Забонҳои Эронии давраи Бостон
Форсҳо дар таърихи Шарқи бостон нақши боризе аз худ ба ҷой гузоштаанд. Онҳо қабоили эронии ғарбие буданд, ки бо номи «форс» ё «порс» (форси бостон parsa) маъруф буда, дар ҳазорсолаи авали пеш аз мелод дар Осиёи Марказӣ мезистанд ва сипас аз ин ҷо ба ғарб, ба сўйи манотиқи ҷануби ғарбии фалоти Эрон ҳаракат карда, дар минтақаи Аншан сукунат ихтиёр намуданд ва баъдан Аншан бо афсудани нуфузи қудрати сиёсии ин қабилаҳо бо номи онҳо Parsa (юнони Περσίς, форсӣ-Порс, шакли муарраб – Форс, Форсистон) номгузоӣ шуд.
Дар бораи форсҳо, ки дар Ҳузистону Форс мезистанд, нахуст сарчашмаҳои ошўрӣ (муталиқ ба асри IX пеш аз мелод) маълумот додаанд. Дар як навиштаи ошўрӣ омадааст, ки дар соли 836 пеш аз мелод 27 ҳокими музофоти Parsuas ба шоҳи ошўрӣ Салмансари III хироҷ медодаанд.
Дар музофоти Аншан ва навоҳии он дар нимаи авали ҳазорсолаи 1 пеш аз мелод эломиҳо (дар Хўзистон, Исфаҳон, Кирмон), шумериҳо, ошўриҳо, бобилиҳо зиндагӣ мекарданд, ки халқҳои соҳибхат ва мутаммаддин буданд ва форсҳо онҳоро батадриҷ аз арсаи забону тамаддун танг карда берун намуданд. Ин фишори забони форсӣ ба забонҳои бумии ин сарзамин ба ҳадде буд, ки дар асрҳои VI-V пеш аз мелод тадриҷан аз истеъмол хориҷ гардид.
Ҷунончи аз сарчашмаҳо бармеояд, қабилаҳои форси муқими Аншан муттаҳид гашта, дар соли 553 пеш аз мелод ба муқобили ҳукумати модҳо ба исён бархостанд. Бар асари ин исён давлати Мод завол ёфта, хонадони Ҳахоманишиҳо ба сари қудрат омаданд ва ин хонадон тамоми сарзамини давлати Модро таҳти тасарруфи худ даровард. Поягузори сулолаи нав – Куруш (солҳои ҳукмрониаш 558-529 пеш аз мелод) асосан ба неруҳои низомии қабилафорс такя карда кишваркушоиҳо мекард ва бо ин роҳ тавонист фалоти Эрон, Осиёи Сағир ва Пеш, ҳамчунин аксари сарзаминҳои Осиёи Миёнаро ба давлати Ҳахоманишӣ тобеъ гардонад. Пойтахти давлати Куруш шаҳри Пасаргард (parsa–gard “хонаи форс») буд ва ҷасади ў дар ҳамин шаҳр мадфун аст. Сиёсати кишваркушоии Курушро пайомадагони ӯ дар тахти шоҳӣ Камбиз (529-522 п.а.м.) ва Дориюши I (522-486 п.а.м.) идома доданд. Дар даврони Дориюши I қаламрави давлати Ҳахоманишӣ густариш ёфта, аз Осиёи Миёнаву Арманистон дар шимол то Ҳабашистон дар ҷануб ва аз баҳри Эгей дар ғарб то ҳавзаи Ҳинд дар шарқро фаро мегирифт.
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳони Ҳахоманишӣ ба қудрати сиёсӣ дар минтақа ноил гардидаанд. Ин шоҳон зодагони музофоти Форс буданд ва забони модарии онҳо низ аз ин пас тадриҷан нуфуз пайдо кард.
Дар аввалҳои ҳукумати Ҳахоманишиҳо дар идораи давлатӣ забонҳои ғайриэронӣ истифода мешуд. Нахуст забоне, ки дар коргузории давлатӣ истифода мегардид, забони оромӣ (аз гурўҳи забонҳои сомӣ) буд.
Азбаски муҳимтарин катибаҳои Ҳахоманишӣ ба забонҳои аккадӣ ва эломӣ низ тарҷума шудаанд, метавон гуфт ки ин забонҳо дар қаламрави давлати Ҳахоманишиҳо корбурд доштаанд. Маҳз бар пояи хатти мехии акадӣ расмулхати форсии қадим таҳия гардид. Соҳибхат шудани забони форсии қадим боис гардид, ки ин забон қудрат пайдо кунад ва то охири ҳукмронии Ҳахоманишиҳо ба сифати забони дарборӣ ва катибанависии шоҳони ин сулола мавриди истифода қарор гирад.
Дар айни замон забони форсии қадим низ ба сабаби фосилаи зиёди ҳудудӣ, мушкилоти рафтуомади соҳибони он ба сарзаминҳои Эрони Шарқӣ, шароитҳои мухталифи ҷуғрофӣ, сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз забонҳои эронии дигар торафт дур шуда, дорои хусусиятҳои савтӣ, луғавӣ ва грамматикии хоси худ гардид. Чунончи эроншиноси аврупоӣ Вайсбах зикр кардааст, ҳатто дар яке аз катибаҳоӣ Дорюш «порсҳо ва модҳо дигар кишварҳо ва забони онҳо муқобил гузошта мешаванд».
Аз китоби Азиз Мирбобоев “Муқаддимаи филологияи Эрон”.
(Идома дорад)
Таҳияи Баргигул Наботова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.