Моторс кор мекард. Кори ӯ хеле сода буд ва барои эҷодкорӣ вақти зиёди холӣ боқӣ мемонд. Дарвоқеъ, Глен Кук эътироф мекунад, ки ӯ дар давоми як соли кораш дар заводи мошинсозӣ се китоб навиштааст. Маҳз дар ҳамин вақт романи аввалин дар силсилаи «Воқеаҳои гурўҳи сиёҳ» навишта шудааст, ки сужаи он таърихи як дастаи зархаридҳоро дар тӯли чанд даҳсола дар бар мегирад. Дар айни замон, ин силсила, ки дорои 10 китоб аст, воқеан классикаи жанр шуда, маъруфияти хоса пайдо кардааст. Глен Кук ҳоло кори худро дар General Motors тарк кардааст ва гарчанде ки ҳоло тамоми ҳафта дар ихтиёри ӯст, эҳсос мекунад, ки қаблан, вақте ки ӯ ҳанӯз кор мекард, ҳамчун нависанда сермаҳсултар буд.
Соли 1945 дар Эверетт, Пенсилвания, ИМА нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Дин Кунтс ба олам омад.
Дин Рэй Кунтс аз хурдӣ мехост нависанда шавад, аммо наменавишт. Ӯ расм мекашид. Асосан ў аз рўйи ҳикояҳои гуногун, расмҳои даҳшатоварро мекашид. Тамоми давраи кӯдакии ӯ дар тарси доимӣ гузашт. Вақте бегоҳ чароғҳо хомўш мешуданд, муддати зиёд хобаш намебурд мудом дар изтироб буд, ки падараш омада, ўро лату кӯб мекунад ё каламушҳо ўро мехўранд ва ниҳоят вақте, ки хобаш мебурд, Динро хобҳои даҳшатбор азоб медод.
Дин Кунтсро завҷааш нависанда кард. Вақте ки ӯ боре ба завҷааш дар бораи тамоми даҳшатҳои айёми кӯдакиаш нақл кард, вай бо итминон гуфт, ки барои Кунтс ягона имконияти нависанда шудан ва рӯи коғаз рехтани ин ҳама тарс ва ниҳоят ба он хотима гузоштан аст. Хонум Кунтс иштибоҳ намекард, ҳарчанд нақша дошт, ки эҷодиёт метавонад шавҳарашро умдатан табобат кунад. Ӯ ба пул кор кардан шурӯъ кард. Ва дере нагузашта вай барои тамоми Амрико «нубуғи даҳшат» гардид. Романҳои ў дар як нишаст хонда мешуданд ва касе тасаввур карда наметавонад, ки Кунтс барои ҷамъоварии мавод чӣ қадар вақт ва ғайрат сарф мекунад, мутолиаи адабиёти махсус, омўхтани харитаҳои ноҳия, вохўрдан бо мутахассисони ин ё он соҳа. Дар тӯли панҷ сол вай беш аз даҳ роман нашр кард. Кунтс аксар вақт бо тахаллуси худ менавишт, ӯ дорои якчанд тахаллус буд. Мунаққидон «Сафари даҳшатбор»-ро беҳтарин асари Дин Кунтс медонанд.
Соли 1954 дар Колумбус, Огайо нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Эллен Клейҷес, барандаи ҷоизаи «Nebula», ба дунё омад.
Соли 1975 дар Днепропетровск нависанда ва шоираи русу исроилӣ Линор Горалик, барандаи ҷоизаҳои «Триумф ва Портал» ба олам омад.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова,