Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми март
Соли 1814 дар деҳаи Моринси уезди Звенигороди гебернияи Киев нависанда, шоир, мутафаккир, этнографи машҳури украин, Тарас Шевченко зода шуд.
Тарас Шевченко бештар шеъру достон навиштааст ва асарҳои ӯро ганҷинаи бебаҳои адабиёти Украина медонанд. Аммо ӯ як нависандаи чирадасте ҳам буд, ки ҳикояҳо, повестҳо ва рӯзномаҳои мондагор дорад.
Шевченко ба забони русӣ ҳам эҷод кардааст, аз ин рӯ, ӯро ба адабиёти рус ҳам мансуб медонанд.
Вай 10-уми марти соли 1861 дар шаҳри Санк-Петербург аз бемории обовардагии шикам (анг. Ascites) вафот кардааст.
Шевченко ҳамагӣ 47 сол умр дид ва аз ин 27 сол дар қаламрави имрӯзаи Русия зиндагонӣ кард.
Шевченко каме пештар аз маргаш ба навиштани китоби дарсӣ ба забони украинӣ оғоз карда буд.
Соли 1886 Гастон Верн, ҷияни нависандаи машҳури фаронсавӣ, яке аз поягузорони жанри илмӣ-тахайюлӣ Жюл Верн ба сӯи адиби маъруф аз тапонча ду тир холӣ кард. Тири аввал хато рафт, аммо тири дуюм ба пои адиб бархӯрд ва ӯро ҷароҳатдор ва ланг кард. Адиби ҷаҳонгард дигар ба куллӣ аз сафарҳои баҳрӣ ба кишварҳои дигар даст кашид.
Сабаби ин хусумат маълум нест. Он чизе то кунун дар бораи ин ҳодиса навиштаанд, он аст, ки Гастон Верн гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва баъди тирандозиву захмӣ кардани нависандаи шинохта боқии умрашро дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ гузаронд.
Жюл Верн узви Анҷумани ҷуғрофиёдонҳои Фаронса буд. Бино ба маълумоти ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷумашудаи Жюл Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм аст. Пеш аз ӯ Агата Кристи ва баъд аз ӯ Шекспир ҷой доранд.
Романҳои машҳуру сертарҷума ва серхонандаи адиб «Панҷ ҳафта дар болин», «Фарзандони капитан Грант», «Бист ҳазор франк дар зери баҳр», “Дар мадори моҳ”, “Моҷароҳои Африқо”, “Савдогарони пӯст”, “Даври дунё дар ҳафтод рӯз”, “Сафар ба аъмоқи Замин”, «Ҷазираҳои пурасрор», «Капитани понздаҳсола», «Тақдири Жан Морин» ва амсоли инҳо мебошанд.
Соли 1918 дар Мюнхен дар синни 53 – солагӣ баъди амали ҷарроҳии куррӯда шоир ва намоишноманвиси олмонӣ Франк Ведекинд вафот кард. Ӯ аз пешравони равияи экспрессионизм буд.
Пйесаи ӯ “Қутии Пандора”, ки соли 1904 навишта шуда буд, боиси баҳсҳои зиёд ва ҳатто кашмакашҳо дар додгоҳ шуд. Адиб ба таҳқири ахлоқи ҷомеа муттаҳам мешуд. Аммо ӯ баъди ба саҳна гузошта шудани намоишномаи дигараш бо номи “Бедории баҳор”, ки муваффақомез буд, шуҳрат ёфт.
Соли 1907 ин пйесаро Всеволод Мейерҳолд дар Русия ба саҳна гузошт ва адиби маъруф Александр Блок онро шадидан ба боди танқид кашид.
“Бедории табиат”, “Шарбати муҳаббат”, “Рӯҳи замин”, “Сарояндаи дарбор”, “Қутии Пандора”, “Сонсор”, “Бисмарк” аз ҷумлаи асарҳои Франк Ведекинд мебошанд.
Соли 1955 дар Спокан, иёлати Вашингтон нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ хонум Пат Мёрфи ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҳои “Набюлло” ва “Локус” буд.
Соли 1994 дар Лос-Анджелес дар синни 73 – солагӣ адабиётшинос, шоир, насрнавис ва рӯзноманигори амрикоӣ Чарлз Буковски вафот кард. Ӯ нависандае буд, ки ҳар навиштааш дар Лос-Анжелес, шаҳре, ки зиндагӣ мекард, ба шиддат таҳти таъсир қарор мегирифт. Ӯро нависандаи таъсиргузори муосир меноманд ва сабки хости навишташ борҳо мавриди тақлид қарор гирифтааст.
Буковски ҳазорон шеър, садҳо достони кутоҳ ва 6 роман ва беш аз 50 китоб навишта, чоп кардааст.
Вай замоне аз олам рафт, ки ба тозагӣ охирин романашро ба анҷом расонда буд, вале чопи онро надид. Буковский аз бемории саратони хун даргузашт.
“Пӯстхона”, “Ҳазорпеша”, “Занҳо”, “Мусиқии оби гарм”, “Оммаписанд”, “Салиб дар дасти марг”, “Ёддоштҳои як пирмарди касиф”, “Зеботарин зани шаҳр”, “Ҳоливуд”, “Коғазпора” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ