Як саду даҳсола шуд охир “Бухорои шариф”

  Тавре аз таърих маълум аст бо ташаббуси чадидон ва аҳли фарҳанги Бухоро санаи 11 марти соли 1912 аввалин маротиба рӯзномаи точикӣ “Бухорои Шариф” дар матбааи хусусии точири яҳудӣ Л.Н.Левин воқеъ дар шаҳри Когон яъне Бухорои нав нашр гардид.

  Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи “Бухорои Шариф” бо ташаббусу дастгириҳои рафшанфикрон ва тоҷирони бофарҳанги Бухороӣ, Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуда буд.

Муҳаририи рӯзномаи номбурдаро Мирзо Чалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват карда буданд, ба уҳда дошт.

  Чанд андешаи худро барои нашри ин рӯзнома барои Шумо хонандагони азиз баён медорам. Дар чунин давраи пурпечутоби таърихӣ чопи чунин рӯзномаи тоҷикӣ аз тарафи аҳли зиё ва ҷадидони Бухоро ин кори осону саҳл набуд.

  Ҷадидони Бухоро тоҷири яҳудӣ Л.Н.Левинро, барои фоидаи зиёд ба даст овардан, аз чопи рӯзнома шавқманд намуданд. Баъдан тариқи мактуб ба намояндаи Консулгарии империяи Русия дар Бухоро, ки дафтари кориаш дар шаҳри Когон буд, муҳтавои чопи рӯзномаро пешниҳод намуда, ичозати чопи онро гирифтанд. Ҳамзамон барои боварии амири Бухоро ва намояндаи рус Мирзохоча Мирзобадаловро, ки дар Консулгарии Русия мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муарифӣ намуданд.

  Рӯзномаи “Бухорои Шариф”, ба забони содаи оммафаҳм мардумро аз воқеъаҳои чаҳон, аз таърихи адабиёт ва рушти маъорифпарварию масъалаҳои чуғрофӣ огоҳ менамуд. Мақолаҳои чолибу хонданибоб дар мавзуъҳои омӯхтани илму дониш, ва маъалаҳои таблиғотию ташвиқотӣ саҳифаҳои рӯзномаро пурмуҳтаво намуда, хонандагони зиёдро барои мутолиаи рӯзнома чалб менамуданд.

  Бори аввал муштариён ва ҳаводорони адабиёти ҷаҳон бо асарҳои адибони рус аз ҷумла Л.Н Толстой ва М. Горкий тариқи ин рӯзнома шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҷадидони Бухоро дар аморати Бухоро ба хотири мардуми туркзабон рӯзномаи “Тӯрон”-ро низ аз 14 июли соли 2012 то 2 январи соли 1913 дар 49 шуморо бо забони ӯзбекӣ ба чоп расонданд.

  Сабаби баста шудани рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро пас аз шаш моҳи нашраш аз кам фоида ба даст овардани Левини яҳудӣ медонанд. Лекин устод Садриддин Айнӣ бастани рӯзноаи мазкурро ин тавр шарҳ додаанд:

  “Бухорои Шариф” ва «Тӯрон» «рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд… Дар тасаввури хонандагон фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад» Бояд тазакур дод, ки аз номи Элчихонаи Россия ба унвони идораи рӯзнома, мактубе ирсол шуд, ки бо хоҳиши амир аз нашр боз дошта шудани рӯзномаи “Бухорои Шариф” ва “Тӯрон “-ро хабар медод. Ҳамин минвол санаи 2 январи соли 1913 баъд аз 153 нашр рӯзноами мазкур баста шуд.

  Рӯзи 11 марти соли 2022 ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф”, ки ба рӯзноманигории тоҷик асос гузошт, 110 сол пур мешавад.

  Таърих нашри ин рӯзномаи авалини точикиро бо ҳарфҳои зарринаш дар саҳифаҳои хеш сабт кардааст.

  Зеро дар он замон нашри чунин рӯзнома, ки онро аҳли дарбор ва рӯҳониён намехостанд, вале дар 153 шуморо чоп шудани рӯзнома қаҳрамонии ҷадидони Бухороро дар таърих нишон додааст. Устод Айнӣ ин нуктаро чунин баҳо додаанд:

  “Ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри рӯзномае буданд, лекин чораи инро намеёфтанд. Зеро ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори одии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рӯзномае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чи гуна роҳ дода метавонист.”

  Ба фикри банда, чопи рӯзнома дар он давраи пурпечутоб барои точикон тӯфаи тақдир буд. Зеро дар даврони таъсисёбии давлати Шӯравӣ ва ба сари қудрат омадани пантуркистон барои чопи китобҳои тоҷикӣ барои мактабҳои тоҷикӣ монеъа эчод мешуд.

  Ба ин монеъаҳо нигоҳ накарда, 11 марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи “Бухорои Шариф” ба нашр расида, ба рӯзноманигории точик поя ва асос гузошт.

Дар ҷаҳони пуртазоду аз ҳамон даврони тиф,

Аз ҳамон зулматсарои зулмати даври касиф.

Ҷонаш аз зулмат раҳонда, то ба даври мо расид,

Яксаду даҳсола шуд, охир “Бухоро Шариф”.

Ҷалолуддин НУРЗОДА, Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.