“Забонҳои дӯстӣ” – китоби омӯзишӣ барои ношунавоён, ки мехоҳанд забони ишоратро омӯзанд
Китоби “Забонҳои дӯстӣ” соли 2008 ба се забон барои ношунавоён нашр шудааст. Ноширон мегӯянд ин китоб аввалин бор рўи нашрро дида, дастури таълимиест барои омўзиши забони ишорат ва тариқи муоширати озоди гуфторӣ ва ҳамдигарфаҳмии одамони ношунаво аз кишварҳову қитаъҳои гуногун.
Нашрия шаҳри мухтасари таърихи ЗИ, инкишофи он, хусусияту лексикаи гуфтугўиро (ишораҳо ва луғат), инчунин маслиҳатҳои методӣ ва машқҳои амалии муоширати аввалияи дастиро дар бар гирифтааст. Маводи нигорадор аз рўи принсипи чандомади истифодаи он дар гуфтугўи рўзмарраи гуфторӣ интихоб шуда, бо луғат, шарҳ ва ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаааст.
Дастури мазкур барои сурдологҳо таҳия гардидааст: омўзгорон, мураббиён, кормандони иҷтимой, тарҷумонони ношунавоён – сурдотарҷумонҳо,- ҳамаи онҳое, ки бо рушди имконоти муоширатии одамони ношунаво, ҳамоҳангии онҳо ба ҷаҳони муосир завқманд аст.
Воқеист, ки пеш аз ҳама, ин дастури таълимӣ барои миллионҳо ашхоси ношунаво, ки ба онҳо табиат ҳамчун «пешвои ақл» хидмат менамояд, ишоразабон хурсандии муоширати дўстонро муҳайё менамояд.
Китоби “Забонҳои дӯстӣ”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ бихонед.
Рисолат ШЕРАЛИЕВА, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.