Забон ва одоби муошират

Таъриху фарҳангу маданияти беназир ин суннатҳои  наҷибу қадими дорад мардуми тоҷик! Оини рости, давлатдорӣ, наҷобату ғурур, сарфарозиву ҷавонмардӣ, санъату ҳунар, илму дониш, одобу рафтор ва хирадашон азалист! Ҳанӯз аз қадимулайём миллати сарфароз ва ориёнинажод бо  мавҷудияти  сарзамин, оинҳои наҷиб, забону хат ва анъанаҳои накӯ дар ақсои олам шӯҳратёр буданд. Яке аз далелҳои муътамади куҳанбунёд ва шуҳратёр будани мардуми тоҷик забони тавоно, пурғановат ва ноби ӯст!

Бо забони ширини тоҷикӣ кофиласолори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, пири ҳакимони Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ҳофизу Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Лоҳутиву Мирзо Турсунзода асарҳои гаронбаҳои адабиву илмӣ эҷод карда, шуҳраташро афзудаанд. Забони тоҷикӣ аз забонҳои нобу бонуфузи ҷаҳон аст. Он дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои дигар қавму халқҳои минтақа,  нақши забони илму адаб,  коргузорӣ, расмӣ ва  байналмилалиро бар уҳда дошт ва имрӯз дар рушди давлати навини тоҷикон ҳамчун якрукни асосии давлатдорӣ нақши муосир ва сарнавиштсоз мебозад. Забон шевое, ки бо он аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, то бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори  гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод кардаанд,  дар айёми соҳибистиқлолӣ ба  маснади волои худ нишаста, муаррифгари ҳақиқии соҳибони худ- миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Айёми соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми баланд ёфт, шаҳоматаш афзуд. Албатта,  таҳкими забону фарҳанги миллӣ, як унсури муҳими давлатсозӣ аз хидматҳои арзандаю барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо маснади баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ хеле бузург аст. Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои тавоност. Он ҳастии мардуми озодии  моро чун миллати сарбаланду мутамаддин тақвият мебахшад. Одобу ахлоқ, афкор ва маданияту маърифат пеш аз ҳама аз фасоҳати забон ва муоширати нек оғоз меёбад.Зеро дар ин айём сиришти онҳо поку беолоиш ва орӣ аз ҳама хислату рафтори нопок аст.

Андар боби забону хат, одобу рафтор ва муоширати нек миёни мардуми мо ҳикматҳои зиёдаст. Одобу рафтори шоиста ва муоширати нек мисли гулдастаи тару тозаест, ки зуд ба дилҳо  мешинад. Аммо баръакс алфозу рафтори бад чун хор ба чашм мехалад. Ҳикояти ҷолибе аз айёми мактабхонӣ то ҳанӯз дар ёдам мондааст: Се бонуи бояд аз лаби чашма бо сатилҳои пуроб ҷониби хона меоянд.  Яке ба ситоиши фарзандаш мепардозад. “Писари ман овози хуб дорад. Булбул барин месарояд!” Зани дуввум ҳам паст наомад: Писари ман дасту пои  боқувват дорад. Сангҳои вазнинро ҳам болои сар мебардорад!” Аммо зани саввум хомӯш буд. Гап намезад, Чанде пас се писарбача ба онҳо наздик шуданд. Аввалӣ бо овози баланд суруд мехонд. Дуввумӣ сангҳои калонро канда ба ҳар сӯ меғелонд. Аммо писари саввум давон-давон омад, салом дод ва сатилҳои пуроби модарро бардошта бурд. Занҳо аз мӯйсафеде, ки онҳоро назора мекард, пурсиданд:

– Хайр, чигунаанд, писарони мо?

-Канӣ писарони шумо? Ман танҳо як нафарро мебинам!-гуфт муйсафед ва  писарбачаеро,  ки сатилҳои пуробро бардошта мебурд нишон дод.

Ягон панду андарзи гузаштагон бе ҳикмат нест. Панди бузургон  барои ҳамагон сабақи ҳаёт аст. “Фарзанд азиз одобаш аз он ҳам азизтар”-мегӯянд мардуми мо. Фарзандро бо донишу одобу рафтори шоиста ба воя расондан ва ба даст овардани номи нек кори осон нест. Падару модарро зарур аст, ки барои одобу рафтори фарзанд заҳмат кашанд. Сабақи накӯ бидиҳанд. Муоширати хуб, рафтори нек аз оила сарчашма мегирад. Ҳамзамон дар тарбияву одоби насли наврас ба ҷуз аз падар модар дарси омӯзгори хирадманд нақши муҳим мебозад.

Ҳар як гуфтор,  рафтор ва пиндори нек дар хонаву кӯча ва мактаб,  дар одобу ташаккули насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Ба ахлоқи накӯ,  рафтори шоиста,  одоби насли наврас ва ҷавонон мо калонсолон ҷавобгарем. Тарбияи онҳо вазифаи мост. Онҳоро мо бояд боадаб, худшинос, худогоҳ ба камол расонем.  Имрӯз давлату ҳукумат ҳама чизро барои рушду пешрафти насли наврас ва ҷавонон муҳайё кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, то насли наврасу ҷавон фарогир бо тамоми шароитҳо бошанд. Ҳар як ҷавони худогоҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кушиш мекунанд, ки соҳибилм бошад. Хидмати падару  модар, хизмати Ватанро адо намояд. Онҳо тавассути илму дониш, қобилият, дасту панҷаи пурҳунар ва зӯри бозӯ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

Пас биёед, фазандони хешро илму адабу ахлоқи шоиста биёмӯзем, то онҳо бо рафтору гуфтори нек, забони ширин камол ёфта, боғи пургулу сарсабз гарданд.

Ойҷонгул  Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.