Як рӯзи покиву назофат дар Китобхонаи миллӣ. Омодагӣ ба фасли тирамоҳи заррин
Вуруди тирамоҳи зарринро маъмулан аз оғози даҳаи сеюми моҳи сетябр ҳисоб мекунанд. Яъне, мо инак ним моҳ аст, ки дар ҳукми тирамоҳем ва интизорем бароямон борон меорад ё барф, боди сарду шадид ё нарму руҳафзо.
Тирамоҳ аст, ки дарахтони баргрез барг зард мекунанд ва онро ба замин меафкананд. Тирамоҳ аст, ки боди сарду шадидаш ин баргҳои зарринро ба ҳаво алвонҷ додаву аз назди дарахтон ба ҷойи дигар: роҳраву хиёбонҳо ё гулгаштҳои партоб мекунад.
Тирамоҳ аст, ки моро огоҳ мекунад: Ҳон, дар остонаи фасли сард қарор доред!
Ин ҳушдор аз табиат барои инсон аст. Бояд, ки ба ин ҳушдор посух гуфт, яъне худро ба омадани фасли сард омода сохт
Ин буд, ки ниме аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳ ба коргоҳ омаданд ва даст ба корҳои поккориву назофат заданд. Онҳо баргҳои рехтаро аз зери буттаву дарахтон ҷамъ оварданд ва ба партобгоҳ рехтанд.
Бехи гулбуттаҳоро ҳам аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза карданд варм нарм карданд.
Роҳравҳоро бо об шустанд, то ҳусне ба ҳуснашон зам шавад.
Арчаҳо сарсабзу болобаланд ва дарахтони дигари қомат ба авҷкашидаро бо об шустанд.
Як ҳикмати тирамоҳ низ ҳамин ғамхорӣ барои табиати зинда аст. Дарахтон ва буттаву гулбуттаҳоро бояд имкони зистан то баҳор дод.
Аксҳои ҳамкорамон Наргис Назарзода аз ҷараёни рӯзи покиву назофат дар Китобхонаи миллӣ.















