Як рӯзи адабиёт дар ттаърихи башар. 30 октябр

як-рузи-адабиёт-30-09-2023Соли 1513 дар Мелён нависанда, тарҷумон ва омӯзгори аҳли Фаронса Жак Амио ба дунё омад. Ӯ як зиндагиномаи талхе дорад. Соли 1589 Иттиҳодияи католикҳои Фаронса ғайриодилона адибро ба қатли ҳерсог де Гиз муттаҳам кард. Моҳи майи соли 1590 исбот шуд, ки адиби номвар ҳеч рабте ба қатли ҳерсог надошт. Бовуҷуди ин туҳмат ба рӯҳияи ӯ таъсир гузошт.

Аммо аз рӯзе, ки беайб эълон шуд, башиддат саргарми мутолеаи Китоби муқаддас ва анъанаҳои динӣ шуд.

Тарҷумаи асарҳои классикони ададбиёти Юнон аз юнонӣ ба фаронсавӣ ба Амио шуҳрати бештар овард. Вай ҳама асарҳои то он замон маълуми Плутарх – таърихнигор, зиндагиноманавис ва мақоланависи машҳури Юнони бостонро тарҷума кард.

Ҳамчунин Амион муваффақ шуд рисолаи “Китобхонаи таърихӣ”-и Диодор Ситсилий-таърихнигори ҳамзамони Юрий Сезарро баргардон ва ду романи дигар бо номҳои “Эфиопика(яке аз панҷ китоби машҳури динии юнониён)-Гелиодор ва “Дафнис ва Хлоя”-нависандаи машҳури Юнони бостон Лонгро низ ба фаронсавӣ тарҷума кунад.

Жак Амио 6 феврали соли 1593дар Осери Фаронса аз олам чашм пӯшид.

Андре Мари де Шенье Соли 1762 дар Қустантания (Константинопол, Истамбули имрӯза) шоир, рӯзноманигор, фаъоли сиёсии фаронсавӣ Андре Мари де Шенйе таваллуд шуд.

Шенйе дар Қустантания дар оилаи дипломат ва нависанда Луи Шенйе ба дунё омад. Модари ӯ дорои як салоне буд, дар он бисёр адибони машҳури замон, олимон ва наққошон меомаданд.

Роҳи зиндагии Шенйеро метавон шартан ба ду марҳилаи асосӣ ҷудо кард. Дар марҳилаи аввал вай танҳо ба Швейтсария ва Италия ба сайру саёҳат рафт. Дафтари ашъораш дар мавзуҳои гуногун, аз ҷумла васфи зебоиҳои Порис маҳсули ҳамин давраи зиндагонии ӯ мебошанд.

Ва чун аз Англия бармегардад, барояш марҳилаи дигари зиндагӣ оғоз мешавад ва он билохира бо қатлаш ба анҷом мерасад. Вай дар ин давра бештар ба корҳои сиёсӣ дода мешавад, ба инқилобхоҳон мепайвандад, ғояҳои инқилобиро тарғибу ташвиқ мекунад.

Суруди марг”, “Ман ва марг”, “Духтарони ҷавони Торонат”, “Нобино”, “Бемор”, “Гермес” номи чанд асар ва китобҳои ӯст.

Андре Мари де Шенйе 25 июли соли 1794 дар шаҳри Порис дар синни сар аз тан ҷудо карда шуд. Ӯ аз ҷумлаи куштагони террори инқилобӣ буд.

Степан Петрович ШевырёвСоли 1806 дар шаҳри Саратов шоир ва мунаққиди адабии рус  Степан Шевирёв зода шуд. Вай декан, профессори Донишгоҳи Москав ва академики Академияи илмҳои Петербург буд.

Степан Шевирёв бо Николай Гогол хеле наздик буд ва ҳамеша китобҳои ӯро пеш аз чоп мехонду тасҳеҳ мекард, ӯро бо китобфурӯшиҳои замонаш мепайваст ва дар кори фурӯши китобҳояш кумак мекард. Баъди марги Гогол ӯ дар кори омода кардани дастнависҳои адиб талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ва Гогол низ ба қадри заҳматҳои ӯ мерасид, ӯро қадр мекард. Боре адиби маъруф ба Александра Осиповна Смирнова (надимаи дарбори императори рус, хотиранавис ва аз дӯстони наздики Пушкин, Жуковский, Лермонтов ва бахусус Гогол) навишта буд: “Ҳар вақте ба Москав ташриф оваред, бо Шевирёв шинос шуданро фаромӯш накунед”.

Степан Шевирёв 20 майи соли 1864 дар синни 57-солагӣ аз олам рафт.

Поль ВалериСоли 1871 шоир, эссенавис ва файласуфи фаронсавӣ Пол Валери таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Сат, яке аз шаҳрҳои соҳилӣ дар ҷануби Фаронса чашм ба ҷаҳон кушод. Дар ҳамин шаҳр таҳсил кард. Соли 1889 дар риштаи ҳуқуқ ба таҳсилаш идома дод. Аввалин чакидаҳои хомаашро дар ҳамин сол нашр кард.

Соли 1894 ба Порис рафт ва ба корҳои давлатӣ машғул шуд.

“Буҳрони зеҳн”, “Номаи  хонум Эмили Тэст”, “Дар бораи санъат”Гӯристонҳои дарёӣ”ва ғайра номи китобҳо ва асарҳои ӯ мебошанд.

Пол Валери 20 июли соли 1945 дар шаҳри Порис дар синни 73-солагӣ чашм аз олам пӯшид.

Эзра-ПаундСоли 1885 дар Хэйли, иёлати Айдахо шоир, тарҷумон, мунаққиди адабии аҳли Иёлоти Муттаҳидаи Амри ко Эзра Паунд дида ба олам кушод. Номи пуррааш Эзра Уэстон Лумис Паунд буд. Ӯро аз ҷумлаи поягузрони адабиёти навгарои инглисизабон меноманд.

Ӯ дар Инглистон аз пешгомони наҳзати тасвиргароӣ шуд ва нахустин гулчини шеъри пайравони ин ҷунбишро бо унвони тасвиргароён мешиносанд.

Соли 1914 бо Дороти Шекспир-духтари нависавндахонум Оливия Шекспир, ки аз ҷумлаи наққошони шинохта буд, издивоҷ кард. Аз соли 1920 онҳо дар Порис мезистанд.

Эзра Паунд аз фашизм истиқбол намуд ва низоми Муссолиниро ситоиш кард. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вай барномаҳои радиои Италияро ба забони инглисӣ барандагӣ мекард ва ин барномаҳо бештар зиддиамрикоӣ ва зиддияҳудӣ буданд.

Вай ҷанг зидди Иттиҳоди Шӯравиро пуштибонӣ намуд ва аз ғояи барҳам задани низоми сотсиатлистиву коммунистӣ ҳимоя кард. Аз сиёсати Франклин Рузвелт, ки зидди фашистон бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҳампаймон шуда буд, интиқод мекард.

Баъди барканории Муссолини аз ҳокимият Паунд ҳамоно ҷонибдори ӯ монд ва ҳамроҳаш ба Ҷумҳурии Сало (давлати сохта, ки аз соли 1943 дар қаламрави ишғолии Олмон дар Италия амал мекард) рафт.

26 июли соли 1943 додгоҳи Вашингтон ӯро ба хиёнат ба ватан айбдор кард. То охири соли 1945 ҳам Паунд дар шеърҳояш аз итолявиҳо даъват мекард, ки зидди  муттаҳидони Амрико мубориза баранд.

Моҳи майи соли 1945 чирикҳои (партизанҳо) Италия Паунро боздошт ва ба амрикоиҳо дар Генуя таслим карданд. Баъди омӯзиши барномаҳои радиоӣ, муҳтавои баромадҳо ва шеърҳояш ӯро аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар зиндон вай ба тарҷумаи Конфутсий оғоз кард. Аммо моҳе пас аз эълони ҳукми додгоҳ вай гирифтори беморӣ шуд, одамонро дигар намешинохт, даст аз истеъмоли ғизо бардошт.

Аз соли 1945 то соли 1948 дар урдугоҳи асирони ҳарбӣ буд. Соли 1948 ба Вашингтон бурда шуд ва ба таблиғи фашизм муттаҳам шуд. Вале додгоҳ зарур надонист ин беморӣ уфтодаро аз озодӣ маҳрум кунад ва ӯро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ ҷо доданд.

Муддати даҳ сол вай дар ҳамин беморхона монд. Соли 1958 баъди талабу дархости чеҳраҳои маъруфи адабиёт аз ҷумла барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Эрнест Хеменгуэй Паунд аз касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷавоб дода шуд.

Эзра Паунд 1 ноябри соли 1972, ду рӯз баъди таҷлили 87-солагии худ дар Венетсия тарки олам кард.

жюльетта бенцониСоли 1920 дар шаҳри Порис нависандаи фаронсавӣ Жулйета Бенсиони таваллуд шуд. Ӯ бештар дар жанри романҳои таърихии ишқӣ асарҳо менавишт.

Баъди издивоҷ ба шаҳри Дижон рафт ва муддате он ҷо зист. Аз ин заншӯӣ онҳо соҳиби ду фарзанд, як духтар ва як писра шуданд.

Соли 1950 баъди марги шавҳараш вай ба назди хешовандонаш ба Марокаш рафт ва се сол баъд бори дуюм ба як афсар ба шавҳар баромад. Баъдан онҳо ба Фаронса баргаштанд ва дар шаҳри Сен-Манде, ки дар канораҳои Порис ҷойгир буд, зиндагӣ карданд.

Жулйета Бенсиони аз ҷумлаи пурхонандатарин адибони Фаронса дониста мешавад. Романҳои ӯ ба 22 забони олам тарҷума ва чоп шудаанд ва дар 20 кишвари олам то ба 50 миллион нусха китобаш мунташир ва ба фурӯш рафтааст.

Жулета Бенсиони 7 феврали соли 2016, замоне, ки 95 сол дошт, дар Сен-мандеи Фаронса чашм аз олам пӯшид.

Ҳасани-МуҳаммадӣСоли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё нависанда, намоишноманавис ва пажӯҳишгари тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ ба дунё омад.

Тақризу мақолаҳояш аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд.То имрӯз бештар аз панҷоҳ тақриз ба табъ расондааст, ки муаллифашонро ба хонандагону адабиётшиносон ҳамчун мунаққиди ҷӯяндаву навовар муаррифӣ намудаанд. Чеҳраҳои эҷодии донишмандони тоҷик Шарифҷон Ҳусейзода, Воҳид Асрорӣ, Раззоқ Ғаффоров, Камол Айнӣ ва ғайраро моҳирона рӯи коғаз овардааст.

Шохаи дигари фаъолияти адабётшиносии Ҳасани Муҳаммадӣ таҳқиқи масоили равобити адабӣ буда, ба туфайли навиштаҳои ӯ хонандагон тоҷик бо ҳаёт ва эҷодиёти адибони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла К.Чуковский, А. Твардовский, А.Гайдар, П. Неруда, Мӯсо Ҷалил ва ғайра ошнойии бештаре пайдо кардаанд.

Аз охири солҳои ҳаштодум ба навиштани асарҳои мансур пардохтааст, ки силсилаи қиссаву ҳикояву таронаҳои «Дарёи ғазалхон», «Китоби зиндагӣ», «Гуфтугӯ бо фаришта», «Закоти ҳусн», «Ростоншоҳ» ва ғайра намунаҳои онанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Қатраборон» (2000), «Афсонаи дил» (2002), «Гулбонги ошиқона» (2010), «Садои пойи борон» (2010), «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан» (2011), «Меҳргоннома» (2012), «Фишонд аз савсану гул симу зар бод… « (2012), «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» (2013) ва ғ. мебошад.

Дар силсилаи эссеҳои ӯ чеҳраҳои як даста ҳунарвару фарҳангиёни кишвар ба қалами тасвир оварда шудаанд.

Ду асари драмавии ӯ «Шербачаи зардгун» ва «Устои қулфи англисӣ» дар озмуни драманависони мамлакат баҳои хуб гирифта, аввалиро Театри ҷумҳуриявии лӯхтак саҳнагузорӣ кардааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

6-уми майи соли 2020 аз олам даргузашт.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ